Бонк Мақолаҳои Тоҷикӣ

Бонкҳои тиҷоратӣ

Нақша:

1. Моҳият ва нақши бонкҳои тиҷоратӣ дар низоми бонкии ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Амалиётҳои активию пассивии бонкҳои тиҷоратӣ.

3. Амалиётҳои миёнаривии бонкҳои тиҷоратӣ.

1. Моҳият ва нақши бонкҳои тиҷоратӣ дар низоми бонкии ҷумҳурии

Тоҷикистон.

Ба равиши рушди низоми бонкӣ якчанд омилҳои макроиқтисодӣ ва сиёсӣ таъсир мерасонанд, ки онҳо иборатанд:

1) сатҳи пешравии муносибатҳои пулӣ – маҳсулотӣ;

2) тартиботи ҷамъияти ва иқтисодӣ, мақсаднокии таъинотҳо ва хусусиятҳои иҷтимоӣ;

3) асоси қонуният;

4) фаҳмишҳои умумӣ дар бораи моҳият ва нақши бонкҳо дар иқтисодиёт.

Моҳияти бонки тиҷоратӣ бо ду ҷиҳат омўзиш карда мешавад: аз як тараф – ин ташкилоти қарздиҳанда, аз тарафи дигар – институти иҷтимоӣ.

Дар фаъолияти худ бонкҳои тиҷоратӣ бо чунин принсипҳо фаъолият мекунанд:

1) итоати ҳатмии қонун, меъёр ва дастурамалҳо;

2) ҳаракат ва кўшиш барои гирифтани фоида;

3) пешгирии хатарҳо;

4) ҷавобгарӣ барои натиҷаҳои фаъолияти худ, сармояи худ, даромадҳои худ;

5) истифода ва идораи озодӣ захира ва даромадҳо;

6) интихоби мустақилонаи мизоҷи худ;

7) ноил гаштан ба натиҷаҳои кўтоҳмудати дурнамои дарозмудат.

Бонки тиҷоратӣ – низоми иҷтимоӣ аст. Мақсади бонки тиҷоратӣ дар мақсадҳои шахсии иштироккунандагони бонк асос меёбад. ҳар як иштироккунанда мақсади худро дорад:

1) дорандаи бонк – равнақи бонк;

2) идоракунандагони бонк – самаранокии кори бонк;

3) саҳмдорон – даромади зиёди бонк;

4) иҷрокунандагон (кормандон) – зиёдшавии музди меҳнат, мукофот, имтиёзҳо;

5) амонатгузорон – устуворӣ ва пардохтпазирии кори бонкӣ;

6) мизоҷон – сифати хизматрасонии бонкӣ;

7) қарзгирандагон – камшавии мизони фоиз барои қарз ва зиёдшавии андозаи қарз;

8) давлат – итоати қонунҳо.

Сарчашмаҳои захираҳои молиявии бонкҳо ба воситаи худӣ ва қарзӣ ҷудо мешаванд. Ба сарчашмаҳои худӣ дохил мешавад: сармояи оинномавӣ, фондҳо, фоидаи софи гирифташуда. Ба воситаи қарзӣ дохил мешавад: қарзҳои Бонки миллӣ, дигар ташкилотҳои қарзӣ, амонатҳо, маблағ аз фурўши коғази қиматнокӣ бонк бароришкарда.

3.2. Амалиётҳои активию пассивии бонкҳои тиҷоратӣ.

Мувофиқи қонунҳои дар боло зикр шуда, бонкҳои тиҷоратӣ амалиётҳои зеринро иҷро мекунанд:

1. қабули амонатҳои шахсони ҳуқуқӣ.

2. қабули амонатҳои шахсони воқеӣ.

3. Барои мизоҷон кушодани суратҳисобҳо ва бурдани амалиётҳо.

4. Барои дигар бонкҳо ва ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ кушодани суратҳисоби муросилотӣ.

5. Амалиётҳои хазинавӣ. қабул, шуморидан, иваз намудан, нигоҳ доштан ва ҷо ба ҷо намудани пулҳои қоғазин ва тангаҳо.

6. Амалиётҳои маблағгузаронӣ, яъне бо супориши шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ гузаронидани маблағҳои пулӣ.

7. Амалиётҳои ҳисобу китоб, аз он ҷумла ҳисобу китоб кардани арзишҳои векселҳо ва дигар ўҳдадориҳои қарзии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ.

8. Амалиётҳои қарзӣ, яъне ба шакли пулӣ додани қарзҳо.

9. Маблағгузории молиявии объектҳои сохтмон.

10. Амалиётҳои трастӣ, яъне бо супориши шахси боварикунанда маблағҳои пулӣ ва қоғазҳои қимматноки ўро ба манфиати шахси боварикунанда идора кардан.

11. Амалиётҳои клирингӣ, яъне ҷамъ намудан, ба тартиб андохтан, санҷидан ва тасдиқ намудани воридшавии маблағҳои байни ҳамдигар ҳисоб шаванда.

12. Амалиётҳои сейфӣ, яъне хизматрасонӣ барои нигоҳ доштани қоғазҳои қимматнок, ҳуҷҷатҳои пулӣ ва ба иҷора додани сейфҳо ба мизоҷон.

13. Амалиётҳои ломбардӣ, яъне додани қарзҳои кўтоҳмуддат ба гарав мондани қоғазҳои қиммтанок ва металҳои қимматбаҳо.

14. Барои актсепт ва ба тариқи инкасавӣ қабул намудани ҳуҷҷатҳои пулӣ, аз он ҷумла аккредитивҳо.

15. Барориши кортҳои маблағпардохткунанда.

16. Инкасатсия ва ба дигар бонкҳо ва мизоҷ фиристодани маблағҳои пули қоғазин тангаҳои нақд ва дигар ашёҳои қиматнок.

17. Ташкил ва иваз намудани асъор.

Амалиётҳои активии бонкҳои тиҷоратӣ – ин чунин амалиётҳое мебошанд, ки бонкҳои тиҷорати маблағҳои пули худро барои гирифтани фоидаи соф ба дигар бонкҳо ва мизоҷон медоданд.

Амалиётҳои активӣ ба чунин гурўҳ ҷудо мешавад:

1. амалиётҳои қарзӣ – ин муносибатҳои байни қарздиҳанда ва қарзгиранда мебошад, ки аз рўи шартҳои мўҳлатнокӣ, бозгаштпазирӣ, таъминотӣ ва музднокӣ дода мешавад.

2. амалиётҳои ҳисобу китобӣ – ин амалиётҳо оид ба суратҳисоб қабул намудани пули мизоҷ ва аз ҳисоби пули ў ва бо супориши ў гузаронидани маблағҳои ў мебошад.

3. амалиётҳои хазинавӣ – ин амалиётҳо оиди қабул ва додани пули нақд ба мизоҷ мебошад.

4. амалиётҳои маблағгузорӣ – ин чунин амалиётҳое мебошад, ки бонкҳои тиҷоратӣ бо маблағҳои худ қоғазҳои қимматноки дигар ташкилотҳои ғайрибонкӣ ва ё коорпоратсия ширкатҳоро мехаронад.

5. амалиётҳои гаравӣ, кафолатдиҳӣ – ин чунин амалиётҳое мебошанд, ки бонкҳои тиҷоратӣ дар назди шахсони сеюм барои қарзи гирифтаи онҳо кафолат медиҳанд.

Ба амалиётҳои пассивии бонки тиҷоратӣ он амалиётҳое дохил мешаванд, ки бо воситаи онҳо бонкҳо захираҳои моли худро ташкил мекунад. Захираҳои моли бонкҳои тиҷоратӣ аз 2 манбаъ иборат мебошанд:

6. манбаҳои моли худӣ;

7. манбаҳои моли ҷалбшуда;

Ба манбаҳои молии худӣ инҳо дохил мешаванд:

1. сармояи оинномавии бонк;

2. сармояи захиравии бонк;

3. фоидаи софи бонк;

Сармояи оинномавии бонк ҳангоми ташкил кардан ва аз қайди давлатӣ гузаронидани бонкҳои тиҷоратӣ аз тарафи саҳҳомони он ба тариқи пулӣ ва натуралӣ саҳмгузорӣ карда мешавад.

Сармояи захиравии бонки тиҷоратӣ ҳангоми фаъолияти якчанд солаи бонкҳои тиҷоратӣ аз ҳисоби фоидаи соф ба фоидаи тақсимнашудаи бонк барои ҳолатҳои фавқулода сармояи захиравӣ ташкил карда мешавад.

ҳар як бонки тиҷоратӣ мақсади асосӣ дорад, ки он ҳам бошад гирифтани фоида ва пардохти андоз аз фоида буда, дар асоси қарори маҷлиси саҳҳомон дивидентҳо (ҳақулсаҳм) ба саҳҳомон тақсим карда мешавад, фоидаи боқимондаи тақсимнашуда, ҳамчун манбаи молиявии худи бонк баромад мекунад.

Related posts

Таваррум ва намудҳои он

14umnet

​Даромади воќеи (реали)

14umnet

Хатархои инфарматсиони

14umnet

Leave a Comment

Login

X

Register