Мақолаҳои Тоҷикӣ Фалсафа

Таълимоти чорвакхо

Фалсафаи чорвакњо, ки бо номи локаята.низ маъруф аст, таълимоти материалистии ањди бостони Њинд ба шумор меравад. Локаята-аз калимаи санскритии «лока» гирифта шуда, маънии «макон, кишвар, мамлакат, олам, Коинот, замин, њаёт»-ро ифода намуда, дар шакли љамъ ба маънии «халќ, мардум, одамият» фањмида мешавад. Баъзењо мафњуми «локаята»-ро дар шакли «локаятама» пазируфтаанд, ки маънии «нуќтаи назари мардуми оддї»-ро дорад. Синоними мафњуми «локаята» калимаи «чарвака» мебошад, ки маънояш нисбатан норавшан аст. Аз рўи баъзе тахминњо «чарвака» ибтидои номи асосгузори ин таълимот аст. Мувофиќи аќидаи дуюм, ин калима аз феъли чар — хўрдан, хойидан гирифта шудааст, зеро пайравони ин таълимот «хўрдан, нўшидан, хушњолї» — ро таблиѓ мекарданд. Гурўњи сеюм бошад, бар онанд, ки мафњуми «чарвака» аз калимаи «чару» — форам, хуш ва «вак» — калима гирифта шудаанд, ки њамчун «каломи хуш» фањмида мешавад. Муассиси онро Берхесити (Брањаспати) меноманд, ки яке аз пайравони намоёни мактаби настика буд. Настика-мактаби фалсафиест, ки бо тамоми маъниаш дањрї мебошад. Тибќи таълимоти он, дар олам њарончї њаст ва узвњои њис онро эњсос мекунанд ва берун аз он чизеро эътироф намекарданд. Зиндагиву маргро шаклњои тавофутноки модда медонистанд. Бархилофи дигар макотиби фалсафии Њинд равияи чорвакњо «Ведањо» — ро эътироф намекард, ба зиндагии баъди марг бовар надошт, мављудияти худоро куллан инкор мекард ва љањонбинии он бошад, аслан ба нахустин будани модда ва дуюм будани шуур асос ёфтааст.

Чорвакњо дар муќобили љањонбинии ведї ќарор гирифта, адабиёт, таълимот ва дини онњоро њадафи танќиди сахт ќарор додааст. Онњо чунин аќида доштанд, ки нуќсони асосии «Ведањо» сохтакорї, зиддиятнокї ва пургапї буда, касоне, ки худро донандаи «Ведањо» мешумориданд, ќаллоб ва фиребгари гузаро мебошанд. Умуман, «Ведањо» ба фикри онњо «сергапии беаќлона буда, маросимњои он бошад, воситаи шикамсеркунист».

Лањзаи муњими таълимоти материалистии чорвакњо ин назарияи онњо оид ба пайдоиши шуур ба шумор меравад. Онњо ба дарки он омада расиданд, ки шуур ин хосияти материяи олиташкил аст.

Шуур аз мањабњут (яъне модда) – об, оташ, хок ва њаво ба вуљуд оварда шудааст ва њангоми муттањид шудани онњо љисми зинда тавлид мешавад. Худ аз худ ваю – њаво, агни – оташ, ап – об ва кшити — хок шуурро ба вуљуд оварда наметавонанд. Мадњавачоря дар бораи мактаби чорвакањо менависад: «Дар ин мактаб танњо чор унсур эътироф мешавад: хок, об, оташ, њаво. Ва мањз њамин чор аслро асоси пайдоиши шуур медонанд». Мувофиќи аќидаи онњо бо фасод шудани тан нафс њам нест мешавад.

Аз гуфтањои боло бармеояд, ки мувофиќи таълимоти чорвакњо, танњо олами воќеї ва њаёти воќеї вуљуд дораду халос. Онњо худоёнро эътироф надоранд ва аз ин рў, дањрї (атеист) мебошанд.

Ахлоќи чорвакњо хусусияти гедонистї дошт. Онњо маќсаду мароми зиндагиро дар хушбахтї медиданд, хушбахтиро бошад, чун њаловату фарањ мефањмиданд. Дар ин масъала онњо ќатъиян дар муќобили буддоињо ќарор доштанд, ки онњо зиндагиро танњо аз ранљу азоб иборат медонистанд ва бояд гуфт, ки гедонизми чорвакњо ба муќобили њаќирї ва худро мањкуми марг сохтани буддоињо дар нирвана нигаронида шуда буд.

Чорвакњо дар назарияи маърифат дар мавќеи сенсуалистї меистоданд. Онњо њама гуна хиради фавќулоддаро маљмўи эњсосот медонистанд.

Бояд гуфт, ки чорвакњо дар замони худ, яъне дар ањди бостон шўњрату нуфузи зиёдеро касб карда буданд. Лекин бо мурури замон ин мактаб таъсири худро гум кард ва асарњои онњо бошад, нобуд шуданд, ё ки ќасдан аз тарафи брањманњо, ки бештар њадафи мазаммати чорвакњо гашта буданд, сўзонда мешуданд, ки имрўз чизе аз онњо боќї намондааст

Related posts

​Мазмуни баҳисобгири

14umnet

Таърихи мухтасари пайдоиши Интернет

14umnet

Танзими макроиќтисодии системаи пули-ќарзи.

14umnet

Leave a Comment

Login

X

Register