​Принсипхои фаъолияти хочагидории фирма

Фаъолияти корхона, хоњ нохоњ бо принсипњои иќтисоди бо-зорї (интихоби озодонаи намуд ва шакли фаъолият, баробарњу-ќуќии субъектњои бозорї тибќи шаклњои гуногуни моликият, нархмуќарраркунии озод, худтанзимкунии фаъолияти хољагидо-рї, љавобгарии иќтисодї, худмаблаѓгузорї, худидоракунї, худтанзимкунї…) алоќаманд мебошад.

Принсипњои ташкили фаъолияти корхона, новобаста ба сирати шакли зуњурии онњо (хусусї, дуввўмдараља, ёридињанда) њамеша дар доираи муњит ва фазои муайяни иљтимоию иќтисодї сурат мегирад. Љавњари марказии онро инсон, гурўњњои иљтимої, коллектив, љомеа ташкил медињад. Амалиётњои онњо дар асоси дарк ва истифодаи ќонунњои иќтисодї ва ќонунњои њуќуќї, ки аз љониби давлат ё худ маъмуриятњои мањаллї пеш-нињод карда мешаванд, муайян карда мешавад. Аз ин нуќтаи на-зар принсипњои фаъолияти корхона њамчун фишурдаи моњият ва мазмуни ќонунњои давлат оиди шакли моликият, корхона, фаъолияти соњибкорї, коллективњои мењнатї ва ѓайра сурат мегирад.

Дар шароити бозор корхона аз субъекти тавлидгар (сотсиализм) ба субъекти хољагидор табдил меёбад, чунки воситањои истењсолот пурра ба худи он таалуќ дорад.

Фаъолияти хољагидорї, маънои на танњо истењсол кардани неъматњои иќтисодї, балки ба вуљуд овардани шароити истењсолот, фурўхтани мол ва ба даст овардани фоидаро њамчун воситаи ба худ љалбкунї ва њамбастагии маќсад ва вазифањои истењсолот, тиљорат, молия ва идора намудани намудњои фаъолият ба маќсади тавлиди мањсулоти дорои сифати баланд, ки бозор ба он эњтиёљи зиёд дорад дар назар дорад.

Ба ибораи дигар, дар шароити бозор масъулият ва њисси љавобгарии иљтимоии корхона нисбат ба инсон ва љомеа баландтар мегардад. Ин бештар дар:

— тавлиди мањсулоти аз љињати экологї тозаи озуќаворї, ки яке аз омилњои муњимтарини солимгардонї ва дарозумрии инсон аст;

— пешкаш намудани љои кор њамчун сарчашмаи таъмини зиндагии коргар ва оилаи он;

— инкишоф додани ќобилияти интеллектуалї (зењнї) ва профессионалии кормандони корхона;

— баланд бардоштан ва бењтар кардани шароити зиндагонии коргар;

— ширкат доштан дар њаллу фасли ќарорњову барномањои њукуматї, алалхусус њукумати мањаллї;

— иљро кардани ўњдадорињои њатмии иљтимої, њиссагузорї ба буљаи мањаллию давлатї, пардохти суѓуртаи иљтимої ва тиббї, тавлиди мањсулоти озуќаворї, ки ба ањолї ва муњити зист зараровар мебошад ва ѓайра зуњур меёбад.

Бозор љавобгарии корхонањоро оиди иљрои ўњдадорї, вазифа ва маќсади корхона, фаъолияти истењсолї, тиљоратї, иљтимої, тарњрезї, идора ва фаъолияти равобитњои дохилию бурунмарзї хеле њам баланд мебардорад.

Корхона нафаќат дар назди коллективи худ, балки иљрои ќонуну ќонунгузорињои давлат ва ўњдадорињо дар назди раќибон низ љавобгар мебошад.

Њам корхонањои давлатї ва њам корхонањои шакли њуќу-ќию бидуни њуќуќи њамеша зери назорати давлат оид ба таќсими даромади корхона, адои пардохтњо, вазъу њолати техникии мањсулот, иљрои стандарт ва дигар шароитњои техникию технологї ќарор доранд.

Фаъолияти хољагидории фирма бидуни озодии иќтисодї, яъне интихоби шакли озод ва намуди дилхоњи фаъолият имконнопазир аст.

Дар шароити иќтисоди бозорї озодии фаъолияти хољагидорї на аз љониби давлат, балки бозор замонат дода мешавад. Бозор ба њар як субъекти иќтисодї (фарди алоњидаи хусусї, оила, гурўњ, коллективи корхона) имконият медињад, ки худи онњо фаъолияте, ки барояшон мусоид, ќулайтар, даромадноку самараноктар бошад интихоб намоянд.

Аз ин нуктаи назар корхона бо таври озод имконияти интихоб намудани захирањо, тавлиди навъњои дилхоњи мањсулот ва адои хизматро нисбат ба корхонањои низоми амрї бештар дорад. Дар назди корхона имконияти интихоби васеи фаъолияти соњибкорию бизнес дар њавзањои гуногуни иќтисод (тиљорат, тавлидот, молия, иттилоот, илм, техника…) вуљуд дорад.

Корхонањо метавонанд њамагуна навъи фаъолиятро дар со-њањои тавлид, таќсим, мубодила, азнавтаќсимкунї ва истифодаи мањсулоти љамъиятї, ки аз љониби ќонун манъ карда нашудааст истифода кунанд.

Иќтисоди бозорї њам барои корхона (тавлидгар) ва њам истеъмолгар кафолати њамаљонибаи ихтиёран интихоб намудани фаъолияти иќтисодї ва хољагидориро таъмин менамояд. Корхона бо таври озод бидуни дахолати давлат, бо воситаи бозор тамоми чизњои барои он зарурбударохарида метавонад.

Фаъолияти бо таври озод хољагидори кардани корхона, мустаќиман тањти таъсири принсипи нархгузории озод ќарор мегирад. Охирон, њамчун механизми бањаракатдароварандаи фаъолияти соњибкорию бизнес хизмат мекунад.

Нархгузории озод имкон медињад, ки корхона харољоти худро нисбат ба харољоти раќибон ќиёс намояд, барои харљи бештар кам кардани онњо ва ба даст овардани фоидаи баланд кўшиш ба харљ дињад.

Азбаски нарх тањти таќозою арзаи бозорї њамчун натиљаи созиши байни фурўшандагону харидорон сурат мегирад, бинобар ин корхона њамчун тавлидгар (пешнињодгари неъматњову хадамот) раванди ташкилу инкишоф, густаришу тањаввули корхонаро, мустаќил бидуни дахолати маъмурї тибќи миќдор ва миќёси даромади ба даст оварда шуда муайян мекунад.

Таљрибаи хољагидорї нишон медињад, ки худтанзимкунии фаъолияти хољагидории корхонањо тибќи ду усул: 1) идораи мустаќим (маъмурї), 2) муносибатњои ѓайри мустаќим, яъне бозорї ба роњ монда мешавад.

Идораи мустаќими иќтисод аз љониби корхонањо њамчун тарњрезии дохили фирмавї дар шакли «Бизнес-план» ва танзими давлатии иќтисод дар сатњи макроиќтисод зоњир мегардад.

Равияи дуввўм — худтанзимкунї бо воситаи фишангњои иќ-тисоди бозорї сурат мегирад. Он дар мояи амалиёти ќонунњои иќтисодї (ќонунњои бозор — нарх, таќозо, арза, раќобат…) ба роњ монда мешавад.

Дар шароити њозира њарду аз ин равия дар раванди худтанзимкунии фаъолияти корхонањо бо таври васеъ истифода бурда мешавад. Ин принсип имкон медињад, ки корхонањо аз нав бунёд ё худ таљњизонида шаванд, шаклњои гуногуни онњо дар асоси гуногуншаклии моликият истифода карда шавад.

Наќш ва маќоми истифодаи фишангњои молиявї — бонкњо, ќарз, пул, ќоѓазњои ќимматнок, нархњои озоди бозорї, андоз, пардохтњо, фоизи ќарз, љарима ва ѓайра дар танзим аз худтаъминкунии фаъолияти корхонањо боз њам ќавитар мегардад.

Яке аз афзалиятњои худтанзимкунии фаъолияти корхонањо дар шароити бозор дар он зуњур мегардад, ки онњо бештар зери таъсиру нуфузи на идораи маъмурї, балки бештар идораи иќтисодї сурат мегиранд.

Чї корхонањои хурд ва чї фавќулкорхона њангоми ба даст овардани озодию истиќлолият, мустаќилияти иќтисодї, амалї гардондани вазифа ва њадафи худ, ташкилу инкишоф додан ё худ касоду муфлисшавї ва ѓайра, бечуну чаро дучори масрифоти муайяни молиявию ќарзї мегардад. Подош кардани масрифот аз њисоби ду сарчашма:

1) даромади корхона ва 2) ќарзи беруна сурат мегирад. Даромади корхона барои таъмин кардани раванди босубот ва муозини фаъолияти хољагидорї кифоя намебошад. Аз ин нигоњ, талабот ба воситањои ќарзї ногузиранд. Вале камбудии охирон дар он аст, ки онњо сари ваќт, дар мўњлати муайян карда шуда, бо фоизи муайян бояд баргардонда шаванд. Аз ин лињоз њар як корхона, бояд худро, пеш аз њама бо маблаѓњои пулї таъмин намояд. Яъне корхона фаъолияти худро дар асоси принсипи худкифої ё худбасої, яъне худмаблаѓгузорию худтаъминкунї ба роњ монад.

Принсипи худмаблаѓгузорї имконият ва сарчашмањои рўпўш кардани он дар шароити низомњои гуногуни иќтисодї њархела сурат мегирад.

Корхонањо дар шароити иќтисоди амрї (азбаски 90%-и онњо корхонањои давлатї мебошанд) асосан, аз њисоби буљаи давлат, вазорат ё худ маќомотњои дигари њуќуќї имконияти бо таври васеъ аз маблаѓгузорї, ёрдампулї ё худ имтиёзњо истифода карданро доранд.

Дар шароити иќтисоди бозорї бошад ингуна имконият ва имтиёзњо аз љониби ягон субъектњои дигари иќтисодї ба корхонањо пешнињод карда намешавад. Аз ин нигањ, њар як корхона кўшиш ба харљ медињад, то ки фаъолияти хољагидории он дар асоси принсипњои мутлаќи истифодаи воситањои худї, љавобгарии моддї, пулї, сарфаю сариштакорї, њисобу китоби харољоту даромад, ва ѓайра ташкил карда шавад.

Ба њамагон маълум аст, ки дар шароити иќтисоди бозорї њамагуна шакли захирањо ба воситаи пул хариду фурўш карда мешаванд. Аз ин лињоз худмаблаѓгузорї ва худтаъминкунї дар як мазмун тасаввур карда мешавад.

Дар тадбиќи ин принсип наќшу маќоми идоракунии ѓайри-марказ ва мустаќилияти хољагидорї бенињоят калон мебошад.

Фарќи байни иќтисоди амрї ва иќтисоди бозорї мањз дар тарзу услуб ба наќшакашию идораи корхонањо ва муносибатњои байни корхонаю давлат зоњир мегардад.

Фаъолияти хољагидории корхона дар шароити бозор дар мояи услуби ѓайримарказонии идора ба роњ монда мешавад. Дар ин асно њаќќу њуќуќи аппарати давлатї ва марказии идоракунї нисбат ба корхонањо мањдуд карда мешавад. Наќш ва маќоми менељмент дар идора баланд бардошта мешавад.

Васеъ гардидани наќш ва маќоми идораи ѓайри-муттамарказ маънои пурра даст кашиданро аз танзими давлатї надорад.

Исбот карда шудааст, ки иќтисоди бозорї бидуни танзими давлатии иќтисод вуљуд дошта наметавонад. Давлат гарчанде мустаќим ба фаъолияти истењсолию тиљоратї, иљтимоию иќти-содї, идоракунию тарњрезї, фаъолияти бурунмарзии он дахолат накунад њам он ба воситаи муќаррар кардани меъёру нормањои њуќуќи фаъолияти хољагидорию тадбиркорї онро танзим менамояд. Доираи фаъолият, шароиту имкониятњои корхона дар ќонунњо дар бораи корхонањо ё худ Кодекси гражданї муайян карда мешавад. Тибќи ќонунгузорињои давлатї, фаъолияти хољагидории корхона пурра дар шароити раќобати озод ва мањдудгардонии амалиётњои ѓайриќонунии зараровар ба њаёти инсону љомеа сурат мегирад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *