Мақолаҳои Тоҷикӣ Фалсафа

Фалсафаи хиндустони бостони

Хиндустон дар таърихи башарият бо тамаддуни бою кўњан ва макотиби гуногуни фалсафии худ маъруфият ёфтааст. Тибќи сарчашмаву маъхазњо мардуми њинду аз даврањои ќадим ба фалсафа ва табииёт ошної доштанд. Аммо бояд зикр намуд, ки дар риштањои дигари фалсафа, хусусан дар он риштањое, ки ба мушоњида ва таљриба иртибот доранд, дар ин сарзамин пешрафти назаррасе њосил нагардид. Дар илми илоњиёт ва риёзиёт бошад, баръакс, ба комёбињои бузурге ноил шуданд, зеро дини Брањма, яъне дини њиндуёни ќадим, ба љуз аз масоили динї чизи дигареро намеандешид, аммо ба гуногунандешї дар љомеаи Њинд мусоидат менамуд.

Ќобили зикр аст, ки афкори фалсафии мардуми њинду боиси таваљљўњи љањониён гардида буд ва њатто донишмандони Юнон баъзе афкору аќоиди худро аз ин сарзамин ба даст оварданд. Чунончи, истилоњи ќувва ва феъл, њаюло ва сурат аввалин бор дар фалсафаи няя ба забон оварда шуданд ва таълимоти атомистии Демокрит низ аз фалсафаи Њинд – вайшешика об мехўрад. Инчунин раќамњои њандасї ва илми њандаса (њандаса аз калимаи Њинд гирифта шудааст) ва илми риёзиёт маъруф бо њамин ном аз ин љо ба дунё пањн шуданд.

Оѓози фалсафа дар Њиндустони ќадим ба миёнањои њазораи якуми пеш аз милод рост меояд ва ин давра дар таърихи ќавмњои њиндї њамчун давраи пайдоишу ташаккулёбии давлат ва нашъу намо ёфтани он маълум аст. Дар ин давра идоракунии давлат дар ихтиёри роља ќарор дошта, њокимияти ў бошад, асосан ба табаќањои аристократияи заминдор ва коњинони сарватманд, яъне ба брањманњо такя мекард.

Љамъияти Њинди ќадим ба чор варна људо мешуд, ки ин љињати муњим ва фарќкунандаи он ба шумор меравад: брањманњо (дар забони санскритї вожаи «брањма» ба маънии дуо ва «брањман» ба маънии дуогўй омадааст), кшатрињо (Кшатри аз феъли «кши», яъне доштан, њокимият доштан, њукмрон будан, куштан, задан гирифта шудааст), вайшињо (вайши аз вожаи «вайшя» гирифта шуда, маънии садоќату тобеиятро дорад) ва шудрањо (пайдоиши калимаи «шудра» номаълум аст). Калимаи санскритии «варна» маънои «ранг, парда, тобиш» — ро дорад, вале дар Аврупо ба маънии «каста» (табаќа) истеъмол мешавад. Њар як табаќаи зикршуда ранги хоси худро дошт: брањманњо-сафед, кшатрињо-ќирмизї, вайшињо -зард, шудрањо – сиёњ. Ин табаќањо аз гурўњњои муайяни одамон иборат буда, њар яке дар љамъият мавќеи муайяни худро доштанд. Дар њамаи табаќањо муносибати эндогамї њукмрон буд, ки мувофиќи он никоњи байни табаќањои бегона манъ карда мешуд. Мансубияти табаќавї модарзодї буда, хусусияти меросї дошт. Мењнати фикрї мутааллиќ ба табаќаи олї, яъне брањманњо буда, соњаи њарбї ба табаќаи кшатрињо, зироаткорї, њунармандї, косибї, савдо ба вайшињо ва мењнати аз њама вазнину токатфарсо ба шудрањо мансуб буд. Се табаќаи аввал ориёнажод буда, аз табаќаи чорум шудрањо, ки аслан аз мардуми бумї буданд, фарќ мекарданд. Рўњонияти Њинд низ фаќат табаќоти сегонаро мўњтарам мешумурд ва мўътаќид бар он буд, ки онњо чандин зинаро паймуда, акнун дар зинаи такомул ќарор доранд. Аммо табаќаи охир, яъне сиёњон ва ашхоси ноќисулаќлро мардуми наљис шумурда, даъвои онро дошт, ки сиёњон ва ашхоси ноќисулхилќа њанўз по ба марњалаи сайри такомул нанињодаанд ва рўњи шар дар тани онњо љой гузидааст. Тай намудани зинањои тукомул барои мардони гурўњи чорум ва занњои њамаи табаќањо мамнўъ буд, зеро ки мувофиќи ќонуни мављуда онњо аз њайвон њељ фарќе надоштанд. Брањманњо дар идоракунии давлат таъсиру нуфузи зиёде доштанд, лекин њокимияти воќеї аслан дар дасти кшатрињо буд. Танњо онњо донандагони асили матнњои динї ва расму оинњое, ки ќасдан аз тарафи худи онњо мураккаб карда мешуданд, ба њисоб мерафтанд. Брањманњо ба љањонбинии динї ва асотирие, ки дар Ҳинд њукмрон буд, такя намуда, миёнравии байни олами табиї ва ѓайритабиї, байни одамон ва худоњоро иљро намуда, ба идеологњои расмии ориёињо табдил ёфта буданд.

Related posts

Самтхои асосии тарракиёти низоми бонкии Ҷумхурии Точикистон

14umnet

Ҳайтолиён — аввалин давлати феодалӣ дар Осиёи Миёна

14umnet

​Мавқеи дарози қушодаи асъор?

14umnet

Leave a Comment

Login

X

Register