Омилхои экологи. Биосфера. Тавсифи умумии биосфера.

Омилњои экологи чист?

Он унсурњои муњитиро, ки барои организмњо лозиманд ё ба онњо таъсири манфї мерасонад, омилњои экологї меноманд. Ба ибораи дигар, дар экология омил гуфта, маљўи њодисањои табиию сунъиро меноманд, ки бањаёту фаъолияти организмњо таъсир мерасонанд.

Тањлили омилњои гуногун нишон медињад, ки онњо ба се гурўњ таќсим мешаванд: абиотї, биотї ва антропогенї.

2.Омилњои абиотї (омилњои ѓайризинда)

Омилњои абиотї (аз калимаи юнони гирифташуда «а» — не, «био» — њаёт мебошад) маљмўи омилњои муњити ѓайриорганикии ба организм таъсиркунанда мебошанд ва вобаста ба таркибашон ба омилњои химиявї (таркиби химиявии њаво, обњои шўр ва ширин, хок боќимондањои тањшини замин) ва физикї (њарорат, фишор, омилњои абиотї ва тарњи замин (релеф), тавофути геологию иќлимї, ки таърихан дар њаёти олами зинда маќоми хосса доранд вобаста аст.

Ин омилњо хеле гуногунанд. Масалан, организмњои дашту биёбон њама ваќт муњтољи об, организмњои обї муњтољи миќдори муайяни оксигенї дар об њалшуда мебошад.

3.Омилњои биотї (омилњои зинда).

Омилњои биотї (аз калимаи юнонї «био» — њаёт мебошад) маљмўи таъсироти фаъолияти њаётии як организм нисбат ба организми дигар мебошад, ки дорои хосиятњои гуногунанд. Масалан, организми зинда метавонад чун ѓизо (растани барои њаёвон, њайвон барои дигар њайвонњо дар), муњити зист (хўљаин барои муфтхўр, растанињои азимљуса барои эпифитњо), мусоидат карданд барои афзоиш (гардолудкунии растанињо), таъсири химиявї, физикавї ва ѓайра хизмат намояд. Омилњои биотї нафаќат бавосита, балки бевосита низ ба муњити ѓайризинда таъсир мерасонанд, ки онро дар мисоли таъсири бактерияњо ба хок, таркиби он ва ивазшавии иќлим (ивазшавии иќлим дар масоњатњои хурд) дар пардаи болоии рўи замини љангалзор мушоњида кардан мумкин аст. Омилњои биотиро ба гурўњњои фитогенї (растанињо), зоогенї (њайвонњо) ва микрогенї (микроорганизмњо) таќсим мекунанд.

4.Омилњои антропогенї.

Омилњои антропогенї (аз калимаи юнони гирифташуда «антропос» — одам, «огенї» — пайдоиш) маљмўи таъсироти инсон мебошад, ки дар рафти фаъолияти њаёташ ба табиат мерасонанд ва дар натиљаи он таѓйироти маљмўи омилњои экологї ба вуљуд меояд. Мисоли одди чуни наст. Њангоми нафаскашї одам дар як сол њазорњо тана гази карбонро људо мекунад ва ё талаботи солонаи инсоният нисбат ба ѓизо ба ккал баробар аст.

Биосфера чист?

— Ин ќабати махсуси сайёра буда, маљмўи њамаи организмњои зиндаро дар бар мегирад, биосфера номида мешавад. Ба ибораи дигар «Њамаи экосистемањои замин ќисмњое мебошанд, ки ба таркиби як экосистемаи бузурги тамоми масоњати сайёраро фарогиранда мансубанд, ки ин экосистемаи глобалиро биосфера меноманд».

Биосфера аз калимаи юнони гирифташуда «био» — њаёт, «сфера» — кура мебошад.

Олими барљастаи рус, академик В.И.Вернадский яке аз асосгузорони илми геохимия, асосгузори омўзиши илмии биосфера буда, муайян кардааст, ки «биосфера пардаи берунии сайёраи Заамин, пардаи њаётии Заамин аст». Биосфера дар навбати худ аз љузъњои зерин иборат аст:

— моддањои зинда (органикї), ки маљмўи њамаи организмњои зинда (растанињо, њайвонот ва микроорганизмњо – моддањои биогенї) – ро дар бар мегирад;

— моддањои органикию минералї ё мањсулоти органикї (торф, ангиштсанг, нафт);

— моддањои биокоснї, ки маљмўи мањсулоти организмњои зиндаро да якљоягї бо табиати ѓайризинда (об, фазо, љинсњо, кўњ ва хок) гирд овардааст.

Биосфера тамоми масоњати хушкї, бањрњо, уќёнусњо ва њамаи биогарињоизаминро бо љинсњои дигар, ки мањсули фаъолияти организмњои зинда мебошанд, дар бар мегирад.

Дар атмосфера (фазо, њаво) сарњади њаётро ќабати озонї, ки дар баландии 16 – 20 км љойгир аст, муайян мекунад. Ќабати озонї нурњои ултрабунафши офтобро, ки барои тамоми мављудоти рўи Замин марговаранд, нигоњ медорад.

Дар ќабати обии саёра, аниќтараш дар уќёнус њаёт то чуќурии 10 – 11 км вуљуд дорад. Дар ќисми сахтии замин њаёти мўътадил то чуќурии 3 км (бактерияњо дар мавзеъњои нафтдор) љой дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *