Мақолаҳои Тоҷикӣ Т.Х.Точик

Таъсисёбӣ ва пурзӯршавии хонии Хӯқанд

Нақша;

  1. Дар охирҳои асри ХУП ва ибтидои асри ХУШ истиқлолияти воқеӣ ба даст давровардани Фарғона.
  2. Комилан ташаккул ёфтани давдати хонии Хӯқанд дар нимаи дуюми асри ХУШ.
  3. Афзоиши қудрат ва нуфузи давлатн хонии Хӯқанд дар ахди Олимхон (1800-1810) ва Умархон (1810-1822).

Қувват гирифтани парокандагии феодалй дар давлати хонии Аштархониён пеш аз ҳама дар тангшавии ҳудуди он зоҳир мегардад. Балх ва Бадахшон истиқлолия? ба даст медароранд. Фарғона бошад, ҳанӯз дар охирҳои асри ХУП ниммустақил шуда, дар ибтидои асри ХУШ (соли 1710) дар ин ҷо хонии мустақил арзи ҳастй менамояд, ки асосгузораш пешвои қабилаи ӯзбеки минг, бунёдгузори шаҳри Хӯқанд Шоҳрухбий буд. Ташаккули хонии Хӯқанд дар миёна ва нимаи дуюми асри ХУШ, дар замони ҳукмронии Эрдонабӣ (1754-1774) ва Норбутта (1774-1800) ба анҷом мерасад.

Норбуттаро дар тахти хонӣ писаронаш Олимхон ва Умархон иваз намуданд. Бартолд В.В. ин ду бародаронро асосгузорони ҳақиқии давлат ва шаҳри Хӯқанд номидааст.

Дар аҳди Олимхон (1800-1810) аҳамияти сиёсии Хӯқанд дар натиҷаи муттаҳид намудани Фаргона ҳамроҳ карда шудани Тошканд ва Чимкент афзуд. Хусусан, аз ҷониби Олимхон тобеъ карда шудани шаҳрҳо ва водиҳои Оҳангарон, тамоми вилояти Тошканд, инчунин Сайрам — марказҳои муҳими роҳи корвони ҷониби Россия аҳамияти бузург доштанд. Олимхон аз тоҷикони кӯҳистони Қаротегину Дарвоз лашкари зархарид созмон дод ва он такягоҳи мубориза барои ҳокимияти марказиятнок, инчунин бунёди қӯшуни калони хонии Хӯқанд гардид.

Баъди забти Тошканд иқтидори Олимхон аз қудрати амири Бухоро кам набуд. У соли 1805 ба таври расмӣ рутбаи хонро қабул намуд ва давлати Фаргона хони Хӯқанд ном гирифт.

Таърихнигори бухорй Абдулкарим Олимхонро хони ниҳоят бераҳм номидааст. Бедодгариҳои ӯ ҳангоми забти Тошканд, ғазо ба дашти қазоқ, нисбати рӯҳониёни маҳаллӣ ва мардуми оддй беҳадду ҳудуд буд. Ба фикри муҳаққиқи барҷаста ПЛ.Иванов заминдорону феодалҳо аз ошӯбҳои дар лашкар саршуда истифода бурданд ва бо сардории бародари хон Умар зидди Олимхон сӯиқасд ташкил карданд. Дар натиҷа Олимхон соли 1810 кушта шуд. Умархон (1810-1822) бо дастгирии феодалону амалдорони олирутба ба сари давлат омад ва иттифоқи ҳокимияти хон ва заминдорони калон дар тамоми давраи подшоҳии ӯ ҳамчун омили мустаҳкамшавии хонии Хӯқанд боқӣ монд. Муаррихон замони ҳукмронии Умархонро ҳамчун подшоҳии дурахшон тасвир кардаанд.

Яке аз аввалин тадбирҳои фаъолияти давлатии Умархон кӯшиши барпо намудани иттифоқ бо амири Бухоро Ҳайдар буд. Лекин ин иттифоқ мустаҳкам шуда наметавонист, зеро дере нагузашта мубориза барои Уротеппа ва Хуҷанд аз нав сар шуд ва солҳои дурудароз ба низои байни ду давлат табдил ёфт. Умархон баҳори соли 1814 ба ахди дӯстӣ бо амири Бухоро эътибор надода, барои забти шаҳри Туркистон, ки он вақт дар зери ҳокимияти амир Ҳайдар буд, лашкар фиристод. Лашкари Хӯқанд бо ҳамла шаҳрро ба даст даровард ва аҳолии онро бераҳмона талаву тороҷ намуд. Забти Туркистон имконият дод, ки масоҳати паҳновари даштҳои қазоқнишии аз баҳри Арал то Ҳафтрӯд ишгол карда шавад. Он ҷо қалъаҳои Оқмачит (Оқмасҷид — ҳоло шаҳри Қизилӯрда), сипас Авлиёато, (Ҷамбули ҳозира), баъдтар Пишпек ва гайра сохта шуданд. Ҳамин тариқ, як қисми қабилаҳои қиргизу қазоқ ҳам ба қаламравии хонии Хӯқанд дохил гардиданд.

Пас аз марги Умархон писар ва вориси ӯ Муҳаммадалӣ (Мадалӣ) ба тахт нишаст. Тақрибан бист сол (1822-1842) зимоми умури хонии Хӯқандро дар дасти худ нигоҳ дошт. У чандин дафъа ба самти ҷанубу шарқ лашкар кашид. Соли 1834 лашкари Хӯқанд мулкҳои Дарвоз ва Қаротегинро зери даст намуд ва муддате чанд хокими Кӯлоб низ ба итоатн вай сар даровард. Мадалӣ бо Уротеппа ҷанг кард. Ҳамчунин бо Қоинар юришҳо намуд. Дар аҳди ӯ даҳҳо ҳазор аҳолии Қошгари аз зулму штами ҳукумати Хитой ба дод омада, ба умеди наҷот сӯи Фарғона фирор карданд ва дар ҳамин ҷо маскан гирифтанд.

Вале васеъшавии ҳудуди хонии Хӯқанд ҳокимияти Мадалнхонро мустаҳкам яакард. Ба замми норозигии умум рафторҳои хилофи шаръии Мадалӣ издивоҷи ӯ бо ду хоҳарони ҳамшир ва бо модарандари худ — зани падараш Умархон эътирози хоси омро ба вуҷуд овард.

Муҳаммадалихон ба мисли ҳукмрони Бухоро Насрулло, як марди золим ва бераҳме буд. У ягон меъёреро риоя накарда, одамони гунаҳкору бегуноҳро ба қатл мерасонид, чун ишратпарасти фосиқ умр ба сар мебурд, айшу нӯш ва кайфу сафо шугли доимии ӯ ба шумор мерафт. Ба қавли муҳақкиқ Н.В.Наливкин ин «хунхори ҷавон» (вақти ба тахт иишастанаш 12 ё 14 сола буд) соҳиби тоҷу тахт гардида, тамоми умр «фақат ба фисқу фуҷур ва қатлу куштор машгул шуд. У аз 1гуштибонии аъёну ашроф ба куллй маҳрум гардид, мардум ҳамеша дар ғалаён буданд. Амири Бухоро Насрулло аз ин фурсат истифода бурда, соли 1842 Хӯқандро забт кард ва Муҳаммадалихонро бо ҳамаи аҳли оидааш, аз ҷумла модараш шоираи шаҳири тоҷик Макнуна (Нодирабегим)-ро ба қатл расонд (баҳори соли 1842). Лекин дар тобистони ҳамон сол (1842) дар натиҷаи шӯриш ҳукумати амир Насрулло дар Хӯқанд сарнагун шуд. Дере нагузашта, Хӯқанд боз истиқлолияти худро соҳиб гардид ва Хуҷанду Тошкандро ҳам дубора ба даст овард (соли 1840 Хучанд, соли 1842 Тошканд ба Бухоро гузашта).

Ҳамин тавр, марзҳои пештараи хонии Хӯқанд аз нав барқарор гардид. Тоҷикону ӯзбекони шаҳрӣ бо қипчоқҳо ҳамкорӣ карда, амакбачаи Олимхон Шералихон (1842-1845)-ро ба тахт нишонданд ва диёрро аз манғитиёни ситамгар озод карданд. Пешвои қипчоқҳо Мусулмонқул бар зидди ҳукумати Шералӣ шӯриш карда, вориди Урда шуд ва ҳамчун ноибсалтанат тамоми ҳокимияти давлатиро ба дасти худ гирифт. У Шералиро ба қатл расонд ва то соли 1852 салтанат ронд. Дар ин муддат вай Худоёри 14 сола писари Шералй)-ро ба тахт шинонд. Мусулмонқул ҳамчун ноибсалтанати Худоёрхон се маротиба ҳокимиятро аз даст дод ва аз нав соҳиб гардид. Тадриҷан Худоёрхон ҳамчун сардори давлат ба воя расида ба ашрофи заминдор ва шаҳрии аз ҳукмронии ашрофи қипчоқ ниҳоят норозй такя карда, соли 1852 куштори оммавй ва чабру лати хосу оми қабилаи қипчоқҳои нимкӯчманчии ӯзбекро амр намуд. Саркӯбкунии қипчоқҳо се моҳ давом кард.Ҳамагй 20 ҳазор нафар ҳалок шуданд. Мусулмонқул ба даст афтод. У ба Хӯқанд оварда шуд ва қатл гардид.

Баъди торумори қипчоқҳо ҳукмронии якуми мустақили Худоёрхон (1852-1858) барқарор шуд. Вале муборизаи _дохилии сиёсӣ қатъ нагардид. Соли 1858 Худоёрхон ҳангоми газои Уротеппа, ки ҳокимаш Ғаффорбеки Юз буд, сахт шикаст хӯрд. Бадодараш Маилахок, ки. ҳокими Тошканд буд, аз ин вазъият истифода бурда, бо ёрии феодалҳои қиргиз ва қипчоқ ба сари ҳукумати Хӯқанд (декабри соли 1858 — феврали соли 1862) омад. Худоёрхон баъди шикаст дар ҷанги зидди Маллахон дар Риштон ба Бухоро паноҳ ёфт.

Маллахон мансабҳои маъмурӣ ва ҳарбии давлатро ба аъёни қиргизу қипчоқ супорид. Баъди се солу чор моҳи ҳукмронӣ Маллахон аз сӯи қасди амирони норизо феврали соли 1862 кушта шуд.

Ҳукмронии дуввуми Худоёрхон аз миёнаи соли 1862 то аввали соли 1863 давом кард. Амалиёти душманонаи амирони қипчоқҳо ва қиргизҳо. Исёни ҳокими Исфара ва Чоркӯҳ, балво дар Тошканд вазъияти Худоёрро мушкил намуданд. Ҷангҳои бетанаффус, қаҳру газаби мардум, исёни зиддиҳукуматии қипчоқҳо ва қирғизҳо Худоёрро маҷубр намуд, ки амири Бухоро Музаффарро ба Хӯқанд даъват кунад. Қӯшуни Бухоро бо сардории Музаффар дар муборизаи зидци шӯришгарону балвогарон зафар наёфт. Ибтидои соли 1863 Худоёр ҳамроҳи амир Музаффар Хӯқандро тарк намуд. Ҳукумати кӯтоҳмуддати Султон Саид (1863-1865) ва ҳукмронии саввуми Худоёрхон (1865-1875) айёми гуруби хонии Хӯқанд ва барҳамхӯрии он буд. Бояд ёдрас намуд, ки ҳанӯз дар замони ҳукмронии Муҳаммадалихон, ҳеҷ набошад дар нимаи дуввуми он, дар хонии Хӯқанд падидаҳои бӯҳрони дохилӣ ба зуҳур меомаданд.

Related posts

​Ташкилиёби тахриркунии формулахо.

14umnet

Назарияи иқтисодии позитивӣ

14umnet

Мухити зист ва таснифи экологии организмхо.

14umnet

Leave a Comment

Login

X

Register