Сохтори ташкили бонки тиҷоратӣ

Пеш аз он ки бобати ташкили бонки тиҷоратӣ сухан кунем, мо бояд ба худди мафҳуми бонк ва пайдоиши он каме равшанӣ андозем.

Бонк – муассисаи махсус сохташудае мебошад, ки барои ҷалб намудани маблағ ва маблағи ҷамъшударо аз номи худаш бо шартҳои баргардандагӣ, фоизнокӣ ва муҳлатнокӣ равона месозад.

Мафҳуми калимаи бонк аз калимаи италиявии «banco» ё ин ки калимаи немисии «olebenk» гирифта шуда, маънои миз ё харакро дорад, ки дар он ҷо муносибатҳои пулию қарзӣ гузаронида мешуд.

Аввалин бонкҳо 2300 сол пеш пеш аз мелод дар Рими Қадим дар шаҳри Вавилон, ки дар оянда бонкҳоро Вавилон номгузорӣ карда буданд, дар халдеяҳо (бозорҳо, маркази савдо, ҷои фурўш) пайдо шудаанд.

Бори аввал баъд аз соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 – 23 феврали соли 1991 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ду қонун:

1.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон»

2.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаолияти бонкӣ»

қабул карда шуд, ки бо ислоҳоти сохтори бонкӣ дар кишвар асос гузошт. Баъдтар соли 1991 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қонунҳои дар боло номбаршуда бо қарори худ, аз 28 июни соли 1991 №332 «Бонки милли Тоҷикистон» -ро таъсис дод.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори дузинагии бонк вуҷуд дорад, ки дар дараҷаи аввал Бонки миллии Тоҷикистон ва идораҳову шуъбаҳои дар вилояту ноҳияҳо буда ва дар дараҷаи дуюм бонкҳои тиҷоратӣ амал мекунанд.

Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бонкҳо дорои оиномаи худ буда дар асоси худтаъминкунӣ фаъолият мекунанд.

Фаолияти бонкӣ аз иҷрои амалиётҳои бонкӣ, инчунин гузаронидани амалиётҳои дигаре, ки ба қонунгузории сохтори бонкӣ мухолифат намекунанд, иборат мебошад.

Бояд гуфт, ки бонкҳои тиҷоратӣ барои гузаронидани амалиётҳои бонкӣ иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро дошта бошанд. Вақте ки Бонки миллии Тоҷикистон ба бонкои тиҷоратӣ иҷозатнома дод, баъд ба иҷрои амалиётҳо шурўъ мекунанд.

Амалиётҳое, ки бонкҳои тиҷоратӣ мегузаронанд:

— ба ширкатҳои хусусӣ, шахсони воқеӣ, фермерҳо ва давлат қарз медиҳанд;

— амонатҳои дархостӣ ва муҳлатдоро қабул мекунанд;

— интиқоли маблағҳоро дар дохили як кишвар ва берун аз он амалӣ месозанд;

— чеки роҳ ва аккредитив пешниҳод месозанд;

— бо супориши шахсони алоҳида ва корпаратсияҳо маблағҳои молиявии онҳоро идора мекунанд;

— амалиёти қарздиҳӣ: додани қарз дар шакли пул;

— амалиёти кассавӣ: қабул намудан ва аз нав ҳисоб кардан, иваз намудан, бастан ва нигоҳ доштани пулҳои қоғазӣ ва тангаҳо;

— амалиёти сейфӣ: хизматрасонӣ барои нигоҳдории қоғазҳо ва ашёи қиматноки мизоҷон;

— баровардани чекҳо;

— нашри варақаҳои пардохт;

— ташкили амалиёти ивазкунӣ бо асъори хориҷӣ ва ғайраҳо.

Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ҳуқуқ доранд ба Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи додани иҷозатнома барои иҷрои амалиётҳои бонкӣ бо ариза муроҷиат кунанд. Ариза бо забони давлатӣ навишта шуда, дар он бояд нишонии аризадиҳанда зикр гардад. Бонкҳо бояд дар Бонки миллии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузаранд ва дар китоби бақайдгирии бонкҳо дастнавис шаванд. Барои бакайдгирии бонкҳо ба андозаи 0,5 % аз сармояи оиномавии эълоншуда боҷ ситонида мешавад. Иҷозатнома ба бонк барои иҷрои амалиётҳои бонкӣ баъд аз қайди давлатӣ гузаштани он дода мешавад ва аз лаҳзаи гирифтани иҷозатнома борои иҷрои амалиётҳои бонкӣ ҳуқуқ пайдо мекунад. Иҷозатнома ба бонк барои иҷрои амалиётҳои бонкӣ баъд аз ќайди давлатӣ гузаштани он дода мешавад ва аз лаҳзаи гирифтани иҷозатнома барои иҷрои амалиётҳои бонкӣ ҳуқуқ пайдо мекунад. Илова бар ин бонкҳои тиҷоратӣ метавонанд дар асоси қонун дар дигар ноҳияву шаҳрҳои Ҷумҳурӣ филиалҳои худро кушоянд. Вуҷуд доштани филиалҳо барои хизматрасонӣ ба ҳар гуна шахсон осон хоҳад шуд. Филиалҳо суръати кори бонкро барои амалиётҳои бонкӣ метезонанд. Албатта ба мо маълум аст, ки тезонидани суръати амалиётҳои бонкӣ ва расонидани хизмати воло боиси афзун гардидани муштариёни бонк мегардад ва ин даромади бонкро меафзояд.

Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад дар вақти гузаронидани амалиётҳои иҷозат дода нашудаи он аз тарафи бонкҳои тиҷоратӣ иҷозатномаи бонкиро бозхонда пас гирад ва фаъолияти онро боз дорад.

Бонкҳои тиҷоратӣ фаъолияти ќарздињии худро вусъат дода онҳоро барои додани қарзҳои дарозмуддату кутоҳмуддат равона месозад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *