Мақолаҳои Тоҷикӣ Молия ва қарз

Моҳият ва вазифаҳои молия дар шароити иқтисодиёти бозоргонӣ

Нақша:

  • Мафҳуми молия.
  • Манбаҳои молиявӣ.
  • Вазифаҳои молия.

Мафҳуми молия

Пайдоиш ва амал намудани молия ба таври объективӣ бо қонунҳои инкишофи ҷамъиятӣ муайян карда мешавад, ки ба он дар зиннаи муайяни мавҷудият соҳаи махсуси муносибатҳои тақсимотӣ зарур шуд, ки қонеъгардонии болосохти сиёсиро ба воситаҳои пулӣ таъмин намояд. Таърихан молия дар давраи пойдоршавии муносибатҳои молию – пулӣ ва пайдоиши давлат ба миён омад.

Истилоҳи «Молия» (аз калимаи лотинии financia – даромад, нақдина гирифта шудааст) аввалин маротиба дар қарни ХII дар шаҳрҳои Италия (Генуя, Венетсия, Флоренсия ва ғайраҳо) истифода шуда, ки дар онҳо пештар капитали савдогарӣ инкишоф ёфта, онҳо марказҳои калони савдоӣ, ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ ва фаолияти бонкӣ ба ҳисоб мерафтанд. Молия дар аввал ҳама намуди пардохти пулиро ифода мекард. Дар оянда (асрҳои XVI — XVII) истиллоҳи «Молия» дар миқёси байналхалқӣ паҳн гардид ва ҳамчун мафҳуми бо муносибатҳои пулии байни аҳолӣ ва давлат оид ба таъсисёбии фондҳои воситаҳои пули давлатӣ алоқамандбуда истифода шуд.

Дар шароитҳои иқтисоди бозории муосир, вақте ки муносибатҳои молию – пулӣ характери умумӣ пайдо намудаанд, низоми ҳаматарафаи муносибатҳои гуногуни молиявӣ байни ҳама субъектони ҳаёти хоҷагидорӣ (давлат, корхона, хоҷагиҳои хонавода) таъсис ёфтанд. Дар замони ҳозира молия ба яке аз фишангҳои асосии таъсиррасонӣ ба ҷараёни такрористеҳсоли ҷамъиятӣ мубаддал шуд, аз он ҷумла такрористеҳсоли неъматҳои моддӣ ва ғайримоддӣ, қувваи корӣ, муносибатҳои истеҳсолӣ ва инчунин тақсим ва азнавтақсимкунии маҳсулоти умумии дохилӣ байни ҳама субъектони муносибатҳои иқтисодӣ. Молия ба инкишофи институтҳои бозорӣ, ноилгардии самаранокии иқтисодӣ ва адолати иҷтимоӣ, азнавтақсимкунии захираҳо ба соҳаи иҷтимоӣ ва соҳаи хоҷагиҳои хонавода, ҳавасмандгардонии фаъолнокии корхонаҳо, мукаммалгардонии низоми бонкӣ ва инчунин ба глобализатсияишавии муносибатҳои иқтисодӣ ва таъсисёбии бозорҳои байналхалқии капитал мусоидат менамояд.

Молия ҳамеша шакли ифодаи пулӣ дошта, раванди гардиши пул ва гардиши боигариҳои маблағгузоришавандаро, (ки дар баъзе мавридҳо пулро иваз менамояд: қоғазҳои қиматнок, санг ва филизоти қиматбаҳо, объектҳои маблағгузорӣ) ифода мекунанд.

Зери мафҳуми молия тамоми тадбир ва андешаҳои субъектҳои иқтисодӣ оид ба ташкил ва истифодаи фондҳои пули таъиноти хосдошта, ки дар мавриди тақсим ва азнавтақсимкунии маҷмўаи маҳсулоти миллӣ ва даромадӣ миллӣ ба вуҷуд меоянд, фаҳмида мешаванд.

Молия дар асоси муносибатҳои пулӣ сурат мегирад. Дар навбати худ пул, воситаҳои пулӣ ва фонди пулӣ аз ҳамдигар фарқ доранд. Пул эквиваленти умумии ҳамаи молҳо буда, моҳияти он дар асоси иҷрои вазифаҳояш зоҳир мегардад.

Дар аснои фурўхтан ва харидани моли тайёр аз ҷониби соҳибкор М-П ва П-М, пул на ба сифати муносибатҳои молиявӣ, балки муносибатҳои пулӣ баромад мекунад. Бояд гуфт, ки аз рўи хусусияти ба вуҷудои молия дар асоси муносибатҳои пулӣ ба вуҷуд меояд, аммо на ҳамаи муносибатҳои пулӣ муносибатҳои молиявӣ шуда метавонанд. Молия ифодагари муносибатҳои пулӣ нисбат ба гирдгардиши пул буда, бе муносибатҳои пулӣ ҷой дошта наметавонад, вале молия ва пул як чиз нестанд.

Молия муносибатҳоеро ифода менамояд, ки онҳо ҳамеша шакли пулӣ доранд. Молия бе пул вуҷуд дошта наметавонад.

Молия ҳамчун мафҳуми иқтисодӣ муносибатҳои тақсим ва азнавтақсимкунии маҷмўаи маҳсулоти миллиро ифода намуда, муносибатҳои мубодилавии экивалентиро ифода мекунад.

Тақсиму азнавтақсимшавии арзиш бо ёрии молия, ҳатман, бо гардиши пул анҷом ёфта, шакли манбаҳои молиявиро мегирад. Аз ин ҷиҳат захираҳои молиявӣ ифодагари муносибатҳои молиявӣ мегарданд.

Муносибатҳои молиявӣ ҳамеша бо ташкили даромадҳои пулӣ ва андўхт, ки шакли захираҳои молиявиро доранд, бунёд мегарданд ва онҳо барои ҳамаи низомҳои иқтисодӣ хос мебошанд.

Ташкил ва истифодаи фондҳои пули таъиноти хос дошта таносуби муайянеро дар корхонаҳо ва умуман иқтисодиёт фароҳам меорад, ки яке аз аломатҳои молия ба ҳисоб меравад.

Моҳияти молия бо воситаи мафҳумҳои даромад, фоида, даромаднокӣ, арзиши аслӣ, воситаҳои асосию гардон, истеҳлок, зарар ва ғайра зоҳир мегардад.

Фоида ва даромаднокӣ вазъ ва ҳолати молиявии воҳидҳои иқтисодиро нишон медиҳанд. Арзиши аслӣ ва меъёри он ба ҳаҷми фоидаи соҳибкор таъсир мерасонад. Ҳолати истифодаи воситаҳои асосию гардон суръати гардиши онҳо ба дараҷаи пардохтпазирии ширкат таъсир мерасонанд. Аз ин рў (дар асоси гуфтаҳои боло) молияро чунин таъриф додан мумкин аст:
Тамоми шаклу усулҳои муносибатҳо оиди ташкил ва истифодабарии фондҳои пулии таъиноти махсус, ки барои таъмини такрористеҳсол ва талаботи давлат зарур буда, дар натиҷаи тақсим ва азнавтақсимкунии маҷмўаи маҳсулоти миллӣ ба вуҷуд меоянд, молия ном доранд.

Молия муносибатҳои пулиро ифода мекунад, ки байни чунин субъектони хоҷагидорӣ ба миён меояд:

  • байни корхонаҳо, дар ҷараёни ба дастории арзишҳои молию – моддӣ, фурўши маҳсулот ва хизматрасонӣ;
  • байни корхонаҳо ва ташкилотҳои болоистода ҳангоми таъсисдиҳии фондҳои мутамаркази воситаҳои пулӣ ва тақсимоти онҳо;
  • байни давлат ва шаҳрвандон ҳангоми пардохти андозҳо ва пардохтҳои ихтиёрӣ;
  • байни корхонаҳо, шаҳрвандон ва фондҳои ғайрибуҷетӣ ҳангоми гузаронидани пардохтҳо ва бадастории захираҳо;
  • байни зиннаҳои алоҳидаи низоми буҷетӣ;
  • байни органҳои суғуртакунии амволӣ ва шахсӣ, корхонаҳо ва аҳолӣ ҳангоми пардохти аъзоҳаққии суғуртавӣ ва рўйпўшкунии зарарҳо.

2. Манбаҳои молиявӣ

Зери мафҳуми манбаҳои молиявӣ тамоми фондҳои пулию сарвати таъиноти хосдошта, ки дар ихтиёри шахсони ҳуқуқию воқеӣ қарор доранд ва имконияти амалисозии муносибатҳои иқтисодиро таъмин менамоянд, фаҳмида мешаванд.

Ҳаҷми манбаҳои молиявӣ ба миқдори миёнаи солонаи гардиши фондҳо ва давраҳои силсилаи такрористеҳсол мутаносиби роста буда, ба ҳодисаҳои ғайричашмдошти бавуқўпайваста мутаносиби чаппа аст.

Манбаҳои молиявӣ новобаста аз сатҳи фарогирии доираи амал (микро ва ё макро иқтисод) аз рўи хусусияти бавуҷудои ба манбаҳои худӣ, сафарбаркардашуда ва маҳсули азнавтақсим ҷудо мешаванд.

Манбаҳои молиявии худӣ дар сатҳҳои микро амалкунанда аз фоида, маблағи фонди истеҳлок, музди кор, даромади хоҷагии хонагӣ, дар сатҳи макро аз маблағи даромади буҷет, аз даромади корхонаҳои давлатӣ ва маблағҳое, ки аз ғайридавлатигардонию муносибатҳои иқтисодии хориҷӣ ба миён омадаанд, ташкил меёбанд.

Манбаҳои молиявие, ки бозори молиявӣ сафарбар менамояд, барои сатҳи микро бо воситаи хариду фурўши қоғазҳои қиматнок, қарзҳое, ки институтҳои молиявӣ додаанд, барои сатҳи макро бошад бо интишори пулу қоғазҳои қиматнок ва қарзи давлатӣ таъмин мегардад.

Манбаҳои молиявие, ки дар дар натиҷаи азнавтақсимкунӣ ба ихтиёри соҳибкорон дар сатҳи микро ба миён меояд, аз фоиз ва дивиденди қоғазҳои қиматонки аз дигарон харидашуда ва дар сатҳи макро бошад, аз пардохтҳои ҳатмӣ (андозу пардохтҳо ва боҷу хироҷ) ташкил меёбанд. Рафти тараққиёту пешрафти истеҳсоли ҷамъияӣ исбот менамояд, ки ҳалли мушкилоти маҳдудияти захираҳои молиявӣ сабаби марказияти сармоя мегардад.

Дар шароити ҳозира на танҳо инҳисорӣ кардану байналхалқӣ намудани сармоя, балки дар миқёси ҷаҳонӣ мабаъҳои молиявӣ муташаккилона ҷамоварӣ шуда, барои давлатҳои инкишофёфта воситаи ҳаллу фоидаорӣ гардида истодааст.

Нишондиҳандаҳое, ки бо манбаҳои молиявӣ таъмин будани соҳибкоронро нишонн медиҳад, пардохтпазирию қобилияти ҳисоббаробарнамоии онҳо ва ҳолати Z-ҳисоб мебошад.

3. Вазифаҳои молия

Вазифа (функсия) аслан калимаи лотинӣ (Funcsia) буда, маънои иҷро кардан, ё амал намуданро ифода мекунад.

Моҳияти молия ҳамчун категорияи иқтисодӣ дар вазифаҳои иҷромекардаи он ифода меёбад. Вазифаҳои молия гуфта кори иҷро мекардаи онро дар назар доранд. Дар адабиёти иқтисодӣ оид ба миқдор ва таркиби вазифаҳои молия ақидаи ягона вуҷуд надорад. Одатан чунин вазифаҳои молияро ба монанди таъмини ҷараёни такрористеҳсолот бо воситаҳои пулӣ, вазифаи ҳавасмандгардонӣ, тақсимотӣ, танзимунӣ, назоратӣ, вазифаи таъсисдиҳии даромадҳои пулӣ ва ғайраҳоро аз ҳам ҷудо мекунанд.

Вазифаи тақсимотӣ воситаи татбиқи таъиноти ҷамъиятии молия буда, ҳар як субъекти хоҷагиро бо захираҳои молиявии таъиноти истифодабарии алоҳидаи мустақил ва даромадҳо таъмин менамояд.

Андозҳо ва пардохтҳое, ки субъектҳои хоҷагӣ ба буҷет мегузаронанд, ифодагари муносибатҳои тақсимотианд. Бо ёрии буҷет азнавтақсимкунии маҷмўаи маҳсулоти миллӣ ташкил карда мешавад. Маблағи даромади буҷет барои маблағгузории соҳаҳои иқтисодиёт хароҷоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ мудофиа ва идора истифода мешавад. Маблағҳо баъд аз тақсим шудан бояд мувофиқи таъиноташон мустақилона истифода шаванд.

Гардиши фондҳои пулӣ танҳо бо ёрии тақсиму азнавтақсим таъмин карда мешаванд. Вазифаи назоратии молия дар якҷоягӣ бо вазифаи тақсимотӣ ба амал бароварда мешавад.

Вазифаи назоратии молия дар соҳаҳои хоҷагии халқ ва зинаҳои ибтидоии он аз тарафи мутахассисони бахшҳои иқтисодӣ, шўбаи муҳосибот, шўбаи музди кору меҳнат, маркетингу менеҷмент ва ғайра ба роҳ монда мешавад. Бо ёрии назорати молиявӣ раванди муносибатҳои молиявӣ дар мавриди истеҳсол, тақсим, мубодила ва истеъмол таҳлил карда мешаванд. Асоси назорати молиявиро интизоми молиявӣ ташкил медиҳад.

Якҷоягии вазифаҳои тақсимотию назоратии молия воситаи ба амал баровардани танзими иқтисодиёт дар сатҳи микро ва макро иқтисодиёт мебошад. Дар ниҳоиди муносибатҳои молиявӣ вазифаи танзим табиатан ҷой дорад, ки онро вазифаи тақсим ба вуҷуд меорад.

Давлат нисбати танзими ҳолати молиявии субъектҳои хоҷагӣ бетараф буда наметавонад, ў бо ёрии муқаррар намудани низоми молиявӣ, истеҳлок, андоз, қарз, суғурта, имтиёз ва қарордодҳои маъмурӣ ба ҳолати иқтисодию молиявии онҳо таъсир мерасонад. Мавҷуд набудани чунин танзим ба фаровонии маҳсулот дар бозор, барзиёд тавлид ва ё камистеҳсолкунию муфлисшавӣ, рушд ва таназзули шаклҳои соҳибкорӣ сабаб шуда метавонад.
Вазифаҳои тақсим, назорат ва танзим дар маҷмўъ сабаби ба миён омадани вазифаи ҳавасмандгардонӣ мегарданд.

Давлат бо ёрии механизмҳои молиявӣ на танҳо танзим, балки ҳавасмандиро барои шахсони воқеӣ оид ба машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба вуҷуд оварда, истифодаи механизмҳои молиявиро ҳавасманд мегардонад, то ки ўҳдадориҳои худро нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба амал барорад.

Вазифаи ҳавасмандгардонии молиявӣ ва сатҳи истифодаи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи ақидаи мо то ҳол аз ҷиҳати илмӣ пурра асоснок карда нашудааст.

Related posts

Дарёи аз ҳама дарозтарини ҷаҳон.

14umnet

​Харочоти доими

14umnet

​Муносибатхои кишоварзи, мохият ва хусусиятхои он

14umnet

Leave a Comment

Login

X

Register