Мақолаҳои Тоҷикӣ Фалсафа

Тахаввули тасаввурот оид ба фанни фалсафа

Фалсафа њамчун шакли фаъолияти маънавї ба гузоришу тањќиќ ва њалли муњимтарин масъалањои љањонбинї нигаронида шуда, њадафи нињоийи он кор кардан ва ба танзим даровардани дониши мукаммал дар бораи инсон ва љањон мебошад.

Пайдоиши фалсафа њамчун шакли махсуси фаъолияти маънавї таќрибан ба ибтидои њазорсолаи якуми ќабл аз мелод рост меояд. Аввалин бор истилоњи «фалсафа»-ро мутафаккири Юнони бостонї Пифагор (миёнањои асри VI то мелод) ба кор бурдааст. Аммо таърифи нахустини нисбатан муфассал ва даќиќи ин мафњум ба ќалами Афлотун тааллуќ дорад. Афлотун зимни шарњ додани мафњуми фалсафа, инчунин тафовути мазмунии ин мафњумро аз ду мафњуми дигари бо он аз лињози маъно хеле наздик, яъне аз «дониш» ва «хирад» ба таври возењ нишон додааст. Њамчунин дар тањќиќу маънидод кардани мазмуну мундариљаи мафњуми фалсафа олими дигари Юнони бостонї – Арасту низ сањми бузург гузоштааст.

То замони Афлотун ва Арасту фалсафа ѓолибан аз донишњое иборат буд, ки онњоро одамон дар мактаби њаёт ва таљрибаи рўзгор андўхта фароњам оварда буданд. Ин донишњо хеле мармузу номуназзам буданд ва дар шакли бадеї, ба таври хеле образнок ифода меёфтанд. Аз замони Афлотуну Арасту сар карда тадриљан дар фалсафа љои донишњои шаклан образноку бадеї (асотирї)-ро донишњое мегиранд, ки шакли ифодаи онњо бо моњияташон, яъне бо шакли мантиќиашон мувофиќ буд. Аммо, новобаста аз ин таѓйирот, услубњои мармуз ва бадеиву образноки ифодаи мазмуни донишу таљрибањо, на танњо тўлонї дар фалсафа боќї монданд, балки дар як бахши бузурги фалсафаи муосир, яъне фалсафаи Шарќ њанўз њам ба сифати услубњои њукмрон наќш мебозанд.

Бояд хотиррасон намуд, ки фалсафа асосан вобаста аз рўи се таъиноташ бештар мавриди истифода ќарор мегирад: а) фалсафа њамчун љањонбинї; б) фалсафа њамчун илм; в) фалсафа њамчун шакли шуури љамъиятї. Ин љанбањои зуњурёбии донишњои фалсафї дар шакли «соф» муќаррар набуда, балки њамдигарро печидаанд. Дар сатњи илмї-маърифатї зарурати фарќ кардани ин љанбањо мувофиќи матлаб аст.

Related posts

​Воситаи чойгиронии истехсолот

14umnet

​Ҳокимияти бозорӣ

14umnet

Бозори захирахои ќарзи ва инкишофи он.

14umnet

Leave a Comment

Login

X

Register