Бонк Мақолаҳои Тоҷикӣ

Идоракунии захираҳои бонки тиҷоратӣ

Нақша:

1. Захираҳои бонки тиҷоратӣ.

2. Сохтори захираҳои бонки тиҷоратӣ.

3. Мафҳум сармояи худии бонк.

4. Баҳодиҳии кифоягии сармояи худӣ:

а) сармояи сатҳи – 1-ум;

б) сармояи сатҳи – 2-юм.

1. Захираҳои бонки тиҷоратӣ.

Ба воситаҳои худии бонк дохил мешавад:

1. фондҳои ташкилотҳои қарзӣ (сармояи оинномавӣ, захиравӣ, истеъмолӣ ва андўхт).

Сарчашмаи ташкилёбии ин фондҳо фоидаи софи давраи гузаштаи бонкҳо мебошад.

2. Фоидаи софи бонк. Фоидаи софи бонк ҳамчун фарқияти байни даромадҳои ҷори ва хароҷотҳои ҷори + фоидаи давраи гузашта – истифодаи ин фоида ҳисоб карда мешавад.

3. Захираҳо барои рўйипўшкунии хавф.

Ин захираҳо дар қисми пассивии тавозуни ҳисоби синтетикӣ сабт карда мешавад.

Масалан, ҳисоби тавозуни 45501 қарз ба шахсони воқеӣ ба мўҳлати то 30 рўз фаъол ҳисобида мешавад, вале ҳисоби тавозуни 45508 захираҳо барои ин қарз ҳисоби пассивии бақияи тавозун ба ҳисоб меравад.

Ба воситаҳои худӣ инчунин даромадҳои давраи оянда дохил мешавад.

Усули муқаррар кардашудаи ҳисоб намудани сармояи худи ташкилотҳои қарзи мавҷуд аст, ки ҳамчун фарқияти сармояи асосӣ ва иловагӣ ҳисоб карда мешавад.

Сармояи асоси аз чунин бобҳо иборат аст:

1. сармояи оинномавӣ;

2. қисми фондҳои ташкилотҳои қарзӣ, ки аз тарафи аудитор тасдиқ шудааст;

3. захираҳое, ки барои беқурбшавии қоғазҳои қиматнок ташкил шудаанд;

4. фоидаи тасдиқгардидаи давраҳои гузашта аз тарафи аудитор.

Самояи асосӣ аз ҳисоби саҳмияҳои худи аз саҳмдорон харида шуда ва зарарҳо кам шуданаш мумкин аст.

Сармояи иловагӣ ин:

1. болоравии арзиши моликият аз ҳисоби азнавҳисобкунӣ, ки 01.01.соли ҷори гузаронида шудааст;

2. захира барои қарз, ки ба гурўҳи якуми хавф гузаронида шудааст;

3. қисми бақиявии фондҳои ташкилотҳои қарзӣ;

4. фоидаи аз тарафи аудитор тасдиқнагардида;

5. қарзи мартаботӣ (субординированнқй).

қарзи мартаботи қарзе мебошад, ки ба мудати 5 сол пешниҳод шуда, то ба охирррасии мўҳлати тасдиқгардида бозхонд карда намешавад.

Сармояи оинномавии бонк асоси таъминнокии устуворӣ, самаранокии фаъолият ва пардохтпазирии бонк мебошад.

2. Сохтори захираҳои бонки тиҷоратӣ.

Бонкҳои тиљоратӣ ҳамчун субъектони муносибати хољагидорӣ барои таъмини фаъолияти тиљоратии худ бояд воситаҳои муайяни пулӣ, яъне захираҳо дошта бошанд. Дар љаҳони муосир рушди иқтисодиёт муаммои ташкили захираҳо аввалиндараља аст.

Захираҳои бонкҳои тиљоратӣ ё «захираҳои бонкӣ» ин маљмўи воситаҳои худӣ ва љалбшуда аст, ки барои амалишавии амалиётҳои активӣ истифода мешавад.

Бо сатҳи ташкилӣ ҳамаи захираҳои бонкӣ ба худӣ ва қарзӣ тақсим мешаванд.

Сарчашмаи асосии бонкҳои тиљоратӣ воситаҳои љалбшуда аст, ки 70 – 80% — и ҳамаи захираҳои бонкро ташкил мекунад ва аз ин захираҳои худӣ бошад танҳо 20 – 30% — и онро, ки ба таљрибаи бонкии љаҳонӣ љавобгў аст. Дар ҳайати воситаҳои худии бонк ҳиссаи асоси ба фондҳои гуногун рост меояд. қисми дуюми воситаҳои худии бонк – фоидаи давраи ҷорӣ мебошад.

Сохтори захираҳои ҷалбшудаи бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон бо вазни хоси баланди воситаҳо тавсиф карда шуда, дар ҳисобҳои ҳисоббаробаркунӣ ва дигар ҳисобҳо, амонатҳои дархостшаванда нигоҳ дошта мешаванд. Вазни хоси ин маҳаки (категория) захираҳо 64,3%, амонатҳои мўҳлатнок 23,5%, аз онҳо амонатҳои сохторҳои тиҷоратӣ ва пасандозҳои аҳолӣ 5%, бонкҳо 18% — ро ташкил мекунад.

Сохтори захираҳои бонкӣ аз бонкҳои тиҷоратии ҷудогона бо гуногуниҳои зиёд фарқ кунонида мешавад, ки хусусиятҳои индивидуалии онро ифода мекунад.

3. Мафҳум сармояи худии бонк.

Воситаҳои худи бонк ин фондҳои гуногуни аз тарафи бонк ташкил шуда мебошад, ки барои таъмини устуворӣ, даромаднокӣ, пардохтпазирии фаъолияти тиҷоратӣ ва хоҷагидории ташкилотҳои қарзӣ истифода мегардад ва инчунин барои гирифтани фоида бо натиҷаҳои давраи ҷорӣ ва гузашта.

Сохтори воситаҳои худи бонк бо сатҳи сифатнокӣ якхела набуда, вобаста аз омилҳои гуногун дар давоми сол тағйир меёбад, инчунин аз сифати дороиҳо, истифодаи фоидаи худӣ, сиёсати бонк оид ба таъмини устувории базаи асосӣ.

Сохтори воситаҳои худи бонкҳои тиҷоратӣ нишон медиҳад, ки ҳиссаи сармояи бонкҳо ташкил мекунад:

• сармояи оинномавӣ;

• сармояи иловагӣ;

• фонди бонкҳо – 75,9% ба 1 январ.

Унсури муҳими сохти воситаҳои худи бонкҳои тиҷоратӣ ин захираҳо барои рўйипўшкунии талафоти қарзӣ ва барои беқурбшавии қоғазҳои қиматнок ва дигар дороиҳои бонк.

Related posts

Даромади пули, натурали ва муштарак

14umnet

Ташкилотҳои молиявии ғайрибонки ва вазифаи онҳо

14umnet

​Бахисобгири

14umnet

Leave a Comment

Login

X

Register