​Фирма (корхона) хамчун мафхуми иќтисоди ва субъекти хочагидори

Шаклњои зуњур ва механизми фаъолияти фирма хеле њам мураккаб буда, мувофиќи банду басти рушди низоми иќтисодї ва гуногуншаклии моликият, њархела сурат мегирад.

Одатан, ба фаъолияти истењсолї аксарияти субъектњои иќтисодї банд мебошанд. Ба фаъолияти соњибкорї (истењсолї) хољагињои хонадорї, ё ки бо таври озод, тибќи иљозат ё бидуни он, фармоиш ё бо таври дилхоњ машѓуланду неъматњои иќтисодию хадамот тавлид менамоянд ва пешкаши истеъмолгарон мегардонанд ва дар ин асос дархост ва эњтиёљоти худро ќонеъ мегардонанд, дохил мешаванд.

Ин тарз ва намуди мубодилаи фаъолият бо мурури амиќ гаштани раванди хољагињои бозорї (молї) ботадриљ густариш ва минбаъд ба расмият даромада, њамчун дастњои ноаён (ќонунњои иќтисодї) ташаккул меёбад.

Заминањои айнии ба вуљуд омадани фирма аз давраи андўхти ибтидоии капитал (сармоя) оѓоз ёфта, дар замони тањаввули истењсолоти калони мошинї (инќилоби саноатии капитализм) њамчун корхонањои хусуси(фарди)-и аз њам људо, барои ташкил гардидани фаъолияти соњибкорї тањкурсї гузоштааст. Наќш ва маќоми фирма тањти пешрафти илму техника (махсусан, баъди солњои 60-ўми асри ХХ) боз њам афзуда, ба зинаи баланди рушду нумўи худ мерасад.

Чї тавре аз тањлили адабиётњои мављудаи иќтисодї бармеояд, фирма аз вожаи италянии «firma» гирифта шуда, маънои имзо, мавсуми савдогар, ё худ тољирро ифода мекунад. Оњиста-оњиста баробари рушду нумўи башарият мазмун ва моњияти аслии он аз байн рафта, тањти фирма на њамчун амалиёти људогона, балки ќобилияти ташкилоти бузурги фавќулќудрат (институте), ки ќодир аст захирањои иќтисодиро дигаргун созад ва аз онњо неъматњо тавлид намояд тасаввур карда мешавад.

Аз нигањи баъзе аз олимони иќтисоддон фирма њамчун:

— шакли мушаххаси ташкили истењсолот;

— субъекти мустаќили иќтисодї ва њуќуќї, ки бо фаъолияти соњибкорї банд мебошад;

— масоили хољагидориро дар чорчўбаи њалли масъалањои асосии иќтисод: чї?, чї хел?, барои кї истењсол намуд?, дар куљо?, барои кї?, бо кадом нарх онро фурўхт?, ва ѓайра ба роњ мемонад тасаввур карда мешавад.

Дар адабиёти муосири Ѓарб назарияњои мухталифи фирма ба чашм мерасанд.

Љавњари марказии онро меъёрњои гуногун, хусусан, истифодаи захирањо, кам кардани харољот, ба даст овардани фоида ва ѓайра ташкил медињанд.

Асосан, чунин меъёрњои муайянкунандаи назарияи фирма фарќ карда мешаванд:

1) назарияи суннатї. Тарафдорони ин назария фирмаро аз нигањи тарз ва услуби механизми коркард ва истифодаи захирањои иќтисодї ва мутобиќгардонии он ба механизми бозорї ташбењ медињанд. Аз диди онњо фирма њамчун субъекти иќтисодие, ки ба маќсади тавлиди неъматњои моддї ва адои хизматњо, аз комбинатсияњои имконпазири захирањо оќилона истифода мекунад ва дараљаи мўътадили фоидаро таъмин менамояд баромад мекунад.

Назарияи иќтисоди суннатї, фирмаро аз нигањи ис-тењсолию низоми техникї, яъне конгломерат(шакли омехта)-и мошин ва одамон бањо медињад. Фирма ба «ќуттии тирагуне» шабоњат дода мешавад, ки аз як канори он захираю технология ворид гашта, дар канори дигари он мањсулоти тавлидгардида пасандоз карда мешавад. Барои љонибдорони ин равия, њодиса ва равандњои дохилии ин «ќуттї» эътибор надорад. Барои онњо шакли ташкил ва тарзу услуби истифодаи захирањо бештар заруртар мебошад (39, 74).

Маќсади нињоии фирма, тибќи ин назария, љидду љањд барои ба даст овардани фоида мебошад;

2)назарияи менељералї таќозо менамояд, ки њадафи муњимтарини фирма — аввало ба њадди аксар расонидани њаљми фурўш ва баъд гирифтани даромад бошад.

Тибќи аќидаи онњо амалигаштани ин маќсад на ба фаъолияти моликон, балки аз истеъдоди идоракунандагон, менељерон, ки барои афзун гардондани гардиши мол бештар њавасманд мебошанд (чунки аз њаљми даромад, њаљми музди кор ва мукофотпулии онњо вобастагї дорад) алоќаманд мебошад;

3) љонибдорони њадди аќсари рушд бештар андеша ба он доранд, ки корхонањои инкишофёфтаистода нисбат ба корхонањои бузург афзал доранд. Дар таъмини рушду нумўи онњо њам моликону менељерон ва њам сањмиядорон манфиатдоранд.

Онњо ду роњи рушди корхонањоро љонибдорї мекунанд: якўм — роњи рушди дохилї, ки асосан аз њисоби тамаркази истењсолот ва сармоя сурат мегирад ва роњи дуввўм, ки аз њисоби марказияти истењсолот ва сармоя, яъне ба њам як шудан ё худ «фурў бурдани» корхонањои хурд аз тарафи корхонањои калон ба роњ монда мешавад.

Рушди корхонањо метавонад аз њисоби сарчашмањои дохилї: ќисми фоидаи таќсимнашуда ва дар корхона боќимон-да; барориши сањмияњо; воситањои пулии аз банк ќарз гирифташуда ва сарчашмањои берунї: ба њам иттисол гардидани як ё якчанд корхонањо ё худ иттињодияњо; ба њам пайваст ё худ муттањид гардидани фирмањо бо воситаи харида гирифтани пакети сањмияи корхонањо ва ѓайра ташкил гарданд.

Раванди ба њам интиќол ва пайваст шудани фирмањо метавонад бо тарз ва услубњои гуногун: њамгироии уфуќї, амудї ва диверсификатсионї сурат гирад.

Њамгироии уфуќї, њамчун кулли муносибатњо оид ба њам иттисол шудани фирмањо дар чорчубаи фаъолияти якхелаи бизнес сурат мегирад. Яъне корхонањое, ки аз нуќтаи назари технологї ба њам наздикї доранд ва мањсулоту хизматњои якхелаву якоњангро тавлид менамоянд.

Њамгироии амудї шакли ба њам пайвастшавии корхонањое мебошад, ки онњо барои иљро кардани амалиётњои паи њам ва алоќаманд омода гардидаанд (масалан, аз истиѓрољи нефт то фурўши мањсулоти нефтї — карасин, бензин ва ѓайра).

Њамгироии диверсификатсионї яке аз шаклњои њам-гироии уфуќї буда, раванди ба њам якшавии корхонањои аз љињати технологї гуногун ва ба њам алоќамаднабударо муттањид мекунад. Масалан, тавлиди маснуоти химиявї, мошин ва ѓайра.

4) назарияи њадафи аксар, бештар ба масоили сирати роњ-барияти сатњи болоии фирма нигаронида шудааст. Тибќи назардошти он, муомила чунон бояд сурат гирад, ки тавонад манфиати њамагонро ифода намояд: манфиати коргарон, роњбарият ва ѓайра. Ин назария дар шароити њозира бештар дар Япония истифода карда мешавад.

5) таърифи классикии фирма, сароѓоз аз љониби А. Смит ва минбаъд К. Маркс тавсиф карда шудааст. Моњияти фирма бевосита аз мазмуни синфию иљтимоии капитализм берун оварда шудааст. Тибќи аќидаи онњо фирма мањсули таќсими љамъиятии мењнат, табдил ёфтани кооператсияи оддии капиталистї ба манафактура, яъне фабрикаи капиталистї мебошад. Дар ин љо фабрика њамчун шакли асосии фирма, барои баланд бардоштани њосилнокии мењнат, кам кардани харољот ва ба даст овардани фоида мусоидат менамояд. Дар тасаввури классикон, фабрика љое мебошад, ки дар он омилњои моддї ва омилњои шахсї (ќувваи коргарї) ба њам пайваст карда мешаванд. Маќсад ва мароми онро на фаъолияти озодонаи соњибкорї, балки истисмори синфи коргар ва ба даст овардани фоида ташкил медињад.

6) иќтисодчии америкої Ф. Найт гумон дорад, ки фирма дар натиљаи љидду љањди агентњои бозорї ба њадди аќал расондани хавф (таваккал) ва номаълумињо ба миён меояд. Чї ќадаре номаълумињо мураккаб бошанд, њамон ќадар афзалияти фирма низ нисбат ба бозор бештар мегардад.

7) мувофиќи аќидаи Р. Коуз фирма њамчун институти иќти-содї, аз боиси бори гарон (ќиммат) будани мутобиќгардонии равандњои бозор ба миён меояд. Гап дар сари он меравад, ки дар шароити бозор, аксар ваќт фирмањо барои тезтар ва зудтар фурўхтани молу мањсулоти тавлидкардаи худ, харољоти хариду фурўши (мубодилаи) бозориро, ки дар асл бояд субъектњои дигару алоњидаи ба њам муттањидна-шудаи бозор (харидорон, фурўшандагон) мустаќил адо намоянд, ба ўњдаи худ мегиранд. Ин шакли масрифотро Р. Коуз «харољоти (масрифоти) тран-саксионї» номидааст. Он маљмўи муносибатњоро оиди: ба кї бо-яд алоќа ва муносибат дошт?, бо кї оид ба даст овардани захира шартнома баст?, шарту шароити хариду фурўшро муоина кард?, гуфтушунидњои пешаки барќарор намуд?, оиди фаъолияти ра-ќибон, истеъмолгарон маълумот љамъоварї намуд? ифода мекунад. Аз ин нигањ Р. Коуз чањор шакли харољоти трансаксиониро нишон додааст:

1. масраф оиди љамъоварї ва коркарда баромадани иттилоот дар хусуси таъмингарон, нарх, характеристикаи (тавсифи) молњову хадамот;

2. масраф оиди гуфтушунид ва ќабули ќарорњо (бастани ќарордодњо);

3. масраф барои назорат оиди иљрои шарту шароити шартнома;

4. масраф барои таъмин кардани шароитњои њуќуќии ќарордодњо (контрактњо).

Ин гурўњи харољотњо (масрифот) бидуни бозор ба зиммаи фирма гузошта мешавад ва он раванди муносибатњои иќтисодиро ќавитар мегардонад.

Истеъмолгар ва фирма агентњои асосии муносибатњои бозорї, ду ќутби мутаќобилаи ин муносибат мебошанд. Аз дигар тараф, фирма худ мањсули муносибатњои бозорї ба њисоб меравад. Иќтисоддонон аќида доранд, ки фирма дар натиљаи мубодилаи бозорї сурат мегирад.

Раќобати мутаќобилаи байни бозор ва фирма оид ба њамоњангии фаъолияти хољагидории одамон зуњур меёбад. Инро дар наќшаи зер мушоњида кардан мумкин аст.

Б О З О Р

Ф И Р М А

1. Аз њам људо будани воситањои истењсолотро дар назар дорад.

1. Дар асоси тамаркази истењсолот ташкил карда мешавад

2. Њукмронии шакли ѓайри мустаќими алоќаро дар байни одамон бо воситаи нарх, пул ва ѓайра ифода мекунад.

2. Њукмронии мустаќими шакли равобитро дар байни њамкасбон ифода мекунад.

3. Фишангњои њавасманд-гардонии иќтисодї (модди)-ро бидуни фармон ва дахолат истифода мекунад.

3. Дар асоси принсипи яккањукмронии усулњои маъ-мурии идора амал мекунад.

Вахдат ва тазоди бозор ва фирма

Аз сирати фарќкунандаи бозор бармеояд, ки он (бозор) шакли њамбастагии бешууронаи амалиёти иштирокчиёни (субъ-ектњои) он мебошад. Фирма бошад аз љониби иштирокчиёни худ бешуурона танзим карда мешавад. Фаъолияти онњо аз њисоби моликон ба наќша гирифта, идора карда мешавад. Бозор ва фирма њарду шакли алтернативии ташкили фаъолияти иќтисодии одамон мебошад (9, 192-195).

Дар адабиёти муосири иќтисодї (18,141) њамбастагии бозор ва фирма аз ду љињат:

1) њамчун ташкилоте, ки захирањои ибтидоиро ба мањсулоти интињої табдил медињад;

2) шакли њуќуќии мустаќилона ташкилшудаи бизнес, ки рамзан њамчун воњиди (субъекти) соњибкор аз ќайди ташки-лотњои болої (юридикї) гузаштаанд ва дорои мустаќилияти тиљоратї мебошанд, мавриди тањлилу тањќиќ ќарор мегиранд.

Шакли хољагидорї, кунун дар асоси ќонуну ќонунгузорињо — шакли ташкилию њуќуќї ба роњ монда мешавад. Хољагидорї њамчун меъёри њуќуќии субъектњои иќтисодї, бо фаъолияти хосаи гурўњи одамон, яъне соњибкорон табдил меёбад.

Мояи асосии онро истењсолот ва ба даст овардани даромаду фоида ташкил медињад. Фаъолияти соњибкории инфиродї баъд аз ба ќайд гирифта шудани корхона ва гирифтани шањодатнома дар хусуси фаъолияти соњибкорї (литсензия, патент) ќонунї њисобида мешавад. Ин гуна фаъолият метавонад аз доираи хољагињои алоњида то корхонањои бузург ташкил гардад. Аз ин љињат алоќаи доимию устувори фаъолияти соњибкорї, ки сирату меъёри ташкилии мунтазам доранд, ба сифати корхона ташкил карда мешавад.

Фаъолияти фирма, тибќи аќидаи Камаев В.Д. дар чорчўбаи чунин муносибатњои бозорї сурат мегирад:

— мубодилаи пул ба мењнати коргарони кироя;

— мубодилаи пул ба молу мањсулот ва хизматњои молтаъминкунанда;

— мубодилаи молу хадамот ба пули истеъмолгарон;

— мубодилаи пул ба чизњое, ки минбаъд њамчун натиљаи ќарз (кредит) пардохта хоњанд шуд;

— мубодилаи пул ба молу хадамот, ба ивази истифодаи об, гармї, ќувваи барќ, рўбучин, дидбонї, постбонї ва ѓайра (7, 141).

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *