Бонк Мақолаҳои Тоҷикӣ

Ташкили фаъолияти бонкӣ

Нақша:

1. Вазифа ва усулҳои ташкили фаъолияти бонкӣ.

2. Хусусиятҳои ташкили фаъолияти бонкӣ.

3. Маҳсули бонкӣ: воситаҳои пардохтӣ, сармояи пулӣ, хизматрасониҳои бозории гуногун.

1. Вазифа ва усулҳои ташкили фаъолияти бонкӣ.

Яке аз вазифаи асосии бонк – ин ташкили институтҳои пулӣ – қарзӣ мебошад. «Ташкил намудан» ин тақсими дурусти меҳнат ва низоми батартибандозии фаъолияти бонк аст. Дар раванди ташкили фаъолияти бонк се мақсади асоси ба даст оварда мешавад:

1. даромаднокӣ;

2. рушди бонк;

3. пардохтпазирӣ.

Самаранокии фаъолияти бонкҳо аз муносибат ба фоида ва хароҷотҳо муайян карда мешавад, зеро чи миқдоре унсурҳои хароҷот паст гарданд, ҳамон қадар натиҷаи ниҳоии ташкилотҳои қарзӣ мусбӣ эҳсос карда мешавад. Муқаррар карда шудааст, ки мукаммалгардонии раванди қарздиҳӣ, технологияи пешниҳоди қарз ва рўйипўшкунии қарз омили гирифтани натиҷаи мусбӣ мебошад.

Таҷриба нишон медиҳад, ки баҳамалоқамандии шўъбаҳои ҷудогонаи бонк раванди қабули ҳалҳоро тез гардонида, тафтиш ва назорати бонкиро пурзўр менамояд. Аз нав ташкилгардонии зинаҳои идоракунӣ метавонад ба камкунии хароҷот ва сарфаи хароҷот оварда расонад. Баръакс, ташкили марказҳо (барои идоракунии пардохтпазирӣ) имконияти бартараф намудани хатогиҳоро медиҳад, ки ба талафоти захираҳо оварда расониданаш мумкин аст. Дар натиҷаи ниҳоӣ мақсади бонк бо баҳамалоқамандии ҳамаи сохторҳои ташкилӣ ва унсурҳои сохти ташкилӣ муайян карда мешавад.

Вазифаи ташкили фаъолияти бонкӣ бо тақсимоти дурусти меҳнат ва ташкили шўъбаҳои дохилӣ (кумитаи қарздиҳӣ, шўъбаи кадрҳо ва щ.) барои иҷроиши мақсадҳои бонкӣ амали гардидан, муайян карда мешавад. Вазифаи асосии ташкилӣ дар он ифода меёбад, ки кори ҳайати сохтори ташкилии бонкро мувофиқ бо мақсадҳои гузошташуда мутобиқ ва танзим менамояд. Ташкили таъмини ахборотҳо, коркарди қоида ва амалигардонии намудҳои гуногуни фаъолияти бонкӣ низ яке аз вазифаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. ҳамин тариқ, вазифаҳои ташкили самаранокии фаъолияти институтҳои пулӣ – қарзӣ бо ташкили сохторҳои ташкилӣ, танзими кори онҳоро таъмин менамояд.

2. Хусусиятҳои ташкили фаъолияти бонкӣ.

Ташкили фаъолияти бонкӣ хусусиятҳои ба худ хос дорад. Ин хусусиятҳо аз тавсифи бонкӣ ҳамчун корхона ва маҳсулоти он бармеояд. Маҳсули бонкӣ –

1. воситаи пардохтӣ;

2. сармояи пулӣ;

3. намудҳои хизматрасонӣ.

Хусусиятҳои дар боло зикр гардида, фаъолияти бонкиро аз дигар намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ фарқ мекунад, вале дар раванди фаъолият онҳо ба якдигар вобаста мебошанд.

Хусусияти фаъолияти бонкӣ дар зарурияти якҷоя намудани қисмҳои сохти ташкилотҳои қарзӣ муайян ва тасниф карда шудааст. Фаъолияти бонкиро сохти он муайян менамояд, ки аз Шўрои бонк иборат мебошад. Раёсат, маъмурият, шўъбаҳо, кумитаҳо, ки масъалаҳои умумии идоракунӣ, фаъолияти тиҷоратӣ, молия, автомати гардонии фаъолияти бонкӣ ҳал менамояд, асоси гирифтани даромад ва фоидаро дар бонк ифода мекунанд.

Ба Шўрои бонк, ҳамчун қоида, муассисон дохил мешаванд. Миқдори муассисон ва саҳмгузорон даҳҳо нафарро ташкил карда метавонад. Масалан. Яке аз бонкӣ дар шаҳри Маскав мавҷуд буда, зиёда аз 50 нафар муассис дорад, вале бонкҳои хусусие мавҷуданд, ки шахсони ҷудогона ҳамчун муассис баромад карда метавонад.

Шўрои бонк ҳисоботи солонаи бонкро тасдиқ намуда, ҳар сол маҷлиси муассисон ва саҳмгузоронро ташкил намуда, дар ҳалли масъалаҳои стратегии фаъолияти бонкӣ иштирок менамояд.

Идораи бонк (Шўрои директорон) ба кори раёсати бонк ҷавобгар буда, раванди фаъолияти стратегии бонкро тасдиқ мекунад. Ба ҳайати Раёсат менеҷери бонк, раис ва ҷонишинони ў идоракунандагони муҳими сохтори бонк мебошанд.

Ба қисми умумии масъалаҳои идоракунӣ дохил мешавад:

1. банақшагирӣ;

2. пешгўӣ;

3. тайёр намудан ва коркарди дастурамалҳо;

4. умури ҳуқуқӣ;

5. умури бехатарӣ.

Мақсади ин қисм аз он иборат аст, ки рушди фаъолияти бонкиро таъмин мекунад, даромад ва хароҷоти онро танзим менамояд.

Фаъолияти тиҷоратӣ ташкили хизматрасониҳои гуногуни бонкиро ба ифода мекунад:

1. қарздиҳӣ;

2. сармоягузорӣ;

3. амалиёти асъорӣ;

4. амалиёти активӣ;

5. амалиёти траставӣ (боваринокӣ).

Ин амалиётҳо бо хизматрасонии мизоҷон дар намуди тиҷорат (пардохти пулӣ) вобастаги дорад.

Related posts

Таркиб ва сохтори тавозуни бонк

14umnet

Буддоия

14umnet

​Принсипхои фаъолияти хочагидории фирма

14umnet

Leave a Comment

Login

X

Register