Мақолаҳои Тоҷикӣ Фархангшиноси

Фархангшиноси хамчун илм, вазифа ва сохтори он

Фархангшиноси хамчун илми љамъбасткунандаи фанхои љамъиятї-гуманитариба раванди таълимии таълимидонишкадахои олии Тољикистон пурра ворид гардида, мавќеъ ва маќоми худро ёфтааст. Илми маданиятшиносиќонунхои умумитарини инкишофи маданият, сабабхо ва натиљахои рушду инкишоф, пастравива тахаввули онро марбут ба субъекташ (халќу миллат) ва вазъи иљтимої, сиёсї, фархангии давру замон баррасименамояд.

Дар Тољикистон проблемахои бисёре вуљуд дорад, ки онро фаќат бо рохи баланд бардоштани тафаккури маданихал кардан мумкин аст. Яке аз онхо баланд бардоштани хисси худшиносии миллива ифтихори миллиаз гузашта аст, ки маќсади асосии xоригардидани фанни мазкур аст. Маќсади дигари гузориши фанни маданиятшиносидар он аст, ки љавонон ба фикрронии фалсафию мавхумиомода гарданд.

Маданиятшиносиаз се ќисмати калони бо хам пайваста иборат аст:

1.Назарияи маданият.

2.Маданияти љахонї.

3.Маданияти миллии тољик.

Назарияи маданият. Дар ин фасл тахлили умумии методологии масъалахои назариявива фахмиши мохият, сохт ва маълумоти маданият инъикос мегардад. Категорияхо, мафхумхои мухимтарине, ки банду басти онро ташкил мекунанд, пеш аз хама маданият ва тамаддун, ки бо мафхумхои тамаддун, дин, идеология, хаёти маънавї, маданияти љахонї, миллї, этникива минтаќавимаъмул аст, мавриди баррасиќарор мегиранд.

Маданияти љахонї. Дар ин фасл шарху тавзехотиинкишофи маданият аз давраи ибтидоито замони хозира дода шуда, маданияти халќхо ва давлатхои гуногуни дунёи ќадим баррасимегардад. Масалан, маданияти Миср, Байнаннахрайн, Хиндустон, Хитой, Юнону Рим ва ѓайра. Дар айни хол барои тавсифи ин ё он мархилаи маданихамон халќу миллат объекти тадќиќот ќарор мегирад, ки вай пешоханг, таљассуми пурраи дастовардхои маданият дар хамон давра бошад.

Маданияти миллии тољик.Дар ин бахш хусусияти маданияти миллии тољик аз замонхои хеле ќадим, то ба имрўз, хамчун љузъи људонашавандаи маданияти умумибашаритахлил карда мешавад. Дар хар давраи таърихиробита ва муносибати он бо маданияти халќхо ва давлатхои гуногун маънидод карда шуда, сахми халќи тољик хамчун эљодкори маданияти нотакрор дар фархангу маданияти халќхои хамсоя, аз тарафи дигар, бархурдоршавии он бо дастовардхои маданияти љахониравшан карда мешавад.

Ворид гардидани илми фархангшиносиба раванди таълим ва тарбия иќдоми хеле нек, бахри ба даст овардани матлабхои дар боло зикршуда мебошад ва дар назди он чунин вазифахо гузошта шудааст:

бедор кардани шавќи донишљўён нисбат ба диалектикаи ходисоти маданї, ба мафхум ва масоили маданият.

бедор кардани хисси таърихию фалсафии донишљўён, љалб кардани диќќати онхо ба он ходисахои мухимтарини гузашта, ки ба хаёти инсони имрўза таъсири худро гузоштаанд.

хаматарафа дастгиринамудани кўшиши донишљўён оиди баланд бардоштани савияи дониш, равнаќ додани ќувваи эљодкоронаи онхо.

фахмонидани ин ки мушкилоти имрўзаи љомеа бо маданиятнокива фарханг низ алоќаманд аст.

муайян кардани робитаи ногусастании маданият бо дигар сохахои хаёти љомеа, аз он љумла иќтисодиёт илму техника ва ѓайра.

Related posts

​Лашкаркашиҳои Искандари Македонӣ ба Шарқ

14umnet

​Бозори соҳавӣ ва Сохтори бозор чист?

14umnet

ХАВФИ БОНКЙ ВА ТАСНИФИ ОНҲО

14umnet

Leave a Comment

Login

X

Register