Мақолаҳои Тоҷикӣ Экология

Мухити зист ва таснифи экологии организмхо.

Мафхуми умуми оид ба мухит.

Аз фанњои табиатшиноси маълум аст, ки табиати зиндаи моро ињотакунанда аз организмњои гуногун иборат аст. Онњо сохт ва шаклњои макроскопиро доранд. Муайян шудааст, ки дар табиат олами њайвонот 1б5 миллион ва олами наботот ним миллион намудро ташкил медињад. Њар як организм дар табиат дар муњити ба худаш хос зиста, сабзиш ва инкишоф ёфта, дар љараёни эволютсионї такмил меёбад.

Муњит маљмуи омилњои табии аст, ки дар организмњои зинд. Њаро ињота кардааст, ба онњо робита ва ё бавосита доард, аниќтараш таъсири манфи ё мусбат мерасонад. Моддањо байни муњит ва организм дутарафа гардиш доранд: организм – муњит – организм. Мањз бо чунин роњ мувозинаи экологї ифода ва идома меёбад.

Дар табиат чор хел мављув аст, ки аз якдигар бо мављудоту шароитњои њаёти фарќ мекунанд: муњити обї, муњити хокї, муњити фазої ва муњите, ки худи организмњои зинда ташкил мекунанд, яъне муњити байнињамдигарї.

1.Муњити обї.

Об муњитеро ташкил мекунад, ки аввалин маротиба дар он њаёт пайдо шудааст. Бењуда нагуфтаанд, ки бе об њаёт нест. Њамаи организмњои обї новобаста аз тарзи њаёт, њама ваќт бояд ба таъсири муњити обї устувор ва мутобиќ бошад. Хосияти организмњо аз таркиби об, яъне зичї (ѓализї), гармї, ќобилияти њал кардани намакњо ва газњо вобастагї дорад.

Мављудоти зиёди хурдљуссае, ки ќобилияти тез шино карданро надоранд, камњаракатанд ва дар ри об ва ё ќабатњои болоии он ба таври муаллаќ фаъолият доранд, планктонњо номида мешаванд. Таркиби он аз обсабзњои хурди микроскопї, зочаи моњињо, медузањо, баъзе намудњои молюскњо иборатанд. Планктонњои обї вазифаи пањнкунї, тозакунї, ѓизои ва филтратсиониро полоиширо иљро мекунанд.

Вобаста ба зичї дар ќаъри об фишор меафзояд. Дар ин ќабатњои об организмњое зист доранд, ки фаъолона њаракат мекунанд ва онњоро нектонњо меноманд, ки ба онњо дохил мешаванд: нармбаданњо, моњињо, буѓумпойњо, обхокињо, белпойњо ва нањангњо.

Гуруњи дигари организмњои обї, ки бектосњо ном доранд, дар ќаъри об бењаракат ва ё ба ягон љисм часпида, ё зери лойќањо зиндагї мекунанд, инњо кораллњо кирмњо, рудаковокњо, баъзе баъзе намудњои буѓумпойњо ва нармбаданњо мебошанд.

Њамаи организмњое, ки дар об, яъне муњитї обї њаёту фаъолият доранд, гидробионтњо номида мешаванд.

2.Муњити фазої

Муњити фазои аз муњити обї бо он фарќ мекунад, ки дар таркиби он миќдори зиёди оксиген, рушної, њарорат ва ивазшавии он нисбат ба ваќт, фазо, пасту баландшавии фишори њаво, кам шудани намнокї љой дорад. Дар њаво, ки назар ба об зичии кам дорад, њаёти доимї мављуд нест. Бо вуљуди он дар фазо паррандањо парвоз мекунанд, њашарот, канањо, микроорганизмњо, тухм ва спораи растанињо ба воситаи шамол пањн мешаванд.

Дар њаёти организмњои муњити фазои омилњои дигари экологї, чун таркиби њаво, шамол, тарњ, манзара ањмияти калон доранд. Иќлим ва боду њаво низ истисно нестанд. Истиќоматкунандањои муњити обию хокї дар њар куљое, ки њаёт ба сар баранд, метавонанд ба он мутобиќ шаванд ва таѓйирёбии шароити њаворо ба осонї паси сар намоянд.

3.Хок чун муњити њаёт

Хок ќабати начандон ѓафси заминро (хушкиро) ташкил дода, дар натиљаи њаёту фаъолияти организмњои зинда пайдо шудааст. Ин муњити сегона мебошад. Хок аз љисмчањои сахт иборат буда, дар ќисмњои болоии он сурохињо мављуданд, к ибо обу њаво пур мешаванд. Вобаста ба ин дар хок организмњои хурди обї ва фазої зиндагї мекунанд. Махсусияти хок дар он аст, ки он аз сурохињои майда иборат аст, ки ба воситаи онњо оксиген гардиш карда, обро мегузаронад. Сурохињо дар хокњои нарм то 70 фоиз ва дар хокњои зичу ѓафс 20 фоизро ташкил мекунанд. Дар чунин хокњо миќдори зиёди организмњои хурди микроскопї: бактареяњо, замбуруѓњо, соддатаринњо, кирмњои њалќашакл, бандпойњо мављуданд. Њайвонњои каме калонтар дар зери хок барои худашон мустаќилона роњ мкушоянд. Растанињо то чуќурии 1,5 – 2 реша медавонанд, ки ин аломати аниќест барои муайян кардани чуќурии хок. Њаво дар ќабатњои хок аз миќдори ками оксиген иборат мебошанд.

Аломати асосии муњити хокї он аст, ки ба таркиби он мунтазам аз њисоби боќимондаи решањои фавтидаи растанињо ва барги онњо моддањои органикї дохил мегарданд ва барои бактерияњо, замбуруѓњо ва њайвонњои дигар чун манбаи энергия хизмат мерасонанд. Бинобар ин хок муњити аз њама муњими њаёти ба шумор меравад. Организмњоеро, ки дар хок зиндагї мекунанд, эдафобионтњо ва ё ки геобионтњо меноманд.

4.Муњити байнињамдигарии организмњо

Организмњои зинда дар муњити зист бо њамдигар муносибатњои гуногун доранд, ки дар байни онњо муфтхури (паразитизм) мавќеи аввалро ишѓол мекунад. Муфхури гуфта организме (намуд, фарде) – ро меноманд, ки дар тамоми њаёту фаъолияташ аз њисоби дигар организмњо ѓизо мегирад. Дар табиат ягон организми мустаќили бисёрњуљайрае мављуд нест, ки муфхури худашро надошта бошад. Муфтхурњо одатан дар бадани (танаи) хуљаин, ё дар њуљайра ва ё бофтаи он љой мегиранд. Баъзе муфтхурњо ба хуљаинњои худ фоида низ меоваранд. Масалан, њайвонњои кавшакунанда барои њазми ѓизо аз бактерияњо ва инфузорияњо, ки дар меъдаи онњо љойгиранд, истифода мебаранд. Аъзои њозимаи инсон бо ёрии микрофлораи фоидаовар фаъолият мекунад.

Муфтхурњоро вобаста ба фаъолият ва љойгиршавиашон дар оргнизми хуљаин ба ду гуруњ таќсим мекунанд:

1)муфтхурњои дарунї (кирмњои гуногун, соддатаринњо) – дар таркиби бадани хуљаин зиндагї мекунанд;

2)муфтхурњои берунї (шабушк, кайк, кана, зулук) – дар руи пусти бадани организмњо фаъолият доранд.

Related posts

​Нархи мубодилаи капиталӣ

14umnet

​Кратери вулқони калонтарин дар ҷаҳон.

14umnet

​Тараќќиёти касбу санъат ва сохахои мухими рўзгор

14umnet

Leave a Comment

Login

X

Register