• Home
  • Мақолаҳои Тоҷикӣ
  • Таъсисёбии генерал-губернатории Туркистон ва оқибатҳои забти Осиёи Миёна аз ҷонибн Россия
Мақолаҳои Тоҷикӣ Т.Х.Точик

Таъсисёбии генерал-губернатории Туркистон ва оқибатҳои забти Осиёи Миёна аз ҷонибн Россия

  1. Таъснеёбии генерал-губернатори Туркистон ш ҳуқуқҳои номахдуди нахустин губернатори он генерал К.П.Кауфман.
  2. Оқибатҳои аз тарафи Россия забт шудани Осиёи Миёна:

а) ҷиҳатҳои мусбат;

б) ҷиҳатҳои манфӣ.

Ҳукумати подшоҳӣ барои идора кардани қисмати ишғолшудаи Осиёи Миёна дар соли 1867 бо фаро гирифтани вилоятҳои Ҳафтрӯд ва Сирдарё генерал-губернатории Туркистонро таъсис намуд, ки он заминҳои аз соли 1347 то он лаҳза аз мулкҳои хонигарии Хӯқанд ва аморати Бухоро забт намудаи қӯшунҳои русро дарбар мегирифт ва марказаш шаҳри Тошканд буд. Дар ҳамон лаҳза генерал-губернаторӣ тавре Ки зикр намудем, аз ду вилоят — Сирдарё бо марказ дар Тошканд ва Ҳафтрӯд бо марказ дар Верный иборат буд. Мувофиқи ин тақсимот мулкҳои Хуҷанд, Нов, Уротеппа, Ҷиззах ва ғайра ба ҳайати вилояти Сирдарё дохил мешуданд8. Ҳудуди генерал-губернаторӣ ва миқдори вилоятҳои он минбаъд аз ҳисоби мулкҳои тозаишголи қӯшунҳои рус меафзуданд.

Дар як вақт инчунин округи ҳарбии Туркистон низ ташкил ёфт. 14 июли соли 1867 аввалин генерал-губернатори Туркистон генерали подшоҳӣ К.П Кауфман таъин гардид. подшоҳи Россия Александри П дар асоси «Ярлиқи зарин»-и худ ба Кауфман ҳуқуқи васеъ дода буд. Вай хақ дошт, ки бо давлатҳои ҳамсоя музокироти дипломатӣ барпо намояд, ҷанг эълон кунад, сулҳ банда два монанди инҳо. Яъне соҳиби ваколати номаҳдуде буд. Ҳамин тавр, дар сарзамине, ки аз тарафк қӯшунҳои Россия забт гардида буд, генерал-губернатории Туркистон ташкил ёфт. Минбаьд мнкдори вилоятҳои ба ҳайати он дохил гардида хеле афзуд: Сирдарё, Хафтрӯд, Самарқавд, Фаргона ва Моварои Каспӣ (Закаспий). Хулоса, кишвари Туркистон оа мустамликаи^Россия та&дил ёфт.

Забти Осиёи Миёна аз чониби Россия ба худ чиҳатҳои мусбат ва манфиро дорост. Ҷиҳатҳои мусбат:

1. Дар Оснёи Миёна, ки то забтшавӣ муносибатҳои феодалй хукмфармой мекард, минбаъд ба доираи муносибатҳои молию пулии

* Соли 1875 1ақсимоти нави маъмурии кишвари туркистон гузароиида шуд, ки мувофики ои уезди Хучанд (ба он Нов ва Уротеппа низ дохил мешуд) ба хайати вилояти Самарканд дохил гардид. ҷамъияти капиталистӣ кашида шуданд. Аввалин заводу фабрикаҳо ба вуҷуд омаданд, роҳҳои оҳан сохта шуд. Масалан, роҳи оҳани Закаспий дар солҳои 80-уми асри XIX сар шуда, соли 1898 ба итмом мерасад. Аз Красноводск сар шудагтавассути Қизил Арват, Ашқобод, Мари, Чорҷӯй, Бухорои Нав то Самарқанд омада мерасад.

Соли 1895 сохтмони роҳи оҳани Осиёи Миёна идома ёфт. Он соли 1899 ба воситаи Хавос ва Хуҷанд то Андиҷон расид ва дар ҳамин муддат дигар хати он аз Хавос то ба Тошканд омад. Сохтмони ин роҳ барои ноҳияҳои имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ аҳамияти махсус дошт. Бояд гуфт, ки роҳи оҳани осиёи Миёна ба роҳи оҳани умумироссиягӣ пайваст гардид. умуман иқтисодиёти кишвар рӯ ба тараққӣ ниҳод. Осиёи Миёна оҳиста-оҳиста на танҳо ба бозори умумироссиягӣ, балки ба воситаи он ба бозори умумиҷаҳонӣ муносибат пайдо кард.

  • Ҷангҳои байниҳамдигарии давлатҳои мустақил ва ниммустақили кишвар, махсусан байни аморати Бухорою хонигарии Қӯқанд, ки боиси хонахаробиҳои зиёд ва қашшоқии мардум мегардид, барҳам дода шуд. Зеро аз болои тамоми мулкҳои Осиёи Миёна назорати қатъии ҳукумати подшоҳӣ ҷорӣ гардид. хомӯш гардидани ҷангу ҷидолҳои дохилӣ бошад барои инкишофи тиҷорати байни ноҳияҳо ва вилоятҳои Осиёи Миёна шароити мусоид ба вуҷуд овард.
  • Боқимондаҳои муносибатҳои ғуломдорӣ (махсусан хариду фурӯши гуломон) манъ карда шуд (агарчанде дар аморати Бухоро он амалан боз чанде давом дошт).
  • Имконияти шиносшавӣ ба маданияти якдигар ва ғанӣ гардидани он ба вуқӯъ омад. Барои омӯзиши илмии табиату маънавиёти Осиёи Миёна қадамҳои аввалин ва ҷиддӣ гузошта шуд.

Ҷиҳатҳои манфӣ:

1. Бо забти Осиёи Миёна аз тарафи Россияи подшоҳӣ

мустақилияти давлатдории халқҳои ин сарзамин аз байн рафт.

Кишвари Туркистон қисми таркибии империяи Россия гардид.

Аморати Бухоро ва хонигарии Хева низ пурра ба доираи сиёсати

ҳукумати подшоҳии рус даромаданд. Онҳо ба ғайр аз Россия бо дигар

давлатҳо муносибат карда наметавонистанд.

2. Дар сарзамини генерал-губернатории Туркистон тартиботи

сахти мустамликавӣ ҷорӣ гардид. Хукумати иртиҷоии амири Бухоро ва

хонигарии Хева агарчанде ба зери ҳимояи ҳукумати подшоҳӣ кашида

шуда бошанд ҳам, аммо тартиботи идоракунии дохилй дар ҳар дуи ин

мулкҳои Осиёи Миёна бетагйир монд. Минбаъд ҳукуматдорони

амирию хонӣ дар зери сояи қувваҳои ҳарбии Россияи подшоҳй нисбат

ба мардуми бечораи худ зулмро боз ҳам зиёдтар раво дониста, онҳоро

бераҳмона истисмор мекарданд. Дар натиҷаи ҳамаи ин мардум ба

зулми боз ҳам сахттар гирифтор шуд.

3. Шартномаи байни Россияю Англия дарёи Панҷро сарҳади нуфуз қарор дода, халқи тоҷикро, ки ҳазорҳо сол боз дар тарафи чап ва рости он зиндагӣ карда, бо ҳам рафту омад ва хешу таборӣ дошт, аз ҳам ҷудо кард. Он лаҳза ҳангоми муайян намудани марзи давлатй, манфиати халқи тоҷик умуман ба эътибор гирифта нашуд, зеро такдири халқи тоҷик аз сиёсати бузургдавлатии забткоронаи Россияю Англия сахт вобастагӣ дошт.

Related posts

«Авесто» хамчун сарчашмаи идеявива маънави

14umnet

​Равандҳо ва технологияи компютерӣ. Мафҳуми раванди иттилоотӣ ва технологя.

14umnet

Шакл ва намудҳои қарз

14umnet

Leave a Comment

Login

X

Register