Информатика Мақолаҳои Тоҷикӣ

Клавиатура ва вазифахои он

Клавиатура таҷҳизоти асосии компютер ба ҳисоб рафта барои ворид намудани фармонҳо ва информатсияи матнӣ хизмат мекунад 

Бе клавиатура кор кардан дар компютер ғайриимкон аст.

Аз рўи вазифаҳое, ки тугмаҳои клавиатура иҷро мекунанд, онҳоро ба панҷ гурўҳ тақсим менамоянд:

  • тугмаҳои ҳарфу ракамхо (кисми асосӣ);
  • тугмаҳои функсионалӣ;
  • тугмаҳои ракамҳо (клавиатураи хурд ё ёрирасон);
  • тугмаҳои идоракунандаи курсор;
  • тугмаҳои махсус;

Қисми асосии клавиатура аз ҳама калонтар мебошад. Ин қисм дар тарафи чапи клавиатура ҷойгир аст ва дар он тугмаҳои ҳарфҳу ракамҳо, аломатҳои китобӣ, амалҳои арифметикӣ ва ғайраҳо ҷойгир карда шудааст.
Қисми ёрирасони клавиатура дар тарафи рост ҷойгир мебошад. Дар он тугмаҳои ракамҳо ҷой дода шудааст. Бо ин қисм иҷро кардани амалҳои арифметикӣ осон аст. Ба воситаи ин қисм инчунин курсорро ҳам ба ҳаракат медароранд.
Тугмаҳои идоракунандаи курсор дар байни қисми асосӣ ва қисми ёрирасони клавиатура ҷойгир шудааст. Ин тугмаҳои барои ҳаракат додани курсор истифода мешавад.

Вақте мо дар компютер кор мекунем, бояд нишон диҳем, ки дар лаҳзаи оянда бо кӣ ва дар куҷо бояд кор кунем. Ин корро мо танҳо дар экрани монитор ба воситаи муш ё тугмаҳои идоракунандаи курсор иҷро карда метавонем.

Аз ҳамин сабаб курсор – ин нишондиханда мебошад.

Курсор вобаста ба он ки бо кадом пакети барномаҳо кор мекунем, метавонад ба худ шаклҳои гуногун гирад.
Тугмаҳои функсионалӣ гуфта тугмаҳои қатори болои клавиатураро меноманд, ки дар болои онҳо F1, F2,… ,F12 навишта шудааст. Вазифаҳои онҳоро як хел шарҳ додан мушки ласт. Онҳо аз он вобастаанд, ки дар айни замон мо бо кадом пакети барномаҳои амалӣ кор карда истодаем. Дар ҳар пакети барномаҳои амалӣ ба ҳар як тугма як намуди амал вобаста карда шудааст.

Аз қатори тугмаҳои функсионалӣ ба тугмаи F1 диққат медиҳем. Гап дар сари он аст, ки қариб дар аксари барномаҳои истифодашаванда ба ин тугма вазифаи ба экран баровардани кўмаки кор (справка) бо барнома бароварда мешавад.

Акнун ба вазифаҳои тугмаҳои махсус аҳамият медиҳем, яъне ба он тугмаҳое, ки танҳо дар клавиатураи компютер ҷойгир шудаанд.
Tab тугмаи таблятсия мебошад. Ин тугма борои ба якчанд аломат ба тарафи рост ба пеш ҳаракат додани курсор истифода мешавад. Чунин ҳаракат ба 8 рамз ё ба 1,27 см баробар аст.
Caps Lock навишти ҳарфҳоро аз хурд ба калон табдил медиҳад. Ҳангоми пахш кардани тугмаи Caps Lock дар қисми болоии тарафи рости клавиатура чароғак фурўзон мешавад. Ин чароғак нишон медиҳад, ки дар айни ҳол реҷаи ҳарфҳои калон ба кор дароварда шудааст. Барои ба реҷаи ҳарфҳои хурд баргардондан лозим аст, ки бори дигар тугмаи Caps Lock, пахш карда шавад.
Shift ин тугма дар алоҳидагӣ ягон функсияро аниқ надорад. Ҳангоми дар якҷоягӣ бо дигар тугмаҳо пахш намудани онҳо амалиётҳои гуногун иҷро карда мешавад. Тугмаи Shift — ро пахш намуда шумо ҳарфи бароятон зарурро пахш менамоед, ҳарфи аввал калон мешавад ва сипас онро сар дода ҳарфҳои дигарро пахш кардан мегиред, ҳарфҳои боқимонда хурд мешаванд.

Тугмаҳои Ctrl, Alt, Shiftро тугмаҳои бисёрфунксиягӣ меноманд, зеро онҳо қариб аксар вақт барои бо дигар тугмаҳо якҷоя кор кардан истифода мешаванд. Масалан, Alt+F4 пўшондани равзанаи ҷорӣ, анҷом додани кор бо системаи Windows истифода мешавад. Тугмаҳои мазкур дар клавиатура дутоӣ мебошанд, аз ин рў бо ҳамоне кор кардан лозим аст, ки барои дасти шумо мувофиқ аст.
Del – барои пок кардани аз ҷониби рости курсор қарордошта истифода мешавад.
Baсkspace (ç) – барои пок кардани рамзи аз тарафи чапи курсор қарордошта истифода мешавад.
Insert – реҷаи вставкаи компютерро ба реҷаи замена табдил медиҳад.

Реҷаи вставка ва реҷаи замена чӣ маъно дорад.

Дар реҷаи вставка, ҳангоми илова кардани матн ба ҳуҷҷати аллакай сохташуда, матни пештар сохташуда пок нашуда, танҳо ба ҷониби рост мекўчад.

Дар реҷаи замена ҳангоми илова кардани матн ба ҳуҷҷати аллакай сохташуда, матни пештар сохташуда пок мешавад ва ба ҷойи он матни нав пайдо мешавад.

Масалан, шумо матне сохтед, ки дар он навишта шудааст, «Маҷлис рўзи шанбе дар кафедраи ММТИ барпо мегардад». Барои иваз кардани ин ҷумла ба ҷумлаи нави «Маҷлис рўзи шанбе соати 1100 дар кафедраи ММТИ барпо мешавад» курсорро дар матн баъди калимаи шанбе гузошта «соати 1100» нависед. Дар ин ҳолат ҳар чизе, ки баъди калимаи шанбе навишта шуда буд, пок намешавад ва танҳо ба тарафи рост мекўчад. Ҳамин реҷаивставка аст.

Агар ба шумо лозим бошад, ки калимаи «маҷлис»-ро ба «ҷаласа» иваз намоед, пас барои иҷрои ин амал лозим аст, ки ба реҷаи заменагузаред. Барои ба реҷаи замена гузаштан тугмаи Insert – ро пахш кардан лозим аст. Баъди ин шумо курсорро пеш аз ҳарфи авали калимаи маҷлис гузошта калимаи навро менависед. Ҳарфҳои калимаи «маҷлис» пок шуда ҷойи онро ҳарфҳои калимаи «ҷаласа» мегирад. Ин реҷаи замена аст.
Enter — бандҳоро барои иҷро кардан медиҳад.

Тугмаҳои идоракунандаи курсор зеринанд:

ҳаракати курсор ба тарафи чап;

ҳаракати курсор ба тарафи рост;

ҳаракати курсор ба як сатр боло;

ҳаракати курсор ба як сатр поён;
Home — курсорро ба авали сатр меорад;
End — курсорро ба охири сатр мебарад;
Page Up — курсорро ба саҳифаи боло, ба авали ҳуҷҷат мебарад;
Page Down — курсорро ба саҳифаи охири ҳуҷҷат мебарад.
Esc — рад намудани иҷрои амали пештараи анҷомнаёфта.
Pause — муваққатан боздоштани кори компютер. Барои давом додани кор тугмаи дилхоҳатонро дар қисми асосии клавиатура пахш мекунед.
Print Screen — ҳангоми пахш намудани ин тугмача чизҳои дар экран бударо ба буфери ивазкунӣ (обмена) мегузорад.
Буфери ивазкунӣ ҷойи муваққатан нигоҳ доштани қисми буридашуда ё нусхабардоришудаи информатсия мебошад.

Чизҳои дар буфери ивазкунӣ мавҷудбударо дар ҷойи дилхоҳи ҳуҷҷат гузоштан мумкин аст. Дар айни замон буфери ивазкунӣ пок намешавад ва информатсияи дар он мавҷударо ба ҷойи дилхоҳатон чанд маротибае, ки хоҳед гузоштан мегиред.

Информатсия дар буфери ивазкунӣ мавҷудбуда, вақти хомўш кардани компютер ба тарики автомати тоза карда мешавад.

Вақте ба буфери ивазкунӣ информатсияи нав мегузоранд, информатсияи пештара тоза мешавад.

Ҳангоми ворид намудани матн шумо бояд дар байни калимаҳо фосилаҳо (пробел) гузоред. Барои иҷрои ин амал дар қисми поёнии клавиатура тугмаи дарози беном мавҷуд аст, ки онро «фосила» меноманд. 

Related posts

​Бақияи счётҳо чист?

14umnet

Тафриќасозии корхонахо ва меъёри онхо

14umnet

Омилхои экологи. Биосфера. Тавсифи умумии биосфера.

14umnet

Leave a Comment

Login

X

Register