Мақолаҳои Тоҷикӣ Фалсафа

Мафхуми чахонбини, чихатхо, зинахо ва шаклхои таърихии он

Истилоњи «љањонбинї» дар марњилаи таърихии Замони Нави Аврупои ѓарбї пайдо шуда, ба фалсафа аз нимаи дуюми асри XIX ворид гашта, мавриди истифодаи васеъ ќарор гирифт.

Љањонбинї њамчун мафњуми фалсафї маљмўи аќидањои умумї рољеъ ба воќеият, табиат, љамъият, маќоми инсон дар љомеа ва тазоњури аќидањои мазкур дар рафтору амалиёти одамонро ифода мекунад.

Аз ин рў, љањонбинї барои њамагуна маслак, афкори иљтимої, динї, фалсафї, сиёсї ва њуќуќї њамчун зернињод хизмат мекунад. Ин зернињод ду сатњ ё љињат дорад: яке њиссї-равонї ва дигаре маърифатї-аќлист. Љињати њиссиву равонии љањонбинї рўњияву њиссиёти инсонро ба њадаф гирифта, дар он хурсандї, рўњбаландї, саодатмандї, маъюсї, рўњафтодагї ва ѓ.-ро ба вуљуд меоварад.Љињати маърифативу аќлии љањонбинї бошад, дар шакли донишњо ва арзишњо ба идроку аќли инсон нигаронида шуда, онро тасхир мекунад ва робита бо эњсосу иродаи худи инсон дар шуури ў дар шакли эътиќод наќш мебандад.

Инчунин љањонбинї омили муњими бамиёноварандаю муайянкунандаи сифати ахлоќ ва муносибати инсон бо њаёт, бо талаботу ниёзњои гуногуни нафси худ, бо њамљинсон, бо мењнат, бо илму дониш, бо дину давлат ва дигар падидањои њаётии ў низ мебошад.

Њамин тариќ, маљмўи њамагуна бинишу нигариш ба олам, ба њаводиси табиат ва љамъият, назария ва дидњои фалсафї, иљтимоиву сиёсї, ахлоќиву зебоишиносї, илмї аз љањонбинї маншаъ гирифта, онро ифода мекунад.

Љањонбинї дар се зинаи ба њам алоќаманду пайванди назариву амалии шинохти маънавии робитањои дохилии табиат, љамъият ва инсон ташаккул меёбад ва амал мекунад, ки инњо зинањои: 1) маърифат ё шинохт (худшиносї, љањон­шиносї), 2) арзёбї, 3) натиљагирї (ѓоягирї, идеология) мебошанд. Бисёр хусусиятњои љамъиятиву таърихї, навъњои гуногун ва таркиби љањонбини инсон мањз дар њамин зинањои шинохти олам ва раванди маърифати маънавии он ошкор мегарданд.

Хусусияти муњими љањонбинї аз он иборат аст, ки он сатњи олии худидоракунии инсони љамъиятї буда тамоми фаъолияти маънавию амалии ўро фаро мегирад.

Дар љањонбинї шинохти воќеият, инъикоси он аз мавќеи хостњо, њадафњо ва ормонњои субъект сурат мегирад. Љањонбинии инсон ифодакунандаи вањдати дониш, арзёбї ва ѓоятпазирии ў мебошад. Ин падидаи махсуси шуури инсон аст, ки ба њељ яке аз шаклњои шуури љамъиятї, аз љумла фалсафа айният надорад. Илму њунар, адабиёт, фалсафа, ахлоќ, инсон, љамъият, табиат ва њатто њастї њангоме маънї пайдо мекунанду љињат мегиранд, ки бар асос ва муттакои як љањонбинї устувор бошанд ва бо меъёрњои он санљида шаванд.

Дар раванди инкишофи таърихии фарњанги башарї, ки дар такомули худшиносї ва љањоншиносї пайдарпай, аз насл ба насл ва давра ба давра сурат мегирад, љањонбинї низ аз лињози њаљм, сифат ва сатњ такмил меёбад. Љањонбинї дар оѓози пайдоиши худ эътиќодеро ифода мекунад, ки дар заминаи тањлил ва арзёбии аввалин донишњои њосилшуда рољеъ ба моњияти њастї дар шуур инъикос меёбад. Ин гуна донишњоро асотир (мифология) меноманд. Љањонбинии асотирї инъикоси афсонавию њаётии моњияти њастї мебошад. Ин љањонбинї хоси инсонест, ки ў њанўз чун тифли кўчак дар оѓўшу парвариши модаронаи табиат беѓаму бепарво ва бедарду беташвиши аёми балоѓат мезияд. Инсони асотирї (примитивї) мисли инсони мутамаддину муосир азоби рўњї намекашад. Чунки ў, ба ќавли Гегел, «рўњи мустаќил ва озоди инсонї» надорад. Ў њанўз инсони табиї ва љамъиятист. Вобаста аз ин хусусиятњои љањонбинии асотирї љамъияти инсонї низ аз ќайду басти ќонунњои табиат озод нест. Ин љомеа мисли «галаи бешўбон» аст. Ќонунњои њукмрони зиндагї бар он љомеа мањсули шуур ва тафаккури љамъиятї нест, балки ин ќонунњоро табиат ба «аќли њайвонї» ва бетафовути инсону љомеаи асотирї ироа мекунад.

Эътиќоди љањонбинии чунин инсонро барои он асотирї номидаанд, ки он љањонбинї аз нигоњи мантиќї –илмї асоси воќеї надорад, инъикоси дурусти моњияти њастї нест. Он мањсули тахайюлоти бофтаи ноби инсон, ки дар бораи ончї бояд бошад ва ончї њаст, мебошад.

Инсони асотирї дар муносибат бо худу њамроњонаш ва муњити атроф дар маърифати онњо танњо олатњои њис ва идрокро ба кор мебарад ва бо таъсири онњо тибќи ниёз­мандињои аќли њайвонии худ муносибат мекунад. Барои ў хатову савоб, неку бад, росту дурўѓ ошкор нест. Чунки зътиќоди инсони асотирї эътиќоди бетафовути фарќият­нопазири ў њамчун як њайвони табиї мебошад. Вай њуќуќи озодї надорад, чунки дорои шуури сайќалёфта нест.

Љањонбинии динї –ин эътиќоди инсонист, ки моњияти фавќуттабиатї доштани асрори он чї њаст ва он чї бояд бошадро ифода мекунад. Бо тавассути чунин эътиќод инсон ба маърифати худ ва љањон на аз чашми сар, ки махлуќу зоњирбин аст, балки аз мавќеи рўњи бошуури инсон, рўње ки аслан аз хок нест, мепардозад.

Њамин тавр, вижагињои љањонбинї ва дониши фалсафиро муайян карда, зимнан дарк кардан мумкин аст, ки љањонбинии фалсафї, баъдан, фанни фалсафа ва доираи мавзўъњои он, дар раванди тўлонии тадриљан бартараф шудани мањдудиятњое ташаккул ёфтааст, ки он мањдудиятњо ба љањонбинии асотирї ва динї-табиї (анимизм, тотемизм, политеизм ва ѓ.) хос буданд. Сониян, набояд фаромўш кард, ки донишњои фалсафї худ ба худ ё ба таври стихиявї пайдо нашуда, балки дар натиљаи кўшишу фаъолияти муназзами илмиву маърифатї фароњам оварда мешуданд. Њадафи фалсафа, дар бартарї аз асотир, анимизм, тотемизм, политеизм ва дигар шаклњои бостонии љањонбинї, ба омўзишу тафсири озодонаву танќидии олам ва њаёти инсон нигаронида шуда буд. Агар дар асотир ва динњои табиї вижагии антропоморфизм (ба аљсому падидањои табиї нисбат додани феълу сифатњои инсонї) хос бошад, дар фалсафа, баръакс, олам њамчун як майдони амали ќуввањои айнии ѓайриинсонї ва ѓайришахсї маънидод карда мешуд.

Дигар бартарияти љањонбинии фалсафї аз дигар анвоъи зикршудаи љањонбинии асотирї аз он иборат аст, ки, љањонбинии фалсафї бо бурњони аќливу мантиќї муљањњаз буда, дар заминаи шинохти назариявии воќеият асос меёбад, љањонбинии асотирї бошад, танњо бар пояи маърифати мушоњидавию таљрибавии воќеият устувор аст. Яъне њар он чизе ки инсони ќадим ба василаи чашми худ медид ва онро дар њаёти рўзмаррааш воќеан мушоњида мекарду ба кор мебурд — асоситарин хусусияти љањонбинии асотирист.

Фалсафа њамчун љавњари назариявии љањонбинї аст.

Умуман маънои луѓавии фалсафа њикматдўстї мебошад. Љавњари њикмати фалсафї иборат аз он аст, ки моњияти асливу њаќиќии мављудияти равандњо, нахустсабабњо ва ќонуниятњои инкишофи олам дарёфт шавад. Арасту ќайд кардааст, ки «фалсафа ба ошкор сохтани нахустсабабу нахустасос равона карда шудааст, файласуф бошад-ин њамон кас аст, ки метавонад ошкор кардани сабабњоро хубтар омўзонад».

Фалсафа њамчун замонаи дар андешањо фарогирифта (К.Маркс) фањмида мешавад ва онро барои он арљгузорї мекунанд, ки њамчун мактаби инкишофи тафаккури назариявї баромад мекунад. Масъулияти файласуф – таваљљўњ зоњир кардан ба њаводиси замона, фањмида гирифтани шароити номуайян ва муайян кардани ќонуниятњои падидањо бавуќўъоянда мебошад. Бинобар ин, дар бораи фалсафа мегўянд, ки он моњияти маънавии замони худ мебошад. Фалсафа њамчун шакли шуури љамъиятї ба коркарди аќидаи комил дар бораи олам ва мавќеи инсон дар он равона шудааст.

Фалсафа њамчун шакли шуури љамъиятї ба саволњои: олам аз рўи табиати худ чи гуна аст; оё чизи умумие вуљуд дорад, ки ба њамаи ашёву падидањои воќеї хос бошад ва агар ин гуна чизи умумї мављуд бошад, пас њаќиќат чист? ва ѓ. љавоб медињад. Моњияти њаќиќии масоили фалсафа њам аз гузориши њамин саволњо бармеоянд. Масъалањои фалсафї – муносибати инсон ба олам, маќому рисолати ў дар он, чигунагии донисташавандагии олам, амалу фаъолияти инсон дар олам ва ѓ. мебошад.

Аз ин љост, ки фалсафа њамчун шакли шуури љамъиятї вазифаи нињоят муњим – вазифаи худшиносии иљтимоиро ба љо меорад.

Яке аз хусусиятњои назаррасї фалсафа њамчун шакли шуури љамъиятї аз он иборат аст, ки њаќиќатро меомўзад ва маърифат мекунад. Оё масъалаи маърифат ба њаќиќат иртиботе дорад ё онњо масъалањои гуногунанд? Вобаста ба ин савол бояд гуфт, ки њаќиќат ва маърифат ду пањлўи њамон як масъала – масъалаи гносеологї ё донисташавандагии олам мебошад. Њаќиќатро фаќат ба василаи маърифат ошкор сохтану дарёфтан мумкин аст. Фалсафа њељ гоњ дар тамоми давру замон аз ошкор сохтани њаќиќат сарпечї намекард. Барои файласуфон донистани њаќиќат њама ваќт маънои ба даст овардани донишњои воќеї дар бораи њастии олам ва инсон, маќсади њаёт, њадафњои инсон, моњияти бадию некї ва ѓ.-ро дорад.

Барои он ки фалсафа мунсибатњои куллии инсониро ба олам ва оламро ба инсон омўзад, робитаи байни шуур ва њастиро дарк намуда, ба саволњои рўзмарра љавоб гардонад, ба он лозим аст, ки усул ё методи махсуси маърифати худро кор карда барояд. Ин метод тафаккури назариявиест, ки табаќ­бандии назариявї, хулосањои мантиќию ратсионалї, хулоса­барорию ќиёси падидањои гуногун ва љустуљўи равобити онњоро дар бар мегирад.

Дигар хусусияти муњими фалсафа њамчун шакли шуури љамъиятї аз он иборат аст, ки он љањонбинист. Доир ба хасоисї асосии љањонбинии фалсафї ќаблан дар њамин мавзўъ маълумот дода будем.

Фалсафа њамчун шакли шуури љамъиятї бо илм робитаи људонопазир дорад. Донишњои илмию фалсафї мураттаб ва мутасл буда, њар як нуќоти онњо мантиќан аз моњияти дигар нуќоташон сар мезанад. Њам донишњои илмї ва њам донишњои фалсафї дорои бурњони ќотеъ буда, собитшавандаанд. Ин донишњо на ба эътиќоду тасаввуроти ошкоро, на ба табъу эњсосот, балки ба далоилу бурњони мантиќиву асоснок такя мекунанд. Фалсафа ва илм барои дарёфту ошкор сохтани њаќиќат пайваста љањду талош мекунад. Аз ин гуфта бармеояд, ки миёни онњо робитаи узвию људонопазир мављуд аст.

Дар айни замон, донишњои фалсафї хусусиятњои хоси худро доранд, ки онњоро ягон илми дигар доро нест. Он дар баробари иљрои муњимтарин вазифањо, аз ќабили љамъбастгардонї, муттањидсозии донишњои мухталиф, кашфи ќонуниятњои умумитарин, муайян намудани робитамандии олами њастї, маќоми назариявии фалсафа ва ѓ. имконият медињад, ки он вазифаи пешгўикунї ё эвристикї яъне пешнињоди фарзияњои пешакї рољеъ ба принсипњои умумї, тамоили инкишоф, инчунин тахминњои пешакї дар бораи падидањои мушаххаси олам, ки њанўз бо усулњои махсуси илми омўхта нашудаанд, иљро намояд. Ин ба фалсафа имконият медињад, ки норасоиву иштибоњоти маърифатии манзараи оламро рафъ созад. Фалсафа ин камбудињоро ба василаи тафаккури мантиќї ислоњ ва пурра мегардонад.

Муносибатњои маърифатї, арзишї, ахлоќї ва эстетикии инсон ба олам, ки аз гуфтањои боло бармеоянд, фалсафа меомўзад. Фанни фалсафа «муносибати инсон-олам мебошад, ки аз нуќтаи назарњои гуногун баррасї шудааст. Њам олам ва њам инсон таѓйир меёбанд, бинобар ин, фањмиши фанни фалсафа падидаи мушаххасї – таърихї мебошад.

Аз чунин фањмиши фалсафа таъиноти замонавї ва робитаи он бо њаёт, эљоди манзараи њаќќонии замона ва дарки маънову моњияти њастї бармеояд.

Њамчунин фалсафа њамчун шакли шуури љамъиятї бо муносибатњои љамъиятї низ робитаманд аст. Зеро фалсафа чи аз љињати пайдоиш ва чи аз рўи таъиноташ ба муносибатњои љамъиятии инсону башарият, ба воќеияту муносибатњои ибайни одамон алоќаи канданашаванда дорад. Ба оуносибати инсон ба олами беруна ва дарки маърифатию диалектикии љамъият низ сарукор дорад. Чунки муносибати эљодї ба олам метавонад танњо њамчун муносибати иљтимої ба хуби дарк карда шавад.

Фалсафа дар тўли таърихи мављудияти худ чор марњилаи асосии ташаккулро аз сар гузаронидааст. Дар марњилаи аввал – Давраи Ќадим (асрњои VI то мелод – III мелодї) масъалаи асосии мавриди назари файласуфонро кайњон ва асрори пайдоиши он ташкил медод. Бинобар њамин фалсафаи давраи ќадим, хусусан, мактаби фалсафии Миллети Юнони Бостонро фалсафаи космосентрї (кайњонмарказї) меноманд. Намоян­дагони бузургтарини фалсафа дар ањди бостон – Фалес ва Гераклит, Левкипп ва Демокрит, Суќрот, Афлотун, Арасту, њамчунин, мактабњои калбиён, эпикурињо, равоќиён, шак­кокиён ва навафлотуния ба шумор мераванд. Дар марњилаи дуввуми ташаккули фалсафа – Асрњои Миёна (асрњои IV-XIV мелодї) масъалаи асосии фалсафа – шинохти Худо мебошад, бинобар њамин фалсафаи асримиёнагиро фалсафаи теосентрї (Худомарказї) меноманд. Ин марњила, алалхусус, марњилаи рушди бесобиќаи фалсафаи илоњиётшиносї, илмњои шаръї, ирфону адаб ва дигар илмњо ба шумор меравад. Марњилаи саввуми ташаккули фалсафа, ки дар тўли он масъалаи асосии фалсафа инсон ва љомеа мањсуб мешуд, Замони Нав (асрњои XY-XIX)-ро дар бар мегирад. Нињоят, аз асри XX сар карда то замони љорї марњилаи чањоруми ташаккули фалсафа идома дорад, ки мавзўи асосии тањќиќоти онро проблемаи забон, алалхусус, забони илм ташкил медињад.

Нахустин мактаби фалсафї, ки дар Юнони Қадим ташаккул ёфтааст, фалсафаи табиат (натурфилософия) мебошад. Машњуртарин намояндагони ин мактаб Фалес, Гераклит, Левкипп, Демокрит ва Пифагор мебошанд. Фалес ва Гераклитро масъалаи мабдаъи моддии олам ба худ љалб намуда буд ва онњо он мабдаъро моддї мешумориданд. Левкипп ва Демокрит аввалин бунёдгузорони назарияи атомистї мањсуб мешаванд. Онњо атомњо (хурдтарин заррачањои таќсимнопазир)-ро нахусаносири олами моддї мепиндоштанд. Пифагор ва шогирдони ўро бошад, љињати миќдории масъалаи пайдоиш ва инкишофи олами моддї ба худ саргарм намуда, онњоро ба кушодани муаммои ададњо машѓул медошт.

Мактаби дигари фалсафии Юнони ќадим – мактаби аќлгарої мебошад, ки маъруфтарин намояндагони он Суќрот, Афлотун ва Арасту мебошанд. Суќрот ва Афлотун асосгузорони фалсафаи идеалистї мањсуб мешаванд ва нахустин бор дар таърихи фалсафа таълимот дар бораи идеяро кор карда баромадаанд. Арасту бошад, бунёдгузори материализми метафизикї ва мантиќи шаклї мебошад. Муњимтарин маќулаи низоми фалсафии Арасту – маќулаи шакл аст.

Чањор мактаби дигари фалсафаи замони бостон дар давраи эллинистї ташаккул ёфтаанд. Ин мактабњо –мактабњои калбиён, эпикуриён, равоќиён ва шаккокиён буданд. Масъалаи асосии фалсафаи калбиёнро – масъалаи худкифоягии инсон, масъалаи асосии мавриди бањси Эпикур ва пайравони ўро – таносуб ва айнияти миёни хушбахтї ва лаззати зиндагї, масъалаи асосии мавриди назари равоќиёнро – инсон ва сарнавишти кайњонии ў, љавњари таълимоти шаккокиёнро бошад, таълимот дар бораи фазилати хомўшї ё сукути хирадмандона ташкил медоданд.

Охирин мактаби фалсафии замони бостон – мактаби навафлотуния мебошад, ки маѓзи таълимоти онро ѓояи вањдати вуљуд ва аќида дар бораи силсиламаротиби њастї ташкил медињад.

Фалсафа дар Асрњои Миёна асосан дар ду минтаќаи бузурги љуѓрофиёї – Аврупои насронї ва Шарќи исломї рушд менамуд. Дар ин давра фалсафа дар Аврупо ду давраи инкишофро тай намудааст: 1) давраи ташаккул ва такомули фалсафаи мадрасї (схоластикї), рушди миститсизм, илму њикмат ва донишу эътиќодњои динї. Машњуртарин намояндаи ин давра Августини Муќаддас мебошад; 2) давраи рушди муносибати мўътадилонаи байни имон ва аќл. Намояндаи маъруфи ин давра Фомаи Аквинї мебошад. Чи тавре ки ќаблан зикр кардем, масъалаи асосии фалсафаи асримиёнагии Аврупо – масъалаи маърифати Худо, ѓояњои асосии он бошад – яккахудої (монотеизм), офариниши олам (креатсионизм), имон ба Худо, ишќи илоњї, умеди наљот, иродаи нек, виљдони пок, одамияту нексириштї ва амсоли онњо ташкил медоданд.

Дар давраи мазкур фалсафа дар Шарќи исломї низ роњи мураккаб ва пуршебу фарозеро тай намудааст. Низоми фалсафї, доираи мавзўъ, масъалањо ва умуман мазмуну мундариљаи афкори фалсафии Шарќи исломї нисбат ба фалсафаи асримиёнагии Аврупо хеле бой ва рангинтар буд. Барои исботи ин фикр фаќат як сайри кўтоњ ба таърихи афкори илмиву фалсафии форсу тољик дар давраи салтанати Сомониён кофист.

Таърихи ташаккулу такомули афкори илмиву фалсафии форсу тољик дар давраи салтанати Сомониён ва баъди онњо дар адабиёти илмї то њадди назаррас мавриди тањќиќу баррасї ќарор гирифтааст. Бисёр муњаќќиќон мунсифона ин давраро њамчун даврони тиллоии инкишофи илму фарњанг дар Хуросону Мовароуннањр тавсиф кардаанд. Пуштибониву ѓамхории амирони Сомонї, аз як тараф, тарѓибу ташвиќи муљаддади илму њикмат дар китоби муќаддаси дини мубини ислом ва њадисњои Паёмбари он, аз тарафи дигар, барои тавсиъа ва рушди њамаљонибаи илму фарњанг тамоми шароиту авомили созандаро фароњам оварда буданд. Ба раванди ташаккулёбии илму фалсафаи исломии форсу тољик густариши забони арабї дар њавзањои интишори забони форсї – тољикї низ таъсири самароваре дошт: мутафаккирону олимони форсу тољик, аз љумла Абўалї ибн Сино, мањз ба тавассути забони арабї бо осори фалсафї, тиббї, дидактикиву адабии юнонињо, њиндињо, суриёнњо ва дигар халќиятњои бостонї шинос шуда ва аз онњо бањрабардорї кардаанд. Гузашта аз ин, њатто шиносоии олимону мутафаккирони форсу тољик бо осори пањлавї ва таъсирпазирии онњо аз анъанањои илмии даврони Сосониён низ ба воситаи забони арабї сурат мегирифт.

Марњилаи асосии ташаккули фалсафаи асримиёнагии форсу тољик аз замони таълифи «Донишнома» оѓоз меёбад. Ибни Сино бо навиштани ин асари мукаммали фалсафї бори аввал асоси илоњиётнигориро дар услуби забони форсї – тољикї татбиќ карда, тамоюлоти ташаккули лексикаи онро ба воситаи истилоњоти арабї муайян кард. Ин ибткору иќдоми Ибни Сино хеле созанда буд, зеро дар пояи лексикаи арабии ба забони форсї – тољикї воридгардида роњро барои забони фалсафаи форсу тољик боз кард. Истилоњоти бешумори илмї ва фалсафие, ки Ибни Сино матрањ карда буд, дар рушди минбаъдаи афкори илмиву фалсафии форсу тољик наќши арзандаву мусбатеро бозидаанд ва њанўз њам забони илм ва фалсафаи форсу тољик аз истифодаи онњо бархўрдор аст. Аз љумлаи ин иќтибосот чунин истилоњоти њоло њам дар фалсафаи тољику форс маъмулро зикр кардан мумкин аст: ќазия, муќаддима, арўз, араз, хитоба, шеър, муѓолата, тамсил, толї, муќаддам, изофа, њамлї, мавзўъ, мобаъдаттабиъа, фалсафа, њикмат ва ѓ.

Гуфтан мумкин аст, ки рушди илму фалсафаи форсу тољик баъди таназзули давлати Сомониён низ дар Хуросону Мовароуннањр бедаранг идома ёфта, танњо баъди ба истилои муѓулњо гирифтор шудани ин сарзамин ба бўњрону таназзул мубтало гаштааст. Чуноне ки мадракоти таърихї шањодат медињанд, аз замони салатанати Сомониён то истилои муѓулњо, яъне дар давраи салтанати сулолањои турктабори Ѓазнавиён, Салљуќиён ва Хоразмшоњиён, њаёту фаъолияти илмиву фарњангї дар Хуросону Мовароуннањр ба таври муттасилона љараён дошт. Аз осори пурарзиши дар ин даврањо навишташуда осори динї – фалсафї ва ашъори пурњикмати Носири Хусрав (1004 – 1088), асарњои фалсафии Афзалиддини Кошонї (нимаи дуввуми а. XII – авали а. XIII) аз ќабили «Созу перояи шоњони пурмоя», «Ал-муфид ли-л-мустафид», «Таърихи Байњаќї» — и бузугтарин муаррихи давраи Ѓазнавиён – Абулфазли Байњаќї (995 – 1077), «Cиёсатнома» — и Абўалї Њасан ибни Алї ибни Исњоќ, мулаќќаб ба «Низомулмулк» — вазири донишманди дарбори Салљуќиён дар боби давлатдорї ва сиёсатшиносї, «Њадоиќ – ус – сењр» — и Рашидаддини Ватвот дар назмшиносї, «Маќомоти Њамидї» — и Њамидаддини Балхї дар адабиётшиносї, «Чањор маќола» — и Низомии Арўзии Самарќандї ва «Синдбоднома» — и Зањирии Самарќандї дар боби фарњангшиносї, «Кимиёи саодат» — и Абўњомид Муњаммади Ѓазолї (1958 – 1111) дар боби ирфон ва тасаввуф, ё ин ки асари дањљилдаи тиббии Зайниддин Исмоили Љурљонї (ваф. 1135/1137) бо номи «Захираи Хоразмшоњї», инчунин, асарњои ба сарфу нањв бахшидашудаи Абулќосим Мањмуд Замахшарии Розї (1074 — 1143) ва Абўбакр Абдулќоњир ибни Абдуррањмони Љурљонї ва амсоли онњоро ном бурдан мумкин аст.

Як хусусияти бисёр њам љолиби забони илму фалсафаи асримиёнагии форсу тољик ин буд, ки он дар ду ќолаб – ќолаби манзуми шеърї ва ќолаби мансури мантиќї ташаккул ёфта, нобиѓањои илми форсу тољик дар њардуи ин ќолабњо маънињои фаровонеро рољеъ ба моњияти мављудоту падидањои олами моддиву маънавї тасвир карда тавонистаанд. Баъди истилои муѓулњо фаъолияти олимони тољик дар самти кашфи асрори олами моддї аз сабаби инќирози шароитњои сиёсиву иљтимої ва иќтисодї, њамчунин аз сабаби ба инкишофи улуму фунуни табиатшиносї майл надоштани њокимони аз фарњанг фарсахњо дури муѓулнажод рў ба инќироз нињод. Вале фаъолият дар кашфи моњияти табиати равонии инсон, ки то њадде бо шароити моддиву иќтисодї вобаста нест, мисли пештара идома ёфта, дар ин љода мутафаккирони форсу тољик ба дастовардњои оламшумул ноил гаштанд. Аз ќабили ин гуна дастовардњо — рубоиёти фалсафии Умари Њайём, ѓазалиёти Хоља Њофиз, «Гулистон» — и Саъдї, «Маснавии маънавї» — и Љалолуддини Румї, ашъори ирфонии Абдулќодири Бедил буда метавонанд, ки дар тўли асрњо аќлу дили оламиёнро тасхир карда меоянд.

Ба њамин тариќ, метавон гуфт, ки инќирози њаёти илмиву фарњангї дар Шарќи асримиёнагии исломї, бархилофи аќидањои дар байни аѓлаби муњаќќиќон роиљ бо таълимоти исломи ноб, идеологияи мазњаби њанафї ва љараёнњои эътидолии ирфон ва тасаввуф, аз љумла бо идеологияи тариќати наќшбандия, ки дар шуур ва љањонбинии мардуми тољик асрњои аср инљониб њукмронї мекунанд, аслан њељ гуна робитае надорад. Баръакс, њамаи ин омилњо инсонро ба кашфи асрори табиат, ба тасхир ва идораи оќилонаи олам њидоят мекунанд. Як нуктаи дигари муњимро низ набояд фаромўш кард, ки дар Асрњои Миёна инќирози илмњои табиатшиносї танњо мањдуди љањони исломї набуда, балки тамоми љањонро фаро гирифта буд. Бинобар њамин сабаби ин инќирозро дар дигар омилњо љустан лозим аст.

Љои шак нест, ки яке аз омилњои асосии инќирози фалсафаи аќлонї ва илмњои табиатшиносї дар љањони исломї — мањз гирифтории сарзаминњои исломї ба чанголи муѓулњои сањронишин буд.

Омили дигари инќирози фалсафаи аќлонї ва илмњои табиатшиносї дар Шарќи исломї ва умуман дар љањони асримиёнагї – адами усулњои даќиќу таљрибапазири омўзиши ќавонини табиат ва маърифати олами моддї мебошад. Мањз кашфу татбиќи чунин усулњои даќиќи омўзишу маърифати олами табиї, ки дар оѓози Замони Нав ба олимони ѓарбї даст дода буд, барои илмњои табиатшиносиро аз вартаи инќироз наљот додан ва роњ кушодан ба инќилобу кашфиётњои нав ба нави илмиву техникї шароит фароњам овардааст.

Дар њаќиќат, имконияти рањо кардани илмњои табиатшиносї ва риёзї аз бўњрони чандсадсолаи асримиёнагї аз асри XVII, баъди кашфи мантиќи риёзї, ё ин ки коркарди усулњои нави тањќиќоти илмї аз тарафи Ф. Бэкон (1561 – 1626), Р. Декарт (1596 – 1650), Б. Спиноза (1632 – 1677) ва дигар олимони ѓарбї имконпазир гаштааст. Ф. Бэкон, барои он ки илмњои таљрибавиро аз вартаи бўњрон наљот дињад, назарияи њаќиќати дугуна ё дуљињатаро кор карда баромада буд. Ў дар ин назарияи худ байни усулњои маърифати њаќоиќи динї (аз тариќи вањй илќошуда ё тавассути њадс (интуитсия) эњсосшаванда, фавќулаќлонї) ва маърифати фалсафї (аз тариќи олатњои маърифат- њавоси панљгона, идрок ва тафаккур касбшаванда ва таљрибапазир) як навъ «девори Чин» гузошт. Бэкон чунин аќида дошт, ки мавзўи илоњиётшиносї – шинохти Худо буда, вазифаи он асоснок кардан ва њифз намудани эътиќоду имони динї, аммо мавзўи фалсафа — табиат буда, вазифааш омўзиши ќонунњои табиат ва коркарду татбиќи усулњои маърифати олами табиї мебошад. Њамин назарияи Бэкон баъдан аз тарафи дигар мутафаккирони ѓарбї пазируфта шуда, ба шарофати татбиќи он дар љомеаи аврупої инќилобњои бесобиќаи илмї – техникї ба вуќўъ пайвастанд ва олимони табиатшиноси ѓарбї ба кашфиётњои бузург ноил гаштанд.

Ба њамин тариќ, метавон хулоса кард, ки дар Асрњои Миёна фалсафа бештар дар Аврупои насронї ва Шарќи исломї рушд намудааст. Мавзуи асосии фалсафаи асримиёнагии Аврупои насронї — масъалаи шинохти Худо буд. Ин мавзўъ дар фалсафаи асримиёнагии исломї низ хеле мубрамият ва маќоми воло дошт. Дар фалсафаи асримиёнагии Аврупо аз замони Августини Авлиё то Фомаи Аквинї дар байни имон ва аќл њамоњангї вуљуд надошт ва донишњои эътиќодї бидуни истидлоли мантиќї пазируфта мешуданд. Аз замони Фомаи Аквинї дар байни имон ва аќл созиш ба амал оварда мешавад ва барои ворид шудани истидлоли мантиќиву аќлонї ба ноњияи фалсафаи мадрасии Аврупо шароит фароњам меояд. Аммо файласуфон ва мутафаккирони мусалмон, алалхусус Ибни Сино ва дигар мутафаккирони бузурги форсу тољик, танњо ба масоили илоњиётшиносї мањдуд нашуда, балки ба тамоми масъалањои илмиву фалсафии замони худ таваљљўњ зоњир менамуданд. Дар Асрњои Миёна Бухорову Самарќанд, Марву Њирот ва дигар шањрњои бузурги Хуросон ва Мовароуннањр аз замони салтанати Сомониён то истилои муѓулњо аз љумлаи муњимтарин марказњои илмиву фарњангии Шарќи исломї мањсуб мешуданд.

Дар Замони Нав, ки аз асри XYII оѓоз меёбад, илмњои табиатшиносї аз фалсафа људо мешаванд. Ин илмњо дар баробари рушди таљрибавї пайдо карданашон, аз лињози назариявї низ асосноку мукаммал ва барои мустаќилона тафсир кардан тавонистани моњияти њодисањои физикї, кимиёї, биологї ва дигар мавзўъњои мавриди тањќиќашон мутобиќ мешаванд. Дар натиљаи чунин тањаввулоти илмњои табиатшиносї, онњо дигар ба њимоят ва сарпарастии фалсафа эњтиёљ надоштанд. Акнун вазифаи анъанавии фалсафа дар таърихи илм ба њайси «шоњи илмњо» поён пазируфта буд. Дар паёмади ин дигаргунињо талабот барои аз нав муайян ва даќиќ кардани вазифањо ва доираи мавзўи фалсафа ба миён омад. Дар ин љода алалхусус Ф.Гегел ва К.Маркс сањми хеле бузург гузоштаанд. Њар яки ин файласуфони бузурги аврупої мўътаќид буд, ки мањз низоми фалсафии ў таљассумгари моњият ва мазмуну мундариљаи фалсафаи нобу њаќиќї мебошад. Зимнан, њам Гегел ва њам К.Маркс барои афкори пешинаи фалсафї, алалхусус фалсафаи Юнони Бостон ва Ѓарби асримиёнагї низ арзишеро ќоил буданд ва аз он барои танзими афкору низоми фалсафии худ ба таври фаровон сўистифода бурдаанд.

Ба њамин тариќ, дар миёнаи асри XIX дар афкори фалсафии Аврупои Ѓарбї муњимтарин таѓйироти куллї дар таърихи фалсафа ба амал омад. Мутобиќи ин таѓйирот таърихи фалсафаи Аврупо ба ду давраи асосї људо карда мешавад: 1) давраи пайдоиш ва рушди фалсафаи анънавии классикї; 2) давраи ташаккул ва такомули фалсафаи муосири ѓайрианъанавї, ки аз нимаи дуввуми асри XIX сар шуда то имрўз идома ёфта истодааст.

Фалсафаи ѓайрианъанавии муосири Аврупо бархилофи фалсафаи анъанавї-классикї дигар даъвои пурра ифода карда тавонистани мазмуни асосии масоили бунёдии маърифати фалсафиро надорад. Фалсафаи муосир масъалаи маърифати пурраи мавзўъњои фалсафиро њалнопазир мешуморад. Барои даст кашидани фалсафа аз даъвои мутлаќияти донишу маърифати фалсафї чунин далел оварда мешавад, ки худи маърифати инсонї моњиятан мањдуд ва интињопазир мебошад. Илова бар ин, тањќиќотњое, ки тўли ду асри охир гузаронида шудаанд, собит менамоянд, ки њар як амали маърифатї бо шароити мављудаи љамъиятиву таърихї ва фарњангиву маънавї сахт вобаста мебошад. Яъне раванди тафаккур ва маърифати инсонї њамеша мањдуд буда, тањти таъсири омилњо ва шароитњои мушаххаси иљтимоиву таърихї ва фарњангї сурат мегирад. То он замоне, ки њаракат ва инкишофи љамъияти инсонї вуљуд дорад, типњои таърихии љомеа, фарњанги башарї, низоми мављудаи донишњо, аз љумла, тасаввуротњо дар бораи амиќтарин мабонии мављудияти аносиру падидањои олами моддї ва њаёти инсонї низ доиман таѓйир ва тањаввул меёбанд.

Бо эътирофи ин њаќиќат, дар фалсафаи ѓайрианъанавии муосир њатто имкониятњои маърифатии аќл ва тафаккури мантиќиро, ки барояш њамчун як «асос ё заминаи худкифоя» хидмат мерасонад, низ мањдуд, таѓйирёбанда ва муассири шароити љамъиятиву таърихї мешуморад. Яъне, дар баробари таѓйироти миќдориву сифатии њаёти иљтимої, иќтисодї ва фарњангии љомеаи башарї имкониятњои маърифатї ва доираи мавзўъњои тафаккури фалсафї низ таѓйир меёбанд. Њамчунин, дар маљмўи захирањои маърифатии фалсафаи ѓайрианъанавии муосир низ таѓйирот ба амал омада, дар он на танњо унсурњои зењнї ва аќлонї, балки унсурњои марбут ба эътиќоди динї, эњсосоту њолатњои равонию ќалбї, њадсу фаросат ва ирфон низ фароњам оварда мешаванд. Умуман, метавон гуфт, фалсафаи ѓайрианъанавии муосир тафаккури аќлониро аз он маќоми волое, ки дар фалсафаи классикї дошт, маъзул карда, њамзамон ба љустуљўи чунин як асли вуљуди инсонї пардохтааст, ки он асл дар байни њастии объективии универсалї ва тафаккури инсонї наќши миёнаравро бозида, ба тамоми саволњои тафаккури инсонї посух гуфтаву онро ќонеъ карда тавонад.

Дар фалсафаи муосир наќши чунин аслро забон иљро карда истодааст. Аммо ин љо тањти мафњуми «забон» танњо забони гуфтугўї не, балки тамоми воситањои равобиту муошират: тамоми анвои забонњои риёзиву мантиќї, воситањои забонии баќайдгирї ва танзими нишондодњои таљрибањо ва дастгоњњои илмї, воситањои гуногуни сабту пахши иттилоот, забони технологияи компютерї, воситањои бадеиву рамзї ва ѓ., низ дар назар дошта мешавад. Ба ин љињати масъалаи маърифат ва тафаккур, алалхусус, дар мактабу љараёнњои мухталифи тањлиливу структуралї, аз ќабили фалсафаи лингвистї, постпозитивизм ва герменевтика таваљљўњи фаровон зоњир карда мешавад.

Дар баробари забон, фарњанг низ барои дар байни њастии объективї ва тафаккури инсонї эљод кардани «њусни тафоњум» наќши хеле муњимро мебозад. Дар ин маврид мафњуми «фарњанг» низ ба маънои васеъ дар назар дошта шуда, њамаи он чизњоеро фаро мегирад, ки он чизњо аз ашёву падидањои табиї фарќ мекунанд. Дар ин гуна чизњо наќши таъсири бевоситаи инсон ё таъсири офаридањои инсонї ба олами табиї, ки арсаи зиндагї ва фаъолияти иродиву аќлонии инсон мебошад, баръало ба назар мерасад. Яъне, фарњанг гуфта дар забони фалсафаи муосир њамаи он чизњо ва њодисањои аслан табиї ифода карда мешаванд, ки аз тарафи инсон таѓйир дода шуда ё аз нав истењсол карда шудаанд, мисли корд, табар, арра хона, либос, технологияи саноатї, воситањои наќлиёту алоќа, асбобњои ченкунандаи илмї ва ѓ.

Аз ин нуќтаи назар, мавзўъи фалсафаи муосир тањќиќи универсалияњои фарњанг, яъне ќонунњои умумии пайдоиш ва рушди фарњанги башарї мебошад. Мавзўи мазкур, ки њанўз дар марњилаи ташаккулёбист, алъон чандон низомнок ва асоснок карда нашуда бошад њам, уфуќњои наверо барои рушди инкишофи афкори фалсафї мекушояд. Инљо мебояд тазаккур дод, ки љањони фарњанги башарї, новобаста аз вижагињояш, як фаръ ё болосохте дар фавќи олами табиист, дар оѓўши њамин олам сабзида ва аз он ѓизо мегирад. Аз инљо маълум мегардад, ки фалсафаи муосир низ мисли фалсафаи анъанавї аз ковишу тањќиќи нахустаносири њастї, пеш аз њама, њастии инсонї фориѓ буда наметавонад. Пас, хулоса кардан мумкин аст, ки мавзўи фалсафаро танњо бо тањќиќи фарњанги башарї мањдуд сохтан мувофиќи матлаб нест. Чунки, агар олами табиї, ки асоси моддии пайдоиш ва рушди инсоният ва фарњанги башарї мебошад, аз маърази фалсафа хориљ карда шавад, дар он сурат фалсафа ногузир аз илми љавњаршиносї ба илми суваршиносї табдил хоњад ёфт.

Хулоса, фалсафаи ѓайрианъанавии муосир, новобаста аз баъзе тафовутњо ва вижагињояш, мисли фалсафаи анъанавии классикї, шакли махсуси фаъолияти маънавии инсон буда, ба маърифату тасвири манзараи умумии олам нигаронида шудааст.

Мундариља, вазифањои асосї, метод ва принсипњои фалсафа. Барои тасаввуроти пешакї њосил кардан дар бораи мундариља ва вазифањои асосии фалсафа, таърифе, ки онро яке аз асосгузорони фалсафаи классикии немис Иммануил Кант дар шарњи фалсафа гуфтааст, зикр кардан бамаврид аст. Ба аќидаи ин файласуфи бузург, фалсафа мебояд ба саволњои зерини инсон љавоб дињад: Ман чиро дониста метавонам? Ман бояд чї кор кунам? Ман ба чї умед баста метавонам? Инсон чист ва моњияту рисолати зиндагии ў аз чї иборат аст? Саволњои додашуда мундариља ё масоили асосии фалсафаро хеле даќиќ муайян мекунанд. Дар баробари ин, И.Кант муњимтарин масъалаи бунёдии фалсафаро, ки њамеша пешорўяш меистад, хотиррасон накарда, ба њукми фаромўшї супурдааст. Манзури мо – амиќтарин аслњои мављудияти њастии универсалї, яъне масъалае мебошад, ки фаъолияти маърифатї ва умуман, фаъолияти њаётии инсон, дар замина ва чањорчўбаи он доир мегарданд. Ба аќидаи И.Кант, њар чизе, ки инсон бо он рў ба рў мешавад, инсон он чизро аввал аз ѓалбери аќлу тафаккур гузаронида, баъд дар хотираи худ сабт мекунад. Барои њамин мо оламро на дар он шакле, вуљуд дорад, балки дар он шакле дарк мекунем, ки онро тафаккури мо тасвир мекунад. Инсон барои озод шудан аз ин хидмати миёнаравии аќл илоље надорад ва наметавонад оламеро, ки новобаста аз инсон ва тафаккури ў худ ба худ ба таври объективона вуљуд дорад, бидуни миёнаравии аќл фањму дарк намояд.

Аммо нодурустии ин нуќтаи назари Кант дар раванди муосири инкишофи афкори фалсафї њарчи бештар собит шуда истодааст. Дар њаќиќат, барои инсон имконияти воќеї барои озод шудан аз тобеияти аќлу тафаккур вуљуд дорад. Чунин имконият дар заминаи фаъолияти азнавсозандаи инсон ва мањсули чунин фаъолият муњайё мешавад. Инсон ба тасаввуроти худ дар бораи олам такя карда, ашёњои моддиеро месозад, ки онњо на танњо дар тасаввуроти ў, балки дар олами беруна, дар радифи дигар чизњову равандњои олами объективї арзи вуљуд мекунанд. Чунончи, инсон телевизионро сохта истода, ба тасаввуроту донишњои муайян рољеъ ба ќувваи барќ, анвои мухталифи мављњо ва нурафканињои электромагнитї, вижагињои идроки самъї (шунавої) ва басарї (бинишї), хосияти маводе, ки аз онњо ќисматњои гуногуни ин дастгоњи мураккаб тайёр карда мешавад ва дигар донишњо такя мекунад. Ин дастгоњ мањз бо шарофати ба моњияти њодисањои физикї, кимиёї, биологї ва ѓ. сарфањм рафтани инсон вазифаи худро иљро мекунад, яъне он садо медињад ва тасвир мекунад. Ба њамин тариќ, маълум мешавад, ки телевизион мањсули танњо тасаввуроту тахайюлоти инсон ё коркарди фикрї набуда, натиљаи ба моњияти ашёву њодисањои объективї сарфањм рафта тавонистани инсон низ мебошад.

Њамин тавр, зарур аст, ки ба чањор масъалаи асосии фалсафа, ки онњоро Кант зикр карда буд, боз як масъалаи дигар – масъала дар бораи хусусиятњои куллии њастии айнї илова карда шавад. Яъне, мундариљаи фалсафа аз маљмўи посухњо ба ин масоили панљгона фароњам меояд.

Фалсафа њамчун шакли олии фаъолияти маънавї дар љомеа вазифањои гуногунеро иљро мекунад, ки њар кадоми онњо барои такомули фарњанги башарї хеле муњим ва мубрам мебошанд. Ин вазифањо аз инњо иборатанд: вазифаи љањонбинї; вазифаи методологї; вазифаи маърифатї; вазифаи фикрї – назариявї, вазифаи интиќодї, вазифаи бањамоварї (интегратсионї); вазифаи иљтимої-таърихї; вазифаи арзишї; вазифаи ояндабинї.

Ба маљмўи принсипњои фалсафа – принсипи объективият, принсипи низомнокї, принсипи таърихї, принсипи мантиќї, принсипи герменевтикї ва ѓ. дохил мешаванд.

Аз љумлаи методњое, ки дар тўли инкишофи таърихии афкори фалсафї тарроњї шудаанд, методи диалектикї, методи метафизикї, методи догматикї, методи герменевтикї, методи эклектикиро зикр кардан мумкин аст. Алњол бояд таъкид намоем, ки методи диалектикї, ки бештар ба донишњои илмї такя дорад, аз методњои метафизикї, догматикї ва эклектикї тафовут дорад. Тавассути методи диалектикї воќеият, объектњо, падидањо ва равандњо дар таѓйирёбию инкишоф ва дар робитаю алоќамандї тањќиќ карда мешаванд. Чунин талабот дар методњои ѓайридиалектикї ба таври зарурї риоя карда намешаванд. Аз ин рў, методи диалектикї нисбат ба методњои ѓайридиалектикї дар тадќиќоти илмї бештар бартарият касб менамояд

Related posts

Сохтори умумии МЕЊ.

14umnet

Ғуриён — дуввумин давлати миллии тоҷикон

14umnet

Мафхуми шаъну шараф ва эътибори кори

14umnet

Leave a Comment

Login

X

Register