Информатика Мақолаҳои Тоҷикӣ

ТАЪМИНОТИ БАРНОМАВИИ КОМПЮТЕРҲОИ ФАРДӢ.

Мафҳуми барномаи компютерӣ. Барномаи компютерӣ ин маҷмўи фармонҳои ба компютер ба намуди матнӣ додашаванда мебошад. Барномаҳои компютерӣ сатҳи баланд ва паст мешавад. Дар барномаҳои компютерии сатҳи паст дар ҳар як сатри барнома яктогӣ фармон ҷойгир карда мешавад, дар сатҳи баландаш бошад дар ҳар сатр якчанд фармонҳо ҷой дода мешавад. Барои тартиб додани барномаҳои компютерии сатҳи паст аз муҳити барноманависии Ассемблер ва барои барномаҳои сатҳи баланд аз муҳитҳои VisualBasic, Delphi, C++ ва ғайра истифода мебаранд. 

Таъминоти барномавии КФ. Намудҳои барномаҳоикомпютерӣ.

Таъминоти барномавии КФ гуфта, маҷмўи барномаҳоеро меноманд, ки онҳо барои истифодаи КФ заруранд. Таъминоти барномавии компютерҳои ҳозиразамон аз садҳо ҳазор барномаҳои гуногун иборат аст. Таъминоти барномавии КФ-ро аз рўи таъминоташон ба 4 гурўҳҳои асосии зерин ҷудо кардан мумкин аст:

  1. Барномаҳои системавӣ;
  2. Барномаҳои утилитӣ;
  3. Системаҳои барномасозӣ;
  4. Барномаҳои амалӣ;

Барномаҳои системавӣ ин гурўҳи барномаҳои системаҳои амалиётӣ (оператсионӣ) мебошад. Системаҳои амалиётӣ (СА) имконият медиҳанд, ки компютер ба кор тайёр карда шавад, интерфейси байни истифодабаранда ва компютер таъмин шавад, бо интерфейси байни барномаҳо ва таҷҳизотҳои КФ ва байни барномаҳои гуногун истифода мешавад. Системаҳои амалиётии маъмултарин MS DOS, MS Windows, OS/2, Linux, Android ва ғайра мебошанд.
Барномаҳои утилитӣ барои васеъ намудани имконияти СА-ҳо истифода мешавад. Ба монанди антивирусҳо, архиваторҳо, драйверҳо, барномаҳои хизматрасонии диски сахт, муҳаррики компакт-дискҳо ва ғайра. Яке аз барномаҳои ёрирасон ин – барномаи антивирусӣ мебошад, ки он барномаю ҳуҷҷатҳоро аз вирусҳои компютерӣ ҳифз менамояд. Вазифаи асосии чунин барномаҳо – ин дар ҳолати муносиб нигоҳ доштани устуворӣ ва коршоямии система мебошад. Онҳо имконият медиҳанд, ки нуқсонҳои системаи файлӣ ва таҷҳизотӣ муносиб гардонида шавад, инчунин баъзе амалиётҳои муқаррарӣ, ки бо омоданамоии компютер алоқаманд мебошад ба таври автоматӣ иҷро шаванд. Барномаҳои ёрирасон на танҳо барои системаҳои оператсионии Windows, балки барои дилҳоҳ системаҳои амалиётӣ пешбинӣ шудааст.

Барномаи антивирусӣ барномаи махсус буда, вирусҳои компютериро ёфта, намудашонро муайян намуда, диску файлҳои сироятёфтаро табобат менамояд. Вируси компютерӣ ин барномаи махсуси компютерии зараррасон мебошад, ки барои халалдор кардани кори истифодабаранда тайёр шудааст.
Системаҳои барномасозӣ ё ин ки муҳити барномасозӣ барои коркарди барномаҳои нав бо забони барномасозии мушаххас пешбинӣ шудааст. Барномаҳои амалӣ ин барномаҳои гуногуни истифодабарандагон мебошад. Ба монанди дастаи барномаҳои офисӣ, барномаҳои касбӣ, бозиҳои компютерӣ ва ғайра. Инчунин барои ҳалли масъалаҳои характери амалӣ доштаи соҳаҳои илм, техника, тиб, хоҷагии қишлоқ, саноат ва ғайра пешбинӣ шудаанд. Ба онҳо синфи калони барномаҳо – барномаҳоеро, барои автоматикунонии корҳои лоиҳавии гуногун мансуб кардан мумкин аст.

Намудҳои дигари барномаҳо ин барномаҳои дар раванди таълим истифодашаванда мебошанд, ки барои идоракунии раванди таълим ё худомўзӣ кор фармуда мешаванд.

Драйвер – барномае, мебошад, ки байни қисми компютер ва системаи амалиётӣ ё байни барномаи амалӣ ва системаи амалиётӣ миёнарав мебошад. Драйверҳо имкониятҳои системаи амалиётиро зиёд менамояд. Онҳо корҳоеро ба субот мерасонанд, ки системаи амалиётӣ онҳоро бевосита иҷро карда наметавонад.

Драйверҳо барои ба системаи компютерӣ ҳамроҳ намудани таҷҳизоти нав ё ба таври ғайристандартӣ истифода бурдани таҷҳизоти мавҷуда хизмат мерасонад.

Related posts

Авесто

14umnet

​Хоразм, Бохтар ва Суғд — қадимтарин давлатҳои ғуломдорӣ дар Осиёи Миёна

14umnet

​Унтсия чист? Ва СПОТ чист?

14umnet

Leave a Comment

Login

X

Register