Мақолаҳои Тоҷикӣ Фархангшиноси

​Тараќќиёти касбу санъат ва сохахои мухими рўзгор

Садриддин Айнї дар пайравии маорифпарварон китоби дарсии «Тањзиб-ус-сибён»-ро таълиф карда буд, ки он бештар ба масъалањои муњими иљтимоии љомеа бахшида шудааст.

Дар шањрњои Бухоро, Самарќанд, Хуљанд, Истаравшан, Ќуќанд, Њисор, Кўлоб ва дигар шањрњо соњањои гуногуни њунармандї мављуд буд, ки фаъолияти њунармандони дар рисолањои косибии худ нафишта мешуд. Дар тўли чанд ваќт ањли њар як њунар љамъ шуда, он рисолањоро мутолиа мекарданд ва ба шогирдоне, ки ин ва ё он њунарро пурра омўхтаанд, маросими камарбандро гузаронида, ба онњо њуќуќи кушодани устохонањои шахсї медоданд. Њар як њунармандони халќї шањрњо ва гузарњои худро доштанд. Њунармандони машњур дар Хуљанд – Неъматшайхи Наљљор, Мулло Шайхи наќќош, Мир Њайдари наќќош, дар Истаравшан – Мир Арбоби наќќош, Бобољони наќќош, дар Исфара – Мошариф оќсаќќол, дар Конибодом – Боирљони Кушкакї, Муњаммад Шукури Наљљор, дар Балљувон – Сафари Чўбтарош, Усто Нур, Њакими заргар, дар Бухоро – Мулло Муњаммадшароф, Усто Баротбой, Усто Њакими Бухорої, Усто Суфї, Усто Бегим, Абдурањими Кўлобї, Мањмудхољаи Балљувонї, Зокири Хатлонї, Њољї Њусайни Кангуртї, Њољи муњњамиди Кўлобї, Бисмили Њисорї, Саидвалии Њисорї, Карим Девона, Мавзуни Бадахшонї, Мусои Бадахшонї, Мулло Ёри Ванљї ва дањњо дигарон буданд, к ибо њунари хеш машњур шуда буданд.

Њар як касби пири худро дошт. Масалан: пири оњангарон – Довуд, санъати тасвирї – Дониёр, дўзандагию рассомї – Бибї Зўњро ва дигарон. Агар мардон мањсули њунари худро дар меъморї, кулолгарї чўбтарошї, ороишї, кандакорї тасвир намоянд, духтарону занњои тољик завќи бадеї, орзую умеди худро ба рўи матоъњо, рўймолњо, тоќќињо, чодар, борпўшњо, чойхалта, љияк, дастпонак, гилем ва ѓайра мекашиданду медўхтанд.

Яке аз хусусиятњои муњимтарини фарњанги ин давра дар он буд, ки олимону нависандагон ва шоирон, на танњо дар шањрњои марказї, балки дар ањрњои дигар, марказњои адабиро ташкил карда, асарњои худро офаридаанд.

Масалан бузургтарин пайрави сабки Бедил ин Наќибхон Туѓрали Ањрори Валї мебошад, ки мањсули маънавиёташ аз мухаммас, ќасида, маснавї, достонњои «Фироќнома» ва «Соќинома» боќї мондаанд.

Мавзўъњои бенавої, ќшшоќї, зулм, истибдод, мењру муњаббат дар эљодиёти дањонии мардуми тољик бештар ба чашм мерасид. Масалан: достони «Гуруѓлї»-и тољикї аз дигар мардум бо хусусиятњои ватанпарварї, инсондўстї ва ќањрамононаш фарќ мекунад.

Гарчанде ки дар сатњи иљтимоию иќтисодї ва фарњангии халќи тољик дар асри 19 ибтидои асри 20 навоварињои зиёде ва вуќўъ пайваста бошад њам, мардум анъана, урфу одат ва маросимњои милли худро давом медоданд. Масалан: тўйњои суннатї, иди рамазон, тўйи арўсї, иди ќурбон, Наврўз сурудњои гањворабандон, сурудњои аллаи модарон, базми гул, суруди ёр-ёри арўсї, сурудњои мавсимию маросимї ба монанди гулгардонї, наврўзї, сайри лола, сумалак, суруд-њои марсиявї, гиря, чўпонї, гандумдаравї, хирмакўбї, бофандагї, силсилаи суруду оњангњои класикии шашмаќом, суруду оњангњои тољик аз маќомњои Бузург, Рост, Наво, Дугоњ, Сегоњ, Ироќ ва ѓайрањо. Намояндагони соњаи санъати мусиќї оид ба маќом бисёр рисолањои илмї навиштаанд. Яке аз он рисолањо «Рисолаи шашмаќом»-и (1884) Мусохўљаи Туркистонї буда, дар бораи таркиби сохти шашмаќом маълумотњои муфид додаст. Дар соњаи санъати театрї бошад театри халќии Лўхтак, дорбозї, масхарабозї, њирсбозї, булбулбозї ва ѓайра амал мекард.

Омўхтани ин ва ё он илм ба будану набудани мударрисњо вобаста буд. Оид ба фаъолияти мударрисњо, таълиму тарбия ва зисту зиндагонии онњо дар асри 19 ибтидои асри 20 –и мардуми тољик устод Садриддин Айнї дар асарњояш «Ѓуломон», «Дохунда», «Мактаби кўњна», «Одина» ва «Ёддоштњо» ошкору њаќќони ва суфассал баён намудааст. Дар он давра мадрасањо маркази тайёр кардани ањли илму фарњанг буд ва ин гунна даргоњ барои мардуми тољик муќаддас дониста мешуд.

Related posts

​Фирма хамчун шахсияти хуќуќи

14umnet

Компютери шахси ва ќисмхои таркибии он

14umnet

​Адресатсия дар Интернет

14umnet

Leave a Comment

Login

X

Register