Маќсад ва вазифахои фан.

Табиатшиноси немик Эрнет Геккел бори нахуст соли 1866 истилоњи «экология» — ро пешнињод кардааст. Истилоњи экология аз калимаи юнони «ojcos — ойкос» — хона, манзил, бошишгоњ, љои зист ва «logos — логос» — илм, таълимот гирифта шуда, маънояш «илм дар бораи муњити зист» мебошад.

Солњои охир истилоњи экология ба маънои васеъ истифода шуда, онро барои ифодаи муњити носолим, инчунин љомеа, оила, маданияту фарњанг ва саломатии инсон, тозагї ва истењсолот низ ба кор мебаранд.

Фаннаи экология чист? Фанни экология илмест, ки муносибати организмњои зинда (растанињо, њайвонњо, микроорганизмњо) – ро аввалан байни худ, баъдан ба муњити сукунат ва дар охир мавќеи инсонро дар табиат меомўзад.

Экология чун илми мустаќил хеле љавон буда, дар асри XX ба вуљуд омадааст, вале омилњои таркиби асосии онро муайянкунанда аз давраи ќадим ба инсон маълуманд. Дар солњои охир зиёд шудани ањолии сайёра ва таъсири он ба муњит љамоаро водор месозад, ки масъалањои экологиро дар зиндагии рўзмарра ва њаёти минбаъдааш њаллу фасл намояд. Барои ќонеъ гардонидани талабот нисбат ба истифодаи обу њаво (оксиген) ва ѓизо инсон бояд сохт, шакл ва таркиби муњити табиатро донад, инчунин доир ба фаъолияти онњо маълумоти мукаммал пайдо кунад. Ин масъалањоро фанни экология меомўзад.

Фањмишњои асосии экологї

Экология њамчун фанни табиатшиносї организмњо ва муносибати онњоро ба муњит дар сатњњои гуногуни инкишоф меомўзад.

Тасаввур мекунем, кия гон намуди наботот ё њайвонот, ё фарде аз фардњо дар алоњидагї ва ё танњо умр ба сар мебарад. Ин фард зери таъсири муњити зист буда, таъсири онро њис хоњад кард ва дар ин њолат омили асосиро иќлим ташкил медињад. Маълум аст, ки ин ва ё он намуди растанї ё њайвонот на дар њама љой мерўяд, ё зиндагї карда пањн шуда метавонад, зеро рушди он ба иќлим, хок, об, њарорат ва ѓайра вобастагї дорад.

Таъсири омилњои гуногуни табиї ба њар як организми људогона (фардњо) ќисми аввали таркибии экологиро ташкил мекунад.

Ќисми дуюми экология аз популятсия (популус – аз калимаи лотинї халќ, ањолї) иборат аст, яъне дар ин ќисм фардњо дар њолати гурўњї љой дошта, масоњати аниќу муайянро ишѓол мекунанд ва ба як намуд мансубанд. Фардњо таъсири њамсояњоро њис намуда, ба афзоиш шурў мекунанд, ки ин аз њама муњит аст. Акнун таъсироти нав пайдо мешавад, ки он на танњо ба омезиши омилњои муњит ва ба фарди алоњида, балки ба гурўњњо, ивазшавии таркиб ва шумораашон низ таалуќ дорад.

Њаёт ва фаъолияти популятсия хеле мураккаб аст. Дар зери таъсири омилњои гуногун шумораи популятсия, таркиби сунусолї, пањншавї, љойгиршавиашон нисбат ба ваќт таѓйир меёбад. Баъзан чунин таѓйирёбии популятсияро ба хорабї меоварад. Масалан, аз њадди муайян зиёд шудани шумораи њашароти зараовар боиси кам шудани њосили растанињои кишоварзї мегардад ва баръакс, камшавии чунин намудњо, аз ќабили моњињо њайвонњои шикорї, ки инсон ччун ѓизо истифода мекунад, оварда мерасонад.

Дар табиат популятсияњо дар маљмўъ, якљоя зист дошта, яклухт фаъолият мекунанд, ки онро љамоа ва ё биосеноз (юнонї «био» — њаёт ва «кайнос, сеноз» — умумї, якљоя, љамоа) меноманд. Экологияи љамоа ќисми сеюми экология мебошад.

Маљмўи њамаи экосистемањои экологии сайёраи заминро дар миќёси се ќабати геосфера (литосфера, гидросфера, атмосфера), ки дар онњо организмњои зинда бо њам муносибат доранд ва бо њам пайвастанд ва системаи аз њама калони экологиро ташкил медињанд, биосфера (аз калимаи юнонии «био» — њаёт ва «сфера» — ќабат, кўра) меноманд. Дар биосфера инкишофи муносибати байни њамдигарии организмњои зинда дар алоќамандї бо муњит ба амал моеяд ва омўзиши биосфера ќисми аз њама мураккабтарини экология – экологияи глобалї (том, кулї) – ро ташкил медињад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *