Бонк Мақолаҳои Тоҷикӣ

Амалиётҳои лизингӣ дар бонкҳои тиҷоратӣ

Нақша:

1. Таърихи пайдоиш ва тараққиёти лизинг.

2. Моҳияти созишномаи лизингӣ.

3. Хавф дар амалиётҳои лизингӣ. Мўҳлат ва арзиши лизинг.

4. Таснифи амалиётҳои лизинг дар бонкҳои тиҷоратӣ.

1. Таърихи пайдоиш ва тараққиёти лизинг.

Лизинг – аз калимаи англисӣ гирифта шуда мафҳуми ба иҷора доданро дорад ва дар замони муосир як қисми даромади давлат ва ширкатҳо гуногуни миёнарав ва ё иҷозатнома гирифта мебошад.

ҳанўз муомилаи лизингӣ то солшумории (эраи) нав дар давлатҳои Юнон гузаронида мешуд. То солшумории нав дар давлати Шумер солҳои 350 –м мафҳуми «Боигарӣ дар истифода аст» аз тарафи Арасту навишта шуда буд.

Монанд ба амалиётҳои лизингӣ дар Венетсия асрҳои XI муомилаи лизингӣ гузаронида мешуд, вале рушди муомилаи лизингиро дар асрҳои 19 соли 1877 дар Англия бо ширкати телефонии «Белл» алоқаманд мекунанд. Ин ширкат натанҳо маҳсулоти истеҳсолшударо мефурўхт, инчунин қисми ин маҳсулотро ба иҷора пешниҳод мекард. ҷамъияти аввалин соли 1952 дар Сан – Франсиско корпоратсияи лизингии «Юнайтед стайтс» ташкил карда шуд ва ватани намуди нави тиҷорат гардид. Даромад аз ин намуди тидорат нимаи солҳои 60- ум Амрико бо маблағи 1 млрд долл. – ро ташкил кард ва авали солҳои 80 – ум ба 110 млрд баробар шуд. Дар Амрико амалиётҳои лизингӣ яке аз даромадтарин тиҷорати иқтисодиёт ҳисобида шуд.

Дар Аврупоӣ ғарбӣ аввалин ҷамъиятҳои молиявӣ – лизингӣ солҳои 50 –уми асри XX ташкил шуда бошад ҳам, аз сатҳи қонунӣ он ҳо мукаммал нагардонида буданд. Рушди амалиётҳои лизингиро дар Аврупо бо Фаронса алоқаманд мекунанд. Соли 1987 дар Фаронса 56 ширкатҳои лизингӣ ташкил шуда буданд, ки дар як сол ҳаҷми шартномаи 57 млрд. франкро бо моликияти манқул (намдҳои гуногуни нақлиёт) доштанд ва инчунин 94 ширкатҳое, ки асосан амалиётҳоро бо моликияти ғайриманқул (хонаҳо, биноҳо, иншоотҳо) амали мекарданд.

Дар замони муосир қисми асосии бозори ҷаҳонии муомилаи лизингӣ дар бозори ҷаҳонии сегона «ИМА – Аврупои ғарбӣ — ҷопон» мутаҳид гардонида шудааст.

Дар баъзе аз давалтҳо мақомотҳои давлатӣ барои нигоҳдории тиҷоратӣ хурд лизинг истифода менамоянд.

Лизинг – иҷораи дарозмуддати воситаҳои нақлиёт, таҷҳизот, бино, иншоот мебошад, ки бо баохиррасии мўҳлати шартнома иҷорагиранда метавонад онро бозпас гардонад ва ё бо бақияи монда онро харидорӣ намояд. Инчунин рендит – иҷораи кўтоҳмуддат ва хайринг – иҷораи миёнамўҳлати воситаҳои асоси дар асоиси қонуногузории бисёр давлатҳо тасдиқи худро ёфтааст.

Лизинг – зиёда аз 3 сол;

Хайринг – аз 1 сол то 3 сол;

Рендит – то 1 сол.

Ширкати лизингӣ асосан ширкати фаръии бонк мебошад. Бозори муосири хизмати лизингӣ шаклҳои гуногуни лизингро тавсиф намуда, тамсилаи шартномаи лизинг ва меъёрӣ ҳуқуқӣ, ки амалиётҳои лизиингро танзим менамояд, ба амал мебарорад. қонунгузории ҷТ лаҳзаҳои асосиро муайян кардааст, ки тарафи ҳуқуқии лизинг қа амалиётҳои лизингиро танзим менамояд. Лизинг бо қонуни ҷТ «Оиди иҷораи молиявӣ» (лизинг) танзим карда мешавад. қонун дар Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии ҷТ 22. 04. 2003 таҳти № 9 қабул шудааст. Дар қонун нишон дода шудааст, ки «қонуни аслӣ асосҳои умумӣ ва иқтисодии иҷораи молиявиро муайян мекунанд, дар шароити иқтисоди бозоргонӣ ва муносибатҳои дар раванди иҷроиши фаъолияти лизингӣ бармеомадаи ҳуқуқиро танзим менамояд».

Дар кодекси андози ҷТ субхектони андозбандишавандаи амалиётҳои лизингӣ муайян гардидаанд ва ҳамчунин мафҳум ва объектҳои андозбандишаванда низ муқаррар гардидаанд.

Бо қарори Маҷлиси Олӣ аз 19 апрели соли 2003 №1113 Конвенсияи УНИДРУА «Оиди лизинги молиявии байналмиллалӣ», ки 22.05. 1988сол имзо карда шудааст, дар шаҳри Оттава )пойтахти Канада) тасдиқ карда шуд. Конвенсияи УНИДРУА меъёрҳои байналмиллалии муносибатҳои лизингиро муайян мекунад, ҳуқуқӣ иштироккунандагони амалиётҳои лизингиро муайян ва таъмин мекунад. Таррақиёти амалиётҳои лизингиро дар дастурамалҳои давлатии комитетҳои сохтмон ва архитектура, дар дастурамалӣ Вазорати саноати ҷТ нишон дода шудааст.

2. Моҳияти созишномаи лизингӣ.

Асоси муносибати лизингро иштироккунандагон созишномаи лизингӣ (иҷорагиранда, иҷорадиҳанда, таъминкунандагон, иштироккунандагони мустақим) ва инчунин бонкҳои тиҷоратӣ, объекти муомилаи лизингӣ ташкил мекунад.

Лизинг – ин ташкилоти махсуси муносибати қарзӣ ва иҷоравӣ, намуди фаъолияти тиҷоратӣ мебошад, ки маблағҳои молиявии ҷамъшуда барои сармоягузорӣ равона карда мешавад.

Шартномаи лизингӣ – шартномаемебошад, ки иҷорадиҳанда ўҳдадор мешавад он моликияте харад, ки дар созишномаи бо иҷорагиранда бастаи иҷорадиҳанда бо пардохти муайян барои истифодаи муваққатӣ пешниҳод менамояд. Мизоҷ – иҷорагиранда ўҳдадор мешавад, ҳар семоҳ як маротиба пардохтҳои лизинги дар созишнома муқаррар гардидаро пардохт намояд.

Аз нуқтаи назари иҷтимоӣ – иқтисодӣ фарқият байни иҷора ва лизинг мавҷуд нест, вале дар ИМА ва Олмон мафҳуми лизинг бештар истифода мешавад. Дар қонунгузории дигар давлатҳо мафҳуми лизинг дар алоҳидаги нишон дода шудааст. Мафҳуми фарқкунандаи иҷораи молиявӣ ҳамчун хусусияти муомилаи сетарафа ба пуррагӣ дар конвенсияи байналмиллалӣ, ки соли 1988 дар шаҳри Оттава тасдиқ гардида буд, ифода ёфтааст (ҳуҷҷат дар институти байналмиллалии ҳимояи ҳуқуқи шахсӣ ба мўҳлати 15 сол коркард шудааст).

Бонкҳои тиҷоратӣ метавонанд мустақиман дар тиҷорати лизингӣ иштирок намуда, иҷорадиҳанда ва ҳамчунин қарздиҳанда, кафолатдиҳанда баромад мекунанд. Назар ба ширкатҳои лизингӣ бонк бартариятҳои муҳим дорад ва барои гузаронидани амалиётҳои лизингӣ танҳо ҷудо намудани гурўҳи махсус ё шўъба талаб карда мешавад.

Афзалияти амалиётҳои лизингӣ барои бонк даромаднокии зиёди он аст. Бо ҷори намудани амалиёти лизингӣ бонкҳо соҳаи хизматрасонии худро васеъ мегардонанд.

Бо харидани таҷҳизоти лизингӣ бартарии он аз қарз муайян шудааст. Лизинг гарав ё кафолатҳои иловагиро талаб намекунад, дар муомилаи лизингӣ таҷҳизоти ба иҷора гирифташуда гарави ин амалиёт ва моликияти хусусии иҷорадиҳанда мебошад. Ба таъхир андози арзиши иловашуда дар амалиёти қарзӣ мавҷуд нест, вале дар лизинг ҳаст. Дар хиридан ё гирифтани таҷҳизот ба қарз корхонаҳо ўҳдадоранд андози арзиши иловашуда ба пурраги пардохт намоянд. Вақте, ки ширкат объекти лизингро мегирад, андози арзиши иловашударо қисм –қисм бо пардохтҳои лизингӣ пардохт менамояд, ки қисми зиёди воситаҳоро дар гардиш нигоҳ медорад.

Муомилаи лизингӣ одатан 2 – 3% арзиши зиёд дорад, вале аз ҳисоби сарфаи имтиёзҳои андозӣ назар ба қарз васеътар истифода мешавад. Лизинг имконият медиҳад, ки моликият бо арзиши камтарин харидори карда шавад, зеро бо ба охиррасии шартномаи лизингӣ он бозпас гардонида шуда, истеҳлокии объекти лизингӣ дар давраи истифодабарӣ нисбат ба гирифтани он ба қарз 3 маротиба ҳисоб карда мешавад.

Лизингро шахсони инфироди истифода карда наметавонанд, зеро дар қонунгузории амалкунанда ҷТ «Иҷораи молиявӣ» ва «Кодекси граҷданӣ» нишон дода шудааст: «моликияте, ки ба лизинг гирифта шудааст, танҳо барои мақсадҳои соҳибкорӣ бояд истифода шавад». ҳолатҳое маълум аст, ки бонкҳо схема гуногуни қарзро коркард мекунанд, ки шахсони воқеӣ аз он истифода менамоянд, вале шартномаи муомилаи лизингӣ бо шахсони воқеӣ баста намешавад. Объект дар муомилаи лизингӣ танҳо воситаҳои асосӣ, яъне моликияти истеҳлок мешуда баромад карда метавонаду халос. Объекти лизинг активҳои ғайримоддӣ (коғазҳои қиматнок, ҳуқуқи муаллифӣ, барномаҳои компутерӣ), қисмҳои эҳтиётӣ, либосҳои махсус ва сўзишворӣ шуда наметавонад.

Дар ҷаҳон одатан ду намуди мафҳуми лизинг дар давлат истифода мешавад: саҳми лизинг нисбат ба Маҳсулоти умумии дохилӣ ва саҳм дар сарчашмаи маблағдиҳӣ (сармоягузорӣ). Дар оғози соли 2006 дар Руссия ин нишондиҳандаҳо 2 – 7%, дар соли 1985 дар Авсралия – 35,8%, Аврупо – 17%, ИМА – 30% ташкил мекард.

Related posts

Муқоисакунӣ

14umnet

​Таснифоти меъёри хуќиќи байналхалќи.

14umnet

Web

14umnet

Leave a Comment

Login

X

Register