​Сахми Ахмади Дониш дар пешрафти фарханги точик

Аксари мутафаккирон ва рўшанфикрони мардуми Осиёи Марказї аз намояндагони зиёиёни пешќадами Руссия сабаќ мегирифтанд. Дар ташаккули љањонбинии мутафаккири бузурги он солњо Ањмади Дониш (1827-1897) таъсири маданияти пешќадами Руссия нињоят бузург аст. Ањмади Дониш дар он замон яке аз фозилтарин фарди Бухоро ба шумор мерафт. Ањмади Донишро бо сабаби озодфикриаш тањќир намуда, «кофираш» хонда буданд. Бо вуљуди њамин њам донишу мањорат ва маълумотњои ў амирро маљбур мекард, ки ба вай бо назари эътибор нигарад. Ањмади Дониш ба сифтаи икотиби сафорати амир се маротиба ба Петербург сафар карда буд. Ин шиносої юо Руссия ва маданияти мардуми рус дар тамоми њаёт ва фаъолияти ў наќши њалкунанда бозид.

Ба аќидаи вай агар амирро бо фоидаи маорифи халќ бовар кунонида шавад, гўё худи њамин барои ба тарзи нав сохтани њаёти воќеии мардуми Осиёи Марказї кофист. Рўњи тамоми гуфтањои ўро мењру муњаббат нисбат ба халќ ва ѓамхорї барои саодатмандии мардум Фаро гирифтааст. Муњимтарин асари Ањмади Дониш рисолаи «Наводир-ул-ваќоеъ» мебошад, ки аз маљмўи порчањои илмии фалсафї, публисистї ва бадеї фароњам омадааст. Ањмади Дониш бо аќидањои фалсафии худ дар мавќеи идеалистї ќарор дошта, монанди Абўалї ибни Сино ва Умари Хайём ба таълимоти абадияти олам ва офарида нашудани он мухлис будани худро низ изњор доштааст. Ин дар шароити онваќтаи партаассуби Бухоро њамаи пояњоро ба љунбиш медаровард. Ў дар рисолањояш камбудию ноадолатињои љомеаи худро баён намудааст.

Вай њамчунин пешбинї карда буд, ки бартараф намудани ин камбудињою ноадолатии љомеа фаќат бо ёрии мардуми рус ба мо муяссар хоњад шуд. Бо ин аќидањояш Ањмади Дониш тарафдорони худро зиёд кард. Ин гунна муносибати ўро устод Садриддин Айнї дар «Ёддоштњо»-и худ хеле таъсирбахш ба ќалам медињад. Аз ин љињат фикру аќидањои Ањмади Дониш бо вуљуди он нисбат ба муносибатњои синфї аќидаи пешќдам ва прогрессивї буданд.

Бузургтарин хизмати Ањмади Дониш аз он иборат аст, ки ў тавонист дар атрофии худ як гурўњ пайравон, рўшанфикрон, маорифпарварони асри 19 ва ибтидои асри 20-и тољикро муттањид кунад. Яке аз инњо Абдулќодирхољаи Савдо буда таќрибан дар байни солњои 1823-1824 дар Бухоро таваллуд шудааст. Дар замони зиндагии савдо аќидањои маорифпарварї ва љунбиши афкори сиёсиву иљтимої њанўз дар аморати Бухоро интишор наёфта буд. Он бедории фикрие, ки дар байни илму адаб ба вуљуд омада буд, пас аз охири солњои њафтодум рост меомад, ки даврањои баъди таълифи «Наводир-ул-ваќоеъ»-и Ањмади Донишро дарбар мегирад. Савдо дар ѓазал ва манзумањои таќлидиаш баъзе фикрњои танќидї ва тарѓиби ахлоќи некро ифода намудааст. Ин гуна дар байтњои дар байтњои алоњидаи ѓазалњои бедилона ва њофизонаи ў дида мешавад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *