​Муносибатхои кишоварзи, мохият ва хусусиятхои он

Мезоиќтисод аз вожаи лотинї гирифта шуда, маънои «баъд», «пас аз ё худ баъд аз» ягон њодисаро ифода мекунад. Вай, равиш ва сирати зуњурии њодиса, мазмун ва моњияти муттавасит(миёна)-и зернизоми иќтисоди миллиро инъикос менамояд.

Дар адабиёти кунунии иќтисодї ба сифати љанбањои муњимтарини мезоиќтисод инњо мавриди тањлил ва тањќиќ ќарор дода мешаванд: КАС (комплекси аграрию саноатї), КЊС (комплекси њарбию саноатї), иќтисодиёти сохтмон, савдо, наќлиёт, маориф, зерсохтор (инфраструктура)-и соњањои алоњидаи хољагии халќ, наќш ва маќоми онњо дар иќтисоди миллї (низоми иќтисодї), иќтисоди ноњия, шањр, соња ва ѓайра.

Аз сабаби мањдуд будани доираи тањќиќ мо фаќат ба яке аз унсурњои он — комплекси аграрию саноатї, махсусан, муносибат-њои кишоварзї бештар ањамият хоњем дод.

Соњаи кишоварзї аз давраи эњёи љомеаи инсонї то кунун дар њаёти љомеа наќш ва маќоми хоса дорад. Он сарчашмаи бо неъматњои истеъмолї ќонеъ гардондани талаботи инсон ва баланд бардоштани дараљаи бењбудии њаёти љомеа њисобида мешавад.

Соњаи кишоварзї њамчун узви пайвастаи иќтисоди миллї дар њамбастагї бо дигар соњањо (саноат, наќлиёт, савдо, сохтмон…) ба вуќўъ пайваста, ботадриљ ташаккул ва инкишоф меёбад.

Дар ташаккул ва тањаввули назарияи кишоварзї мутафаккирони зиёде сањмгузорї карда, муайян кардаанд, ки:

— дар соњаи зироаткорї ќонуни бартарии хољагињои калон нисбат ба хољагињои хурд амал мекунад. Афзалияти корхонањои калон дар дараљаи баланди таъмин будан бо техника, ташкили бењтарини агротехникаю агробизнес, сарфаи воситањои истењсолот, ташкили шакли ќу-лайтарини мењнату истењсолот, афзалият њангоми фурўш ва хариди мањсулот, воситањои истењсол ва гирифтани ќарз мушоњида карда мешавад;

— ќонуни тахсис (махсусгардонї) ва тамарказ(кон-сентратсия)-и истењсолот дар соњаи кишоварзї махсусияти худро дошта, доира ва њадду њудуди амали онњо дар ин соња нисбат ба саноат мањдуд мебошад;

— муносибатњои кишоварзї вобаста ба истифодаи замин њамљун объекти хољагидорї ва њамљун объекти моликият, ки мустаќиман дар муносибатњои рентавї таљассум меёбанд, дорои хусусиятњои хос мебошанд ва он њамчун муносибати байни субъектњои иќтисодї оиди истењсол, таќсим ва истифодаи даромад (рента) аз замин сурат мегирад;

— замин бидуни мењнат «бордор» шуда неъмат тавлид намекунад. Он ба худ хос ќиммат дошта, ба объекти мубодила табдил меёбад. Љисман мањдуд ва таљдиднашаванда мебошад;

— аз нигањи таърих, соњаи кишоварзї гарчанде соњаи сарнахуст дар њалќаи хољагии халќ ба шумор равад ва њазорсолањо пештар аз саноат эњё гардида бошад њам он нисбат ба охирон тамоюли аќибмонї дорад ва онро бо ду роњ, экстенсивї ва интенсивї пеш бурдан имконпазир мебошад;

— муносибатњои кишоварзї ва рентавї дар чорчўбаи муносибатњои хос, ќонуниятњои иќтисодї ва ќонуни асосии иќтисодии њар як низоми иќтисодї ва тарзу услуби истифодаи «дастаи њуќуќи» моликият ташкил карда мешавад;

— мењвари асосии тањрикдињандаи муносибатњои кишоварзиро манфиатњои иќтисодї ва фаъолияти соњибкорї ташкил медињад;

— муносибатњои кишоварзї тањти таъсири сиёсати иќтисодии давлат ќарор гирифта, рушд ва такмил меёбанд;

— кишоварзї фаъолияти худро дар асоси таваккалї ба роњ мемонад. Он на фаќат раванди таъсири табиат, балки вайрон шудани экология, ифлос шудани муњити зист ва зањролудшавии мањсулоту организми зиндаи инсонро низ дарбар мегирад.

Кунун муайян карда шудааст, ки тавлидоти кишоварзї дар асоси «дастњои ноайён», яъне ќонунњои иќтисодї амал мекунад. Дар ин бахш якўмин шуда ќонуни иќтисодии нодир зуњур меёбад. Дар воќеъ, сарчашмањои тавлидоти кишоварзї (замин, хусусан заминњои киштбоб) мањдуданд ва неъматњои иќтисодие, ки аз он бардошта мешаванд, низ мањдуд мебошанд. Аз ин љињат замин њамчун захираи иќтисодии мањдуд ва њамчун нодир ќадрши-носї карда мешавад. Дар ин њолат (њам мањдуд ва њам нодир будан) замин њамчун неъмати иќтисодї баромад мекунад.

Аз ин нуќтаи назар аз даврањои ќадим то рўзњои мо, инсон нисбат ба замин њамчун сарчашмаи ѓизодињанда ва бо ризќу рўзї таъминкунанда, бо нигоњи нек ва чашми хољагидорї муносибат мекунад. Љомеа вобаста ба њаљму меъёр ва мањсулнокии замин, имконияти захира кардани њаљми озуќаворї ва ќонеъ гардондани талаботи ањолиро ба эътибор мегирад. Дар њолати паст будани ќудрат ва нерўи истењсолоти кишоварзї, љомеа рў ба буруни мамлакат нињода, таќозои ќонеъ нагардидаи худро аз њисоби сарчашмањои беруна пурра мекунад. Аз ин нигоњ масъалаи пурра таъмин кардани ањолї бо озуќа ва мустаќилияти истиќлолияти њар як давлат ба њаљм ва дараљаи истењсолоти кишоварзї нигаронида мешавад.

Шояд аз њамин љињат бошад, ки љомеаи инсонї дар гузашта, то ќунун тарз ва услубњои мухталифи кишти замин, коркарду баланд бардоштани њосилхезии он, ташкили кору мењнат (кооперативонї, комбинаткунонї, махсусгардонї, тамарказ ва марказияти истењсолот), њамгироии соњањои кишоварзї (комплексњои кишоварзию саноатї, иттињодияњои байнихољагї) ва ѓайраро оиди истењсолу коркардабарории мањсулоти хољагии ќишлоќ истифода менамояд.

Худ аз худ истифода кардани замин, растанињову њайвонњо ба маќсади ќонеъ гардонидани талабот, њанўз маънои ташаккули муносибатњои иќтисоди(кишоварзи)-ро надорад. Ташаккули муносибатњои кишоварзї аз давраи таѓйир ва дигаргунсозии предметњои табиат (ѓун кардани ѓалладона, кишт кардану гирифтани њосил…) ва ба вуљуд омадани соњањои махсуси истењ-солоти љамъияти (заминдорї, чорводорї, њунармандї…) оѓоз ёфта, то ба дараљаи инкишофи индустриалии муосир расидааст. Љавњари пешбаранда ва њаракатдињандаи онро мењнати кормандони соњаи кишоварзї ташкил медињад. Мањз, ба туфайли мењнати кишоварзон љомеа имконият пайдо кард, ки на фаќат тухми растанињоро кўр-кўрона љамъоварї намояд, њайвонњоро ром карда ба сифати ќувваи кори истифода барад, балки тўли ќарнњо тарзу услуби кишту киштгардон, баланд бардоштани сифату ба вуљуд овардани навъњои нави онњо, мутобиќгардонї вобаста ба иќлим, ѓун кардану истифодаи таљрибањои пешќадамро оиди баланд бардоштани мањсулнокии зироати чорво истифода кунад.

Инсон тавонист бар зидди насозињову ноќисињои табиат истодагирї карда, вайронањоро обод, биёбонњоро обшор, дарёњоро банд, њаљм ва миќдори заминњои коршоямро афзун гардонад ва баробари ин тозагии муњити зистро нигоњ дорад.

Муносибатњои кишоварзї њамчун узви муњимтарини муносибатњои иќтисодї, аз љониби субъект ва агент(намоянда)-њои иќтисодї, оиди хусусиятњои «дастаи њуќуќ»-и моликият (истифода, ихтиёрдорї, азони худ ва соњибию идора кардани замин) сурат мегирад.

Дараља ва сатњи охирон, вобаста ба дараљаи пешрафту тараќќиёти ќуввањои истењсолкунанда, сирати рушди низомњои иќтисодї, ташаккули шаклњои хочагињои љамъиятї, умумигардонии истењсолоти љамъиятї ва шаклњои моликият њархела ташкил мегардад.

Муносибатњои кишоварзї аз нигањи тафриќабандии рушди низомњои иќтисодї бо хосиятњои хос ташкилу инкишоф меёбад.

Масалан, тибќи назардошти «иќтисоди сиёсии марксистї», дар давраи феодализм, замин ба заминдорон (феодалњо, бойњои заминдор…) тааллуќ дошта, муносибатњои байни ду синф — феодал (соњиби замин) ва дењкон (истифодабаранда, иљорагир) сурат мегирад.

Замин њамчун сарчашмаи ѓизодињандаи њам дењќон ва њам феодал хизмат мекунад. Он њамчун мояи асоситарини истисмори дењќон ба њисоб меравад. Порчаи (ќитъаи) замини дар ихти-ёри дењќон буда, такрористењсоли ќувваи кории он ва ќитъаи замини хўљаин — мањсулоти изофа ба вуљуд оварда, он аз љониби соњибони замин дар шакли рента азони худ карда мешавад.

Дар шароити капитализм муносибатњои аграрї дорои муносибатњои хос мебошанд. Замин њамчун омили истењсолот ва унсури муњимтарини захирањои иќтисодї, моликияти хусусї буда, ба заминдорони калон таалуќ дорад ва ба капиталистони иљорагир ба иљора дода мешавад. Дар ин асно њуќуќи соњибї ва истифодаи замин муваќќатан аз соњиби замин ба иљорагир гузашт карда мешавад. Замин њамчун мол ба объекти хариду фу-рўш табдил меёбад. Дењќон ва коргарони корхонањои кишо-варзї аз љониби соњибони замин ва капиталистони иљорагир истисмор карда мешавад. Дар ин љо замин њамчун объекти моликият ва њамчун объекти хољагидорї аз њам људо мегардад. Аз ин љињат монополия ба замин њамчун моликияти хусусї ва монополия ба замин — объекти хољагидорї ба миён меояд, ки онњо сабаби ба вуљуд омадани ду шакли рента — рентаи мутлаќ ва рентаи тафриќавї мегарданд. Барои капитализми томонополистї, асосан тафриќашавї ва хонахароб гардидану аз байн рафтани моликияти майдаи дењќонон ба замин ва табдил ёфтани онњо ба коргарони кироя хос мебошад. Муносибатњои аграрї дар шароити капитализми давлатии монополистї дорои хусусиятњои хос мебошад. Прогресси техникї бо таври оммавї ба муфлисшавии фирмањои хурд ва дењќонон оварда мерасонад. Дар хо-љагии ќишлоќ раванди тамарказ ва марказияти моликият ба замин ривољ меёбад. Охирон, торафт ба монополияњо тобеъ мегардад. Дар натиља муносибатњои аграрї таѓйир ёфта, дењќонон муфлис ва аз замин ронда мешаванд. Онњо ба коргарони кироя табдил меёбанд. Дар навбати худ ќисми зиёди заминњои бењта-рин ба дасти монополистони алоњида андўхта шуда, корхонањои калони кишоварзї, ки начандон вазни ќиёсии зиёде доранд, ќисми зиёди заминро доро буда, мањсулоти зиёди молї мебароранд ба вуљуд меоянд.

Бо боварии том метавон гуфт, ки барои муносибатњои кишоварзии капиталистї чунин хислатњо хос мебошанд:

— мављуд будани моликияти хусусї ба замин. Ќисми асосии замин дар ихтиёри заминдорони калон буда, онро ба капиталистони иљорагир ба иљора медињанд ва даромад (рента)-и ба вуљуд омадаро байни худ таќсим мекунанд;

— замин ба объекти хариду фурўш табдил ёфта, тањти таъсири омилњои гуногун (таќозо ва арзаи замин) ќарор мегирад;

— истисмор кардани дењќонон ва коргарони соњаи ки-шовар-зї аз љониби заминдорони калон ва капиталистони иљорагир;

— аз њам људо сохтани замин њамчун объекти моликият ва њамчун объекти хољагидорї ва дар ин асос ба вуљуд омадани ду шакли монополия: монополия ба замин њамчун объекти моликият ва монополия ба замин њамчун объекти хољагидорї, ки онњо сабаби ба вуљуд омадани ду шакли рента — рентаи мутлаќ ва рентаи тафриќавї мегарданд;

— тафриќшавї ва муфлис гаштани дењќонон, нест карда шудани моликияти майдаи дењќонї ба замин ва табдилсозии дењќонон ба коргари кироя;

— пурзўр ва амиќ гаштани раванди тахассус, тамарказ ва марказияти истењсолоти кишоварзї, њукмронии монополия ва олигополия дар соњаи КАС, ташаккули низоми хољагињои фер-мерї, кооперативњои хољагии ќишлоќ, ассотсиатсияњои дењќонї, ширкатњои сањњомї ва ѓайра;

Дар эњё ва ташаккули муносибатњои кишоварзї љањони сотсиализм истисно нест. Љумњурии Тољикистон, ки мањз ба шарофат ва туфайли ин љањон эњё ва густариш ёфтааст, њамчун љузъи муносибатњои истењсолии сотсиалистї дар ин љода сањми муайяне гузоштааст. Таърихи пайдоиш ва инкишофи муносибатњои кишоварзї дар Љумњурии Тољикистон њамчун таркиби ягонаи низоми иќтисодии Шўравї, аниќтараш Руссия ташкил ёфтааст.

Ба муносибатњои кишоварзии низоми амрї (сотсиалистї) чунин хислатњо хос мебошанд:

— нест кардани моликияти хусусї ва њама гуна шаклу намудњои он нисбат ба замин. Ба моликияти умумихалќї (давлатї) табдил додани замин;

— манъ шудани фурўши замин, нест кардани монополия ба замин њамчун объекти моликият (яъне рентаи мутлаќ);

— ба миён омадани шаклњои нави моликият ва намудњои хољагидорї: совхозњо, госхозњо, колхозњо, хољагињои шахсї, хољагињои наздињавлигї;

— вусъат ёфтани идора ва планкашии мутамарказ, аз марказ муайян карда шудани њаљм, таркиб, нарх, нормаю нормативњо, таќсими даромад, таъминоти воситањои истењсолот…;

— таи солњои аввал (то ибтидои солњои 1960) мављуд набудани њисоби хољагї, яъне мустаќилияти хољагидорї, худидораю худтаъминкунї, њавасмандии шахсї ва ѓайра.

Бояд тазаккур дод, ки дар ихтиёри корхонањои калони хоља-гии ќишлоќ ќисми зиёди нерўи (потенсиали) захирањо андўхта шуда буданд. Дар ихтиёри системаи давлатї дар СССР 98,4-фоизи њамаи заминњои корамшавандаи хољагии ќишлоќ, 97,1-фоизи киштзор, заминњои бекорхобида ва чарогоњ, 64-фоизи растанињои бисёрсола, 98-фоизи алафдаравї мављуд буд.

Дар амалияи хољагидорї байни корхонањои давлатї (совхоз, гозхоз, лесхоз) ва колхозњою кооперативњо фарќи куллие ву-људ надошт. Давлат нисбат ба колхозњо њукмронии иќтисодиро нигоњ дошта, тарзи хољагидории онро муайян мекард. Гарчанде маблаѓгузории зиёд ва фондѓунљоиши баланд вуљуд дошта бошад њам боздењи фонд ва њосилнокии мењнат хеле паст буд. Масалан, дар солњои 80-ўм мањсулнокии њар гектар замини дар ихтиёри хољагињои шахсї буда, нисбат ба заминњои совхоз — 29 ва колхоз — 13 маротиба баландтар буд. Ин таносубї дар зироат-корї — 22:1 ва дар соњаи чорводорї — 33:1- ро ташкил медод.

Муносибатњои кишоварзї, новобаста аз сират ва хусусият-њои фарќкунандаи худ, дар доираи низомњои мухталифи иќтисо-дї, таљдид(азнавтакрор, барќарор) карда мешаванд. Такрорис-тењсоли муносибатњои кишоварзї нисбат ба дигар соњањо хусусияти хоса дорад. Инњо чунинанд:

— дар хољагии ќишлоќ воситаи асосии истењсолот замин мебошад, ба сифати воситањои истењсолот дар ин љо растанї ва њайвонот истифода карда мешавад;

— њаљми барои кишту кор истифодашавандаи замин мањдуд ва ќисми манфиатноки он нисбатан васеъ мебошад. Аз ин сабаб ќувваи коргарї ва воситањои истењсолот дар доираи њамин замини мањдуд љойгиронда мешаванд, зарурат ба љойивазкунии воситањои истењсолот ба миён меояд. Масалан, дар Љумњурии Тољикистон 85-фоиз ањолї дар љойњои пастию њамвор ва 15-фоизи боќимонда дар мавзеъњои кўњї љойгиранд. 7-фоизи њам-ворие, ки дар сарзамини тољикон мављуд аст, пурра аз худ карда шуда, пур аз ањолї мебошад. Зичии ањолї дар ин минтаќањо 200-300 нафарро дар њар як км2 ташкил медињад. Ин раќамњо дар ноњия ва мавзеъњои кўњї ба 15-20 нафар ва вилояти Бадахшони Кўњї 4-5 нафар ба њар як км2 рост меояд;

— дар хољагии ќишлоќ омилњои иќтисодї ва омилњои табиї дар алоќамандї баромад мекунанд. Дар ин ягонагї наќш ва маќоми омилњои табии, яъне шароитњои табиию иќлим бартарї доранд. Масалан, иќлими Тољикистон континенталї буда, тобистон њаво то 50-дараља гарм ва зимистон то 50-дараља хунук мешавад;

— ба хољагии ќишлоќ сирати хосаи таќсими љамъиятии мењнат ва тахсиси истењсолот хос мебошад. Дар ин љо як ё ду соњаи асосие вуљуд дорад, ки бо дигар соњањо алоќаманд шуда, раванди ягонаи кишоварзиро ташкил медињад. Заминдорї ба соњањои алоњида таќсим нашуда, он барои тавлиди ин ё он намуди мањсулот махсус гардонда мешавад. Соњањои боќимонда бошанд вобаста ба хислат, наќш ва маќоми он фаъолияти худро ташкил ва мутобиќ месозанд;

— такрористењсол вобаста ба шаклњои моликият (колхоз, совхоз, ширкатњои сањњомї, рафиќона, кооперативњо, хољагињои дењќонї) њархела ташкил карда мешавад. Аз ин љињат дараљаи рушд ва болоравии соњаи кишоварзї бо таври мухталиф сурат мегирад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *