​Муносибатхои мехнати дар фирма

Мувофиќи ќонунгузорињо корхона барои риоя кардани манфиати љомеаву шањрвандон, ќонунњову њифзи муњити атроф, афзун гардондани боигарии корхонаю сарвати љамъият, баланд бардоштани самараи истењсолот ва оќилона истифода кардани захирањои мањдуди љомеа љавобгар мебошад.

Масъулият ва љавобгарии корхона њамчун ўњдадории корхона (нисбат ба коллектив, раќибон, љомеа, давлат…) зуњур меёбад. Фаъолияти корхона набояд шароити мўътадили кори дигар корхонањоро халалдор намояд, њаёти шањрвандонро озурдаю табоњ гардонад. Давлат ба ўњдадорињои корхона ва корхона ба ўњдадорињои давлат ва ташкилотњои болої љавобгар намебошад. Масъалањои иљтимоию иќтисодї, бањсу мунозира, муносибатњои мењнатї, шартномаю ќарордодњо (контрактњо ва ѓайра) мустаќиман бо иштироки коллективњои мењнатї, иттифоќи касаба ва маъмурият њаллу фасл карда мешаванд.

Коллективњои мењнатї, њамчун гурўњи одамон, ки дорои ќобилияти мењнатианд ва дар фаъолияти корхонањо (субъектњои иќтисодї) сањмгузоранд ташкил карда мешаванд.

Вазифаи асосии коллективњои мењнатї, бо харљи кам истењсол намудани молу хадамот, гирифтани даромад, таъмин намудани дараљаи баланди даромаднокии корхона, манфиати коргарон мебошад.

Ба зиммаи коллективњои мењнатї тањияи наќшњои кори корхона, ташкили кор, таљдиди техникаю технология, њаллу фасли шартномањо, хариду фурўши сањмияњо, воситањои истењ-солот (ѓайридавлатї ва хусусигардонии онњо), иштирок кардан дар идораи корхона, бењтар кардани шароити иљтимої, истироњат, маишат, интизоми мењнат ва ѓайра гузошта мешавад.

Коллективњои мењнатї, наќш ва маќоми он тибќи ќонуни Љумњурии Тољикистон дар бораи «Коллективњои мењнатї» муайян карда мешавад. Онњо бо якљоягї бо иттифоќи касаба дар ањду паймони шартномањо ва ќарордодњо бо мудирият иштирок мекунанд.

Дар таљрибаи давлатњои инкишофёфтаи Ѓарб, бо таври васеъ бастани шартномањои коллективї истифода карда мешавад. Шартномањои коллективї, њамчун амалиёти њуќуќї оиди танзими муносибатњои мењнатї, иљтимоию иќтисодї, профессионалии байни корфармову коргар дар фирмаву муассисањо ва ташкилотњо сурат мегирад.

Дар он ўњдадорињои дутарафа оиди низоми њосилнокии мењнат шакл ва меъёри он, ёрдампулию имтиёзњо, иловапулї, механизми танзими нарх њангоми пасту баланд шудани таваррум, давомнокии рўзи кор, ваќти истироњат, рухсатї, суѓуртаи тиббї ва иљтимої ва ѓайра инъикос карда мешавад.

Шартномањои коллективї ба мўњлати аз 1 то 3 сол, бо таври ихтиёрї тартиб дода мешавад. Он тибќи ќонуни Љумњурии Тољикистон дар бораи «Шартномаи коллективї» муайян карда мешавад.

Аксар ваќт шартномањои байни коллективу маъмурият дар шакли ќарордодњо (контрактњо) ба роњ монда мешавад. Ќарордод њуљљати њуќуќие мебошад, ки байни коргару соњиби корхона тибќи ќоидањои умумии дар корхона амалкунанда баста мешавад. Дар он ўњдадорињои дутарафа оиди иљрои кор, интизом, њаљми умумии кору музди он ва ѓайра нишон дода мешавад. Он ба мўњлати аз 1 то 3 ва аз он зиёдтар тартиб дода мешавад. Ќарордодњо, асосан тибќи аттестатсияњо сурат мегирад.

Новобаста ба мављуд будани норма ва меъёрњои муайянкунандаи њадду њудуди шартномањо(ќарордодњо)-и коллективї, онњо дар доираи њар як фирма, тибќи хусусиятњои инфиродии њар яке аз онњо, мушаххасан тањия карда мешаванд. Ќарордодњо тибќи аќидаи Макконнелл К.Р. ва Брю С.Л. чањор њавзаи асосиро дар бар мегирад: 1) њамчун расмият шинохтан ва эътироф кардани наќш ва маќоми иттифоќи касаба аз љониби маъмурият; 2) њаљми музди кор ва давомнокии рўзи кор; 3) стажи кор ва кафолати кор; 4) тарз ва услуби њаллу фасли бањсу мунозирањои мењнатї.

Њамчун расмият шинохтани иттифоќи касаба аз љониби мудирият бо роњњои зерин: ќабул кардани коргароне, ки фаќат аъзои иттифоќи касаба бошанд; касоне, ки аъзо набошанд дар як мўњлати муайян ба аъзогї дохил шаванд — амалї гардонда мешавад.

Дар амалия корхонањое, низ дучор мегарданд, ки бидуни иттифоќи касаба фаъолият мекунанд ё худ њангоми фаъолият ѓайр аз аъзоёни иттифоќи касаба, шахсони ба он аъзо набударо низ ба кор ќабул мекунанд. Маъмурият кўшиш ба харљ медињад, ки масъалањои умдаи фирма: ташкил ва истифодаи таљњизот, захира, материал, интизом, ќабул ва аз кор пеш кардани соњибихтисосон, баланд бардоштани ихтисоснокї ва ѓайраро мустаќил њал намояд ва дар ин раванд њамкории коллективро истифода намояд.

Њаљми музди кор ва давомнокии рўзи кор яке аз нишон-дињандањои муњимтарине мебошанд, ки коллективњои мењнатї њаллу фасли онро ба ўњдаи худ мегиранд. Охирон, дар чорчўбаи меъёрњои зерин: њаљми музди кор ва дар дигар љойњо; мављуд будани сарчашмаю имконияти пардохти он; арзиши њаёт, њо-силнокї ва ѓайра ба амал бароварда мешавад. Баробари ин набудани кафолат барои љои кор ва шуѓли доимї водор менамояд, ки коргарон муттањид шаванд ва барои ояндаи худ тањти сарбаладии иттифоќи касаба муборизаи худро ќавитар гардонанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *