Мақолаҳои Тоҷикӣ Фалсафа

Адабиёти дини

Доир ба љањонбинии динї ва фалсафии мардуми Њинд асарњои зиёде вуљуд доранд. Осори ќадимтарини адабиёти Њинд «Веда» (Веда калимаи санскритї буда, маънии донишро далолат мекунад) ном дошта, дар охири њазорсолаи II ва њазорсолаи I пеш аз эраи мо ба забони ќадимаи њиндї (яъне ведї) эљод шудааст. «Веда»-њо аз чор ќисм: «Ригведа», «Самаведа», «Яљурведа» ва «Атњарваведа» иборат буда, маљмўи гимнњо, мунољот ва дуоњои маросимиро дар бар мегирад. Мураттабсозї ва тафсири «Веда»-њо дар нимаи якуми њазорсолаи пеш аз эраи мо анљом пазируфтааст. Хондан ва аз худ кардани онон танњо ба мардони се варнаи (табаќаи) аввал раво буду халос. Занњо ва шудрањо аз ќироату азбар кардани ин мањрум буданд.

Бояд гуфт, ки аз љињати мазмуну мундариља «Веда» — њоро ба чор гурўњ људо мекунанд: якум-самхита, ё ки худи «Веда»-њо, дуюм-Брањманњо, сеюм — Аранякњо, чорум – Упанишодњо. «Веда»-њо, ки асосан аз маљмўи љањонбинии ќабоили ориёї бармеоянд, хусусияти асотирї ва бисёрхудої доранд. Чунончи, танњо дар «Ригведа» номи зиёда аз се њазор худоён зикр ёфтаанд. Дар ибтидо онњоро миранда мешумурданд, аммо баъдтар онњо хислати намирандагї ва абадиятро гирифтанд. Худоёни ведї аслан таљассуми њодисот ва равандњои табиат буда, офаридгор ва содиркунандагони онњо њисоб мешуданд. Зинаи ќадимаи ривоятњои ориёї ба сўи давраи модаршоњї (матриархат) майл мекард. Дар ин давра мавќеи асосиро дар пантеони (Пантеон – номи умумии њамаи худоёни динњои политеистї буда, инчунин маъбади ќадимаи худоёнро низ ифода мекунад) ориёї Адита-Притхива- «Модар-худои беинтињо», ки 12 писар дошт, ишѓол мекард. Худои Варуна таљассуми осмони ситоразор ва њамзамон њокими шаб ба шумор мерафт. Митра, Суря, Пушан, Савитар бошанд, таљассумгари Офтоб буданд. Аз њамин сабаб, Митра њокими рўз њисобида мешуд. Варуна ва Митра (аввал шаб, баъд рўз) одамонро назорат карда, ба онњо љазо таъин мекунанд ва љазо медињанд. Арянам-њокими рўњи аљдодони фавтида ва ѓайра ба шумор мерафт. Баъдтар ба ин пантеон Индра ва Вишну илова шуданд. Њамаи ин худоњо аслан, таљассуми њаводиси табиат буда, њар кадом ба андозае кўшидааст онро ба таври худ шарњ дињад. Масалан, кусуфу хусуф чунин шарњ дода мешуд, ки гўё азозил Рању гоњ Офтоб ва гоњ Моњтобро фурў мебурда бошад. Пайдарпай омадани субњ ва баромади Офтоб чунин шарњ дода мешуд, ки гўё худои Офтоб Суря худои субњ Ушасро таъќиб мекарда бошад.

Ваќте ки ќабилањои ориёї дар Њинд маскан ихтиёр кардаанд, аз шуѓли чорводорї ба зироаткорї гузаштанд. Онњо аз љангалзорњо заминњои киштбоб тайёр мекарданд. Чи хеле ки маълум аст, зироаткорї аз боронгарињои пайдарпай ва хушксолию беборонї вобастагї дорад, ки ин дар асотири ин давра бевосита инъикос меёфт. Мањз аз њамин љо давраи дуввуми мифологияи (асотири) ориёї оѓоз мешавад. Дар мадди аввал худои оташ Агни, худои Офтоб Суря-Савитар, худои тўфон, раъду барќ Индра арзи њастї карданд. Мањз худои Индра осмонро аз замин људо кард. Ў доимо бо худои хушксолї Вритра дар набард буд. Хулоса, давраи дуввуми ташаккули мифологияи Њинд дар алоќамандии зич бо њодисањои табиат ва таъсири онњо ба тарзи истењсолот ба вуљуд омаданд ва мањз бо њамин хусусиятњо љањонбинии ин давра аз љањонбинии пешин фарќ мекунад.

Хусусияти хоси љањонбинии Њинди ќадим дар он аст, ки дар ин давра дар соњаи маънавиёт пешрафти назаррасе мушоњида мешавад ва он, бешубња, гузариш аз асотир ба оѓози фалсафа мебошад. Чунин гузариш њанўз дар Ригведа мушоњида мешуд, аммо танњо дар ќисмати Упонишодњо он ба ќуллаи баланд мерасад.

Дар байни гимнњои зиёди Ригведа, ки дар ситоиши худои Индра суруда мешуданд, ишорањое вуљуд доштанд, ки мављудияти Индраро инкор мекарданд. Ба ин мазмун чунин саволњо буданд: «Касе ўро дидааст?» ё ки «Вай дар куљост?» ва ѓайра. Дар гимни дигар бошад оиди ягонагии худоён ишорањо ба чашм мерасанд. Худоњои Агни, Индра, Яма, Варуна ва номгўи гуногуни онњо аз тарафи донишмандон њамчун «њастии ягона» тавсиф шудаанд. Дар гимни «Пуруша» бошад, асоси антропоморфї (антропоморфї ба чизњои бељон, љисмњои осмони ва њайвонот нисбат додани хислатњои одамї, њамчунин худоро ба шакли одами тасаввур кардан) доштани љањонбинии асотирї баръало намоён мешавад. Чунончи, Пуруша («мард») айни Коинот шумурда мешуд: «Охир Пуруша ин коинотест, ки аз ќадим вуљуд дорад ва хоњад дошт», омадааст дар яке аз гимнњои Ригведа. Љањонбинии ведї аслан динию асотирї буд ва мањз аз њамин љињат пайдоиши олам аз Пуруша њамчун маросими динї љилвагар шудааст. Мувофиќи ин ривоятњо аспу гов, гимну сурудњо, Офтоб, фазо, бод, осмон, замин ва њатто худоњои Индра ва Агни офаридаи Пуруша мебошанд. Дар гимни «Пуруша» лањзаи ѓоявии он, нобаробарии иљтимоии одамон, низоми варнагии Ҳинди ќадим асосонок карда мешавад: брањманњо аз дањони Пуруша, кшатрињо аз бозувон, вайшињо аз миён ва шудрањо бошанд, аз пойњои он пайдо шудаанд. Бояд гуфт, ки дар маъхазњои Ҳинди ќадим доир ба варнањо аввалин маротиб дар њамин љо ишора рафтааст.

Дар ќатори гимнњои «Пуруша» ва «Гармои кайњонї» дар ќисмати охирини Ригведа гимнњои дигаре дучор мешаванд, ки дар он масъалаи офариниши олам мавриди таваљљўњи бештаре ќарор гирифтааст. Чунончи, дар ќисмати «Гимн доир ба офариниши олам» масоили хусусияти љањонбинї дошта, аз ќабили пайдоиши олам, хушкї, намї, гармї, пайдоиши њаёт ва ѓ. гузошта шудаанд ва боз дар худи њамин гимн ба хулосае меоянд, ки дар ибтидо њељ чиз вуљуд надоштааст. Маргу зиндагї, намию хушкї, шабу рўз вуљуд надоштанд ва тамоми фазоро пардаи торикї пўшонда буд. Танњо мављудияти кадом як навъи гармие, ки манбаи он номаълум буд, эътироф мешуд ва такони аввалинро низ ба он нисбат медоданд.

Зинаи дуввуми љањонбинии асотирии ориёї дар адабиёти дигари ведї-Брањма инъикос ёфтааст. Таълимоти Брањма, ки тўли ќарнњо дар ин сарзамин ташаккул ёфтааст, аз маљмўи дуоњое иборат аст, ки зимни онњо тавсияњои динию мазњабї ва андарзњои ахлоќї ифода ёфтаанд. Сабаби Брањма ном гирифтани он низ дар њамин аст, ки таълимоташ аслан дар шакли мунољот ва суруду доуњо баён шудаанд.

Мабдаи нахустини олам аз нигоњи брањманњо рўњи ягонаи љовид буда, рўњи инсон љузъи таркибии он аст. Брањманњо чунин мепиндоштанд, ки рўњи одами фавтида ба љисми дигари тавлидшаванда мегузарад. Чунон ки онњо гумон мекарданд, рўњ пас аз марг ва нестшавии љасад дар олами малакутї ё дўзахњои бистуњаштгона сукунат кардан боз ба замин фуруд меояд. Агар аз олами малакутї омада бошад, ба љисми одамони нек, яъне брањманњо ва худоён ва агар аз дўзах баргашта бошад, ба љисми сифлагону табоњкорон дохил мешавад.

Брањманњо офарида шудани оламро инкор мекарданд. Онњо коинотро айни Брањма ва Брањмаро айни Коинот медонистанд. Мувофиќи аќидаи брањманњо, Майя, яъне тарсу њарос, вањму хаёл онњо (Коиноту Брањма)-ро аз њам људо карда, якеро холиќу дигареро махлуќ, якеро сабабу дигареро оќибат мепиндорад, њоло он ки њарду як вуљуду як њаќиќатанд.

Брањма идора кардани Коинотро ба салоњияти ду худои дигар, ки дар пояи арши ў меистоданд, супурдааст: Яке вишнуи валинеъмат, яъне худои некї ва дигаре Шиваи дањшатангез, яъне худои бадї. Ба љуз инњо боз се худои бузурги дигар мављуданд. Муњимтаринашон инњоянд: Индра – худои осмон, Агати – худои оташ, Яма – худои дўзах, Суря – худои хуршед (Офтоб).

Зарурати диниро брањманњо дар тиловати дуоњо, ибодати доимї, риёзат кашидан, ба даргоњи Брањма ќурбонї кардан, рўза доштан, садаќа кардан, мењмоннавозї ва тарбияи фарзандон медиданд. Хислатњои золимї, љоњилї, дурўѓгўї, дуздї, зинокорї, таносої, бадгўию бадандешї њаром шумурда мешуданд. Брањманњо нобаробарии иљтимої, ба кастањо људошавии љомеаро аз мавќеи динї шарњ медоданд ва асоснок мекарданд. Тобеияти бечунучаро ба брањманњо, эътирофи њукумати шоњї, иљроиши брањмањои (ўњдадорињои динию шањрвандї) варнаи худ накўкорињои муњимтарин њисоб мешуданд. Ба аќидаи онњо, иљрои расму оинњои муайян воситаи покшавї аз гуноњ ба њисоб мерафт.

Дар муносибати оилавї мард мавќеи фахрї дошта, барои завља њамчун чизи муќаддас њисоб мешуд ва пас аз марги шавњар зан бояд худкушї мекард, то дар он дунё низ хизмати ўро ба љо орад. Зан бо рўи кушод мегашт ва дар муомилоту њуќуќ бо мард баробар буд.

Брањмания ба пайдоиши макотиби мухталифи фалсафии Ҳинд аз ќабили будоия, љайния, њиндуия ва ѓайра замина гузошт. Њоло брањмания дар шакли њиндуизм, яъне дини давлатии Њиндустон вуљуд дорад.

Бо мурури замон брањманњо китоби дигареро, ки мазмуну мундариљааш аз таълимоти брањмания фарќ мекард, ба вуљуд оварданд. Ин таълимот бо номи «Дастури бешагї» маълум буда, ин ќисматро асосан, Аранякњо меномиданд. «Дастури бешагї» барои зоњидоне, ки дар љангалњо гўшанишинї ихтиёр карда буданд, таъин шуда буд. Гузариш аз њолати гўшанишинии хонагї бо риёзаткашї њамчун пеш гирифтани «роњи дониш» фањмида мешуд. Дар шароити љангал иљро намудани расму русуми хонагї ѓайриимкон буд ва ин шакли риёзат барои ташаккули порсоёна мутобиќат мекард ва имкон медод, ки Аранякњо нисбат ба брањманњо дорои идроки баландтар гарданд.

Ќисмати хотимавии «Веда»-њоро «Упанишодњо» ташкил мекунанд, ки дар он аслан рисолањои мазмуни фалсафидошта гирд оварда шудаанд. Упанишад калимаи санскритї (упа – ни – шад) буда, маънояш дар назди устод нишаста таълим гирифтан мебошад. Воќеан, дар ин асар панду андарзњо кам нестанд. Аз ин рў, дар байни ном ва моњияти ин мафњум пайвастагии ногусастание вуљуд дорад. «Упанишодњо» аз 108 матни њаљман гуногун (аз як то сад сањифа) иборат буда, ќисмати аввали он дар асрњои 6-3 пеш аз милод ва ќисмати охири он дар асрњои ХIV-ХV эраи мо офарида шудаанд.

Теъдоде аз файласуфон «Упанишодњо» — ро њамчун асари фалсафї ќаламдод кардаанд. Чунончи, олими аврупої П.Дейсен, муаллифи «Фалсафаи Упанишод» таълимоти «Упанишодњо» — ро ба назарияњои Афлотун мусовї донистааст. Илова бар ин, дар «Упанишодњо» гўё таълимоти (доктринаи) Кант эњсос карда мешавад. Олими Њинд С. Чакрабортї бошад, дар «Упанишодњо» «ављи аълои фалсафаи Њинд» — ро мебинад. Гўё мањз ташаккули афкори аќлгароёна (ратсионалистї) дар таълимоти «Упанишодњо» муаллифро ба чунин андеша водор карда бошад. Бояд гуфт, ки «Упанишодњо» таркибан хело њам мураккаб буда, асосан аз маљмўи гуфторњо, андарзњо, мунољот, дуою гимнњо, маросимњо, истиораю муаммоњо иборат аст. Маросимњо дар «Упанишодњо» нисбат ба «Брањманњо» хеле кам дучор мешаванд. Лекин бо вуљуди ин унсурњои динию асотирї дар «Упанишодњо» афзалият доранд.

Дар «Упанишодњо» миќдори худоњо хеле зиёданд. Пеш аз њама номи худои Прољапатї ва баъд Брањма, яъне офаридгори варнањо ва дњармањо дучор мешаванд. Дар яке аз ривоятњо омадааст, ки чї тавр аз торикии кулл худои Прољапатї ва аз заррањои он Шива, Вишну ва Брањма пайдо шуданд. Аз ин рў, асотири «Упанишодњо» ба расму оин сахт марбут аст.

Ќобили тазаккур аст, ки дар ќисматњои минбаъдаи «Упанишодњо» аз бисёрхудої ба яккахудої рў оварда шудааст. Чунончи, шумораи худоњо аз 3306-тои аввал ба 33 ва нињоят танњо ба Брањма омада ќарор мегирад. Аз њамин љо шурўъ карда, дар таълимоти «Упанишодњо» гузариш ба фалсафа оѓоз мешавад. Мафњуми Брањма акнун на танњо њамчун Худо, балки њамчун мабдаи (субстансияи) ягона таљассум меёфт. Баъзан Брањма айни Атман доиниста мешуд ва дар љањонбинии онњо омезиш ва таљассуми субъекту объект ба назар мерасад. Дар таълимоти «Упанишодњо» аломатњои диалектика (ба маънии таълимот дар бораи ягонагию муборизаи ба њам зидњо) низ дучор мешаванд. Чунончи, дар он омадааст: «Дар асл Брањман ин Атман аст, ки … аз гармию сардї, аз хостану нахостан, дњарма ва ѓайридњарма таркиб ёфтааст». Нисбати Атман гуфта мешавад, ки ў аз донаи биринљ хурдтар ва аз Замин бузургтар аст. Ё худ Шива нисбати худ мегўяд: «Ман аз њама хурд њастам ва аз њама бузург менамоям» ва ѓ.

Дар «Упанишодњо» масъалаи мавќеи намоёнро ишѓол мекунад. Назарияи маърифати он ба таљассуми Брањман-Атман нигаронида шудааст. Мувофиќи таълимоти он, «агар Атман дониста шавад, пас њама чиз дониста мешавад». Маќсади олї дар зиндагї, тибќи ин таълимот, ин якшавии Брањман ба Атман њангоми зиндагї, аз сансара наљот ёфтан ва баъди марг ба «олами Брањма» мушарраф шудан ба шумор меравад. «Упанишодњо» «чобукї, саховатмандї, софдилї, њаќиќатпарастї» — ро тарѓиб мекарданд. Прољапатї ба фарзандонаш се васият карда буд. Васиятњои ў хомўш кардани шањват, садаќа ба бечорагон, њамдардї ба наздикон мебошанд.

Бояд гуфт, ки дар ташаккули афкори аќлгароёнаи (ратсионалистии) Њинди бостон «Веда»-њо, хусусан ќисматњои «Ригведа» ва «Упанишодњо» наќши муњим доранд. Мањз дар њамин ќисматњо мафњумњо ва таълимоти асосии ведї, аз ќабили брањман, атман, рита, дњарма, карма, мокша ва ѓ. баён шуда, масъалањои љањоншиносиву илоњиёт, таълимот дар бораи охират ва наљот, назарияњои њастї ва маърифат, манбаъњои асосии он баррасї шудаанд. Дар «Веда»-њо роњњои амалии бартараф кардани шар, ранљу азоб, инчунин роњњои дарёфт кардани саодату озодї нишон дода шудааст. Ќобили ќайд аст, ки «Веда»-њо дар таъсису ташаккули макотиби гуногуни фалсафии Њинд, алалхусус будоия ва љайния маќоми муњим дорад.

Related posts

​Принсипхои фаъолияти хочагидории фирма

14umnet

​Хусусиятхои натичаи навоварихо

14umnet

Пахн шудани муносибатхои объекти нигаронидашуда ба бехатарии информатсиони

14umnet

Leave a Comment

Login

X

Register