Тафриќасозии корхонахо ва меъёри онхо

Бояд тазаккур дод, ки дар тўли зиёда аз 70 соли мављудаи СССР, фаъолияти корхонањо тибќи низомнома (ќонун) дар бораи корхонањо ба роњ монда мешуд. Аз нук-таи назари сирати иќтисодию иљтимої, онњо њамчун звенои ибтидоии хољагии халќ, ба сифати воњиди њуќуќї сурат гирифта, аз љониби давлат тањсис ва идораю танзим карда мешуданд.

Корхона њамчун моликияти умумихалќї, дар њуљљатњои оморї ва коргузорї ба њайси ташкилотњои истењсолии давлатї — завод, фабрика, иттињодияњои истењсолї, иттињодияњои илмию истењсолї ба тасвиб мерасид.

Корхона фаќат баъди солњои 60-ўм имконияти аз рўи њисо-би хољагї кор карданро ноил гашта, бо муносибатњои бозорї рў овард. Он минбаъд, ботадриљ инкишоф ёфта, баъди солњои 90-ўм ривољу равнаќ ёфт.

Кунун фаъолияти корхонањо дар мамлакатњои собиќ Шўравї, алалхусус Љумњурии Тољикистон, тибќи Кодекси гражданї ва дигар актњои ќонунгузорињои њуќуќї муайян карда мешаванд. Мувофиќи онњо, таркиби сохтории корхона, тарзу услуби ташкилу фаъолият, истифодаи њуќуќ ба моликияти аќлонї (интеллектуалї), ташаккули муносибатњои мењнатї, ташкили фаъолияти тадбиркорию корчаллонї ва ѓайра муайян карда мешавад.

Дар адабиёти иќтисодї меъёрњои гуногуни тафриќабандии корхона дучор мегардад. Ин меъёрњо тибќи:

— хусусиятњои соња — корхонањои саноатї оиди истењсоли мошин, таљњизот, инстру-мент, истихрољи маъдан, истењсоли мавод, истењсоли ќувваи барќ ва дигар воситањои истењсолот, корхонањои хољагии ќишлоќ оид ба истењсоли ѓалла, мева, сабзавот, мањсулотњои техникї; корхонањои индустрияи сохтмон, наќлиёт, савдо ва ѓайра;

— таќозои инсон — корхонањои истењсоли мањсулоти истеъмолї, корхонањои соњањои хољагии ќишлоќ, саноати сабук, хўрокворї, мошинасозї, химия, сохтмони манзил ва ѓайра;

— сирати истеъмоли ашё — корхонањои коркардабарорї ва истихрољ;

— таъминоти мањсулоти тайёр — истењсоли воситањои истењсолот ва предметњои ис-теъмолї;

— ваќти кор — дар давоми сол доимоамалкунанда ва мавсимї;

— њаљм — корхонањои хурд, миёна, калон;

— тахассус ва миќёси истењсолот — махсусгардонидашуда;

— комбинат ё худ диферсификатсия кардашуда;

— аломатњои фаъолият — саноатї, савдо, наќлиёт, соњаи хизматрасонї, сармоягузорї;

— маќсади фаъолият — тиљоратї, ѓайритиљоратї;

— самту равиш — корхонањои бисёрљанба, яъне истењсоли мањсулоти гуногун (компютер; автомобил, коляскаи кўдакон, истењсол ва фурўши мањсулоти ѓалладона, мева, сабзавот) ва ѓайра;

— шаклњои моликият ба сармоя — корхонањои хусусї, давлатї, инфиродї, рафиќона, ширкатњои монополї, муштарак ва ѓайра;

— дараљаи тамаркази истењсолот — корхонањои хурд, миёна, калон, иттињодияњои ис-тењсолї, ассотсиатсияњо, иттифоќњои хољагї (консерн, консорсиум, картел, синдикат, трест, ширкатњои фаромиллатї…) ва ѓайра.

Меъёрњои мазкур низоми ягонаю воќеии муайянкунандаи њадди аќал ва аксари фирма буда наметавонад. Ин меъёрњо хоњ нохоњ, ба низоми мушаххаси масрифот ва њудуди оќилонаю самаранокии фаъолияти хољагидорї ва идоракунї, ки онњо дар адабиёти муо-сири иќтисодї њамчун харољоти “назорати бюрократї» маъруфанд дучор меоянд.

Таљрибаи фаъолияти соњибкорї аз он бештар шањодат медињад, ки бо мурури ботадриљ васеъ ва њаљман бузург гаштани корхона, њаљми даромад аз фаъолияти соњибкорї, таносубан майл ба пастравї пайдо мекунад. Ин аз он љињат рух медињад, ки “харољотњои бюрократї» оид ба ташкил кардани амалиётњои иловагии дохили корхонавї афзун мегарданд. Њангоми аз меъёр ва њадду њудуди оќилона гузаштани њаљми он, самараи идоракунї ботадриљ (оњиста-оњиста) аз даст меравад. Бо ибораи дигар принсипи пастравии даромад (самаранокї) аз идора ба кор медарояд. Масраф перомуни дарёб ва истифодаи иттилоот босуръат боло меравад. Таъмин кардани њавасмандии кормандон оиди амалї гардондани маќсади фирма бо воситаи манфиат, назорат торафт ќиммати худро афзун мегардонад.

Бинобар ин ташкили иќтисод дар доираи иќтисоди миллї тибќи “фабрикаи бузурги ягона» ва “идораи ягона», ки классикони иќтисоди сиёсии марксистї бештар таъкид мекарданд, на барои кам кардан, балки зиёд намудани масрифоти “бюрок-ратї» оварда ме-расонад.

Аз ин љињат њар як фирма њангоми њаллу фасли масъалањои умдаи иќтисод (чї?, барои кї?, кай?, барои кї истењсол намуд?), ногузир ба истеъмолгарони беруна мурољиат намуда, аз имконияти мављуда ва сарчашмањои худ аз нигањи таъмин намудани њадди аќали масраф ва ноил гаштан ба бањраву манфиати аксар њал менамояд. Ин масоил њамчун калид оид ба сомон расонидани муаммои њадди оќилонаи ташкили фирма хизмат мекунад.

Охирон, тибќи аќидаи Р. Коуз њамчун нуќтае, ки масрифоти интињоии масраф барои ташкил кардани амалиёти дубора дар дохили фирма, ки ба масрафи нињоии механизми бозор мувофиќ бошад муайян карда мешавад. Агар сатњ ва дараљаи табаќа-банди(иерархия)-и идора аз нигањи ташаккули сатњи технологї, соњавї ва ѓайра ба њам мувофиќ набошад, онгоњ њаљми оќилонаи фирма метавонад њархела сурат гирад. Аз ин нуктаи назар дар доираи њар як низоми иќтисодї, на фаќат миќдори зиёди фирма, балки ташкили шаклу намудњои бешумори он низ имконпазир мебошанд.

Гуногуншаклии фирмањо, асосан тибќи њархела сурат гирифтани њаљм, меъёри сарфаи ваќт (ба њадди аќал расондани харољот) ва харољотњои трансаксионї сурат меги-ранд.

Дар амалияи хољагидорї шакл ва намудњои фирма, муво-фиќи ќонун ва ќонунгузорињои давлат перомуни ташаккули шаклњои њуќуќии корхона муайян карда мешавад.

Дар давраи Њокимияти Шўравї шакл ва намудњои корхона мувофиќи низомнома ва ќонун дар бораи корхонањо муайян карда мешуданд. Кунун дар аксарияти љумњурињои мустаќил, онњо тибќи “Кодекси гражданї» ташкил карда мешаванд. Алалхусус дар Ко-декси граждании Љумњурии Тољикистон ва дигар давлатњои собиќ Шўравї ташкил кардани чунин шаклњои њуќуќии корхонањо тавсиф карда мешаванд:

— корхонањои давлатї;

— корхонањои мунисипиалї;

— корхонањои инфиродї (хусусї);

— ширкатњои дорои масъулияти комил;

— ширкатњои рафиќона;

— ширкатњои рафиќонаи муштарак;

— ширкатњо(љамъиятњо)-и сањњомї (баста ва боз);

— иттињодияи корхона;

— корхонањои иљоравї ва ѓайра.

Корхонањои давлатї, асосан, тибќи сирати низомњои иќтисодї, моликият ва соњибию истифода ташкил мегарданд.

Дар шароити иќтисоди амрї корхонањои давлатї њамчун моликияти умумихалкї тањсис ёфта, аз љониби њукумат, ташки-лотњои давлатї, вазоратњо бањри иљро кардани вазифањои наќ-шавии давлат истифода карда мешаванд. Фаъолияти истењсолї, хољагидории молиявї, иљтимої, тиљоратї, бурунмарзиашон аз љониби он ташкилотњо ташкилу инкишоф дода мешаванд. Њавасмандї, манфиатњои иќтисодї, фаъолияти озоди соњибкорї дар ин љо нисбатан мањдуд карда шудаанд ва коллектив ба натиљаи нињоии он њавасманд нест.

Дар шароити капитализм, корхонањои давлатї дар мояи моликияти хусусї ва принсипи ќисман ё пурра харида гирифтани корхонањои муфлисшуда ва аз нав сохтани корхонањо сурат мегиранд. Ба моликияти давлатї на соњањои истењсолоти моддї, балки ќисми зиёди соњањои ѓайриистењсолї, соњањои зерсохти бозорї дохиланд. Аксар ваќт онњо дар асоси боз харида гирифтани корхонањо, аз нав таљњизонї, сармоягузории иловагї ва ба соњибкорон баргардонда додани онњо, ба маќсади адои фармоишњои давлатї ва соњибкорию ба даст овардани фоида ташкил карда мешаванд.

Баъзан корхонањои давлатї њамчун шакли корхонањои муштарак — моликияти давлат бо шаклњои дигари моликият, (моликияти хусусї, моликияти давлатњои хориљї ва ѓайра) тањсис дода мешаванд. Онњо дар асоси принсипи њисоби тиљорат фаъолияти соњибкории худро анљом мепазиранд.

Корхонањои мунисипиалї корхонањое мебошанд, ки онњо барои истифода дар асоси принсипњои худидоракунї ба ихтиёри субъектњои иќтисодї гузошта мешаванд. Онњо ба монанди корхонањои давлатї тањсис ёфта, на ба ташкилотњои давлатї, балки ба ташкилотњои мунисипиалї таалуќ доранд.

Аксар ваќт, тибќи Кодекси гражданї корхонањои давлатї ва корхонањои мунисипиалї дар шакли корхонањои унитарї бунёд мегарданд. Корхонањои унитарї чунон шакли корхонањои тиљоратие мебошанд, ки ба онњо њуќуќ ба моликият, яъне истифодаи молу амволи дар ихтиёр дошта дода намешавад. Ин намуди корхонањо корхонањои давлатие дониста мешаванд, ки барои истифодаи муваќќатї, дар асоси принсипи нисбии оперативии идора, таќсим нашудани моликият байни аъзоёни коллективи корхона ва пурра боќимондани он (њамчун соњиби моликият) дар ихтиёри ташкилотњои давлатї ё худ ташкилотњои мунисипиалї ташкил карда мешаванд.

Корхонањои хусусї шакли оддитарини хољагидории инфи-родї (шахсї) ва оилавї до-ниста мешавад. Он, одатан дар шакли корхонањои хурду миёна дар соњањои тавлиду тиљорат, дар асоси моликияти шахсии фарди алоњида ё худ оилаю гурўњи алоњидаи соњибкорон, ќисми даромад ва молу амволи якљояи онњо ташкил карда мешавад. Тибќи ќонунгузорињои кунунї њар як фарди алоњида њаќќу њуќуќи моликияти давлатї ва мунисипиалиро харидан ва ба моликияти шахсї табдил додан дорад. Њадду њудуд, вазифа ва масъулияти ба дўш доштаи корхона бо воситаи устави корхона ба ќайд гирифта меша-вад. Ба он иљозат ба номгузорї ва иљрои амалиётњои ташкилию њуќуќї дода мешавад.

Ширкатњои рафиќона, њанўз дар шакли хољагидории рафии-ќона дар солњои 20-ўм дар мамлакати мо дар шакли хољагињои рафиќонаи оддї, рафиќонаи комил (дорои масъулияти комил), рафиќонаи командитї (боварї, боэътимод), рафиќонаи дорои масъулияти мањдуд, корхонањои њамшарик ба вуљуд омада, баъди солњои 30-ўм аз амалиёт боздошта шуданд.

Кунун ширкатњои рафиќона дар шакли ширкатњои Ра-фиќонаи дорои масъулияти комил эњё гардида, сирати зоњирии пешинаи худро нигоњ медоранд.

Ширкатњои рафиќона (рафиќонаи дорои масъулияти комил) дар асоси бастани шартномаи байни иштирокчиёни онњо оиди фаъолияти соњибкорї, љавобгарии мутаќобила, таќсими баробар ва адолатонаи даромад ташкил карда мешаванд.

Сармояи ширкат дар асоси ба њам зам кардани сањми њар як иштирокчиёни он дар шакли воситањои пулї, хадамот, сармоя-гузорињои ѓайримоддї ва ѓайра ташкил меёбад. Пешбурдан-(идора кардан)-и фаъолияти корхона дар чорчўбаи њамдигарфањмии умумї сурат мегирад.

Њама аъзоёни ширкат барои ташкилу ташаккули молу амволи ширкат, воситањои пулию молиявї ва ўњдадорињои он, љавобгарї ва масъулияти якхела доранд. Адои ќарз ва даъвоњои хољагию њукуматї на ба аъзоёни алоњида, балки њамаи аъзоёни он пешнињод карда мешавад ва онњо аз њисоби воситањои умум пардохта мешаванд.

Ширкатњои рафиќона аз нигањи ташкилию иќтисодї, њамчун фирмањои начандон бу-зург, ки ба фаъолияти тиљоратї ва њуќуќї банд мебошанд, арзи вуљуд доранд. Њар яке аз ин ширкатњо дорои унвон (ном), шакли ташкилии њуќуќ, сарњисоб буда, дар асоси принсипњои тиљоратї амал мекунанд.

Бояд тазаккур дод, ки баъд аз нимаи солњои 80-ўм ва таи солњои 90-ўми асри ХХ дар љумњурињои собиќ Шўравї ташкили навъи нави фаъолияти хољагидорї дар шакли иттињоди хољагидорї густариш ёфт.

Таљрибаи солњои гузашта аз он шањодат медињад, ки иттињоди хољагидорї дар шакл ва намудњои гуногун, алалхусус: ширкатњои дорои масъулияти комил, ширкатњои дорои масъулияти мањдуд, ширкатњои (љамъиятњои) сањњомї, ширкатњои сањњомии баста ва боз, ширкатњои рафиќонаи муштарак ва ѓайра ташкил гардидаанд.

Љомеаи дорои масъулияти мањдуд љомеае дар назар дошта мешавад, ки аз љониби як ё якчанд шахсони алоњида тањсис дода мешавад. Сармояи уставии онњо ба андозаи муайян карда шудаи сармояи созмондињандагон тибќи шартнома ташкил карда мешавад. Созмондињандагон барои ўњдадорињои љамъият љавоб-гар нестанд, вале хавфи зараре, ки вобаста ба фаъолияти љамъият ба андозаи арзиши маблаѓњои гузошташудаашон ба миён меояд ба дўш доранд. Бо ибораи дигар, дар доираи љомеаи дорои масъулияти мањдуд, љавобгарии моддии тањсисдињан-дагон фаќат ба андозаи њисса(сањм)-и вогузошташудаи онњо муайян карда мешавад.

Иттињоди хољагидорї дар кадом шакл ва намуде ташкил карда нашавад, он њамчун шахсияти њуќуќ арзи вуљуд дорад, тибќи таќозои (ќоидаи) устав ва шартномаи тањсисди-њандагон амал менамояд. Ба он њаќќу њуќуќи мустаќилона гузоштани ном, муайян карда-ни шаклњои ташкилию њуќуќї дода мешавад.

Љомеа(ширкатњо)-и сањњомї яке аз шаклњои иттињоди хоља-гидорї эътироф карда шуда аз њисоби муттањид кардани њисса-гузорињои аъзоёни љамъият ташкил карда мешавад. Он ба сифати ширкати дорои масъулияти комил баромад мекунад. Љавоб-гарии он дар доираи истифодаи сармояи худї сурат мегирад.

Фарќи ширкати сањњомї аз иттињоди дигари хољагидорї дар он аст, ки сармояи шир-катњои сањњомї, чун ќоида, дар шакли пулї вобаста ба њиссагузории њар як сањмгузоранда, ки ба андозаи номиналї ва њиссагузорињои таќсимнашавандаашон баро-бар аст ташкил меёбад. Охирон, њамчун намуди ќоѓазњои ќимматнок — сањмия сурат мегирад.

Бояд хотиррасон намуд, ки њангоми бозсозии њаёти иќтисодию иљтимоии мамлакат, ќабули ќонунњо дар солњои 1985-1990 ва то ибтидои солњои 1995 дар бораи корхонањо ва фаъолияти соњибкорї дар аксарияти давлатњои собиќ Шўравї, шаклњои мухталифи корхонањо истифода карда шудаанд.

Баъд аз солњои 1995 бошад дар Кодекси гражданї ва дигар њуљљатњои њуќуќї шакли ташкилию њуќуќии фирмањо ба стандарти љањонї мутобиќ карда шудаанд. Аз ин љињат муаллифони “Курси иќтисод» (9, 526) чунин тарзу услуби тафриќабандии пештара ва њозираи шакли ташкилию њуќуќии корхонањоро тавсия намудаанд (ниг. наќшаи 39).

Шакли пешин (ќадима) Шакли табдилёфта (кунунї)

1. Рафиќона дорои масъулияти мањдуд 1. Ширкат(љамъият)-и дорои масъулиятњои мањдуд

2. Рафиќонаи комил пурра) 2. Рафиќонаи комил (пурра)

3. Рафиќонаи мухталат 3. Рафиќона дар асоси боварї (бова-ринокии рафиќона)

4. Љамъияти сањњомии нав-ъи баста 4. Ширкат(љамъият)-и сањњомии баста

5. Љамъияти сањњомии нав-ъи боз (кушод) 5. Ширкат(љамъият)-и сањњомии боз

6. Корхонањои инфироди-(оилави)-и хусусї 6. Ба шакли хољагидории ра-фиќона табдил додани

љамъият (ширкат), иттињод, коопе-ратсия, ё худ нест кардани онњо

Наќшаи 39. Махсусиятњои ташкили корхонањо

Хусусияти замони имрўза ба њам иттисол ва мутта-њидшавии фаъолияти иќтисодии фирмањо њамчун иттифоќ ё худ ассотсиатсияњо зуњур меёбад. Фаъолияти онњо дар асоси ќарордодњо на танњо ба маќсади ба даст овардани фоида, балки мутобиќсозии фаъолияти соњибкорї ва њиф-зи манфиати умум тањсис дода мешаванд.

Аз ин љињат, онњо ташкилотњои бидуни тиљорат эътироф карда мешаванд. Аксар ваќт барои њаллу фасли хољагї, ассотсиатсияњо ба љамъиятњои иттињоди хољагидорї ё худ ширкатњои рафиќона њамроњ гардида, корхонањои навъи бозорї — консернњо, консорсиумњо, трестњо, синдикатњо, картелњо ва ассотсиатсияњои хољагидорї табдил дода мешаванд.

Фаъолияти иттифоќњо (ассотсиатсияњо) дар асоси ќарордодњо ва принсипи озодона ворид гаштану аз он бурун рафтан, нигоњ доштани мустаќилият (шахсияти њуќуќї) эътироф кардани ўњдадорињои дутарафа ва ѓайра сурат мегирад.

Иттифоќњои хољагї теъдоди бешумори корхонањои гуногуни соњањои гуногунро ба худ муттањид карда метавонад.

Маќсади тањсис намудани ассотсиатсияњо сармоягузорї ба равандњои ташкилию технологии муосир, хизматрасонии мутаќобила ва дастгирї, дар њаллу фасли масоили умдаи иќтисод, чї дар доираи иттињод ва чї дар доираи ташкилотњои болої, кор карда баромадани сиёсати ягонаи инкишоф, тайёрии мутахассисњо ва ѓайра зуњур меёбад.

Иттифоќњои хољагї њамчун шакли моликияти монополї эњё гардида, кунун ба љумлаи ширкатњои машњуртарини љањон шомиланд.

Консернњо — њамчун шакли корхонањои бузургтарини моно-полї, дар асоси шартнома ташкил карда шудаанд. Аз нигањи миќёси тамаркази истењсолот, иќтидори истењсолї, имконияти бенињоят васеи диферсификатсияњои истењсолот, ќобилияти беинтињои раќобатпазирї ба маќсади муайян, таќсим ва истифодаи сармоягузорї андўхтани онњо, барои баланд бардоштани даромаднокї ва подошт кардани масрифоту таъмини фоидаи баланд доранд.

Ба онњо дараљаи баланди тамаркази истењсолот, шакли моликият хос мебошад. Аксар ваќт онњо њамчун ширкатњои холдингї — дорандаи пакетњои сањњомии иттињод ташкил карда мешаванд.

Картел — шакли иттињоди корхонањое мебошад, ки дар асоси шартнома, тибќи сањми њаљми мањсулот, нарху шароити фурўш, мањдудгардонии бозори фурўши мањсулот дар асоси ќарордодњои байнињамдигарї ташкил карда мешавад.

Синдикат — шакли иттињоди корхонањое мебошад, ки таъминот дар доираи он бо таври марказонидашуда ба роњ монда шудааст. Тазод ва раќобат оиди хариду фурўш дар доираи иттифоќ аз миён бардошта шуда ширкати дорои масъулияти мањдуд ташкил карда мешавад. Дар акси њол идора ба яке аз иштирокчиёни аъзоёни шартномаи иттињод су-порида мешавад.

Аъзоёни иттифоќ пурра мустаќилияти тиљоратї ва ќисман мустаќилияти истењсолии худро аз даст медињанд.

Трест — шакли иттифоќи монополистии корхонањое мебошад, ки дар он иштирокчиё-ни он мустаќилияти истењсолї, тиљоратї, њуќуќиро аз даст дода, ба тобеъияти ягонаи идора ворид мегарданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *