Мақолаҳои Тоҷикӣ Т.Х.Точик

Парокандашавии давлати Ҷонён ва ба сари ҳокимият омадани сулолаи Мангития

Нақша:

  1. Парокандагин сиёсии давлати Ҷокиён ва сусту нотавон гардидаии он.
  2. Ҳуҷуми ҳокими Эрон Нодиршоҳ ба Осиёи Миёна ва ба худ тобеъ намудани хонии Бухоро.
  3. Муҳаммад Раҳимхони Манғитӣ ва барқароршавии салтанати Манғития (1753-1920)

Соли 1711 Абдулфайзхони 16 сола (1711-1747) бародари Убайдуллохон, ки шоҳи тамоман ҳақиру нотавон ва бозичаи дасти амирони ӯзбек буд, ба сари тахт нишаст. Дар аҳди Абулфайзхон бӯҳрони сиёсӣ, ҷангҳои байни худй ва исёнҳои феодалй ба қуллаи кулминатслонии худ расид. Солҳои 1716-1717 қабилаи қипчоқҳо ба микдори қариб 100 ҳазор нафар аз тарафи Миёнқол ба фафи Самарқанд ва Қаршӣ ‘ -уҳоҷират намуданд (баҳона тангии чарогоҳҳо). Онҳо мисли малах кин; зор ва дарахтони он вилоятҳоро нобуд карданд ва нисбат ба мардум ҳар чӣ мехостанд, бадкирдорй намуданд. Абулфайзхон ба муқобили Қипчокҳо ягон чораи қатъӣ ва самарабахш наандешид. Ӯ ҳамчун хони иродааш заиф амал кард, ки амрҳояш берун аз остонаи қаср эътибор надоштанд. Абулфайзхон аз пагоҳ то бегоҳ дар қасри худ бо шаробнӯшию фосиқӣ банд буд.

Хокимони вилоятҳо аз фалаҷии ҳукумати марказй ва беназоратии фаъолияташон сӯиистеъмол карда ба горату тороҷи мардуми бадбахт машгул мешуданд. Сафири Пётри Кабир дар Бухоро Флорио Беневинӣ навишта буд; «Самарқанд ҳам шаҳри бузург аст, аммо ҳоло беодам ва хароб шудааст». Ба гуфти ӯ ҳар вилоят бо пойтахти худ мисли Тошкент, Хуҷанд, Балх, Бадахшон, Хисор ва дигарон ба Бухоро итоат намекунанд ва соҳиби ҳокимони мустакил мебошанд. Онҳо мардумро мувофиқи табъи худ горат мекарданд.

Ҳамин тавр, ин ҳама задухӯрдҳои байнихудии хонҳо ва бедодгариҳои беамсоли феодалон ач ҳаёти пурмашаққати халқҳои осиёи Миёна. Аз ҷумла тоҷикон дар ахди салтанати Ҷониён шаҳодат медиҳанд.

Чунон ки дар боло хотирнишон гардид, дар миёнаҳои асри ХУШ Осиёи Миёна, ки дар натиҷаи ҷангҳои дохилӣ пароканда ва аз харобиҳои иқтисодӣ хеле заиф шуда буд, ба ҳуҷуми шоҳи Эрон нодиршоҳ дучор гардид. Нодиршоҳ дар Қафқоз, Афгонистон ва Ҳиндустон зафар ёфта, дар соли 1740 аз Амударё гузашт ва вориди хонии Бухоро шуд. Лашкари хеле хуб мусаллаҳ ва муташаккил дошт Нодиршоҳи Афшор.

Писари Муҳаммадҳаким — Муҳаммадраҳими ҷоҳталаб ба истиқболи Нодиршоҳ рафта, дар назди ӯ сари итоат фуруд овард. Худи МуҳамМадҳаким, ки аз тарафи Абулфайзхон барои музокирот ба ҳузури Нодиршоҳ фиристонда шуда буд, низ ба манфиати шоҳи Эрон амал кард. Нодиршоҳ Муҳаммадҳаким ва писраш Муҳаммадраҳимро қабул намуд, бо ваколатҳои зиёд сарфароз гардонид ва Муҳаммадҳакимро вассали худ дар Бухоро таъин кард. Абулфайзхон маҷбур шуд, Нодиршоҳро дар наздикии Бухоро истиқбол намояд. У ба номаш ҳамчун ҳокими хонӣ боқӣ монд, воқеан бошад, комилан ба Муҳаммадҳаким таслим гардид. Дар натиҷаи ин газо хонии Бухоро ба мулки тобеи шоҳи Эрон мубаддал гашт.

Дар худи ҳамон сол Нодиршоҳ Хеваро низ забт кард ва ба сари ҳокимияят қоиммақоми худро нишонд. У ҳам дар Бухоро ва ҳам дар Хева захираҳои озуқа, пул ва дигар чизҳои пурқимматро мусодира карда, аскарони маҳаллиро ба қушуни худ ҳамроҳ намуд. Пас аз вафоти Муҳаммад Ҳакимбии атолиқ писари ӯ Муҳаммадраҳим қӯшуни пурқӯвват ва бо интизоме ташкил дода, исёни амирони мухолифро фурӯ нишонид ва дар дарбори Абулфайзхон мавқеи асосиро ишгол намуда, амалан ҳукмрони давлати хонӣ гардид.

Дар соли 1747 Нодиршоҳ бо дасти дарбориёни худ кушта шуда, давлати бузурги ташкилкардаи ӯ фавран рӯ ба завол ниҳод. Аҳмадхон, ки яке аз сарлашкарони Нодиршоҳ буд, дарҳол ба Қандаҳор рафта, сардорони қабилаҳои афгон (худ ҳам афгон буд)-ро ба атрофии худ муттаҳид намуд ва худро подшоҳи Афғонистон эълон карда, асоси давлати кунунии афгонҳоро гузошт. Дар асри XIX қисми зиёди заминҳои дар соҳили чапи дарёи Аму воқеъ гардидаи тоҷикон, ӯзбекон ва туркманҳо ба ҳайати давлати Афғонистон дохил карда шуд. Дар солҳои 70 асри XIX муаррихи афгон Муҳаммад Ҳаётхон дар асари машҳури худ «Ҳаёти Афгон» роҷеъ ба қисмати талхи деҳқонони тоҷик чунин навишта буд: «Кайҳост, ки онҳо аз хуқуқи заминдорӣ маҳрум гардида, ба деҳқони кироянишин ва ё муздури афгонҳо табдил ёфтаанд».

Соли 1747 аз кушта шудани Нодиршоҳ дере нагузашта, Муҳаммадраҳим Абулфайзхонро бо ду писараш ба қатл расонид ва бо ҳимояи табақаи ашроф ва рӯҳонӣ ба тахти хонии Бухоро нишаста, дар соли 1753 ба ҳукмронии Мангития асос гузошт. Вай барои мустаҳкам кардани ҳокимияти марказй пеш аз ҳама бар зидди ҳаракатҳои худсаронаи сардорони қабилаҳои бодиянишини ӯзбек мубориза бурд. Ва мухолифати феодалони маҳаллиро нисбат ба ҳокимияти марказӣ то дараҷае барҳам дод. Ба ҳар як вилояти тобеи худ ҳоким таъин кард. Ба муқобили марказгурезҳо қувваи ҳарбиро ба кор мебурд. Чунончи, вилояти Ҳисор бо зӯрӣ тобеъ карда шуд. Муҳаммадраҳим амаки худ Дониёлбиро ҳокими Ҳисор ва вилоятҳои атрофии он, яъне кӯҳистон таъин намуд. Самарқандро забт карда, ҳокимияти онро ба бародари худ супорид. Дар Шаҳрисабз, Тошкент вд дигар вилоятҳо низ одамони худро ба сари кор овард. Фақат Уротеппа, ки дар нимаи дуюми асри ХУШ ба ҳайати шаҳрҳои Хуҷанд, Ҷиззах, қалъаҳои Зомин, Ём ва гайра дохил мешуданд, ҳамчун мулки мустақил боқй монд.

Дар аҳди ҳукмронии Муҳаммадраҳим дар натиҷаи ҷангҳои пай дар пай бисёр воҳаҳои зироатӣ ба майдони муҳориба мубаддал гардида, ба иқтисодиёги мамлакат зарар ҳои зиёде расонида шуданд. Соли 1756 ӯ худро хон эълон намуд.

Баъд аз вафоти Муҳаммадраҳим дар соли 1758 амаки ӯ Дониёлбӣ атолиқ (1758-1785) ҳукуматро ба даст гирифт. Лекин вай лақаби хониро қабул накарда, исман Абдулгозй ном набераи Абулфайзхонро ба тахт нишонид ва худаш маъмури вазифаи атолиқӣ гардид. Дониёлбй бештар ба қувваи ҳарбй такя мекард ва барои он чизеро дарег намедошт.

Ин буд, ки дар аҳди Дониёлбй сарлашкарони ашрофии қабилаҳои мангит заминҳои зиёдеро ба тариқи танхоҳ соҳиб шуда, барои ҳар чӣ зиёдтар фоида ситонидан аз ин заминҳо саъй мекарданд. Дониёлбй аз рӯҳониён ва шайхони дарвешй ҳимоят ва пуштибонй медид.

Чӣ тавре ки адиб ва олими маъруфи точик дар асри XIX Аҳмад Махдуми Дониш қайд мекунад, ки дар ахди Дониёлбӣ хеле андозҳои нав, ба монанди никоҳона, ашгаона, мӯҳрона, ҳаққи тарозу ва амсоли инҳо ҷорй карда шуд. Ҳамаи шҳо сабабгори боз ҳам қашшоқу бенаво гардидани табақаҳои меҳнаткаши аҳолй мегардиданд ва ба қавли Аҳмада Дониш мӯҳри муаҷҷал даҳ дирам, никоҳонаи қозӣ даҳ динор, як ман гандум даҳ танга, ҳаққулмизон лонздаҳ танга ва гайра муқаррар намуда буданд.

Худкомии аъёну ашроф ва боз ҳам бадтар гардидани зиндагии ахолии меҳнаткаш дар ибтидои ҳукмронии Дониёлбй зиёдтар гардид. Аҳолии меҳнаткаш дар саросари мамлакат, аз ҷумла дар Бухоро борҳо шӯриш намуд. Ҳукмрони кӯҳансол дигар аз ӯхдаи ба сари итоат овардани вассалҳои саркаш ва фурӯъ нишондани шӯру ошӯбҳои мардум баромада наметавонист.

Дар даврони ҳукмронии охирин намояндагони сулолаи Аштархониён ва аввалҳои сулолаи Мангитиён қувват гирифтани парокандагии феодалй беш аз ҳама дар тангшавии ҳудуди давлати хонй зоҳир мегардид. Балх истиқлолият ба даст даровард. Фаргона ҳодо дар охири асри ХУП истиқлолият ба даст дароварда буд. Давлати хонии Хева дар асри ХУШ давраи хеле сахти ҷангу ҷидолҳои байнихудиро аз сар мегузаронд, ба замми ин дар солҳои 60-ум саросари онро гуруснагӣ ва вабо фаро гирифт. Дар Хева қариб одам намонд. Андаке ба ифоқа омадани тартибу низоми ин хонӣ ба фаъолияти ҳукмрони он Муҳаммадамин алоқаманд аст. У Аслан аз қабилаи ӯзбеки кунғурот буда, ба сулолаи қунғуротҳо, ки то соли 1920 давлати хониро идора кардаанд, асос гузоштааст.

Мулкҳои кӯҳистоние, ки дар сарзамини кунунии Тоҷикистон аксаран дар навоҳии Ҳисору Кӯлоб воқеъ гардида буданд, аз давраи салтанати Ҷониён дар амал ҳамчун мулкҳои ниммустақил боқӣ монда, аз тарафи ҳокимони маҳаллӣ идора мешуданд. Мулки Уротеппа ҳам, ки саргаҳи Зарафшон — аз Панҷакент то Мастчоҳ ҳамоно дар ҳайати он буд, истиқлолияти худро нигоҳ медошт.

Related posts

Кифоягии сармоя

14umnet

Адабиёти дини

14umnet

Маълумоти умумӣ дар бораи фаолияти ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон».

14umnet

Leave a Comment

Login

X

Register