Мақолаҳои Тоҷикӣ Фалсафа

Чайния

Љайния таълимоти динию фалсафиест, ки дар асрњои VI-V пеш аз милод зуњур карда, бо мурури замон ба яке аз динњои Њиндустони ќадим табдил ёфт. Асосгузори он Вардњамана ба шумор меравад, ки бо лаќаби Мањавира («Ќањрамони бузург») ва Љина («Ѓолиб») маъруф буд. Ин таълимот аслан дар ќисмати шимолу шарќии Њиндустон арзи њастї намуда, баъдтар дар саросари ин кишвар густариш ёфт.

Мувофиќи таълимоти љайнињо, Мањавира ба шогирдонаш 14 китоб ба мерос мондааст, ки онњо маљмўи аќидањои ўро фаро мегирифтанд. Дар асри III то милод дар шањри Пачалипутра љамъомади умумии љайнињо баргузор мегардад. Дар он љамъомад таълимоти љайнињоро бо номи «Сиддханта» мураттаб месозанд. Бояд гуфт, ки Љайния асосан дар муќобили брањмания ќарор гирифтааст ва аз ин рў, ќисмати муњими матнњои «Сиддханта» — ро мазаммати таълимоти Брањма ташкил мекунанд. Чунончи, дар яке аз матнњо омадааст: «Агар тавассути ѓусл кардан дар оби хунук ба зинаи такомул расидан мумкин бошад, он гоњ ќурбоќа, сангпушт ва мор ба зинаи такомул мерасиданд ва агар об корњои бад ва наљосатро мешуста бошад, пас корњои некро низ мешўяд».

Дар ќонунњо (Сиддханта) инчунин оид ба астрономия, љуѓрофия, кайњоншиносї, меъморї, мусиќї ва ѓ. маълумотњои хусусияти илмию амалидошта низ љой доранд. Ин аз он шањодат медињад, ки барои љайния маърифати илмї чандон бегона набудааст. Љайния ќурбонї кардани њайвонро мањкум менамуд ва њисси тарањњумро нисбати њамаи мављудоти љондор таблиѓ мекард. Бархилофи брањмания, ки занњо ва шудрањоро ба њайвон баробар медонист ва онњоро аз њуќуќи тиловати китобњои муќаддас мањрум сохта буд, љайния ба занњо зоњидї ва хондани китобњои муќаддасро раво медонист. Љайния худоњоро не, балки тиртњингерњо ва љинро парастиш мекарданд.

Ѓайр аз ин ихтилофот дар байни љайния ва брањмания умумиятњо низ вуљуд доранд. Чунончи, сансара, карма, мокша ва маќсади он, яъне наљот ёфтан аз зиндагї, ки њамчун ранљу азоб ва мусибат дониста мешуд.

Љайния њамчун љањонбинї аслан дар атрофи ду мавзўъ, яъне табиат ва илоњиёт бањс ба миён мегузошт. Тибќи фалсафаи љайн акаша (алога) фазои холиест, ки як ќисми онро олами моддї, яъне лока фаро гирифтааст. Олами моддї аз заррањои хурди љондор ва њаракаткунанда иборат аст, ки ин заррањо љамъ омада, бо њам часпида чун пардае тамоми оламро фаро мегиранд. Аз нуќтаи назари онњо ин заррањо аз ќадим вуљуд доранд ва њељ гоњ нест намешаванд. Ќувваи њаракатдињандаи ин заррањо ба берун не, балки ба дохили онњо мансуб дониста мешавад, ки онњо бо мафњумњои дњарма (ќувваи муњаррика) ва адњарма (ќувваи монеъшаванда) ифода ёфтаанд. Њама чиз баъди он, ки шакли муайянеро соњиб шуд, тавассути чор чиз -дњарма-он чї ки ба он њаракат мебахшад, адњарма-нерўе, ки онро дар маконе нигоњ медорад, пудгала-он чї ки ба љисм тамъ ва рангу бўй мебахшад ва кала-он чї ки имконияти таѓйиру табдилрофароњам меорад, вуљуд дошта метавонаду халос. Азбаски ин заррањои хурд аз ќадим вуљуд доранду абадї мебошанд, љисмњое, ки аз ин заррањо пайдо мешаванд низ абадї буда, баъди марг боз ба заррањои хурд људо шуда ва боз дар шакли љисми дигаре зуњур мекунанд.

Фалсафаи љайния чун таълимоти Буддо зиндагиро мусибат ва ранљу азоб мешуморад. Онњо инчунин бар он аќидаанд, ки мусибат на танњо мансуби одамон, балки домангири тамоми мављудоти зинда мебошад. Ба аќидаи љайнињо, њаёт хориќаи абадї аст, пас мусибат њам азалию абадї мебошад. Њељ чизеро аз ин имконият халосї нест, ба љуз худоёнро, ки онњо аз шарри мусибат эмин мебошанд. Лекин ин роњи наљот барои инсон њам дастрас шуморида шудааст, ба шарте, ки ба воситаи таќво ва риёзат нафси худро ба мартабаи худоён бирасонад.

Дар таълимоти љайния «се љавњар» василае њисоб мешуданд, ки барои наљот ёфтан аз мусибат њангоми зиндагї риояи онњо њатмї шумурда мешавад. Аввал, рафтори нек, дуюм, пиндори нек ва сеюм, эътиќоди нек. Эътиќоди дуруст-ин эътиќод ба нуфузи тартхингерњо, рафтори нек-ин риояи панљ савганд, яъне ахимса-беозорї, сатя-ростї, астея-дуздї накардан, апариграња-гушанишинї (дунёбезорї, зоњидї) ва брањмачаря-аз никоњ худдорї кардан. Љавњари сеюм, яъне маърифати дуруст, назарияи дониши љайнињо ба шумор меравад.

Дар таълимоти љайния бадтарин хислатњои инсонї крудња – кина, мана – ѓурур, майя – љањл, лодња – њирс ба шумор меравад.

Љайния ба ду равия — дигамбарњо ва шветамбарњо таќсим мешавад. Шветамбарњо равияи нисбатан мўътадил буда, онњоро «сафедпўшон» низ меноманд. Дигамбарњо равияи оштинопазир (даѓал) ба шумор рафта, пайравони он баъзан тани урён мегаштанд. Онњо ќонунњо, яъне «Сиддњанта» — ро эътироф намекарданд, аз истеъмоли хўрок то њадди нињої худдорї мекарданд ва бар чунин аќида буданд, ки занњо ќобилият надоранд ба мокша, яъне комилан наљот ёфтани рўњ ноил шаванд. Низоми каставиро мањкум мекарданд: аз оиладоршавї дурї љўстан, мўи сарро гирифтан ва дар ибодатгоњ бо садаќа зистан. Шудрањо аз риёзат мањрум буданд. Риёзати дигамбарњо бошад, чандон талаботи љиддї надошт. Онњо фаќат либоси сафед пўшида, одатан дар як макон сукунати зиёд надоштанд ва аксаран дар саёњат буда, њаёти ќаландарї мегузаронданд. Лекин онњо фаќат рўзона њаракат мекарданд, то ки дар торикї ягон љонзодеро осеб нарасонанд.

Љайнињо имрўз њам дар Њиндустон вуљуд доранд ва шумораи онњо њамагї 0,5 фоизи ањолиро ташкил мекунад.

Related posts

​Худтанзимкуни

14umnet

Нигохдории хуччатхо ва чудокуни матнхо(Microsoft Word).

14umnet

Вазфахои асоси бахисобгири

14umnet

Leave a Comment

Login

X

Register