​Шароитҳои табиӣ ва таъсири фаъолияти

Инсон ҳамеша кӯшиш мекунад, ки шароити зисташ тадриҷан беҳтар шавад. Бунёду истифодаи манбаъҳои нави энергия, коркарди замин} истихроҷи канданиҳои фоиданок ва ғайра сабаби тағйироти вазъи биосфера мешавад. Ба ту-файли қобилияти зеҳниву ҷисмонӣ инсон дар идораву тагйироти раванди табиӣ мақоми баланд дорад. Яке аз омилҳои афзоиши босуръати аҳолии сайёра он аст, ки ба таври сунъӣ дар муҳити зист параметрҳои дар назари аввал барои инсон матлуб дохил карда шуданд.

Ин амал на танҳо бар зарари олами набототу ҳайвоноти сайёра аст, балки баъзан беихтиёр ҳастии худи инсонро зери хатар мегузорад, зеро иҷрошавии хоҳиши исроркоронаи истеҳсоли ҳар чи тезтару арзонтари неъматҳои моддӣ сабаби ба инобат нагирифтани теғйироти ногувори муҳити зист мегардад. Гардиши модда дар табиат бо суръати муайян ба амал меояд, яъне имкониятҳои таби-ат ҳам маҳдуданд. Пас, барои фаъолияти абадии системаи экологии азимтарин, ки инсон ҳиссаи он аст, ҳаҷми ис-теъмол аз ҳаҷми неъматҳои табиии дар натиҷаи ин гардиш ба вуҷудоянда ҳамеша бояд хурд (П) бошад. Дар акси ҳол тамоми мавҷудоти зиндаи заминиро марги ногузир таҳдид мекунад.

Дар натиҷаи заҳролудшавии оби баҳру уқёнусҳо, муно-сибати ҳарисона ба боигарии онҳо баъзе навъҳои беҳтарини моҳӣ пурра нест шуданд ё дар хадди нестшави-анд. Муқаррар карда шудааст, ки талафи моҳй аз ҳисоби амали системаҳои обёрикунанда ва иншоотҳои обӣ нисбат ба ҳаҷми шикору коркарди саноатии моҳӣ бештар аст, Со-ле то 250 ҳазор делфин нест карда мешавад. Дар як соли 1988 талафи қариб 3 ҳазор тюлени баҳрҳои шимолиро ба қайд гирифтаанд.

Маълум аст, ки ба андозаи инкишоф таъсири тамаддун ба табиат бештар мешавад. Масоҳати умумии кураи Замин 510 млн км2 аст, ки 72%- и онро оби баҳру уқёнусҳо ташкил мекунад. Пас, ҳар қадар шаҳру маҳалҳои аҳолинишин, за-минҳои корам масоҳати бештарро ишғол намоянд, ба ҳамон андоза имкониятҳои олами набототу ҳайвонот маҳдудтар мешаванд. Натиҷаи чунин дахолати «фаъолона» буд, ки агар дар давоми 300 соли охир 120 намуди ҳайвонот нест шуда бошад, мувофиқан ба суръати пешравии тамад-дун, дар 30 соли охири асри 20 100 намуди онҳоро хавфи комилан маҳвшави тахдид мекунад. Дар ҳамаи қитъаи А.ф-рика камтар аз 500 ҳазор фил боқӣ мондааст ва баъди 8 со-ли манъи шикори он нархи дандони ашку устухони фил 10 бор афзуд. Ҳоло ҳам соле қариб 70 ҳазор фил кушта меша-вад. Фақат дар як мамнӯъгоҳи Гарамбаи давлати Заир дар зарфи 13 сол (1978-1991) 64% — и онҳо нест карда шудаанд.

Дар оғози истифодаи технологияи арзон ва ҳаҷман хурд будани истеҳсолот тағйироти муҳит ба назар намерасвд, вале минбаъд об, хок, ҳаво то андозае заҳролуд мешаванд, ки фаъолияти муътадили инсон номункин мегардад. Саба-би ин бунёди корхонаву иншоотҳои азими саноатӣ буд, ки дар қатори ноқисиҳои раванди истеҳсолот (масалан хориҷ кардани модцаҳои заҳролуд) то 90% — и ашёи хомро чун партови технологй истифода карда наметавонистанд. Ҳол он ки дар табиат ҳеҷ чизи нолозим нест. Солҳои охир кӯшиши ба технологияи бепартов гузаштан қисми, тарки-бии фаъолияти корхонаҳост.

Ифлосшавии ҳаво бо гарду чанги саноатӣ нисбат ба сӯхтори ҷангалҳову оташфишонии вулканҳо ва дигар ҳодисаҳои табиӣ кам (5%) аст, вале дар таркиби он мод-даҳои заҳролуд хеле зиёданд, ки болои шаҳру маҳалҳои аҳолинишин дар баландиҳои 300-1000 м пардаҳои тира ба вуҷуд оварда, бо таъсири боду боришот ба замин мефуро-янд. Дар давОми як сол ҳаҷми гарду чанги ҳар километри квадратии шаҳри саноатй то 390 т. мерасад. Муқаррар кар-да шудааст, ки дар натиҷаи таъсири гарду чанг 20% -и аҳолии сайёра гирифтори бемориҳои роҳи нафасанд.

Ташкили корхонаҳои нисбатан хурди истеҳсолӣ, тиҷоративу саҳҳомӣ бо риояи қатъиву бемайлони талаботи экологӣ иқцоми хубест.

Вале дар ҳар маврид фаъолияти одам ба муҳити атроф таъсир мекунад, таркиб ва ҷараёни табииро тағйир ме-диҳад, ки ин сабаби тағйироти шароитҳои муҳити зист ме-гардад. Ба хотири ҳаловати наслҳои оянда инсон аз дастовардҳои техникию биосфераи сунъии имрӯза даст кашида наметавонад, зеро ин танҳо маънои ба аспу ароба додани мавкеи воситаҳои.нақлиётии имрӯзаро надорад. Пас, ва-зифа аз он иборат аст, ки табиати таъсирро омӯхта, ҳудудҳои ҷоизи тағйироти шароитро муқаррар намоем. Бо вуҷуди ба мушкилоти зиёд алоқаманд буданаш, ин ҳалли ягонаи масъала аст. Масалан, таъсири гази карбон ё пайва-стагиҳои симоб ба организм ба зуддӣ ошкор мешавад, би-нобар ин ҳудуди ҷоизи дараҷаи ғилзат (концентрация) — и онҳоро муайян кардан мушкил аст. Ба оқибати на ҳама таъсирот чунин баҳои якқимата-ва фаврӣ додан мункин аст, зеро ҳамон як беморӣ натиҷаи чандин омилҳо буда ме-тавонад. Ҳатто мумкин аст, ки таъсири сатҳи генй (масалан баъзе афканишоти радиоактивӣ) дар фаъолияти имрӯзаи организм не, балки баъди ду-се насл дар бемориҳои ирсй зоҳир шавад, ё гази ангидриди карбон бевосита ба орга-низм таъсир мекунад, вале афзоиши он дар таркиби атмо-сфера баъди солиёни зиёд қабатеро ба вуҷуд меорад, ки ба мубодилаи гармӣ монеъ мешавад ва ҳарорати сайёра меафзояд.

Аллакай нишонаҳои аввалини ин руйдодро тадқиқоту мушохидаҳои боэътимоди илмӣ собит мекунанд, ки дар мудати 30 сол (1949-1979) ҳарорати миёнаи сатҳи Замин 0,34°С афзудааст ва аз ҳисоби истеъмоли бештари энергия дар даҳсолаҳои оянда чунин тағйирот тезтар ба амал меояд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *