Мақолаҳои Тоҷикӣ Фалсафа

Буддоия

Таълимоти Буддо дар асрњои VI-V пеш аз милод ба вуљуд омада, асосгузори он писари шоњзодаи Њинд мулаќќаб ба Сидњартња, ки падараш њокими Банорас буд, ба шумор меравад. Тибќи ривоятњо гўё вай дар 29-солагї аз кохи падар фирор карда, рў ба биёбон меорад ва ба риёзату ибодат машѓул мешавад. Ў чанд муддате кўшиш мекунад то њаќиќатро дарёбад, вале ин ба вай муяссар намешавад. Дар охир зери дарахте мешинад ва ањд мекунад, ки то њаќиќатро дарк накунад, аз љой барнамехезад ва нињоят рўзи чорум ба маќсадаш ноил мешавад, яъне «њаќиќат»-ро дарк мекунад ва аз њамин љо ба таблиѓи он мепардозад. Ќобили ќайд аст, ки ин таълимот, бо вуљуди дар Њинд зуњур карданаш, дар ин љо чандон густариш наёфта, балки он дар Чину Љопон бештар ривољ ёфт. Тибќи маълумотњо пайравони мазњаби Буддо 15 миллионро ташкил мекунанд, ки аз он танњо дусад њазораш сокини Њиндустон мебошанд. Боќимондаашро аслан сокинони Чин, Љопон ва Сейлону Тибет ташкил медињанд.

Оид ба буддоия матнњои ќадимаи буддої, ки бо номи «Типитака».маъруфанд, маълумоти даќиќ медињанд. Матнњо бо хати пањлавї навишта шуда буданд (ёдовар мешавем, ки кулли адабиёти ведї бо забони санскритї навишта шуда буд), аз ин рў, онњоро «ќонунњои пањлавї» низ меноманд. Азбаски ин мантњо дар рўи баргњои палма навишта шуда буданд ва ин навиштањо се сабадро ташкил медоданд, онро «Типитака», яъне «Се сабад»(се сабади хирад) ном гузоштаанд.

Буддоия дар ибтидои ташаккулёбияш њамчун таълимоти ахлоќї зуњур намуд. Аз рўи ривоятњо Буддо аз масоили оид ба Коинот, љон ва алоќамандии он ба тан ва ѓайра ќасдан дурї љустааст. Тахмин меравад, ки ў ба масоили абадияту фонї будани олам, беинтињо ё боинтињо будани он, айнияти нафсу тан сарфањм рафтааст, лекин дар ин бора чизе нагуфтааст. Чунончи, ба суоли шогирдонаш рољеъ ба асрори Коинот чунин гуфтааст: «Маро ба олами Коинот ва асрори печидаи он чї кор? Ман фаќат барои он омадаам, то аз ранљњои зиндагї бикоњам».

Фалсафаи Буддо асосан дар чор мавзўъ бањс мекунад: аввал, дар бораи дакња, яъне муносибатњои зиндагї; дуввум, дар бораи самудая, яъне нокомињо; саввум, дар бораи марка, яъне роњи покии (тозагї, тазкия) нафс ва растагорї; чањорум, нирвана, яъне тариќаи хомўш намудани шањват. Мавзўи охирї дар таълимоти Буддо мавќеи хос дорад ва мањз барои њамин баъзе муњаќќиќони Ѓарб њикмати Буддоро њикмати нирвана, яъне њикмати хомўшї номидаанд. Маънии њаќиќии нирвана фурў нишондани оташи шањват, нафрат ба љањолат аст. Нирвана хоби амиќест, ки таи он одамї аз шарри фардият рањої ёфта, ба кулл мепайвандад.

Буддо ба салтанати хурофот хотима гузошта, фалсафаеро ба вуљуд овард, ки он ба хиради мутлаќ такя мекард. Ў аз шогирдонаш њамеша талаб мекард, ки бо ў бањс кунанд ва сухани ўро њаргиз бе далелу исбот, яъне бе чуну чаро ќабул накунанд. Тибќи таълимоти буддоия дањ гуноњи азим вуљуд дорад. Аз ин се гуноњ ба љисм марбутанд ва иборатанд аз зўроварї, дуздї ва зино кардан. Чањор гуноњ вобаста ба забо­нанд ва аз дурўѓ гуфтан, тўњмат задан, дашном додан, бад гуфтан иборатанд. Се гуноњи дигар ба зењн марбутанд, ки аз тамаъ, нафрат ва иштибоњ иборатанд.

Буддо риёзаткашї ва азият додани љисмро сахт мањкум мекунад. Танро бо рўзадорї ва ранљ озор додан нашояд. Аз нигоњи Буддо зоњид он касе нест, ки бадани худро бо воситањои гуногун танбењ мекунад, балки зоњид он касе аст, ки ба тарбияи нафс мепардозад ва худро ба ганљинае аз афкору амоли некў мубаддал мегардонад.

Мувофиќи таълимоти Буддо, вуљуди одамї ба шўълае монанд аст, ки на танњо месўзад, балки доиман дигаргун мешавад. Аз ин сабаб, њељ кас наметавонад он одаме бошад, ки чанд лањза пеш буд. Њар инсон дар њар лањза инсони дигар мегардад, лекин ин таѓйиротњо бидуни сабаб набуда, њама тавассути сабабу оќибат бо њам мепайванданд. Ба аќидаи Буддо, њама чизе, ки чашм мебинад месўзад ва њатто худи чашм дучори сўхтор аст. Ва ў роњи гурезро аз ин сўхтор дар ноил шудан ба нирвана мебинад, яъне бо оби аќлу хирад оташи шањватро бояд хомўш намоем ва коре кунем, ки дигар дучори мусибати њастї нагардем. Буддо тавлиди наслро бузургтарин љинояте мешуморад, ки шахс нисбати худ содир мекунад. Зеро ки бо тавлиди насл одамї боз ба њастї майл мекунад. Бинобар ин дар буддоия тавлиди насл бадтарин гуноњ аст.

Маргу зиндагї аз нигоњи Буддо, ду ранги вуљуд (њастї) мебошанд, аз ин рў, њарду шарранд ва он чї хайр аст, нестии мутлаќ аст. Барои дарки сабаби ин, ки чаро бояд аз тавлиди насл худдорї кунем, Буддо савол гузошта худ посух медињад:

Савол: Марг чаро вуљуд дорад?

Љавоб: Барои он ки мо ба дунё омадаем ва бояд бимирем.

Савол: Чаро ба дунё омадем?

Љавоб: Барои он ки хостем аз њастї бархўрдор шавем.

Чун тавлиду марг ду љанбаи вуљуданд ва марг моро ба њаёт ва њаёт моро ба марг њидоят мекунад. Бинобар ин сабаб, решаи маргу зиндагиро, ки тавлиди насл мебошад, бояд ќатъ кард, то аз мусибати њаёту марг рањої ёбем.

Буддо њељ гоњ аќидаи худро њаќиќати комил ва пурра намењисобид. Чунончи, ў боре панљаашро пури барги хушк намуда, аз шогирдаш мепурсад, ки оё ѓайр аз инњо барги дигаре вуљуд дорад. Шогирдаш посух медињад, ки баргњои хазон зиёданд ва шумораашон беохир аст. Буддо љавоб медињад: «Ман њам ба њамин монанд муште аз њаќиќатњоро ба шумо додам ва ба замми инњо њазорон њаќиќати дигаре њаст, ки шумурданашон ѓайриимкон аст»( Ниг.: Мењрдоди Мењрин. Фалсафаи Шарќ// Рўзномаи «Тољикистони шўравї».- 1991. -№155).

Зуњури буддоия ин инкори диалектикии брањмания ба шумор меравад. Буддо бештар мекўшид, ки мардумро аз зери бори гарон ва тоќатфарсои дини Брањма рањо созад. Ў зидди тафовути каставї, ки брањмания онро ќонунї гардонида буд, баромада, онро мањкум кардааст. Чунончи, ў гуфтааст: «Њамон тавре, ки брањман аз шиками модаре берун омада, як сиёњи њиндї низ аз модаре мутавваллид шуда, пас ба чї иллат аввалиро асилзода ва дуввумиро ноаслу баднињод мехоњем?».

Лекин лањзањои ошўфтањолию дунёбезорї (пессимистї) дар буддоия нисбат ба брањмания бештар дучор мешаванд. Масалан, дар таълимоти Брањма ранљу азоб њамчун љазо барои гуноњњо дониста шуда, роњи наљоти онро дар накўкорї мебинанд. Аммо Буддо њаётро маљмўи ранљу азоб мешуморад ва дар сансара мављудияти шодиву сурурро рад мекунад. Умуман дар сансара љараёни беохири тавлиду марг инкор карда мешавад.

Љавњари таълимоти Буддо тарѓиби «чор њаќиќати наљиб» — азоб, сабаби азоб, рањої аз азоб ва шартњои рањо ёфтан аз азоб мебошад. Мувофиќи њаќиќати аввал: ба дунё омадан-азоб, беморї-азоб, марг- азоб. Хулоса, мављудияти инсон ин сар то по ранљу азоб аст. Њаќиќати дуввум сабабњои ранљу азоби одамро шарњ медињад, ки онњо аз роњат, хоњиши хушбахт будан, майли зиндагї доштан иборат мебошанд. Њаќиќати саввум роњи наљот ёфтан аз азобро нишон медињад. Барои ин дар худ майли роњат, сурур, ташнагии њаёт, њокимиятхоњї, бадзабонї, маѓрурї ва ѓайраро хомўш сохтан зарур аст. Њаќиќати чорум барои аз азоб рањої ёфтан иљроиши шартњои зеринро тавсия медињад: эътиќоди ќавї ба Буддо; пайравии ќатъї ба дин ва тањќир накардани он; кирдору муносибати нек ба одамон бе куштору зўроварї; хотираи ќавї, ки доим худоро дар ёд дорад; афкори њаќ.

Дар буддоия азоб ва озодї њолатњои гуногуни њастии ягонаанд: азоб – њолати њастии воќеї (билфеъл), озодї – њолати имконї(билќувва) ба шумор меравад.

Дар асри III пеш аз эраи мо шоњ Ашока таълимоти Буддоро чун идеологияи расмї ќабул намуд. Баъдтар буддоия ба ду равия: њинаяна ва мањаяна људо шуд. Маънии њинаяна «роњи кўчаки наљот» ва мањаяна «роњи васеи наљот» мебошад. Мањаяна мањдудиятњои шохаи њинаянаро бартараф намуда, бархилофи он таблиѓ мекард, ки њар як фард метавонад ба нирвана мушарраф шавад. Мањз њамин имконият дод, ки дини буддої васеъ пањн шавад ва ба дини љањонї табдил ёбад. Лекин зикр кардан зурур аст, ки буддоия дар худи Њиндустон худро нигоњ дошта натавонист. Брањмания, ки акнун дар шакли нав, яъне њиндуия зуњур мекард, мавќеи буддоияро танг сохта, онро аз миён рабуд ва худи Буддо ба гурўњи њиндуия дохил шуда, њамчун таљассуми Вишну арзи вуљуд мекунад.

Таълимоти Буддо аз чанд љињат пешќадам њисоб мешуд. Љињати хуби ин оин аввалан, пойбанди олами ѓайб набудани он мебошад. Тарафи дигари афзалиятнокаш аз он иборат аст, ки Буддо дар чорчўбаи одоб ва русуми мазњабї мањдуд нагардидааст. Бузургии Буддо дар он аст, ки ў њаргиз даъвои пайѓамбарї накарда, тасдиќ намуд, ки мумкин аст иштибоње рух дода бошад ва аз шогирдонаш талаб мекард, ки њељ кадом аќидаи ўро бечунучаро ќабул накунанд, балки худашон њам ба кашфи њаќиќат пардозанд ва кўшиш намоянд иштибоњоти ўро бартараф созанд.

Related posts

Идоракунии захираҳои бонки тиҷоратӣ

14umnet

Махсулоти умумии мехнат ва Махсулоти умумии капитал чист?

14umnet

​Функсияи истеҳсолӣ. Изоквантаҳо

14umnet

Leave a Comment

Login

X

Register