Мақолаҳои Тоҷикӣ Экология

Экология — асоси назариявии ҳифзи муҳити зист

Ҳамбастагии инсону табиат бебаҳс аст. Ҳисси эстети-киву дӯстдории наботот, эҳсоси фараҳмандӣ аз бӯи муат-тари гулҳо, ба сарв нисбат додани маҳбуба ва гайра ифодаи манбаи ғизои маънавӣ будани табиатанд. Вай илҳомбахши эҷодкорон аст. Дар ибораи «Замин -Модар» ҳастии инсон ғунҷидааст. Вале ба ивази ҳама ин неъматҳо фақат дӯст доштани Ватан кофӣ нест. Ба ҳар намояндаи олами набо-тоту ҳайвонот иқлиму ҷои сукунат маъқул аст, дар акси ҳол тарки манзил мекунанд, вале дар ҳастии пуртазоди заминӣ инсон макоми хоса дорад. Махсусан тавлиди тамаддуни ҷомеъа сабаби омиле гардид, ки ба ҷараёни фаъолияти та-биати зинда аксаран ислоҳи номатлуб ворид менамояд. Ҳаҷми истихрочи саноатии нафту газ, ангишту фулузот, бунёди шаҳрҳои азиму обанборҳо, системаҳои обёрй ва гайра ба ҳаде расидаанд, ки ба таъсироти геологӣ мукоисашавандаанд. Ба ин чанде пештар В.И. Вернадский ҳам ишора карда буд, ки ба шарофати прогресси илму тех-ника инсон ба «кувваи асосии геологӣ» ~и сайёра табдил ёфтааст. Ба тарзи дигар, аҳолии 6-миллиардаи имрӯза ба кадри 50- миллиарди асри сангин табиатро «захмин» кар-даанд. Масалан, танҳо дар собиқ Иттиҳоди Щуравӣ соле 2 млн. гектар ҷангалзорҳо хароб ва 64 млн. гектар заминҳои корам дучори эрозия мешуд. Маълумоти зайл низ инро тасдиқ мекунад. Дар рӯи Замин соле то 100 миллиард тонна ҷинсҳои кӯҳӣ истихроҷ, 800 млн. тонна фулузоти гуногун гудохта, 500 млн. тонна нуриҳои минералӣ ва 3 миллиард тонна маҳсулоти нафтй истифода мешавад. Ин аст, ки танҳо дар давоми солҳои 1960-90 газй карбон дар таркиби атмосфераи Замин 5% афзудааст. Ба ақидаи баъзе мутахас-сисон ин афзоищ амалан бештар аст, зеро солҳои охир аз ҳисоби сӯхтани сӯзишвориҳои маъданӣ 400 млрд. тонна га-зи карбрн вориди атмосфера шудааст. Ғайр аз ин, азбаски корхонаҳои саноатии имрӯза то 90% партовҳои истеҳсолӣ доранд, дар вазъи ногувори экологии сайёра шаке нест.

Мисолҳои зиёди дигаре овардан мумкин аст, ки дахола-ти инсон ба раванди табиИ сабаби проблемаҳои ташвишо-вару таҳдидомези умумисайёравй гаштааст. Аз- ин рӯ ба инобат гирифтани талаботи экологӣ бе истисно дар ҳама мамлакатҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистон ҳам, ба ҳукми қонун даромадааст. Инкишофи минбаъдаи хоҷагии халкро биду-ни муносибатҳои нави истифодаи сарватҳои табий тасаввур кардан мумкин нест.

Воситаи асосии тадқиқоти экологӣ усулҳои таҳлили микдорианд. Маҳз аз рӯи омӯзиши тағйироти микдории сохти популятсия ва системаҳои экологӣ роҷеъ ба фаъолия Воситаҳои нақлиёти имрӯза асосан маҳсули асри 20 бу-да, дар тағйир додани таркиби атмосфераи Замин омили номатлуби экологианд.

Бонги изтироби зиёди ҷомеа нисбат ба хавфи экологии истгоҳҳои барқи атомӣ ба ҳамагон маълум аст. Хоҳиши ис-роркоронаи тағйир додани тарҳи ибтидоии истгоҳи барқи обии Роғунро низ чун риояи талаботи экологй шарҳ медо-данд. Ин ҷо барои қиёс.қайд кардан бамаврид аст, ки му-вофиқи маълумоти Агентии байналмилалии (истифодаи) энергияи атом (МАГАТЭ) то ибтидои с. 1984 дар рӯи Замин 300 истгоҳи барқи атомии амалкунанда ба хоҷагии халқ ҳамаги 8% энергияи барқ медоданд. Саҳми истгоҳҳои барқи обй аз ин ҳам камтар (1,4%) аст, ки ба ин истифодаи ман-баҳои гейзерй ва дастгоҳҳои бо мадду ҷазр амалкунанда низ дохиланд.

Пас талаботи ба энергия доштаи аҳолии рӯи Замин асо-сан аз ҳисоби сӯзиши ангиштсанг (45,9%) ва газу маҳсулоти нафтӣ (35,8%) қонеъ мегардад. Барои тасаввур кардани ҳаҷми истеҳсолу истифодаи имрӯзаи ин сӯзишвориҳо ба эътибор гирифтан лозим аст, ки нисбат ба ибтидои аср (с. 1900-1,5 млрд.аҳолй) энергияи истеъмолии ҳар нафар аҳолӣ дар миёнаи аср (1950-2,3 млрд.) 2,6 бор ва дар охир (с.2000-6 млрд.) 8 бор афзудааст. Яъне талаботи энергетики аҳолии имрӯзаи рӯи Замин нисбат ба ибтидои аср қариб 27 маро-тиба зиёд аст. Мувофиқи вердикти шоҳи Англия (с. 1273) ҳатто барои бо ангиштсанг гарм кардани манзили ис-тиқоматӣ ҳукми қатл мебароварданд, вале дар натиҷаи ис-тифодаи бебаркаши ин навъҳои анъанавии сузишворӣ дар 50 соли охири асри 20 оксигени таркиби атмосфераи Замин 246 млрд. т.(ё 0, 02%) кам шӯдаст ва тахмин мекунанд, ки то с 2060 микдори гази карбон (ҳоло 0,034% аст) ду бор меаф-зояд. Камбудии оксиген пеш аз ҳама дар фаъолияти майна ҳис мешавад, зеро нисбат ба узвҳои дигари инсон вай окси-генро 30 бор бештар истеъмол мекунад.

Ба ақидаи ҳукамои қадим об яке аз чор унсур аст ва муоинаи сохту таркиби мавҷудоти рӯи Замин, ки ба маълумоти имрӯза асос ёфтаанд, ин нуктаро тақвият медиҳад. Микдори умумии оби кураи арз 1,37 млрд. км3 аст, ки 97%-и онро оби шӯри баҳру укёнусҳо ташкил медиҳанд ва 70, 8% — и сатҳи сайёра (510 млн. км2)-ро пӯшондаанд. Захираи оби бенамак 28-30 млн. км3 буда, асосан (80%) дар қутбҳои Замин ва таркиби пиряҳҳо ҷойгиранд. Ҳаҷми оби наҳру да-рёҳо, кӯлҳо ва таркиби атмосфера ба 0,01%- и захираи уму-мии оби сайёра баробар аст, ки бештар аз сеяки он талабо-ти аҳолии 6-миллиардаи Заминро таъмин карда метавонад. Бо вуҷуди ин вай беинтиҳо нест ва дар мавриди чун нафту газ бебозгашт буданаш дар давоми 80-90 сол пурра сарф мешуд, зеро истифодаи шабонарӯзии об ба истйхроҷи со-лонаи ҳама канданиҳои фоиданок қариб ҳамченак аст.

Барои ба ин нукта шубҳа накардан ба ёд овардан ко-фист, ки дар мавсими нашъунамо ба ҳар гектар пахта 5,5 ҳазор т, чуворимакка 20 ҳазор т., шолй -40 ҳазор т об зарур аст. Умуман ба ҳар гектари зироати обии дилхоҳ аз 4 ҳазор т бештар об зарур аст. Хушбахтона, гардиши об дар табиат чун ҳаракати буғ дар мошини буғист, ки вазифаи гармку-наку деги буғиро Офтобу уқёнус иҷро мекунанд. Фосилаи ивазшавии нами атмосфера ва оби дарёҳо 10-12 рӯз аст. Оби уқёнус баъди 3 ҳазор сол ва таркиби пиряхҳо дар 8-10 хазор сол пурра иваз мешавад. Яъне гардиши оби имрӯз истифодашуда ба умри садҳо наслҳои пасоянда рост меояд.

Аз муоинаи ин рақамҳо дарки мураккабии вазъи эколо-гии имрӯза душвор нест. Бисёр масъалаҳои марбутро дар сатҳи давлатй ва бо ҷустуҷӯи чораҳои амаливу мӯштараконаи кулли давлатҳо ҳал кардан мумкин аст, ва-ле дастгирию кӯшиши ҳамаҷонибаи ҷомеа шарти ҳатмист. Тақозои аёми мо чунин аст, ки аз хонандаи мактабӣ то хо-дими давлатӣ ҳама ниёзманди тарбия ва саводи экологи-анд, зеро ҳар яке дар тозагиву ифлос накардани муҳити зист на танҳо саҳми мувофиқ гузошта метавонад, балки дар ин кор бояд худро маъсул ҳисобад.Ба тобиши фардии ибораи «чун обу ҳаво зарур» назар-дошти манфиати ҷомеаи имрӯзаву наслҳои оянда зам шу-дааст.

Related posts

Адабиёти дини

14umnet

Муносибати бонки тиҷорати бо Бонки миллии Тоҷикистон

14umnet

Хатари барнагаштани қарз

14umnet

Leave a Comment

Login

X

Register