​Сахми дигар маорифпаварон дар перафти фарханги точик

Савдо аз банди таќлиду пайравии назми гузаштагон берун рафта, ба муќобили мавзўи диниву тасаввуфии адабиёти замонаш, ба муќобили љањолат ва таассуботи динї дар лирикааш оњанги некбинона ва хушнудонае дохил намуд. Ин оњанг дар лирикаи Савдо дар образи ринди бебоке таљассум ёфт. Савдо дар ѓазал ишќи њаќиќии инсониро, ишќеро, ки ба касс роњату ќувати рўњї мебахшад, тараннум мекард.

Ќорї Рањматуллоњи Возењ бо вуљуди душвории зиндагї ва ноњамвории шароити рўзгораш пайваста дар фаъолияти илмиву эљодї буд, ки мутаасифона, имрўз на њамаи онњо ба мо расидааст. Ў соли 1886 ба сафари њаљ мебарояд ва ба ин бањона бо бисёр мамлакату кишварњои пешќадам, бо бисёр олиму фозилони хориљї шинос мешавад. Сафари ў аз шањри Бухоро сар шуда, тавассути Туркистон, Кавказ, Истамбул то Арабистони Саудї ва дар бозгашт бо тавассути Ироќу Эрон баъди як сол ба ватани хеш Бухоро баргашт. Баъди баргаштан ў хотирањои роњ ва мулоќотњояшро бо олиму фозилон ва мардуми шањрњои дидагиаш дар шакли китоб бо номи «Савонењ-ул-масолик ва фаросих-улмамолик» («Воќеањои роњњо ва масофањои бийни кишварњо») таълиф намуда, онро ба амир Абдулањад мебахшад. Номи дигари ин китобро «Огањињои ѓариб аз аљоиботи сафар» мегузорад. Возењ дар ин китоб нафаќат сафари њаљ ва шањрњои муќаддаси Маккаву Мадинаро тасвир мекунад, балки аз бисёр воќеа ва шароити мамлакатњои тараќќикардаи Аврупою Осиё барои њамдиёронаш хабарњои тозаву навин ва иборатбахш наќл мекунад ва ба ин восита вай мисли Ањмади Дониш дидаи биниши ањолии дар ѓафлату љањолати асримиёнагї мондаро ба љањони фаррох мекушояд. Ѓайр аз ин яке аз асарњо ў «Тўњфаи амонї»- ном дошта, бевосита ба илми тиб бахшида шудааст.

Шамсиддин Махдуми Шоњин соли 1859 дар Бухоро таваллуд шудааст. Падари ў Мулло Амон аслан аз Кўлоб буда барои аз бар намудани илму дониш ба Самарќанд ва сипас ба Бухоро меояд. Шоњин њарчанд умри кўтоњ ва пур мусибату тањлука дида бошад њам, аммо мероси хеле бой ва гаронбањое аз худ боќї гузошт. Ин мерос аз девони ѓазалиёт, маснавии «Лайли ва Маљнун», маснавии нотамоми «Тўњфаи дўстон», рисолаи «Бадоеъ-ус-саноеъ» иборат аст.

Шоњин дар рисолаи «Бадоеъ-ус-саноеъ»-и худ иллату нуќсонњои аоратро нињоят нозуксанљона ва бо нафрату ѓазаби пуршўр нишон додаст. Ин њамон хулосањоест, ки Дониш дар «Рисолаи таърихї» пас аз тањлили таърихию иљтимоии аморат далерона ва ошкоро гуфта буд. Њамон њаќиќати таърихї ва конкретї суханони Донишро Шоњин дар «Бадоеъ-ус-саноеъ» бо образњои бадеї такрор ва тасдиќ намудааст. Бинобар ин маснавии «Туњфаи дўстон» ва рисолаи «Бадоеъ-ус-саноеъ» аз асарњои бењтарини адабиёти маорифпарварии нимаи дуюми асри 19 ба шумор мераванд. Исо Мањмуди Бухорої, Њайрати Бухорої ва дигарон барин рўшанфикрони забардасти охири 19 буданд, вале аз љињати аќидаву мафкура ба дараљаи мутафаккири бузург Ањмади Дониш расида натафонистанд.

Бо баробари ба Руссия њамроњ шудани Осиёи Марказї дар он корхонањои бузурги саноатию истењсолї таъсис дода шуда робитаи тиљоратию фарњангии мардуми мањаллї бо мардуми русњо пайдо шуданд. Дар байни онњо роњњои оњан сохта шуд, ки он ба зиёдшавии рафту омади мардуми тољику рус оварда расонид. Ин робита ба адабиёти маорифпарварони нимаи дуюми асри 19 ва ибтидои асри 19 хеле таъсир расонидааст.

Намояндагони пешќадами ин гунна адабиёт дар вилояти Фарѓонаи кишвари Туркистон Муќимї, Амбаротун, Фурќат, Њамза ва Дилшодї буданд, ки ба фарњангу тамаддуни баланди мардуми рус њусни таваљљўњ дошта, дўстию рафоќати мардуми рус ва халќњои Осиёи Марказиро дар мањсули эљодиёту њунари худ доимо тарѓибу ташфиќ мекарданд. Эљодиёти онњо баъди инќилоби маданї хеле ривољу равнаќ ёфтааст. Шиносої бо эљодиёти рўшанфикрони рус ба эљодиёти баъзе аз озодандешону рўшанфикрон чун Њайрат, Сањбо, Асирї ва Айнї таъсири бузург расонид.

Њайрат шоири боистеъдод ва ѓазалсарои забардасти мардуми форсзабон буда, дар назм роњњои нав мељуст. Ў шеърњое, низ дорад, ки дар онњо мардумро ба маърифатнокї даъват намуда, дар роњи бењбудии мадум љањд карданро сифати олии инсон мешуморад. Яке аз њамзамону њамфикри Њайрат Тошхўљаи Асирї мебошад. Ў шоири инсондўст буд ва мегуфт, ки «вазифаи адабиёт тавсифи аќлу дониш аст». Асирї мисли маорифпарварони ѓарб аќидае дошт, к ибо роњи маърифатнокї мардумро аз љањолат ва таасуби динї рањо додан мумкин аст. Вай боварии комил дошт, ки мактабњои дунявї, илму маърифат мардумро хушбахт карда метавонад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *