Мақолаҳои Тоҷикӣ Т.Х.Точик

Ошӯбҳои халқӣ дар минтақаи Кӯлоб. Шӯриши Восеъ

Нақша:

  1. Ҷунбишҳои мардумӣ дар Балҷувон (1870).
  2. Шӯриши машҳури Восеъ ва аҳамията таърихии он.

Дар солҳои 70-80-уми асри XIX дар минтақаи Кӯлоб ошӯбҳои пурзӯри халқӣ ба амал омаданд. Соли 1870 ду ҳазор деҳқонон аз худсарию зиёд шудани миқдори хироҷу закот ба шӯр омада, қалъаи Балҷувонро муҳосира карданд. Яке аз косалесони амир -Абдулкаримбек дар ҳамин қалъа менишаст ва сабабгори зиёд шудани хироҷу закот ҳам худаш буд. Ба ҳар ҳол бек аз газаби халқ тарсида ба Ҳисор гурехт. Ин баромади мардумӣ муташаккил набуд, барои ҳамин ҳам деҳқонон қалъаро гирифтанду молу мулки онро байни худ тақсим карда, ҳамон дам хона ба хона пароканда шуданд.

Чӣ ҷойи ҳайрат аст, ки ин ошӯбро ҳамон дам дастаи аскарони ҳокими Ҳисор Яъқуб қушбегӣ пахш кард. Чанд ошӯбгарро ба дор кашиданд, бисёриҳо ба Дарвоз гурехтанд. Абдукарим боз ба Балҷувон баргашта мисли пештара худсарӣ кардан гирифт.

Моҳи декабри соли 1874 дар Балҷувон боз ошӯб шуду сабабаш боз ҳамон худсарии амлокдорон дар бобати хироҷу андоз буд. Ин дафъа лақайҳои ӯзбек шӯриданд. Аз нодонии сиёсии шӯришгарон истифода бурда, онҳоро фиреб доданд, ки ба амир арз намоянд ва ҷавоби аризаро интизор шаванд. Дар ин мобайн сардори дастаи қушунҳои Бухоро 7 нафар сардори шӯришро дастгир намуда ба зиндон партофт ва бо ҳамин шӯриш анҷом ёфт.

Соли 1884 ва чанд соли аз ин пеш барои мардуми минтақаи Кӯлоб ниҳоят вазнин омад, зеро аксари зироат аз хушкй сӯхта рафту боқимондаи онро малах нобуд кард. Соли 1885 пас аз чанд соли беҳосилй бори аввал андак ҳосили хуб шуда буд, ки амлокдорон қарзҳои солҳои пешинро ҳам талаб карданд. Ғайр аз ин миқдори андоз ҳам зиёд карда шуд. Одамонеро, ки барои шикоят ба Кӯлоб фиристода буданд, ба зиндон партофтанд. Амлокдори ҳокими Кӯлоб Муҳаммадназарбек, ки ба Мӯъминобод барои андозгундорй омад, деҳқонон ӯро дошта заданд. Пас аз ин деҳқонон хонаву замини худро партофта ба Балҷувон рафтанд ва умед доштанд, ки беки Балҷувон ба онҳо паноҳгоҳ медиҳаду муҳофизат мекунад. Вале ҳокими Балҷувон нахост, ки ба кори ҳамсояаш дахолат кунад ва ба деҳқонон маслдҳат дод, ки ба манзили худ баргарданд.

Ниҳоят моҳи декабри соли 1885 ошӯб ба авҷи аълои худ расид. Деҳқонон аз касе напурсида аз хирманҳо ғалларо ба хонаҳои худ бурданд, аз додани андоз даст кашиданд (яъне сар кашиданд) ва ба амир одам фиристоданду соддалавҳона гумон доштанд, ки решаи ин касофат дар худи ҳамин ҷойҳо мебошад. Ҳокими Кӯлоб дар навбати худ аз амир. илтимос кард, ки барои пахши ошӯб аскар диҳад. Ошӯб пахш гардид, вале ҳокими Кӯлоб Муҳаммадназарбекро худи амир аз кор гирифт. Аммо ин аҳволи мардумро беҳ накард.

Ҳамаи ин шӯру ошӯбҳо барои ҳаракати азиме, ки соли 1885 тамоми бекигариҳои Кӯлобу Балҷувонро фаро гирифт, гӯё замина гайёр карданд ва ин шӯриш дар адабиёти таърихй аз номи пешвои ок Восеъ -чун «Шӯриши Восеъ» машҳур аст. Ин шӯриши ҳақиқатан таърихӣ ин тавр ҷараён дошт.

Бо сардории Восеъ деҳқонони атрофи Ховалинг ба ҳавлии амлокдори Ховалинг дарафтоданд. Ҳавлиҳои дигар бою муллоҳоро ҳам ба хок яксон намуданду пас аз ин Восеъ ба деҳаҳои Балҷувону Кӯлоб одамони худро фиристод. ки мардум дар ҷанги зидди амир ба ӯ ҳамроҳ шаванд. Ҷавобан ба ин даъвати Восеъ ҳазорон деҳқонон, Ки аз зулму ситами амир ба дод омада буданд, дар атрофи Восеъ гирд омаданд. Мардум бо сарварии Восеъ роҳи Балҷувонро пеш гирифт. Шӯришгарон ба назди ҳоким одам фиристоданду хостанд бо маслиҳат микдори андозро андаке кам кунанд. Аммо кор ранги дигар гирифт. Чанд нафар намояндагони шӯришгаронро ба даруни кдлъаи Балҷувон роҳ доданду аз паси онҳо дарвозаро бастанд. Ба назди деҳқонон чанд муллоро фиристонданд. Ки дар байни шӯришгарон низоъ андозанд ва онҳоро аз роҳ зананд. Муллоҳо ба панду насиҳат даромаданд, Ки мардум бомд ба умеди «илтифот»-и ҳоким бошанду аз паи зиндагии худ шаванд. Вале деҳқонон ба ин панду насиҳат гӯш накардакд ва интизори бозгашти намояндагони худ шуданд.

Дар ҳамин лаҳза дарвозаи қалъа якбора воз шуду ба сари шӯришгарон сарбозони ҳокими Балҷувон фурӯ рехтанд ва бо ин ҳамлаи ногаҳони шӯришро бо якборагй пахш карданй шуданд. Вале Восеъ фавран деҳқононро саф ороста ба мудофиа омода сохт ва онҳо худ ба ҳуҷум гузашта сарбозонро гурезониданд ва қалъаро гирифтанд. Ҳокими Балҷувон гайр аз пой ба каф гирифта гурехтан дигар илоҷе надошт.

Шӯришгарон қалъаро фатҳ намуда, намояндагони худро, ки нӯкарони ҳоким онҳоро ваҳшиёна калтаккорӣ карда ба зиндон андохта буданд, раҳой доданд. Баъд қӯрхонаи қалъаро кушода аслиҳаро байни худ гакеим намуданд. Се шабонарӯз қалъаи Балҷувон дар дасти шӯришгарон буд. Хатои калони шӯришгарон ҳамин буд, ки барои паҳн гардидани шӯриш ба дигар маҳалҳои водии Кӯлоб, ҳамчунин ба Ҳисору Қаротегин ҳеҷ тадбире наандешиданд. Аз галабаи худ мамнун шуда қадаме а 1 Балҷувон берун намонданд.

Дар ин мобайн ҳокими Балҷувон ба Кангурт расида аз он ҷо ба ҳокимони Кӯлобу Ҳисор чопар фиристод, ки фавран ба ёрӣ оянд,

Related posts

Предмети омор. Усули татќиќоти омори.

14umnet

​Равандҳо ва технологияи компютерӣ. Мафҳуми раванди иттилоотӣ ва технологя.

14umnet

​ТОЧИКОН ДАР АСРХОИ XVI – XVIII

14umnet

Leave a Comment

Login

X

Register