Мақолаҳои Тоҷикӣ Т.Х.Точик

Салтанати амир Шоҳмурод ва ислоҳотҳои он

Нақша:

  1. Амир Шоҳмурод ва шахсияти вай.
  2. Сиёсати дохилии амир Шоҳмурод (таҳия ва татбиқи ислоҳоти молиявӣ, судй, маъмурй ва ҳарбӣ бо мақсади мустаҳкам намудани Ҳокимияти Марказй).
  3. Муборизаи амир Шоҳмуред барои васеъ намудани қаламрави аморати Бухоро.

Тавре ки дар боло зикр гардид, норозигии оммаи халқ тамоми аморати Бухороро фаро мегирифт. Дониёлбӣ на фақат худсариҳои феодалонро бартраф карда иатавонист, балки худаш торафт бештар мутеи қушбегй ва қозикалон мегардид. Яке аз писаро1 £ ӯ Шоҳмурод худро тамоман ба тариқати сӯфия бахшида, муриди шайх гардид. вай дар зоҳир аз дарвеши мискин ҳеҷ фарқе надошт. Бо фармоиши шайх ҳатто дар бозор ҳаммолй мекард. Соддагӣ ва дастрасии зоҳирӣ, тарзи зиндагии шикастнафсонаи шоҳзода, ки ба куллй хилофи зиндагонии айшу ишратона ва пурдабдабонаи аъёну ашроф ва худи Дониёлбӣ буд, боиси дар байни оммаи халқ ва аҳли зӯҳду тақво шӯҳрат ва эътибори зиёд пайдо кардани ӯ гардид.

Шоҳмурод махсусан ба рӯҳониён ихлос ва эҳтироми беандоза доштани худро бо ҷидду ҷаҳди тамом таъкид менамуд. Дониёлбӣ чунин маъруфияти писарашро ба назар нагирифта наметавонист ва шоҳзода дар умури давлат беш аз беш нуфуз пайдо намуд. У ба бекор кардани баъзе андозҳо низ муваффақ шуд. Падарро ба ҷузъ вориси худ таъин кардани ӯ дигар чорае намонд.

Пас аз вафоти Дониёлбӣ валиаҳди ӯ либоси тавба дар тан фарёдкунон дар кӯчаҳои Бухоро гашта, бо нолаву зорй аз мардум илтиҷо менамуд, ки гуноҳҳои нисбат ба мардум кардаи марҳумро бубахшанд. Вай ҳиссаи худро аз мероси падар гирифта, амр кард, ки сарватро ба касоне, ки аз онҳо ситонида шудааст баргардонанд. Чунон вонамуд мекард, ки гӯё ӯ ғайри хоҳиши худ ба тахти салтанат нишастааст ва аз ин рӯ боз ба асбоби таҷаммул наздик нашуда, худро дар маслаки зӯҳду тақво нигоҳ медошт.

Тарзи зиндагии хоксорона ва порсоёнаи ӯ (либоси фақру фоқа мепӯшид ва онро то ҷиғда-ҷигда шуда дариданаш аз тан намекашид, таоми оддӣ ва хеле кам мехӯрд, ҳеҷ гоҳ ҳадя намегирифт, дар як рӯз барои эҳтиёҷоти худ фақат як танга хапҷ мекард ва гайра) муосиронашро дар ъайрот магузошхавд. У барои тахдиди синфи хоҷагон ва ашроф, қушбегӣ ва қозикалонро дар ҳузури умум ба қатл расонид. Чунин рафтору кирдори ӯ, ки аз рӯи мулоҳизаҳои сиёсӣ сурат мегирифт, дар кори соҳиб шудан ба тахти салтанат ва ба тарафи худ кашидани таваҷҷӯҳи оммаи мардум роли муҳим бозид7.

Ин таваҷҷӯҳ барои Шоҳмурод ниҳоят дараҷа зарур буд, зеро дар соли ба тахт нишастани ӯ (1785) косаи сабри аҳолии Бухоро лабрез шуда, онҳо шӯриш бардоштанд. Дар рафти шӯриш беш аз ҳазор кас кушта шуд. Аз ин рақам ба хубӣ маълум мешавад, ки муборизаи халқ то чӣ андоза вусъат доштааст.

Шоҳмурод маҷбур шуд савганд хӯрад, ки аҳолии Бухороро аз ҷабру зулм ва хироҷу андозҳои аз ҳад зиёд озод хоҳад намуд ва фармони ӯро ба рӯи санг сабт намуда, дар пештоқи масҷиди ҷомеи Бухоро гузоштанд. Албатта, ин як ваъдаи хушку холӣ ва фақат гасилаи аз газаби халқ раҳоӣ ёфтан буд. Аз Бухориён минбаъд ҳам молиёти махсус, ки ба макс^дҳои ҳарбӣ андохта мешуд, меситониданд.

Аҳди салтанайк амир Шоҳмурод (1785-1800) дар таърихи сулолаи мангития давр^и клсбатан устувор гардидачи аморат ба шумор меравад. У ба мақса^и бартараф намудани норозигии умумй, ки дар вақти ҳукмронии падараш пайдо шуда буд, баъзе ислоҳот ҷорй намуд. Вай чунин андозҳои шаръӣ, монанди хироҷ ва закотро боқӣ гузошта, дигар ҳамаи молиёт, боҷ ва ҷаримаҳоро барҳам дод. Лекин ба ивази нн ҷизя — андоз аз қавмҳои ғайри мусалмон ситондашавандаро хеле зиёд кард. Ба аскарон моҳона муқаррар намуд. Бисёр заминҳои вақфро, ки амирони собиқ мусодира харда буданд, дубора барқарор кард. Ба ин восита ӯ рӯҳониёни исломро ҳомии худ карда, дар роҳи мустаҳкам намудани ҳокимияти худ аз нуфузи дар байни оммаи мардум доштаи онҳо моҳирона истифода бурд

Ислоҳоти пулие, ки ӯ дар огоуи ҷукуси худ гузаронид, барои ҳаёти иқтисодии мамлакат аҳамияти каж>н пайдо намуд. Сиккаҳоро аз нуқраи пуриёр мебаровардагӣ шуданд. Сиккаҳои кӯҳнаи пеш аз ислоҳот (сиккаҳои нуқраи камиёр) аз эътибор соқит карда шуданд. Ин ислоҳоги пулй ба ривоҷу равнақи тиҷорат мусовдат намуд.

Ба мақсади афзудани иқтидори ҳокимияти марказӣ Шоҳмуроди зирак ҳокимони вилоятҳоро аз вазифаашон сабукдӯш намуда, ҳокимони нав таъйин намуд. Ба ҳар шаҳру деҳа қозй таъйин карданро низ ӯ ба таомул даровард. Муқобилати феодалони ҷудогона дарҳам шикаста шуд. Ҳатто саркаштарини онҳо низ сари итоат хам кард. Чунончи, Ниёзалй, ки дар вақти Дониёл худро дар Шаҳрисабз мустақил эълон карда буд, итоати амир Шоҳмуродро қабул намуд.

Амир Шоҳмурод умури маҳкамаро низ як дараҷа ба тартиб даровард. Худаш рисолае роҷеъ ба ҳуқуқ таълиф намуд, ки барои қозиҳо ҳамчун дастур хизмат мекард. Дар он замон қонуне ҷорӣ

7 Соддаги ва иорсоии Шоҳмурод ба дараҷаи афсона расида, номи аслии у «Амир Маъсум» (ба маънии «амири бегуноҳ») машҳур шудааст. гардид, ки мувофиқи он агар касе нисбат ба моликият ҷинояте содир кунад, сарфи назар аз мартабаҳои ҷамъиятии ӯ ба сахттарин ҷазо гирифтор мешуд. чунин тартибот як.андоза пеши роҳи горату тороҷҳои аз ҳад зиёдро гирифта, ба манфиати табақаҳои осоишталабл аҳолӣ буд. Ҳама медонистанд, ки барои роҳзанӣ сар аз тан ҷудо мекунанд, барои дуздй дасти ростро мебуранд ва гайра. Шоҳмурод ин чорабиннҳоро таҳти байрақи мубориза дар роҳи риояти аҳкомп шариат амалӣ намуда, бо ин баҳона барои муҳофизати расму оин мансаби раисро ҷорӣ намуд, ки ӯ мебоист иҷрои тамоми фармудаҳои шариатро хӯрдагирона назорат мекард.

Устувору мустаҳкам шудани ҳокимияти марказӣ боиси тач.мини амнияти роҳҳо гардид ва ин дар баробари ислоҳоти пул барои равнаки тиҷорат заминаи мусоид фароҳам овард. Хоҷагиҳои воҳаҳои зироатӣ, хусусан водии Зарафшон, инчунин ҳавзаи дарёҳои Аму ва Қашқадарё дубора рӯ ба сабзиш ниҳоданд. Дар бобати афзудани нуфузи нохияхои камодам чораҳо лида шудаанд, ки каналҳои нави обёрӣ акнун на аз они феодалҳои чаҳаллӣ, балки моли подшоҳӣ маҳсуб меёфтанд ва аз ин ҳам хазинаи давлат ганӣ мегардид. Агар натиҷаи пешрафти корҳои обёрӣ протсесси ба зиндагонии муқимӣ гузаштани гоифаҳои бодиянишини ӯзбек дар заминҳои навобод қувват гирифт.

Амир Шоҳмурод риёкорона қиёфаи дарвеши порсоро ба худ гирифта, таассуби диниро ривоҷ медод ва аз он ба мақсади ҷорй кардани сиёсаташ истифода менамуд. У таҳти шиори «ҷиҳоди муқаддас бар зидди шиаҳо» чандин маротиба ба Хуросон лашкар каши два бисёр маҳалҳои онро тороҷ намуд. Амири мангит дар ин лашкаркашиҳо ҳар як каси қобили меҳнатро аз аҳолии Хуросон асир карда, ба Бухоро меовард. Ба ин восита бозори гулом фурӯшии Бухоро хеле авҷ гирифт. Дар охирҳои асри ХУШ, вақте ки Эрон саргарми ҷангҳои дохилии худ буд, Шоҳмурод дубора Марвро ишгол кард. Пас аз чанде вай ба муқобили бародари худ Умарбй, ки дар Марв ҳукм ронда, барои чудо шудан аз Бухоро кӯшиш мекард, дохили муҳориба гардид ва сарбанди дарёи Мургобро ба куллӣ вайрон намуд. У тадриҷан қисмати зиёди аҳолии ин воҳаро ба Самарқанду Бухоро кӯчонда, дар таъмири харобаҳое, ки аз ҷангҳои собиқ ба амал омада буданд, истифода бурд. Ин сиёсати пешгирифтаи Шоҳмурод то андозае ба тармими харобиҳои водии Зарафшон, махсусан атрофи Самарқанд ва Бухоро мусоидат кард. Вале дар айни замон вай боиси тамоман ба харобазор табдил ёфтани воҳаи Марв гардид. Шоҳмурод якчанд дафъа ба тарафҳои Уротеппа (Истаравшан) лашкар кашид ва дар ин мавридҳо низ аксари аҳолии қобили меҳнати Хуҷанд, Ӯротеппа, Хавос, Зомин ва Ёмро зӯран ба Самарқанд бурда, дар сохтмони биноҳо ва иншооти объёрӣ истифода бурд. Маҳз бо қувваи ин одамон дар Самарқанд 24 масҷид ва дигар иморатҳои гуногун сохта шуданд. Амир Шоҳмурод соли1800 ҷаҳони фониро падруд гуфт ва 1-уми декабри ҳамон сол писараш Ҳайдар (1800-1826) ба сари ҳукумати Бухоро омад. Вале ӯ сиёсати падари худро давом дода натавонист.

Баъди фавти амир Ҳайдар писараш Насрулло (1826-1860) ба сари ҳокимият омад. Мардум барои бераҳмӣ ва ҷаллодиҳояш ба ӯ «амири қассоб» лақаб гузошта буданд. «Вай подшоҳи қаттол ва хунхор буд, дар ягон кор ҳеҷ касро писанд намекард ва фикри дигаронро ҳурмат намекард», — гуфтааст муаррих Мирзо Сомӣ.

Related posts

«Авесто» хамчун сарчашмаи идеявива маънави

14umnet

​Тадќиќи мархилавии бозори байналмиллали

14umnet

Чустучў ва ивази калимахо. Речаи нигохдории автомати.

14umnet

Leave a Comment

Login

X

Register