​Фирма хамчун шахсияти хуќуќи

Хангоми гузариш ба иќтисоди бозорї таъсир ва бунёд гардидани бисёрукладї, масъалаи таъмин кардани њуќуќи соњибкорї, шароити танзими муносибатњои дохилї ва бурунмарзї, ташкили сохтори иќтисодї ва иљтимоии онњо ва тарзу услуби фаъолияти корхонањо дар низоми улуми иќтисод ба мадди аввал гузошта мешавад.

Шакли њуќуќии корхона дар ќонунњо дар бораи корхонањо, дар бораи љамъияти сањњомї, иттињодияњои истењсолї, хољаги-њои фермерї (дењќонї), Кодекси гражданї ва дигар ќонунгузо-рињои њуќуќї муайян карда мешавад. Масалан, мувофиќи Кодекси гражданї ба љой доштани чунин шаклњои њуќуќии корхо-нањо иљозат дода мешавад: хољагињои рафиќона, хољагињои љамъиятї, коллективї, истењсолї, давлатї, мунитсипиалї, корхонањои унитарї, корхонањои ѓайритиљоратї ва ѓайра.

Тибќи таќозои Кодекси гражданї, корхонањо њу-ќуќ доранд, дар асоси ќарордод(контракт)-њо ихтиёран ба консерн, консорсиум, корпоратсияњо, ассотсиатсияњои хољагидорї табдил дода шаванд. Дар шароити бозор њар як корхона њамчун шахсияти њуќуќї эътироф карда мешавад. Дар санадњои њуќуќї ва иќтисодї чунин аломатњои шахсияти њуќуќї бештар тарѓиб дода мешавад.

Субъект:

— дар ихтиёри худ молу мулки алоњида дорад;

— њамчун воњиди юридикї (њуќуќї) тароз (баланс)-и мустаќил ва счёт(сарњисоб)-и алоњида дорад;

— тибќи ўњдадорињо барои дар ихтиёри худ доштани молу амлок љавобгар мебошад;

— аз номи худ њаќќу њуќуќ дорад, ки ба њама гуна намуди фаъолият (заём, иљора, харид, фурўш) машѓул бошад;

— њуќуќи пешнињоди даъво ва мурољиат карданро ба суд ва дигар ташкилотњои њуќуќї дорад.

Барои он ки корхона њамчун шахсияти њуќуќї эътироф карда шавад, бояд дар маљмўъ дорои чунин хислатњо бошад:

— миќдори молу маводи алоњида дошта бошад;

— ќобилияти ба гардиши хољагї њамроњ шудан дошта бошад;

— ќобилияти ба ўњдадорињои худ љавоб гуфтан дошта бошад;

— имконияти пешкаш намудани даъво ва ба сифати даъвогар ба ташкилотњои њуќуќї (суд, арбитраж) мурољиат кардан дошта бошад.

Бояд тазаккур дод, ки корхона дар шароити сотсиализм њамчун звенои асосии њољагии халќ тасаввур карда мешуд. Он њамчун моликияти «умумихалќї» пурра ба давлат таалуќ дошт. Аз ин љињат муносибатњои њуќуќї байни давлат ва корхона на њамчун муносибатњои људогона, балки муносибатњои њамљоя, дар асоси ќонунгузорињои муттамарказ муайян карда мешуданд. Албатта, дар ин шароит шакли њуќуќии корхона, ки дар боло зикр карда шуд, мањдуд гардонда мешавад.

Дар шароити бозор, корхонањо дар асоси принсипи њисоби тиљорат фаъолият мекунанд. Аз ин љињат барои амалї гардондани маќсади асосї (истењсолу фурўши мањсулот, адои хизмат…), ногузир ба субъектњои гуногуни иќтисодї, чї дар доираи истењсолот ва чї тиљорату молия ва бурунмарзї, дучори муло-ќоти њамдигарї мегарданд. Аз ин лињоз, фаъолияти њар як корхона аз нигањи шакли њуќуќ бояд асоснок гардонда шавад.

Маљмўи тадбир ва меъёрњои комплексии њуќуќї, ки характер, шароит, тарзу услуби ташаккули хољагидориро перомуни моликияту моликиятдорї дар корхона, байни корхонањо ва корхонаю давлат ташкил медињад, њамчун шакли њуќуќии тањсиси корхонањо сурат мегирад.

Дар ин асно набояд фаромўш кард, ки дар шароити сотсиализм, муносибат ва алоќамандии корхонањо бо воситаи наќша-њои панљсола, шартномањои марказонидашудаи давлат ва меъ-ёрњои њуќуќї муайян карда мешавад. Аз ин сабаб барои таъмин кардани алоќањои иќтисодї, яъне њамгироию њамбастагии фаъолияти онњо, режими њуќуќї талаб карда мешавад. Ин чизро «План» ва дигар директивањои њуќуќї иљро мекунанд.

Корхона дар шароити бозор, нисбат ба корхонањои дар шароити иќтисоди амрї амалкунанда, кўшиш ба харљ медињад, ки бештар мањсулот ва хизматњоро ба анљом расонад ва дар натиља дараљаи баланди даромади фоидаро таъмин намояд.

Агар амалї гаштани ин вазифа ва маќсад аз як тараф, оќилона ташкил кардани таќозои бозориро аз љониби корхона дар назар дошта бошад, аз тарафи дигар, њалли он ба сатњ ва дараљаи њосилнокии мењнат, инкишофи илму техника, дараљаи ташкили истењсолот, раќобат ва ѓайра вобаста мебошад.

Ин шароит аз он гувоњї медињад, ки њар як тавлидгар (корхона) вобаста ба шароитњои субъективї (айнї) роњу услуби хосаи тараќќиёти худ, ташкили истењсолот ва шакли фаъоли хољагидории худро интихоб менамояд. Тадбиќ ва имконпазирии он аз дараља ва сатњи истифодаи шакли њуќуќ ба моликият, алалхусус, соњибї ва азхудкунии омилњои истењсолот алоќаманд мебошад.

Аз ин сабаб муносибатњо оиди азонихудкунии натиљањои истењсолот, ки тибќи шакли моликият ба воситањои истењсолот, яъне имконияти мустаќил ва бо ихтиёри худ истифода кардани он ба миён меояд ташкил мегардад.

Дар ин асно истифодаи чунин вариантњои шакли њуќуќии моликият ба миён меояд:

— субъекти ташкилкунанда яку якбора њам тавлидгар ва њам соњиби омилњои истењсолот мебошад;

— субъект фаќат соњиби шароитњои моддии истењсолот буда, ба тавлидот сару кор надорад, вале ба сифати ташкилот дар он ширкат варзида метавонад;

— субъект соњиби воситањои истењсолот мебошад, вале имконияти ташкилотчигии он ба зиммаи каси дигар гузошта мешавад.

Истифодаи ин вариантњо фаќат дар лањза ва шароитњои муфиде истифода карда мешавад, ки агар он масрафи ками захира ва дараљаи аксари фоидаро таъмин карда тавонад. Мањз истифодаи ин вариантњо имконияти дар асоси корхона тањсис намудани шаклњои гуногуни њуќуќии фирма — корхонањо дар шакли моликияти давлатї, коллективї, муњталат, иљора ва ѓайраро ба вуљуд меоварад. Дар ин љода тањсиси корхонањои нав истисно нестанд. Онњо тибќи дархости созмондињандагон дар асоси шартнома ташкил дода мешаванд. Охирон, њамчун њуљљати њуќуќї наќш ва љойгањи њар яке аз созмондињандагонро њамчун соњиби корхона муайян мекунад.

Шартнома дар мояи Кодекси гражданї ё худ ќонуну ќонун-гузорињои њуќуќї тањсис дода мешавад. Дар он: шакли ташкилию њуќуќї; маќсад ва маќоми фаъолияти корхона; мавзеи љой-гиронию суроѓа; њаљми сармояи воќеии наќд (сармояи уставї); сањми иштирокчиён ва ќоидаи таќсиму истифодаи он; прин-сипњои муњимтарини фаъолияти фирма; њайати идора (менељеру менељмент); масоили таќсими фоида дар байни сањмгузорон; њаќќу њуќуќи созмондињандагон нисбат ба худи корхона; маълумот дар хусуси созмондињандагон ва ѓайра акс карда мешавад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *