Бонк Мақолаҳои Тоҷикӣ

Қарздиҳӣ дар бонкҳои тиҷоратӣ

Нақша:

1. Моҳият ва вазифаи қарз. Шартҳои қарздиҳӣ.

2. Низоми қарздиҳӣ дар бонкҳо.

3. Субъектони қарздиҳанда ва намудҳои қарз.

4. Таъминоти қарз. Объектҳои қарз.

1. Моҳият ва вазифаи қарз. Шартҳои қарздиҳӣ.

Кредит категорияи молиявӣ буда, ба низоми молия дохил мешавад.

Кредит (лот. – ссуда, қарз) – ин додани бонк ё ташкилотҳои қарздиҳанда пул ба қарзгиранда, бо андоза ваш арте, ки дар шартномаи қарзӣ пешбини шудааст ва қарзгиранда вазифадор аст, маблағи қарзии гирифтааашро бо фоиз ва дар мўҳлат баргардонад.

Дар муносибати қарзӣ қарздиҳанда бонк баромад мекунад ва предмети қарз пул аст. Ба ғайр аз мафҳуми қарз, яъне бо истилоҳи руси кредит, инчунин ссуда – қарз ва займ – қарз фарқ карда мешавад, ки дар истифода фарқияти кули доранд. Ссуда (қарз) –

а) қарзе, ки чун қоида ба муддати кўтоҳ ва дар сурати зарурии фаврӣ дода мешавад.;

б) маблағи пулие, ки ба мўҳлати муайян ё то дархост бар ивази пардохти муайян дода шудааст.

Займ – ин шартномае, ки дар асоси он як тараф (қарздеҳ) ба тарафи дагар (қарзгир) пул, ашё ё дигар захираҳои моддиро ҳамчун моликият ё барои идораи таъҷилӣ медиҳад, қарзгир бошад ўҳдадор мешавад, маблағ ваё ашёи гирифтаашро бо ҳамин ҷинс ё сифат дар мўҳлати муқаррар гардида баргардонад.

Кредит се мафҳум дорад:

а) қарз;

б) тарафи пассивии суратҳисоб дар ҳисобдорӣ;

в) супоришномаи воридотии пул ба қисми кредитии суратҳисоб дар ҳисобдории бонк.

қарз шакли ҳаракати сармояи пули қарздеҳро ифода мекунад. Моҳияти қарз ғункунии воситаҳои пули мувақатан озоди як шахсро ва додани он бо пардохтҳо ба шахси дигар барои истифодабарии муваққати ифода мегардад.

Моҳияти қарз дар вазифааш ифода ёфтааст:

• ташкили фондҳои пулӣ ва гирифтани пулҳои нақдӣ;

• истифодабарии фондҳои пулӣ ва пулҳои нақдӣ;

• вазифаи назоратӣ.

ҳамчун категорияи молиявӣ қарз чунин вазифа дорад:

1. ғункунии воситаҳои пули муваққатан озод;

2. вазифаи азнавтақсимкунӣ;

3. дар гирдгардиши пулӣ — молӣ.

Вазифаи якуми қарз дар он аст, ки дар натиҷаи ғункунӣ пулҳои мувақатан озод барои сармоягузорӣ ва дигар намуди чорабиниҳо пешбини шудааст.

Мазмуни вазифаи азнавтақсимкунии қарз аз ҷори гаштани сармояи пулӣ аз як соҳа ба соҳаи дигари тиҷорат аст.

Вазифаи сеюми кредит аз раванди иҷроиши пардохтҳои гуногун ва ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақди бармеояд.

Шартҳои қарздиҳӣ. Шарти асосии қарздиҳӣ – ин шартҳое мебошад, ки дар он асос қарздеҳ ба қарзгир маблағи муайян бо мўҳлати муайян қарз пешниҳод менамояд.: таъҷили будан, пардохти будан, музднок будан, мўҳлатнок будан ва баргардонидан.

Шарти баргардонидан дар он ифода мегардад, ки дар фосилаи ба охиррасии мўҳлати шартномаи қарзӣ маблағи гирифташуда бояд баргардонида шавад. Дар аскси ҳол бонк меъёри фоизҳои аз тарафи БМТ муайян кардаро ба маблағи дода ҷамъ менамояд, ки ҷуброни барои қарз аст.

ҳар маблағи қарзи гирифта аз тарафи мизоҷ пардохти мебошад, зеро қарз ҳамчун мол дар бонк баромад мекунад. Фоизе, ки қарз дорад, арзиши қарз аст.

Шартҳои дар боло зикр гардида асоси баргардонидани маблағи қарзӣ дар мўҳлат буда, сарчашмаи даромад ва фоидаи бонкҳоро ташкил мекунад.

Кафолат – ин шартномаи яктарафаи қарзӣ буда, кафолатдиҳанда ўҳдадор аст, қарзҳои гирифтаи қарзгирандаро ба қарздиҳанда пардохт намояд. Шартномаи кафолати илова ба шартномаи қарзӣ буда, аз тарафи нотариус тасдиқ карда мешавад. Шартномаи кафолати он вақт истифода мешавад, агар шахси қарзгирифта, шахси воқеӣ бошад.

Замонат – як намуди кафолат буда, танҳо байни шахсони ҳуқуқӣ истифода мешавад.

Гарав – ҷиҳати таъмини иҷроиши ўҳдадориҳо ба қарздиҳанда буда бо қонуни ҶТ «Дар бораи гарав» танзим карда мешавад.

Пеш аз додани қарз бонк бояд сатҳи молиявии қарзгирандаро таҳлил намояд ва тавакалияти (хавфи) худро муайян намояд ва ба ин саволҳо ҷавобгў бошад:

1. «устувори» — и қарзгиранда, ки бо ҳисоббаробаркуниҳои саривақти ва пешниҳоди сифати ҳисоботҳои гузашта муайян ва тавсиф карда мешавад;

2. «қобилият» – и қарзгиранда, ки бо истеҳсоли молҳои рақобатпазир муайян карда мешавад;

3. «даромад». Бонк андозаи гирифтаи қарзгирандаро аз нуқтаи назари ба бонк пардохти фоизҳо бо иҷроиши фаъолиятим дурусти молиявӣ баҳо медиҳад;

4. «мақсад» — и истифодабарии захираҳои қарзӣ;

5. «маблағ» — и қарз;

6. «рўйипўшкуни» — и қарз;

7. «таъминот» — ии қарз, омўзиши оинномаи қарзгиранда аз нуқтаи назари муайяни ҳуқуқӣ бонк, активҳои бонкро ба гарав гирад.

2. Низоми қарздиҳӣ дар бонкҳо.

Низоми қарздиҳӣ ба се унсури асоси тақсим мешавад:

• субъекти қарз;

• таъминоти қарз;

• объекти қарз.

Новобаста аз асосҳои ташкилӣ, технологияи амалиётҳои қарзӣ се унсури асосии дар боло зикр гардида, истифода мешавад, ки самаранокии фаъолият ва номи ташкилотҳои қарзиро нигоҳ медорад.

Унсурҳои асосии низоми қарзӣ аз якдигар ҷудонашавандаанд. Бурдбори дар фаъолияти бонкӣ оиди қарздиҳӣ дар ҳолати илова намудани ҳамдигарии унсурҳо ифода ёфта, бовариро ба он зиёд мегардонад. Аз тарафи дигар бо канда шудани робитаи унсурҳо имконияти баргардонидани қарз имконнопазир мегардад.

Маъмул аст, ки масалан, низоми пешина (гузашта) дар асоси принсипҳои идоракунии мутамарказии иқтисодӣ ба объекти қарздиҳӣ афзалият дода мешуд. ҳисоб карда мешуд, агар объекти қарздиҳӣ бошад, ҳуқуқӣ гирифтани қарзҳои бонкиро корхона ва ташкилотҳо доштанд. Вале ин намуди қарздиҳӣ ба корхонаҳои истеҳсолӣ манфиатовар набуданд, зеро аз меъёр зиёд захираҳои моддӣ – маҳсулотӣ доштанд, ки баъзе давраҳо хароҷотҳо аз меъёр зиёд гузаронида мешуд.

Маҷмўи се унсурҳои фундаменталӣ (объект, субъект ва таъминнокии қарз) танҳо ҳамчун низом истифода мешаванд.

Мисоли 1. Яке аз ширкатҳое, ки дар бозори байналмиллалӣ обрўи хоса ва бозори устувори фурўши молу маҳсулот дошт, дар мудати муайян ба душвории молиявии ҷори дучор гардид. Барои қарз ба бонк муроҷиат намуд. Маблағ ва мўҳлати қарз ба талаботҳои бонки мувофиқат мекунад, зеро на ҳар ташкилоти қарзӣ ба доштани чунин муштарӣ ноил мегардад.

Мисоли 2. Ширкате, ки ягон маротиба ба ин бонк оиди қарз ё дигар намудҳои хизматрасонӣ муроҷиат накарда буд, аз ин бонк бо таъмини гарави аввалиндараҷа (салиби тиллоӣ, антиквариат, ороишоти қиматнок), ки якчанд маротиба аз арзиши маблағи қарз зиёд буд, дархост пешниҳод менамояд.

Дар асоси ин мисол дигар унсури низоми қарздиҳӣ – боварӣ пайдо мешавад. Ии ибора аз мафҳуми қарз гирифта шудааст, ки бо ибораи лотинӣ “credo”, яъне “боварӣ” – ро ифода менамояд.

қарз ҳамчун муносибати иқтисодӣ – ин ҳама вақт хавф буда, бе боварӣ ҳамкори намудан имконнопазир аст.

3. Субъектони қарздиҳанда ва намудҳои қарз.

Субъекти қарздиҳӣ ки баромад мекунад? Пеш аз ҷавоб додан ба ин савол, бояд муайян намуд, ки оиди кадом намуди қарздиҳӣ савол пешниҳод шудааст. Вобаста ба шахси қарздиҳанда шаклҳои қарз мешаванд:

• Шакли қарзи давлатӣ – вақте, ки давлат бо мўҳлат ва шарти муайян қарз мегирад;

• Шакли хоҷагидории (тиҷоратии) қарз – вақте, ки дар муносибатҳои қарзӣ таъминкунандагон баромад мекунанд, ки ба таъхир андозии пардохтҳоро иҷозат медиҳанд ва харидор вобаста ба васиқаи навишташуда ўҳдадор мешавад, ки барои моли гирифтааш дар давраи муайян арзиши онро пардохт менамояд; шахсони ҳуқуқӣ на танҳо қарзро дар намуди молу маҳсулот, инчунин дар намуди маблағҳои пулӣ пешниҳод карда метавонанд;

• Шакли истеъмолии қарз, ки субъекти қарзгиранда шахсони воқеӣ баромад мекунанд;

• Шакли байналмиллалии қарз – вақте, ки яке аз иштироккунандагони муносибати қарзӣ субъекти хориҷӣ аст;

• қарзи бонкӣ – шакли асосии қарздиҳии муосир ба ҳисоб меравад, ҳам шахсони воқеӣ ва ҳам шахсони ҳуқуқӣ истифода мекунанд.

Субъекти қарзгиранда шахсони гуногун шуда метавонанд;

1. давлат;

2. корхона ва ташкилотҳо;

3. муассисаҳо;

4. соҳибкорон;

5. шахсони воқеӣ.

Тақсими қарз ба муштариён ва гирифтани он боз як намуди мафҳуми таснифи қарзро дар низоми қарздиҳӣ – намуди қарзро муайян менамояд. Намуди қарз маҷмўи хусусиятҳое, ки барои ин ё он муомилоти мушаххаси қарзӣ дар муносибати иқтисодӣ ва ташкилӣ ифода меёбад, тасниф менамояд. Хусусиятҳои иқтисодии муносибатҳои қарзӣ — ин хусусияти худи қарз мебошад, ки ягонаанд (музднокй, баргардониш). Хусусиятҳои ташкили дар ҳолатҳои ҷудогона фарқият доранд – тартиби додани қарз ва рўйипўшкунии он.

Дар ҳар ҳолати ҷудогона намудҳои қарз дорои низомномаи худ мебошад, ки тартиби додан ва рўйпўшкунй танзим карда мешавад.

Намудҳои қарз на танҳо бо субъектони қарзгиранда, инчунин бо намудҳои маҳакҳо фарқ карда мешавад ва ба он дохил мешавад:

• вобастагии карз бо харакати сармоя;

• сохаи истифодаи карз;

• мухлати карз;

• музднокии карз;

• таминнокии карз.

Related posts

Омилҳои умумии иқтисодй кадомҳоянд?

14umnet

Бозори ҷаҳони ва проблемаҳои ҳамроҳшавии ҶТ ба он.

14umnet

Ҳамгироии байналхалқии иқтисодӣ ва шаклҳои зуҳуроти он.

14umnet

Leave a Comment

Login

X

Register