Эхёи Ачам ва ахамияти оламшумули он

Дар таърихи маданияти халќи тољик замони Эхёи Аљам пурмахсултарин давраи инкишоф буда, xунбиши бузурги таърихию фархангиба вуќўъ пайвастааст. Дар баъзе адабиётхо давраи Эхёро ба асрхои 1Х-Х1 нисбат медиханд, дар адабиёти дигар асрхои 1Х-ХVнишон дода мешавад. Лекин гап дар сари муайян намудани худуди давраи Эхёи Аљам намеравад, зеро онро xудо карда нишон додан хеле мушкил аст. Сухан дар бобати он меравад, ки то чиандоза дар зери ин харакатхои эхёвии шарќидар дигар маданиятхо xунбишхо ба вуљуд омад.

Дар таърихи халќи тољик хамин гуна ахди хумоюнфар ќарнхои 1Х-Х1 буданд, ки аз љихати савияи тараќќиёти афкори илмию фалсафива бадеисар то сари Ховару Бохтар хамтои худро надоштанд. Дар ин давраи хуxаста як xунбиши бузурги таърихию фархангиоѓоз шуд, ки дар навиштахои зер хамчун эхёи тољик ёд мешавад. Таxаддуди таърихию фархангии мардуми эронинажод аввал дар мухити Самарќанду Бухоро, Хуљанду Фарѓона ва Балху хирот, ки ба иттифоќи ахли таърих механи аслию Аљамии ќавми тољик буданд, ба амал омада, сипас ба нохияхои xанубу ѓарбии Эрон, Озарбойxон, Осиёи Саѓир ва бархе аз ќисматхои хинду Чин ва Покистони имрўза нуфуз кардааст.

Дар бораи кушокушива яѓмогарихои калонмиќёсу касофатовари лашкари Ќутайбаву Чингиз, Темуру Шайбонихољати гап хам не. Зеро хама медонанд, ки онхо бо гуфтаи яке аз файласуфони бузурги тољик А.Турсунов «омаданду, канаанду, сўхтанду, куштанду, бурданд». Лекин бузургии замони Эхёи Аљам он аст, ки бо вуљуди ин хама бадбахтию бенасибї, бо вуљуди он хама зулму ситам тавонист, ки дар халќи тољик он хиссиёти ќадимаро нигох дорад. Яъне, нисбат ба ягон тоифаи одамикинаву адоват напарваридааст. Таърих гувох аст, ки ягон арбоби барxастаи илму фарханги тољик, дар боби забону маданияти дигар халќхо бадгўинакардааст, урфу одати ягон ќавмро нах назадааст ва ё аз рўи хусумати миллию мазхабива иззати нафси мардуми ба марзу буми бегона нарасидааст. Аз ин бармеояд, ки тољикон дорои услуби хоси муомилоту муошират буданд, ки имрўз мо бояд ба он рў оварем.

Махз анъанахои дерини фархангии ќавмхои эронибуданд, ки дар ахди ислом ба инкишофи минбаъдаи илму фан дар хилофати араб замина шудаанд. Дар воќеъ, математикон ва хайатшиносони хавзаи илмие, ки дар охири асри V111 ва аввали асри 1Х дар Баѓдод ташкил ёфта, бо номи «Байтулхикмат» маъруф шудааст, хамагизодагони Хуросон, Мовароуннахр, Бохтария ва Фарѓона буданд.

Рушди фарханги Аљамиён – омили мухими баќо ва фанонопазирии маданияти Шарќ буд. Арзишхои бузурги Аљамиён дар сохаи илмхои табиатшиносї, физика, кимиё, механика, геология, геодезия, xуѓрофия дар илми умумиљахони васеъ истифода мешавад. Мухаммад ал-Хоразмива оѓози илми алгебра (ал-xабр) дар љахони мутамаддин ходисаи баѓоят бузурги илмибуд. Бузургтарин намояндагони илми кайхоншиносї: Абумахмуди Хуљандї, Берунї, Ал-Фарѓонї, Умари Хайём, Насриддини Тўсї, Ќозизодаи Румї, Улуѓбек ва даххо дигарон асархое офаридаанд, ки имрўз олимони љахон истифода мебаранд. Бузургтарин рисолаи тиббии Абўалиибни Сино «Ал-ќонун фи-т-тиб» (Ќонуни тиб) китоби рўимизии табибони дунё гардидааст.

Аљамиён дар пешрафти илмхои љамъиятшиносива гуманитарї: фалсафа, мантиќ, ахлоќ, зебопарастї, таърих, мардумшиносисахифаи навинро оѓоз намуда, мактабхои гуногуни фалсафимисли «ишроќиён», «машшоъ» асос гузоштанд. Таърихнигорони шўхратманди асримиёнагиба мисли Ал-Бухорї, Наршахї, Ат-Табарї, Xурxонї, Мирхонд асархое офариданд, ки дар асоси онхо таърихи умумиљахониинтишор шудааст.

Гулгулшукуфии адабиёти тавонои классикии форсу тољик дар асрхои 1Х-ХVдиќќати адибону мардумони дунёро ба худ xалб намуд. Нотакрории тарзи баён, шевоиву равони, сабку услуби хос, баландии шеърият, хамагонро ба хайрат оварда, ба дилу xони мардумони дунё рох ёфтанд. Баландпарвозии афкор, xанбаи баланди фалсафии ашъор – сифатхои назарраси осори форсу тољик гардид. Xалолиддини Балхї, Аттор, Носири Хисрав, хофиз, Саъдї, Xомибарин шоирон – файласуфон буданд, ки жанрхои назму насрро ба дараљаи олибардошта, намунахои барxастаи адабиёти љахониро офариданд.

Меъмори ва дигар намудхои санъати шарќибо таври васеъ ба мамлакатхои Fарб таъсири худро мерасонад. Мактаби минётурии Самарќанд, хирот, Шероз марказхои калонтарини санъати тасвиримегарданд, ки мисли Камолиддини Бехзод барин устодони ин сохаро ба арсаи таърих меоранд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *