Шуъбаи лучтухмон

Лучтухмон – растанихои кадими, бокимондаи онхо аз кабатхои девони эраи PZ ёфт шудааст. Папоротникхои тухмдор, кордаитхо тамоман мурда рафтаанд. Холо наздик 600 намуди онхо маълуманд. Аксарияти онхо дарахти, баъзан лиана ва буттаги буда шаклхои алафи дучор намешаванд. Шохрониаш моноподиали. Лучтухмон ба 2 гурух чудо мешаванд: 1) баргхои калони буридашудаи ба палма ва папоротник монанд доранд. 2) майдаи пулакчаги ё сузаншакл доранд. Аксарияти онхо хамешасабз. Яке аз аломати мухим барои хамаи лучтухмон вучуд доштани тухммугча мебошад. Дар мегоспорофилхо тухммугчахо кушод чойгиранд ва аз онхо пас аз бордоршавии тухм хосил мешаванд. Хусусиятхои афзоиши лучтухмонро дар мисоли карагаи одди –Pinus sulvestus дида мебароем. Спорофит – ин дарахт то 50 м баланд мешаванд, ду хел навда дорад — дарозруя ва кутохшуда, 400-500 сол умр мебинад. Такрибан дар 30-40 соли умраш спора хосил мекунад. Спорофилхо дар ду намуди чалгузахои аз якдигар фарк кунанда чамъ шудаанд., лекин дар як растани хосил мешаванд. (чалгузахои мардона ва занона). Микроспорофил аз ду микроспоронгия (гардон) иборат буда, дар тирамох микроспорахо шакл мегиранд. Дар аввали бахор таксимоти редуксиони ба вучуд омада, дар натича хар як хучраи модарии диплоиди 4 тоги микроспора хосил мекунад. Микроспорахо яктоги ядро дошта бо 2 чилд – интина ва экзина пушида шудааст ва ду пуфаки хавои дорад. Дар микроспорангияхо расиши микроспорахо ба вучуд омада гаметафити мардона таракки мекунад, ки онро гард меноманд. Тараккиёти ояндаи гаметафити мардона пас аз гардолудшави дар дохили чанин ба амал меояд. Таккиёти микроспора ва сохти гард дар хамаи лучтухмон қариб ки якхеланд (расми 188) Чалгузаи занона дар нугхои навдахои чавон хосил мешаванд. Нисбат ба чалгузахои мардона хачман колон мебошанд. Чанин инхо аз нутселус ва интигумент иборат аст. Нутселус дар асал мегоспоранги мебошад. Вай бо интигумент ихота карда шуда, дар нугаш микропиле вучуд дорад. Аввал нутселус аз хучайрахои диплоиди иборат буда, сониян дар кисми мобайнии он як хучайраи калони археспориали шакл мегирад, ки вай хучайраи ягонаи мегаспораи модари мебошад. Вай редуксиони таксимшуда, 4 хучайраи мегаспора хосил мекунад, аз онхо 3 тоаш танозул шуда, яктоаш боки мемонад. Мегаспора якчанд карат таксим шуда гаметафити занонаро хосил мекунад, ки эндосперм меноманд. Дар лучтумон эндосперм гаплоиди мебошад. Аз ду хучайраи ба микропиле наздик будаи эндоспер ду архегониӣ шакл мегирад. Пас аз гардолудшави микроспипиле суст мешавад. Гаметафити мардона тараккиёти ояандаи худро дар мегаспорангии давом медихад. Экзина мекафад ва хучайраи вегатативии бо интина ихота карда шуда ба найчаи гард табдил ёфта ба бофтаи нустелус гузашта ба тарафи архегонии харакат мекунад. Хучайраи антериали таксим шуда, ду хучайра хосил мекунанд: хучайраи пойга ва хучайраи спермагени. Онхо бо найчаи гард гузашта, то ба архегоний мерасанд. Пеш аз бордоршави аз хучайраи спермагени ду сперма хосил мешаванд гаметахои мардон, камчинак надоранд. Бо воситаи гарданаки архегоний то ба хучайратухм расида, яке спермия бо ядрои хучайратухм омехта мешавад (бордоршави), дигар спермия мемирад. Аз гардолудшави то бордоршави дар карагай наздик 13 мох мегузарад. Аз зиготаи диплоиди хамоно чанин таракки мекунад, ки вай аз хисоби эндосперм гизо мегирад. Чанин шакл гирифта аз решача, танача, тухмпалла, мугчача иборат мебошад. Интигумент пустлохи сахтро хосил мекунад. Хамин тавр тухм хосил мешавад. Мумкин аст, ки лучтухмон аз як гурухи спорадорони дарачаи олии дар давраи девон вучуд дошта, чудо шуда бошанд. Хосил шудани тухм дар инхо сабаби дар эраи мезазой хукмроншудани онхо гардидааст. Лучтухмон ба 3 (се) синф таксим мешаванд: 1. Саговникхо 2. Чалгузанокон 3. Тухмпарданокон. СИНФИ САГОВНИКИХО – Cycadopsida, папоротникхо тухмдор -pteridospermales катори саговникихо –cyccadales. Катори бенетитихо – Bennettetales Синфи саговникхо – Cycadosida –баргхояш калони паршакл буда, лансетнамо, танаш пуркувват, умуман ин синф бо калонбаргии худ фарк мекунанд. Катори попоротникхои (сарахсшаклони) тухмдор- pteridospermales- инхо кадимтарин ва оддитарин буда дар давраи девони эраи полеазой пайдо шуда дар карбон нашъунамо ёфтаанд. Дар охири давраи перм мурда рафтаанд. Папоротникхои (сарахсшаклон) тухмдор гурухи гузаранда аз папоротникнамоён (сарахсшаклон) ба лучтухмон ба шумор меравад. Аз попоротникхои (сарахсшаклон) тухмдор саговникхо ва беннититхо чудо шуданд. Катори саговникхо – cycdales. Дар давраи перм пайдо шуда дар мезазой нашъунамо ёфтанд. Холо ин катор як оила дорад саговникхо – cycаdaceae. наздик 100 намуд ва 9 авлод дорад. Дар вилоятхои тропики ва субтропики, Шарки Осиё, Австралия, Африка ва Америка пахн гардиданд. Бисёр суст месабзанд то 1000 сол умр дида ,20 метр баланди дорад. Саговникхо растанихои дучинса буда чалгузахои мардона бисёр вакт яктоги аз 2 то 50-80см мешаванд. Гардхои майда, пуфакхои хавои надоранд. Чалгузахои занона аз 2см то 1м шуда баъзан 42кг вазн дорад. Мегаспорафилхо шаклхои гуногун доранд. Саговникхо растанихои хуби ороиши мебошанд. Катори кейтониевиҳо – caytoniales. Гурухи хурди растанихои кадимаи давраи юраи эраи мезазой мебошанд. Бокимондаихои онхо аз Гренландия, Англия, Осиёи Миёна, маълуманд. Ду авлод доштанд Кейтония- cytonia ва Гристорпия – Gristorpia. Растанихои оби ва сохили мебошанд, баргхояшон паршакл, микроспорофилхо аз 4 микроспорангия иборат, гард ду пуфаки хавои доранд, мегоспорофил то 5см дарози доранд. Катори бенититихо – Bennettitales. Дар давраи перм пайдо шуда дар юра ва бур нашъунамо меёбанд, ва дар охири бур тамоман мурда мераванд. Бо сохти органхои вегететиви ба саговникхо монанди доранд. Чалгузаи бисёрии бенититхо бо дучинсагиаш аз саговникхо фарк мекунанд. Онхо дар багалхои барг чойгир шуда шаклдигар кардаи навда мебошанд. Тухми инхо бо чанин 2 тухмпалланок пур шуда эндосперм надоранд. Синфи гнетовихо Gnetopsida парданоктухмон- Chlamydospermatopsida. Дар ин синф се авлод вучуд дорад: эфедра –ephedra, гнетум – ghetum, велвичия welwitschila. Ин авлод аз дигар лучтухмон фарк мекунад, ки инхоро ба катори махсуси монотипии чудо намуданд. Катори гнетовихо — Chetales ин катор як оилаи монотипии дорад. Шумораи умуми инхо аз 30 то 40 иборат мебошанд. Дар чойхои бешазорхои тропики Америкаи Чануби, Африка(2намуд) онхо вомехуранд. Дар нимкураи шарку гарб ду намуди гуногуни онхо вомехуранд. Лиананамо дар баъзе вакт шаклхои дарахти ва буттаги меруянд. Зохиран онхо ба растанихои дупаллагии пушидатухм монанди доранд. Баргхояшон супротиви, калон-калон, гавс шуда чалгузахояшон чудочинса, растани духонаги. Худи гнетум G. Gnemonoides ин растани дарахти то 15-17м баланди дорад, тухми худани медиханд. Дар чазираи Малукеки (Чануби –Шарқи Осиё) пахн гардидааст. Дигар намуди гнетум гнемонG. Gnemon – барои тухму барги хўрданибобаш кишт карда мешавад, тухмаш ранги сурхи равшан мебошад, бо воситаи паррандаҳо пахн мегардад. Аз гнетум неглетиум(G. negletium) бошад- равган мегиранд ва дар тандурусти истифода мебаранд. Онхо ба растанихои пушидатухмон монанди доранд, ки баъзе олимон ин каторро аз пушидатухмони дупалаги пайдо шуда мехисобанд. Асосан мехисобанд, ки гнетумихо бо беннетитихои типии Вилямсонела наздик мебошанд. Катори Гинковихо Ginkgoales. Дар охирҳои полеазой пайдо шуда, аз охирҳои бўр ба мурдан сар мекунад. Холо ин қатор танҳо як намуд дорад Ginkgo biloba. Ин намуд дар чанубу гарби Хитой дучор мешаванд аз даврахои кадим онро хамчун дарахти мукаддас дар Япония ва Хитой мадани кунониданд. Ginkgo то 40м баланди дорад шохрониашон моноподиали, танаш аз хисоби халкаи камбий васеъ шудааст, баргхо думчалдор, рагрониаш дихотомий. Чалгузахои мардона ва занона дар багали навдахои кутохшуда хосил шудааст. Бордоршави монанди саговникхо бо воситаи спермотазоитхо ба амал меояд, гинко хамчун дарахти ороиши васеъ ба кор меравад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *