Информатика Мақолаҳои Тоҷикӣ

МАЪЛУМОТИ УМУМӢ ОИД БА ФАННИ ИНФОРМАТИКА.

  1. Мафҳумиинформатсия ва равандҳои информатсионӣ.

Предмети омўзиши информатика информатсия ва тарзҳои қабул, коркард, нигоҳдорӣ, интиқол ва пешниҳоди он мебошад. Информатсия чист? Бешубҳа ҳар шахс тасаввуроти интуитивӣ дар бораи ин мафҳумро дорад. Аммо новобаста аз инкишофи босуръати фан, то ҳол ягон таърифи мақбули умумиилмии информатсия вуҷуд надорад. Дар адабиёт ва сарчашмаҳои гуногун таърифҳои ҳархела дида мешавад. Баъзе аз онҳоро дида мебароем:
Информатсия маълумот дар бораи олами иҳотакунанда мебошад, ки дараҷаи ахбор доштани одамро зиёд мекунад ва меъёри номаълумиро кам мекунад.

Таърифи дигар информатсия мафҳумҳои сигнал ва маълумотро мепайвандад. Сигнал ин таъсири байниҳамдигарии предметҳо бо ёрии майдонҳо, мавҷҳо, рўшноӣ ва ҳоказо мебошад. Сигналҳоро мо мебинем, мешунавем, ҳис мекунем, бо чашидани мазза ва бўидан мефаҳмем. Агар бо ягон тарз мо сигналҳоро ба қайд гирем (аксгирӣ, расмкашӣ, сабт дар лентаи магнитӣ, навиштан ва ғ.), он гоҳ онҳо ба маълумот табдил меёбанд. Агар маълумотро истифода барем, он ба информатсия табдил меёбад. Маълумот – ин натиҷаи мушоҳидаи объектҳо мебошад, ки бо ягон сабаб истифода нашуда, фақат нигоҳ дошта мешавад. Олами атрофамонро мо бо ёрии сигналҳо ҳис мекунем. Информатсия ин маълумоти истифодашаванда мебошад.
Информатсия ин маҳсули таъсири маълумот ва методҳои ба он мувофиқ мебошад. Якчанд намудҳои информатсияро фарқ мекунанд: матнӣ, ададӣ, графикӣ, садогӣ (аудио), аниматсионӣ, видео, ва фазогӣ.
Равандҳои информатсионӣ ин амалҳои қабул, коркард, нигоҳдорӣ, ҷустуҷў, баровардан ва фиристодани информатсия мебошад. Иштирок дар раванди информатсионӣ фарқияти олами зинда ва ғайризиндаро нишон медиҳад.

  1. Таърифи информатика

Информатика ин соҳаи фаъолияти инсон мебошад, ки бо иҷроиши равандҳои информатсионӣ бо воситаи компютер алоқаманд мебошад. Истилоҳи информатика аз калимаҳои информатсия ва автоматика ба вуҷуд омадааст. Калимаи автомат маънои худкор яъне иҷрокунанда бе иштироки одам мебошад.

Масъалаҳои асосии зеринро фанни информатика дида мебарояд:

  1. тадқиқи равандҳои информатсионӣ;
  2. коркарди технологияҳои навтарини информатсионӣ дар асоси истифодаи компютер ва шабакаҳо;
  3. ҳалли мушкилоти илмӣ ва муҳандисии сохтан ва татбиқи таъминоти аппаратию барномавии компютер;
  4. пешниҳоди методҳо ва воситаҳои тадқиқ ва ҳалли проблемаҳо бо ёрии компютер дар дигар соҳаҳои фаъолияти инсон (масалан ба соҳаи бонк ягон барномаи нави компютерӣ пешниҳод намудан мумкин аст).

Калимаи технология аз калимаи юнонии санъат, маҳорат ва малака, гирифта шуда, маънои тайёр кардани ашё –ро дорад. Яъне, агар хишт бо воситаи хоку об тайёр карда шавад, он гоҳ дар ин ҷо хоку об ашёи хом мебошад. Дар технологияи информатсионӣ ашёи хом ин маълумоту информатсия мебошад. Бо воситаи равандҳои информатсионӣ мо аз маълумоту информатсия барномаҳои компютерӣ, ҳуҷҷатҳо, прензентатсияҳо ва ѓайраҳоро тайёр мекунем.

  1. Компютер ҳамчун воситаи асосиитаҳлилу коркарди информатсия.

Компютер аз калимаи англисии computer — ҳисобкунак гирифта шудааст.

Компютерҳои аввалин барои ҳисобкунии маълумоти ададӣ сохта шуда буданд ва мошини электронии ҳисоббарор (МЭҲ) меномиданд. Лекин бо мурури замон онҳо универсалӣ (ҳамакора) шуданд ва барои коркарди намудҳои гуногуни информатсия ба монанди матнӣ, графикӣ, садогӣ, аниматсионӣ ва ғайра истифода мешаванд. Аз ин сабаб номи компютер моҳияти вазифаи мошинҳои замонавии информатсиониро ифода накарда, фақат гузаштаи таърихии онҳоро мефаҳмонад. Таърифи муосири он чунин аст: компютер ин воситаи техникии информатсионии ҳамакора (универсалӣ) мебошад, ки имконияти ба таври автоматӣ иҷро кардани равандҳои информатсиониро доро аст.

Наслҳо ва намудҳои компютер.

Дар таърихи техникаи ҳисоббарор панҷ наслҳои компютерҳоро фарқ мекунанд:
Насли якум солҳои 40 — 50-уми асри 20, дар асоси лампаҳои электронӣ сохта шудаанд, андозаашон калон, яктоаш 2-3 ҳуҷраро банд мекунад, суръати на он қадар баланди ҳисобкунӣ (то ҳазор амали арифметикӣ дар як сония), дар истифодабарӣ ноқулай (маълумот ва фармонҳоро бо коди дуӣ ворид намуда, натиҷаро низ ба ҳамин тарз мегирифтанд), эътимоднокии паст доштанд (мўҳлати хизмати лампаҳо кам буд), масалан ЭНИАК — ИМА.
Насли дуюм солҳои 50 — 60-ум, дар асоси асбобҳои нимноқилӣ (транзисторҳо ва диодҳо) сохта шудаанд. Андозаашон якчанд маротиба хурд шуда, суръати ҳисобашон даҳҳо маротиба афзуд, эътимоднокиашон баланд гардид. Аз ин сабаб ин компютерҳо дар ҳаҷми саноатӣ сериявӣ истеҳсол мешуданд, масалан БЭСМ – 6 — Иттиҳоди Шўравӣ.
Насли сеюм солҳои 60 — 70-ум, дар асоси схемаҳои калони интегралӣ (СКИ) сохта шудаанд (дар як асос даҳҳо ва садҳо ҳазор транзисторҳо ҷойгир мешавад). Маҳсулнокиашон нисбат ба насли дуюм даҳҳо маротиба афзуд (даҳҳо ва садҳо миллион амал дар як сония), эътимоднокиашон низ беҳтар гардид. Дар ин замон шабакаҳои компютерӣ сохта шуданд (шабакаи компютерӣ ин пайвастшавии якчанд компютерҳо мебошад), масалан IBM 360 — ИМА.
Насли чорум солҳои 70 — 80-ум, дар асоси схемаҳои бисёр калони интегралӣ (СБКИ) сохта шудаанд (дар як асос аз садҳо ҳазор то якчанд миллион транзисторҳо ҷойгир мешавад). Маҳсулнокиашон нисбат ба насли сеюм даҳҳо маротиба афзуд (якчанд миллиард амал дар як сония), эътимоднокиашон низ беҳтар гардид. Дар асоси СБКИ ба ғайр аз компютерҳои калон аввалин компютерҳои фардӣ (КФ) сохта шуданд. Дар ин замон шабакаҳои глобалии компютерӣ сохта шуданд (дар ҳудуди якчанд давлатҳо ва тамоми кураи Замин), масалан Grey — ИМА, Элбрус — Иттиҳоди Шўравӣ.
Насли панҷум солҳои 90-ум то замони ҳозира, компютерҳои интеллектуалӣ (фикркунанда), ки ба онҳо гузоштани масъала кифоя аст ва худашон алгоритми ҳал ва барномаи масъаларо тартиб дода, натиҷаашро мебароранд. Имконияти кор бо тарзҳои гуногуни фармонҳоро доранд (садогӣ, матнӣ, графикӣ, нурӣ ва ғайра). Ин гуна компютерҳо ҳоло дар марҳилаи тайёршавӣ мебошанд.

Бо маҳсулнокиашон чунин намудҳои компютерҳои замонавиро фарқ мекунанд:

  1. Суперкомпютерҳо.
  2. Компютерҳои калон.
  3. Компютерҳои касбӣ.
  4. Компютерҳои фардӣ.
  5. Компютерҳои шабакавӣ (нетбукҳо).
  6. Микропротсессорҳои гузошташуда (масалан дар автомобилҳо, телефонҳо ва ғ.)

Суперкомпютер ин пуриқтидортарин компютери замонавӣ буда, бо таъиноташон ҳамакора (универсалӣ) мешаванд. Ҳар яки онҳо ҷои садҳо ҳазор компютерҳои фардиро гирифта метавонанд ва дар муассисаҳои давлатӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, муассисаҳои калон, компютерҳои асосӣ (серверҳо) дар шабакаҳои информатсионӣ истифода мешаванд.

Агар дар асоси ягон суперкомпютер компютерҳоро сериявӣ истеҳсол кунанд, компютерҳои калон номида мешаванд. Онҳо ҳамакора ё махсус гардонидашуда мешаванд.

Компютерҳои касбӣ дар соҳаҳои муайяни фаъолияти инсон ба монанди тиб, тадқиқоти илмӣ, муҳандисӣ, санъат ва ғайра истифода мешаванд. Компютерҳои фардӣ ҳамакора буда, қариб дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон истифода мешаванд. Компютерҳои шабакавӣ монанди компютерҳои фардӣ буда, асосан имконияти кор бо шабакаро доранд. Микропротсессорҳои гузошташуда дар ҳамаи воситаҳои техникии муосир ба монанди автомобил, трактор, кондитсионер, яхдон ва ѓайра насб гашта, имконияти баъзеашон ба компютери фардӣ хеле наздик шудааст. Масалан телефонҳои мобилии замонавиро смартфон меноманд, ки имконияти баъзеашон ба нетбукҳо ва ноутбукҳо наздик шудааст. Планшет ин компютери шабакавӣ буда, дар асоси смартфон сохта шудааст.

Истифодабарандагони оддӣ асосан бо компютерҳои фардӣ сару кор доранд. Аз ин сабаб онҳоро пурратар дида мебароем.

Компютерҳои фардӣ (КФ) чунин намудҳо доранд:

  1. Рўимизӣ
  2. Дастӣ (ноутбук)
  3. Кисагӣ

КФ-и рўимизӣ чунин афзалиятҳо дорад: қулай будани истифодабарӣ аз ҳисоби калон будани экран, клавиатура ва муш, арзон будани нархаш, имконияти модернизатсия (замонавӣ) кардан (илова намудани таҷҳизот, иваз кардани як таҷҳизот ба дигараш). Камбудиҳояш: ҳатмӣ будани мавҷудияти ҷои кории алоҳида, ҳатмӣ будани манбаи барқ, истифодаи воситаҳои иловагӣ ба монанди пилот (пайвасткунаки нуқтаҳои зиёди барқ), стабилизатор ва манбаи қатънашавандаи барқ.

КФ-и дастӣ (ноутбук) чунин афзалиятҳо дорад: имконияти истифодабарӣ дар ҷойҳои ҷои кории алоҳида надошта, аз ҳисоби доштани аккумулятор дар муддати аз 4 то 10 соат дар режими автономӣ кор кардан, имконияти истифодабарӣ бо пайвастани экран, клавиатура ва муши калон. Камбудиҳояш: ноқулай будани истифодабарӣ аз ҳисоби хурд будани клавиатура, экран ва надоштани муш, гаронии нархаш, маҳдуд будани имконияти модернизатсиякунӣ.

КФ-и кисагӣ 8-10 сол пештар хеле паҳн шуда буданд ва ба сифати дафтарчаи хотиротии электронӣ истифода мешуд. Ҳоло бисёртар ба ин мақсад смартфонҳоро истифода мебаранд.

Related posts

​Муносибатхои кишоварзи, мохият ва хусусиятхои он

14umnet

НИЗОМИ ҲИСОБУ КИТОБ ДАР БОНКҲО

14umnet

Кобилияти карздоркунии карзгиранда

14umnet

Leave a Comment

Login

X

Register