Информатика Мақолаҳои Тоҷикӣ

ШАБАКАИ КОМПЮТЕРӢ. СИСТЕМАҲОИ ҶУСТУҶЎӢ ДАР ИНТЕРНЕТ ВА ТАТБИҚИ ОН.

Шабакаи компютерӣ.

Шабакаи компютерӣ инпайвастшавии ду ё якчанд компютерҳо бо мақсади самаранок истифода бурдани имкониятҳо ва захираҳояшон мебошад. Шабакаи компютерӣ имкон медиҳад, ки чунин воситаҳои иловагӣ ба монанди принтер, сканер, плоттер, стример ва дигарон коллективона истифода шаванд. Инчунин таъминоти информатсионӣ ё барномавии умумӣ имкон медиҳанд, ки хотираи компютерҳо сарфа карда шаванд. Шабакаи компютерӣ — воситаи пуриқтидори мубодилаи информатсияи байни компютерҳо мебошад. Дар амалия вобаста аз ҳаҷми информатсияи барои ҳалли масъалаҳо зарурӣ аз шабакаҳои компютерии локалӣ, корпоративӣ (минтақавӣ) ва глобалӣ истифода мебаранд. Шабакаҳои локалӣ одатан барои ташкил намудани алоқаи байни компютерҳои як ҳуҷра, бино, ё якчанд бинои корхона хизмат менамоянд. Агар компютерҳои якчанд корхонаҳои ягон маҳал бо ҳамдигар алоқаманд шаванд, он гоҳ мегўянд, ки онҳо дар шабакаи корпоративӣ пайвастанд. Шабакаи глобалӣ алоқаи компютерҳои тамоми кураи Замин мебошад. Ба он Интернет, Интранет, Фидонет ва дигар шабакаҳо дохил мешаванд. Дар байни онҳо шабакаи глобалии аввалин ва паҳншудатарин Интернет мебошад, ки он бо истифодаи бепул бо тезӣ паҳн шудааст. Телекоммуникатсия аз калимаҳои теле – масофа ва коммуникатсия – мубодилаи информатсия гирифта шуда, мубодилаи информатсиониро дар масофаҳои гуногун бо воситаҳои ноқилӣ ва беноқил таъмин менамояд.
Системаҳои ҷустуҷўи Интернет.
http://www.rambler.ru) оғоз намуда, ки яке аз аввалин ҷўяндаҳои Рунет мебошад. Масалан, мутахассисони Россия тасдиқ менамоянд, ки то 90% истифодабарандагони русзабон моҳе ақаллан як маротиба аз имкониятҳои Рунет истифода мебаранд.
Равзанаи асосии системаи ҷустуҷўии Rambler

Қайд менамоем, ки Rambler ғайр аз ҷустуҷўи оддии маълумотҳои дархостшуда инчунин, дорои воситаи ҷустуҷўии васеъ мебошад (Расширенный поиск — http://www.rambler.ru/doc/advanced.shtml).

http://www.yandex.ru) мебошад. Афзалияти асосии он дар забони табиии тартиб додани дархостҳо мебошад. Албатта, дар ин ҳолат набояд фаромўш намуд, ки амалиётҳои ҷустуҷўиро мошин иҷро менамояд ва хатогиҳои мантиқӣ имконпазир мебошанд.

Равзанаи асосии системаи ҷустуҷўии Яndex

ғайр аз имкониятҳои муқаррарии ҷустуҷўӣ, Яndex имконияти ҷустуҷўии васеи маълумотҳоро (http://www.yandex.ru/advanced.html) дастгирӣ менамояд. Реҷими мазкур имконияти ба таври аниқ муайян намудани хусусиятҳои дархостро таъмин намуда, умуман ба ҷустуҷўи васеи системаи Rambler монанд аст. Имконияти дар ҳудуди як саҳифа дарёфт намудани калимаи лозимӣ илова шудааст. Инчунин, имконияти аз фазои ҷустуҷўӣ хориҷ намудани саҳифаи алоҳида низ мавҷуд аст.

Системаи ҷустуҷўи Апорт.

Системаи ҷустуҷўии Апорт aport.ru/ боз як ҷўяндаи машҳури русзабон мебошад. Хусусияти Апорт – имконияти истифодабарии on-line тарҷумаи англисӣ-русӣ ва русӣ-англисии дархостҳо мебошад. Истифодабарандагон метавонанд забони манбаи маълумоти дархостшавандаро надониста, онро ҷустуҷў намоянд. Бо баробари он, қайд менамоем, ки воситаҳои тарҷуманамоӣ ҳоло на он қадар мукаммал мебошанд ва ҳангоми ҳосил намудани натиҷаҳои ҷустуҷў саҳеҳии онҳоро санҷидан лозим аст. Одатан, барои дархостҳои содда натиҷаҳои саҳеҳ дарёфт карда мешаванд.

Почтаи электронӣ.
Почтаи электронӣ – яке аз имкониятҳои қадимаи Интернет мебошад. Дар ибтидо, аксарияти шабакаҳо, танҳо чунин имкониятро пешниҳод менамуданд. Тавассути почтаи электронӣ қариб тамоми намуди маълумотҳоро ирсол намудан мумкин аст. Ба матни навишташуда файли андозааш кифоя калонро низ ҳамроҳ намудан мумкин аст. Масалан, агар шумо ба рафиқатон мактуб навиштанӣ бошед, ба он расми худ ё иттилооти овозиро ҳамроҳ намуда метавонед.

Истифодабарандагони ботаҷриба одатан, якчанд суроғаҳои почта доранд – яке барои кор, дуюмин барои мактубҳои шахсӣ ва ғ. Қуттиҳои бемаблағи почта инчунин, барои нигоҳ доштани сирри истифодабаранда низ истифода шуда метавонанд ва масалан, аз рўи суроғаи почта муайян намудани шахсияти истифодабаранда номумкин мешавад.

Як қатор чунин саҳифаҳоро номбар намудан мумкин аст, ки имконияти бе маблағ кушодани қуттии почтаро медиҳанд:

  • Mail.ru
  • 14um.net
  • Newmail.ru
  • Rambler. ru
  • Yandex. ru ва ғ.

Related posts

Редактори графики Paint ва Блокнот.

14umnet

​Рақобати монополӣ

14umnet

МАЪЛУМОТИ УМУМӢ ОИД БА ФАННИ ИНФОРМАТИКА.

14umnet

Leave a Comment

Login

X

Register