Информатика Мақолаҳои Тоҷикӣ

МАЪЛУМОТИ УМУМИ ОИД БА ҶАДВАЛИ ЭЛЕКТРОНИИ MS EXCEL.

Барои нигоҳ доштани қиматҳо одатан ҷадвалҳо истифода мешаванд. Имкониятҳои технологияҳои компютерӣ самаранокии истифодабарии ҷадвалҳоро якчанд маротиба зиёд менамоянд. Зеро қиматҳо дар ҷадвалҳои электронӣ натанҳо нигоҳ дошта мешаванд, балки имконияти коркарди онҳо низ пешбинӣ шудааст. Барномаҳое, ки барои чунин амалиётҳо истифода мешаванд – протсессорҳои ҷадвалӣ ё ҷадвалҳои электронӣ номида мешаванд, синфи барномаҳое, ки барои коркарди ҷадвалҳо пешбинӣ карда шудааст.

Ақидаи сохтани ҷадвалҳои электронӣ соли 1979 ба донишҷўи Донишгоҳи Гарвардски ИМА Ден Бринклин мансуб аст. Вай бо ҳамроҳии рафиқаш Боб Франкстон, ки ба барномасозӣ сарфаҳм мерафтанд, ҳисобкуниҳои дилгиркунандаи характери иқтисода доштаро бо ёрии китобҳои иқтисодӣ иҷро карда якумин барномаи ҷадвали электрониро кор карда баромаданд, ки VisiCalc ном ниҳода буданд. Сонитар ҷадвали электоронии Lotus пайдо гашт. Соли 1987 протсессори ҷадвалии Excel пайдо шуд. Омўзиш ва кор бо он осонтар аст.

Барномаи MS Excel – воситаи тавоно ва дар истифодабарӣ оддии коркарди ҷадвалҳои электронӣ мебошад. Протсессори ҷадвалӣ барои ҳалли доираи васеи масъалаҳои иқтисодӣ, муҳосиботӣ, илмӣ-техникӣ, ҳисобгирӣ-оморӣ ва дигар масъалаҳо, ки дар онҳо иттилооти ададӣ, матнӣ ё графикӣ бо тартиби такроршавандаи муайян дар ҷадвал инъикос ёфтаанд, пешбинӣ шудааст.

Ҳуҷҷати excel гуфта файл бо номи ихтиёрӣ ва фарохии .xls-ро мефаҳманд.

Бо ёрии протсессори ҷадвалии MS Excel автоматикунонии коркарди чунин масъалаҳои мушаххас имконпазир аст:

  • коркарди автоматикии қиматҳои алоқаманд;
  • коркарди базаи қиматҳои оддӣ;
  • тартибдиҳии диаграммаҳо ва графикҳо;
  • автоматикунонии ҳисобкуниҳои натиҷавӣ;
  • тавассути истифодабарии функсияҳои мувофиқ автоматикунонии амалиётҳои математикӣ, оморӣ, мантиқӣ, молиявӣ ва матнӣ;
  • омода намудани ҳуҷҷатҳои ҷадвалӣ.

Дохилкунии информатсия ба ҷадвали электронӣ.

Ҳангоми кор бо MS EXCEL принсипи «он чӣ, ки мебинед, ҳамонро мегиред» ё бо забони англисӣ WYSIWYG (What You See Is What You Get), риоя карда мешавад.

Кор бо қиматҳои дилхоҳ барномаи бастаи Microsoft Office интихоб (ҷудо) намудани онҳоро талаб менамояд. Чунин амалро ҷудокунии қиматҳо низ меноманд.

Китобои корӣва варақаҳои корӣ.

Ҳангоми ба кор даровардани барномаи MS Excel тиреза кушода мешавад, ки мазмуни китоби нави қарорӣ ифода менамояд.
Китоби корӣ – ҳуҷҷати бисёрзинаи Excel мебошад. Ҳар як варақаи китоби корӣ варақаи корӣ номида мешавад ва варақаи фаъол дар тирезаи ҳуҷҷат акс меёбад. Дар тарафи чопи хатти горизонталӣ тамға тугмачаи прокрутка барои азназаргузоронии онҳо ҷой дода шудааст.

Ҳар як варақи корӣ аз сутун, сатр ва ячейкаҳо иборат буда, онҳо ба хатти ҷудокунанда аз ҳамҷудо карда шудааст.

Сутуни якум – сутуни А ҳарфи А дар ибтидои он ишора шудааст. Қисмҳои горизонталӣ сатро – сахифабандӣ шудааст. ҳар як варақаи кории MS Excel 2003 аз 256 сутун (аз А то 4) ва 65536 сатр ҷудо шудааст, ки барои ирсоли ададҳо майдони калон ҷудо шудааст.
Ячейка – ин соҳаест, ки дар натиҷаи буриши сатр ва сутун ҳосил мегардад. ар як ячейка адреси худро дорад, ки фақат ба ҳамин ячейка марбут аст. Масалан, ячейкаи кунҷи чапи боло, варақаи корӣ ки дар он матни «Ведомости ҷамбастӣ» (Сводная ведомост) ҷойгир аст. Адреси А1 – ро дорад. Гарчанде ба назар мерасад, ки қисми матн ба сутуни В1 мегузарад, вале он дар сутуни А1 ҷойгир буда, адреси А1 мебошад.

Related posts

Тоҷикон дар ҳайати давлатҳои Қарохониён ва Ғазнавиён

14umnet

Ҳоқонии Турк ва афзудани нуфузи он дар Осиёи Миёна

14umnet

Ташкили давлати Темуриёни Хинд

14umnet

Leave a Comment

Login

X

Register