Мақолаҳои Тоҷикӣ Молия ва қарз

Шакл ва намудҳои қарз

Шакл ва намудҳои қарз

Нақша:

  • Шаклҳои ибтидоии қарз.
  • Қарзи тиҷоратӣ.
  • Қарзи бонкӣ.
  • Қарзи давлатӣ.
  • Қарзи байналхалқӣ.
  • Қарзи истеъмолӣ.
  • Шаклҳои ибтидоии қарз

Муносибатҳои қарзи аз шакли милии он оғоз ёфтаанд. Қарзи молӣ дар давраи ҷамъияти ибтидоӣ паӣдо шуда, сараввал дар доираи як авлод ё қабила истифода шудааст.

Он аз додани моли муаӣян ба каси дигар ва баргардонидани ҳамин мол ва ё моли дигари баробарарзиш иборат буд. Дар баробари рушд ёфтани ин шакли қарздиҳӣ қисме аз ҳукуматҳо ҷаҳд кардаанд, онро ба тартиб дароранд. Масалан, дар Рими қадим қонуне мавҷуд буд, ки мувофиқи он шахсони алоҳида метавонистанд молашонро дар асоси шартнома ба қарз диҳанд ва адои қарзро талаб кунанд. Барои сари вақт иҷро накардани шартномаи қарзӣ ҷазо пешбенӣ шуда буд. Мутобиқ ба ин қонун қарз ба ду намуд ҷудо мешуд; mutuum (қарзи аниқ) ва comodatum (қарзи озод). Дар намуди авал mutuum қарздор бояд моли ба қарз грифтаашро дар мўҳлати муайяншуда бармегардонад. Дар намуди дуюм – comodatum қарздор ҳуқуқ дошт ба ҷойи моли ба қарз грифтааш моли дигари баробарарзишеро баргардонад.

Пайдоиши пулу муомилоти пули доираи истифодаи қарзи молиро танг кард, зер бо пул додани қарз муфидтар буд. Ҳамин тариқ шакли навид қарз – қарзи пулӣ пайдо шуд. Пеш аз ҳама пул молест, ки ба осонӣ метавон онро ба ҳама молҳои дигар иваз кард ва дуюм бо худ баргардонидану истифодаи пул осонтар буд. Ин аст, ки одамон ин шакли қарзро ба хубӣ пазируфтанд. Қарзи пули доираи истифодаи қарзи молиро танг карда бошад ҳама онро, пурра аз байн набурд. Рушди мносибатҳои иқтисодӣ ва заруратӣ мтобиқ гардонидани қарздиҳӣ ба талаботи замон шакли нави қарз — қарзи омехтаро ба миён овард, ки ба шаклҳои болоӣ (қарзҳои молию пулӣ) асос ёфта буд.

Қарзи омехта – қарзест, ки қарздор метавонад онро дар шакли моли ва ё пули баргардонанд яъне каси қарзи молӣ гирифта метавонанд ба ҷои мол арзишашробаргардонанд ва баръакс каси қарзи пулӣ грифта метавонанд дар асоси розигии қарздода истифода мешавад.

Пешрафти мносибатҳои қарзи боиси дар асоси қарзи омехта паӣдо шудани қарзи тиҷоратӣ гардид.

  • Қарзи тиҷоратӣ

Вобаста ба он, ки қарзҳо аз ҷониби кӣ дода шудаанд ва ё онҳоро кӣ истифода мекунад, ба шаклҳои зерин ҷудо мешаванд:

  • Тиҷоратӣ;
  • Бонкӣ;
  • Давлатӣ;
  • Байналхалқӣ;
  • Истеъмолӣ.

Қарзи тиҷоратӣ аслан байни худи корхонаҳои истеҳсолӣ (ба қарз додани ашёи хом, иҷроиши кор, хизматрасонӣ) ва байни онҳою муассисаҳои савдо истифода мешаванд. Фурўшанда – корхонаи истеҳсолӣ моли худро бао шарти баъди фурўш баргардонидани пули он ба харидор медиҳад ва ё баръакс, харидор (масалан, корхонаҳои савдо) бо мақсади хариди молҳои серталаб пулик онро пешаки ба корхонаҳои истеҳсолӣ медиҳад. Ин шакли қарз бештар байни фурўшандаю харидори боэътимод ва ё ҳангоми ба савдо баровардани молҳои нави ба мардум ношинос, молҳои пештар ба савдо нарафта ва ҳолатҳои ба ҳамин монанд, ин чунин ҳангоми боварии фурўшанда ба баъдан савдо шудани молҳои навбаромаду серталаб истифода мешавад.

Қарзи тиҷоратӣ дар ҷамъи умумии савдо имрўзҳо дар кишварҳои аврупоӣ ҷойи намоён ишғол мекунад. Ҳамаи ширкатҳо (аз он ҷумла ширкатҳои мошинбарорӣ) таёранд моли худро ба қарз диҳанд. Пешниҳодҳои зиёде ҳаррўза аз ҷониби ширкатҳои истеҳсолкунандаи атриёт, либос ва ғайра дар шакли брошюраю китобҳои рекламавӣ ба сруғаи одамон фристода мешавад. Роҳи дигари чунин намуди пешниҳод сайтҳои интернетӣ аст, ки дар онҳо молу хосиятҳои онҳо, нарху гарави хизматрасонӣ ва шартҳои ба қарз доданашон қайд шудааст.

Асоси пешрафти ин шакл қарз муносибатҳои зичи фурўшандагон харидорон аст. Дар шароити рақобати сахти бозори фурўшандагон доимо дар ҷустуҷўйи роҳҳои муфидтари ҷалби харидоронанд. Мносибатҳои дурру дароз байни корхонаҳои истеҳсолию корхонаҳои савдо боиси пайдоиши боварии байни ҳамдигарӣ ва истифодаи чунин шакли мносибатҳо гардидааст.

Он дар навбати худ яке асосҳои пешрафти истеҳсолоту муомилот аст.

Қарзи тиҷоратиро вобаста ба мўҳлату тартиби баргардонидани он ба намудҳои зерин ҷудо намудан мумким аст:

-қарзи тиҷоратии дар момилоти муайян (аниқ) баргардонидашаванда;

-қарзи баъди фурўши мол баргардонидашаванда (консигнатсия);

-қарзи қисм ба қисм дар асоси талабномаи фурўшанда баргардонидашаванда.

Ҳангоми истифодаи намуди аввал харидор баъди қабули мол ба фурўшанда вексел медиҳад, ки дар он мўҳлати аниқи додани пул қайд шудааст ва ё мувофиқи шартномаи тарафайн фурўшанда баъди додани мол ба суроғаи харидор ҳуҷҷатҳои ба мол дахлдор ва талабномаи пулгириро мефиристад. Харидор баъди қабули ҳуҷҷатҳо талабномаи пулгириро бо розигии худ оид ба додани пули мол дар мўҳлати муайяншуда ба бонки хизматрасонаш пешниҳод мекунад. Бонк дар мўҳлати муайяншуда маблағи дар вексел ва ё талабномаи пулгирӣ нишондодашударо аз суратҳисоби харидор ба суратҳисоби фурўшанда мегузаронад.

Солҳои охир мафҳуми консигнатсия вирди забони тоҷикони тоҷикистонӣ гардидааст, ки маҳнояш аз истеҳсолкунандагон пешакӣ гирифтани молу баъди фурўши он додани пулаш аст. Агар мол ба фурўш наравад, харидор метавонад онро ба соҳибаш баргардонад. Ин намуди қарзи тиҷоратӣ низ дар пешрафти истеҳсолоту муомилот саҳми худро дорад. Хусусан, солҳои дар вазъи бўҳрон қарор доштани иқтисодиёти Тоҷикистон тоҷирони хориҷӣ ба соҳибкорони тоҷикистонӣ молашонро ба консигнатсия медоданд, ки то як дараҷа боиси пур кардани бозору қонеъ гардонидани талаботи мардум гардида буд. То ба имрўз, ин намуди қарздиҳӣ байни тоҷирони хориҷию дохилии боэътимод боқи мондааст.

Намуди сеюми қарзи тиҷорати аслан байни фурўшандагону харидороне истифода мешавад, ки додугирифти зич доранд. Масалан, комбината шир ҳаррўза ба мағозаҳои зиёди корхонаҳои савдо маҳсулоти ширӣ мефиристад. Барои корхонаи савдо пулгузаронии ҳаррўза ба суратҳисоби комбинати шир муфид нест, бинобар ин, дар шартномаи байнашон басташуда тартиби ҳисоббаробаркуние нишон дода мешавад, ки мувофиқи он дар чанд рўз як бор ба суратҳисоби фурўшанда пул гузаронида мешавад. Масалан, комбинати шир ҳар саҳар маҳсулоти шириашро ба нуқтаҳои савдо мерасонад, вале ҳар ҳафта як бор ба корхонаи савдо талаб­номаи пулгирӣ мефиристад, ки дар он маблағи қарзи якҳафтаинаи корхонаи савдо нишон дода шудааст. Корхонаи савдо дар ҳолати розӣ буданаш қарзи комбинати ширҳо пардохт мекунад. Байни корхонаҳои истехсолӣ низ ин намуди қарз метавонад истифода шавад. Масалан, корхонаи алюмини метавонад маҳсулоташро ба корхонаи дегистесҳолкунӣ дода, талаб кунад, ки пули он вобаста ба истифодаи алюминий дар раванди истеҳсолӣ қисм-қисм пардохта шавад.

Истифодаи ин ва ё он намуди қарзи тиҷоратӣ аз шароити бозору сиёсати дохилии корхонаҳои истеҳсолию савдо ва соҳибкорони алоҳида вобаста аст. Корхонаҳое, ки моли серталаб доранд, метавонанд шартҳои сахттарро пешниҳод кунанд. Масалан, талаби баланди бозори чаҳониро ба пахтаю алюминийи тоҷик ба инобат шрифта. Ҳукумати Тоҷикистон соли 1995 қарор қабул кард, ки харидорони ин молҳо бояд пулашро пешакӣ диҳанд ва то ҳол (соли 2008) ширкатҳои хориҷӣ ин талабро риоя мекунанд.
3. Қарзи бонкӣ

Қарзи бонкӣ яке аз шаклҳои аз ҳама маъмули муносибатҳои қарзист, ки дар ҳамаи кишварҳо васеъ истифода мешавад. Он танҳо аз ҷониби бонкҳою муассисаҳои молиявии ғайрибонкие дода мешавад, ки барои чунин намуди фаъолият иҷозатномаи бонкӣ марказиро доранд.

Истифодакунандагони қарзи бонкӣ ширкату корхонаҳо, соҳибкорон, сохторҳои давлатӣ ва аҳолӣ мебошанд. Тартиби додану баргардонидани қарз, фоиз ва масъалаҳои дигари ба он дахлдорро шартномаи қарзие, ки байни қарздиҳандаю қарзгиранда баста шудааст муайян мекунад.

Қарзи бонкӣ аз қарзи тиҷоратӣ бо хусусиятҳои зеринаш фарқ дорад: а) агар қарзи тиҷоратӣ аз ҷониби корхонаю ташкилотҳо дода шавад, қарзи бонкӣ танҳо аз ҷониби муассисаҳои қарзӣ (бонкҳо ва муассисаҳои молиявии ғайрибонкӣ) дода мешавад;

б) қарзи тиҷоратӣ бефоиз аст ва ё фоизи каме дорад, ки ба нархи мол ҳамроҳ шудааст. Фоиз доштани қарзи бонкӣ бошад, ҳатмист;

в) дар аксари мавридҳо мўҳлати қарзи бонкӣ нисбат ба мўҳлати қарзи тиҷоратӣ дарозтар аст;

г) қарзи бонкӣ дар асоси шартномаи махсуси қарзӣ дода мешавад, қарзи тиҷоратӣ ба шартномаи ҳамкорӣ, ки мақсади асосиаш хариду фурўши мол аст, такя мекунад.
Қарзи бонкӣ вобаста ба омилҳои зерин ба намудҳои алоҳида чудо мешавад:
вобаста ба тарзи додани он:

а) қарзҳои нақдӣ (бо роҳи додани пули нақд) ва ғайринақдӣ (бо роҳи аз суратҳисоби бонк ба суратҳисоби қарзгиранда гузаронидани маблағи қарз);

б) бозмаблағдиҳӣ (refinancing) — хариди векселҳо бо нархи арзонтар, аз бозори байнибонкӣ харидани захираҳои қарзӣ, қарзгирӣ бо роҳи баровардани ўҳдадориномаҳои бонкӣ (долговые обязательства);

в) қарзҳои векселӣ.
вобаста ба асъори қарз: бо пули миллӣ, асъори қарздиҳанда, асъори кишвари сеюм.
вобаста ба гарави қарз: таъминбуда ва таъминнабуда. Қарзҳое, ки дар асоси ба гарав гирифтани моликияти қарзгиранда дода мешаванд, қарзҳои таъминбуда мебошанд. Қарзҳои бегарав ба намуди дуюм дохил мешаванд. Масалан, қарзҳое, ки бонкҳо ба кормандони худ медиҳанд, дар аксари холатҳо гарави моликияти надоранд.
вобаста ба миқдори иштироккунандагон: дуҷониба (бонку қарзгиранда) ва бисёрҷониба (консорсиуми бонкҳо ва қарзгиранда ё қарзгирандаҳо).
вобаста ба муддати истифодаи қарз: кўтоҳмуддат, миёнамуддат ва дарозмуддат.

Қарзҳои кўтоҳмуддат асосан барои хариди ашёи хому пўшонидани хароҷотҳои истеҳсолӣ ва ташкили захираҳои молӣ дар соҳаи савдо истифода мешаванд. Мўҳлати истифодаи ин қарзҳо то як сол аст. Қарзҳои мўҳлати истифодаашон аз як то се сол ба қарзҳои миёнамуддат дохил мешаванд. Ин намуди қарзҳо бештар барои азнавкунии истеҳсолот, пўшонидани хароҷотҳои корхонаҳои кишоварзӣ истифода мешавад. Қарзҳои дарозмуддат онҳоеанд, ки муддати истифодаашон аз се сол зиёд буда, барои хариди таҷҳизот, сохтмони иншоотҳо, васеъкунии истеҳсолот бо роҳи вориди технологияи нав ва мақсадҳои дигари инвеститсионӣ дода мешаванд.
вобаста ба мақсади истифодаи қарз:

а) барои зиёд кардани сармояи асосӣ (хариди таҷҳизоти хозирзамон, сохтмони биноҳои нав, васеъ кардани истеҳсолот);

б) барои муваққатан пурра кардани воситаҳои гардон (сармояи гардон);

в) барои қонеъ
вобаста ба ҳудуди қарз:

а) қарзе. ки тамоми маблағаш дар як бор дода мешавад;

б) қарзи ҳудуддошта (овердрафт, қарзи маҳдуд).
Овердрафт (Overdraft) муносибати қарзиест, ки мувофиқи он бонк ба қарзгирандаи боэътимод дар ҳолати зарурӣ (бе пешниҳоди талабнома) то маблағи муайян (10-15 фоизи ҳаҷми умумии маблағҳои дар як моҳ ба суратҳисоби қарзгиранда воридшаванда) қарз медиҳад. Ин намуди қарздиҳӣ дар кишварҳои аврупоӣ хеле маъмул аст. Рақобати сахти байнибонкӣ барои ҷалби мизоҷон бонкҳоро маҷбур кардааст, ки шаклҳои нав ба нави хизматрасониро пешниҳод кунанд. Овердрафт низ яке аз шаклхои хизматрасонӣ аст. Агар барои истифодаи дигар шаклу намудҳои қарз мизоҷ ба бонк муроҷиат кунад, ин намуди қарз ба таври автоматӣ дода мешавад. Байни мизоҷу бонк оид ба истифодаи ин намуди қарз шартнома баста мешавад ва дар ин асос талабномаҳои пулгирии ба номи мизоҷ омада, новобаста аз набудани пул дар суратҳисоби он пардохта мешаванд. Қарзи овердрафт баробари ба суратҳисоби мизоҷ ворид шудани пул баргардонида мешавад.
Қарзи ҳудуддошта (Creditline) намудест, ки ҳудуду шартҳои муайян дорад. Мувофиқи шартномаи қарзӣ мизоҷ метавонад то ҳудуди муайяншуда (масалан, 1 миллион сомонӣ) қарз гирад. Дар ҳолати зарурати гарифтани қарзи нав мизоҷ бояд қисме аз қарзҳои пешинаро баргардонад, зеро маблағи умумии қарзҳояш набояд аз 1 миллион сомонӣ зиёд бошад.
вобаста ба тартиби баргардонидани қарз:

а) қарзе, кидар охири мўҳлаташ баргардонида мешавад;

б) қарзе. ки қисм-қисм дар давоми мўҳлаташ баргардонида мешавад.

Имрўзҳо дар охири мўҳлат баргардонидани қарз бештар дар байни соҳибкорони миёнаҳол расм шудааст. Қарздор қарзро тамоми мўҳлат истифода карда, дар охир пурра бармегардонад. Тартиби дигари қарзадокунӣ қисм ба қисм баргардонидани он то охири мўҳлат аст. Ин намуди қарзгирӣ вобаста ба муфид будани он аз ҷониби корхонаҳои истеҳсолӣ васеъ истифода мешавад.
вобаста ба фоизи қарз:

а) қарзҳои фоизашон аниқ муайяншуда;

б) қарзҳои фоизашон тағйирёбанда дошта.

Дар намуди аввал бонку қарзгир фоизи қарзро аниқ муайян карда, дар шартнома нишон медиҳанд ва қарзгирифта новобаста аз дигар шудани фоизи бозорӣ, қарзашро бо фоизи шартномавӣ бармегардонад. Дар шароити бўҳрони иқтисодӣ, ноустувор будани нархҳо (фоиз нархи қарз аст) ва тағйир ёфтани сатҳи таваррум бонкҳо бештар намуди дуюми фоизбандиро истифода мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми дигар шудани фоизи бозорӣ, фоизи қарзи қарздор низ мутобиқан дигар мешавад.
4. Қарзи давлатӣ

Қарзи давлатӣ қарзи дохилиест, ки ё аз ҷониби давлат ба аҳолию корхонаҳо ва ё аз ҷониби онҳо ба давлат дода шудааст. Қарзи давлатӣ аз буҷети кишвар ва бо фоизи кам дода мешавад. Сарчашмаи он буҷети ҷумҳуриявист, ки ҳукумат дар ҳолатҳои зарурӣ аз ҳисоби он ба буҷетҳои вилоятӣ, ноҳиявию маҳаллӣ қарз медиҳад. Ҳукумат метавонад маблағҳои аз талаботи буҷеташ зиёдатиро ба корхонаҳои давлатӣ низ ба қарз диҳад.

Толати дигаре, ки зарурати истифодаи ин қарзро ба миён меорад, аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ надодани қарз ба корхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ хаст. Ҳукумат дар ҳолатҳои алоҳида бо роҳи додани қарзҳои имтиёзнок корхонаҳои ғайридавлатиро низ дастгирӣ мекунад.

Намуди дигари қарзи давлатӣ дароз кардани мўҳлати андозҳои пардохтнашуда аст. Дар Тоҷикистон солҳо 1993-2003 чандин маротиба ҳукумат мўҳлати пардохти андози корхонаҳоро дароз кард, ки дар асл ин қарз ба он корхонаҳо буд. Ин намуди қарз дар адабиёти иқтисодӣ қарзи андозӣ (налоговый кредит) ном дорад. Дар аксари кишварҳо (масалан, Руссия) тартибу шартҳои додани чунин қарз дар Кодекси андоз муайян шудааст.

Замонатномаҳои (гарантиийные письма) ҳукумат ба корхонаю ташкилотҳои дохилӣ низ қарзи давлатӣ ҳисоб мешаванд. Қисме аз бонкҳои тиҷоратӣ ба корхонаҳои давлатӣ, ки зарароваранд, танҳо дар асоси замонатномаи ҳукумат қарз медиҳанд. Дар асл, ҳукумат дар асоси замонатномаи додааш баргардонидани чунин қарзро ба ўҳдаи худ мегирад.

Намуди дигари қарзи давлатӣ вомҳоеанд, ки аҳолию корхонаҳо бо роҳи харидани вомбаргҳо ба ҳукумат медиҳанд. Ҳукумати хар кишвар бо мақсади ҷалби пулҳои муваққатан озоди аҳолию корхонаҳо вомбарг (займ) бароварда мефурўшад. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз соли 1995 инҷониб вомбаргҳои худро дорад, ки аслан ба аҳолӣ фурўхта мешаванд. Ба таври дигар, ин як намуди қарздиҳии аҳолӣ ба давлат аст.

Вазорати молия инчунин аз номи ҳукумат қоғазҳои қиматнок бароварда, дар бозори аввалиндараҷа мефурўшад. Солҳои 1997-2002 бо ин роҳ ҳукумат аз корхонаҳою бонкҳо қарз гирифта, норасоии (deficit) буҷетро пур мекард. Баъдан, бо сабаби аз меъёр зиёд иҷро шудани буҷет (proficit) зарурати ин намуди қарзгирӣ аз миён рафт.

5. Қарзи байналхақӣ

Қарзи байналхалқӣ қарзест, ки аз ҷониби бонк ширкат ё ҳукумати як кишвар ба бонк ширкат ё ҳукумати кишвари дигар дода мешавад.

Мавҷудияти бозорҳои ҷаҳонии пул имкон медиҳад, ки бонкҳо аз хамдигар маблағи заруриро ба қарз гиранд. Пешрафти интернету ба воситаи он савдо шудани воситаҳои пулии озод муносибатҳои байнибонкиро зичтару суръати иҷрои амалиётҳоро тезтар гардонид. Акнун новобаста аз фарқияти вақт байни кишварҳои гуногун бозори интернетӣ доимо фаъол асту бонкҳо аз ҳам қарз мегиранд. Мўҳлати истифодаи қарзҳои байнибонкӣ гуногунанд: аз якшаба (overnight) то чандсола. Мақсади ҷалби онҳо қонеъ гардонидани талаботи қарзии мизоҷони бонкҳо ва худи онҳост. Бонкҳо барои қонеъ кардани талаботи худ ва таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои бонкӣ марказӣ (масалан, нишондиҳандаи пардохтпазирӣ) аз бонкҳои дигар қарз мегиранд.

Ширкатҳою сохторҳои дигари тоҷикистонӣ, ки бо ширкатҳои хориҷӣ ҳамкорӣ доранд, метавонанд аз бонкҳои кишварҳои онҳо қарз гиранд. Ма­салан, ҳукумати шаҳри Душанбе соли 1999 барои хариди автобусҳои «Икарус»-и дар мамлакати Венгрия истеҳсолшаванда аз Эксимбонки ҳамин кишвар қарзи сесола гирифта, онро дар мўҳлати муайяншуда баргардонд. Ин таҷриба аз ҷониби дигар ширкатҳои тоҷикистонӣ низ васеъ истифода мешавад. Хусусан, онҳо аз бонкҳои тиҷоратии Руссияю Қазоқистон, ки ҳамкорони наздики Тоҷикистонанд, қарзи зиёд мегиранд.

Намуди дигари қарзи байналхалқӣ қарзи байни ҳукуматӣ мебошад. Мақсади ҷалби ин қарзҳо аксаран ҳалли муммоҳои зерин аст:

-пўшонидани касри буҷет. Қисми зиёди қарзҳои солҳои 1993-2003 гирифташуда бевосита барои пўшонидани касри буҷет истифода шудаанд.
— ҳалли муаммоҳои озуқаворӣ. Масалан, соли 1993 Иттиҳоди Аврупо ба Ҳукумати Тоҷикистон барои хариди ғалла аз бозори ҷаҳонӣ 70 млн. доллари амрикоӣ қарзи имтиёзнок дод, ки он солҳои 2000-2007 баргардинида шуд.
— хизматрасонӣ ё баргардонидани қарзҳои хориҷӣ. Соли 2000 Иттиҳоди Аврупо талаб кард, ки Тоҷикистон қарзи соли 1993 гирифтаашро баргардонад. Азбаски вазъи молиявии кишвар хуб набуд, Ҳукумат хоҳиш кард, то мўҳлати қарз дароз карда шавад. Иттиҳоди Аврупо ба ин розӣ нашуда, роҳи дигари ҳалли муамморо пешниҳод кард. Дар натиҷа, Иттиҳоди Аврупо дар асоси шартномаи нав ба Тоҷикистон 35 млн. доллари амрико қарзи бебозгашт дод. Тоҷикистон бадин восита ҳар соле 15 млн. долларӣ дода, қарзи Иттиҳоди Аврупоро пурра баргардонд.
— ташкили захираҳои асъории кишвар. Масалан, ташкили захираҳои асъории Тоҷикистони тозаистиқлол бо гирифтани қарз аз сохторҳои молиявии байналхалқӣ шурўъ шуд.
— ёрдами ҳарбӣ. Ташкили қувваҳои мусаллаҳ ва бо лавозимоти ҳарбӣ таъмин кардани он яке аз мақсадҳои гирифтани қарз аз ҳукумати кишварҳои дигар мебошад.

Мақсади асосии қарздиҳии байниҳукуматӣ гирифтани фоида набуда, ҳимояи манфиатҳои қарздиҳанда бо роҳи аз ҷониби кишвари қарзгиранда дастгирӣ кардани он дар ҳалли масъалаҳои сиёсии байналхалқӣ, додани имтиёз ба ширкатҳои кишвари қарздиҳанда, роҳ додани сармояи он ба соҳаҳои сердаромади иқтисодиёт ва ғайра мебошад.

Қарзи байналхалқӣ низ мисли дигар қарзҳо намудҳои пулию молӣ дорад. Агар кисме аз кишвархо ва сохторҳои молиявии баӣналхалкӣ, ба монанди Хазинаи байналмилалии асъор, Бонкӣ ҷаҳонӣ ва ғайра ба Тоҷикистон қарзи пулӣ дода бошанд, қисми дигар, ба монанди кишварҳои ҳамсоя қарзи молӣ (гандум, газ, барқ ва ғайра) додаанд.

6. Қарзи истеъмолӣ

Қарзи истеъмолӣ қарзест, ки ба одамони алоҳида барои таъмини талаботашон дода мешавад. Он метавонад пулӣ ва ё молӣ бошад.

Қарзи истеъмолии пулӣ ба шаҳрвандон барои сохтмони хона, хариди қитъаи замин, ҷевон, гирифтани маълумоти олӣ ва мақсадҳои дигар дода мешавад. Дар кишварҳои аврупоӣ, ИМА, Канада, Австралия ва ғайра аксари хонаҳои нав аз ҳисоби қарз сохта мешаванд. Мўҳлати баргардонидани ин қарз вобаста ба вазъи молиявии қарздор то 40-50 сол давом мекунад. Дар баъзе аз мамлакатҳои араб (масалан, Арабистони Саудӣ) баробари хонадоршавӣ ба ҷавонон чунин қарзҳои имтиёзнок медиҳанд. Ҷевону дигар лавозимоти хонаро низ аз ҳисоби қарз харидан мумкин аст. Барои ин муҳим аст, ки қарзгиранда ҷойи кор, моҳонаи доимӣ ва рафтори шоиста дошта бошад.

Намуди дигари он қарз барои гирифтани маълумоти олӣ аст. Донишҷўёни ба мактабҳои олӣ дохилшуда дар қисме аз мамлакатҳо (масалан, Шоҳигарии Белгия, Люксембур, Британияи Кабир) метавонанд пули хонданро аз ҳисоби қарз дода, баъдан дар давоми чанд сол онро баргардонанд.

Қарзи истеъмолии молӣ аслан аз ҷониби корхонаҳои сохтмонӣ ҳангоми сохтан ё таъмир кардани хона ва гирифтани пули кор баъди чанд вақт, корхонаҳои савдо ҳангоми додани молу баъдан гирифтани пули он дода мешавад.

Яке аз роҳҳои додани қарзи истеъмолӣ роҳ додан ба овердрафт (overdraft) хангоми хариди молу иҷрои кор ё хизматрасонӣ мебошад. Дар кишварҳои пешрафта ҳисоббаробаркунӣ ба воситаи кортҳои бонкӣ анҷом дода мешавад ва ҳангоми басанда набудани бақияи суратҳисоби мизоҷ бонк ба таври автоматӣ ба ў қарз медиҳад. Маблағи қарз аз моҳонаи мизоҷ вобаста аст ва баробари ба суратҳисоб ворид шудани моҳона баргардонида мешавад.

Related posts

Вазифаи танқидӣ

14umnet

СИСТЕМАИ ОПЕРАТ­СИОНИИ MS WINDOWS.

14umnet

Бозори ҷаҳони ва проблемаҳои ҳамроҳшавии ҶТ ба он.

14umnet

Leave a Comment

Login

X

Register