​Мавќеи илми фархангшиноси дар омўзиши маданият

Гарчанде ки объекти тадќиќоти фархангшиносимаълум аст, лекин мавќеи он дар омўзиши маданият на он ќадар аён аст. Маданият дар як ваќт мавзўи бахси таърих, фалсафа, педагогика, психология, этнография ва дигар фанхо мебошад. Оё илми фархангшиноси нисбати омўзиши маданият мавќеи хешро дорад?

Яке аз хусусияти мухим ва махсуси ин илм иборат аз он аст, ки дар он гузориш ва халли масъалахо хусусияти серпахлў дорад, аз он љумла таърихию фалсафї, ахлоќию эстетикї, иљтимоию сиёсива ѓайра. Кулли тасаввурот, аќидахо ба илми таърих такя мекунанд ва аз маводи таърих сарчашма мегиранд. Лекин аз илми таърих бо куллифарќ мекунанд, зеро аз мавќеи илми мазкур ба гузашта фаќат аз диди таърих назар кардан басанда нест. Чун худи хамин илм аз таќозои тадќиќи маданият дар дараљаи баркамоли интеллектуали(яъне фалсафї) пайдо шудааст. Агар ин илмро фалсафаи маданият номем хам хато намекунем. Дар ин љо ба назари мо умуман мавќеи хоси таърих ва фалсафаро дар омўзиши гузашта аниќ кардан айни муддаост. Оид ба ин ва дигар масъалахои назариявии фалсафаи маданият олимони ин соха Библер В. С., Злебин Н. С., Маркорян Э. С., Межуев В. М. ва дигарон асархои бисёре навишта, масъалахои методологии фалсафаи маданиятро инъикос намудаанд. Аз ин рў, бамаврид аст, ки баъзе андешахои файласуфи рус В. М. Межуевро ба тариќи фишурда баён намоем. Ў мегўяд, ки «омўзиши таърихинисбати гузашта пеш аз хама ба он равона карда шудааст, ки симои нотакрори даврахои таърихибо тамоми љузъиёташ барќарор карда шавад. Омўзиши фалсафаи гузашта (маданият) аз кўшиши эљодкоронаи тафаккури инсони имрўза сар мезанад. Фахмидани гузашта барои файласуф ба он хотир лозим аст, ки дар батни он љанинхои замони мо, маданияти муосир нихон аст, решахои маданияти муосир аз махсул ва фаъолияти наслхои гузашта ѓизо гирифтаанд».

Љихати дигари фарќкунандаи ин илм он аст, ки дар вай маводи мушаххаси таърихитавзехоти васеи назариявимегирад.

Дар он маводи гуногуни эљодиёти бадеї, санъати меъморї, хайкалтарошї, ороиши амалї, мусиќа, театр, кино, санъати тасвирї, афкори этикива эстетикї, хамчунин асноди сиёсию иљтимоимавриди тахлил ќарор мегиранд.

Мураккабии муайян намудани вазифаи илми фархангшиносиаз он сар мешавад, ки дар омўзиши маданият хам таърих ва хам фалсафа иштирок мекунанд ва дар он тафаккури мушаххаси таърихива муљаррахи (абстракти) фалсафиба тариќи махсус васл мегарданд. Фархангшиносиафзалияти ин ё он намуди санъатро дар таърихи мадании халќхои љахон (аз он xумла халќи тољик) ин ё он образхои бадеиро аз нуќтаи назари вобастагии он аз шароити таърихї, сиёсї, маишива xуѓрофї, ки дар он субъект-эљодкор сукунат дошт, бояд муайян кунад.

Хамин тавр, омўзиши фанни фархангшиносиро ба таври мушаххас чунин муайян кардан мумкин аст: Маданиятшиносиилм дар бораи ќонунияти умдаи раванди таърихива фархангї, дар бораи таърихи дастовардхои беназири мадании халќхо ва кишвархои дунё аз даврахои ќадим то замони муосир.Агар боз аниќтар гўем, маданиятшиносиилмест, ки ба таври назариявимохият, сохт ва маќоми маданиятро хамчун ходисаи љамъиятимуайян мекунад, тавассути тафаккури таърихию фалсафива дар дараљаи хеле баланди интеллектуалимаданияти халќу миллатхои љахонро аз даврахои ќадим то замони муосир меомўзад, маънива ахамияти хосаи маданияти алохидаро дар доираи маданияти љахонимуайян менамояд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *