Мақолаҳои Тоҷикӣ Молия ва қарз

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити иқтисоди бозоргонӣ

Нақша:

  • Вазифа ва амалиётҳои Бонки миллии Тоҷикистон.
  • Намудҳои бонкҳо ва вазифаҳои онҳо.
  • Амалиётҳои бонки тиҷоратӣ.

1. Вазифа ва амалиётҳои Бонки Миллии Тоҷикистон.

Дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи Бонки милли Тоҷикистон», «Дар бораи танзими асъорӣ ва назорати асъорӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин бонки марказӣ – бонки эмиссионӣ Бонки милли Тоҷикистон баромад мекунад.

Раиси Бонки милли ва муовинони онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони худ ва розигии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор мекунад ва ё озод мекунад.

Аз сабаби он, ки ба Бонки миллӣ ҳамчун Бонки марказӣ ҳуқуқи ба гардиш баровардани пулҳои қоғазин ва танга, ташкил кардани гардиши самаранокии он ва дар ҳолатҳои зарурӣ аз гардиш гирифтани пул дода шудааст, Бонки миллӣ- бонки эмиссионӣ номида мешавад, яъне ба ин бонк аз тарафи давлат ҳуқуқи монополии барориши пул дода мешавад. Дар марзи ягон дигар бонкҳо ва ташкилотҳои ғайрибонкӣ ҳуқуқи барориши пули миллиро надоранд. Бинобар ин Бонки миллӣ дар назди Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда буда, ба ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ намебошад.

Бонки милли Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба танзим даровардани низоми қарзии пули ҷумҳурӣ корҳои зеринро басомон мерасонад:
— қурби пули миллиро устувор нигоҳ дошта, онро аз ҳар гуна хатарҳо нигоҳ медорад.
— ҷиҳати самаранокӣ ва бефосилагии низоми ҳисобу китоби байни бонкҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистонва бонкҳои хориҷаро таъмин мекунад.
— барои низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пурқувват кардан ва тараққӣ додани чораҳои зарурӣ ва тағийрнопазириро меандешад.

Бонки миллии Тоҷикистон аз тарафи раёсати он ва шўрои бонкӣ идора карда мешавад. Аъзоёни шўрои бонкӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тасдиқ намудани фармонҳо дар Маҷлиси Олӣ, ба вазифа таъин ва ё озод карда мешаванд.

Шўрои Бонки миллӣ масъалаҳои зеринро баррасӣ менамояд:

  • Ҳисоботи солонаи Бонки миллиро тайёр намуда, барои тасдиқ намудан ба Маҷлиси намояндагон бо якҷоягии хулосаи аудиторӣ пешниҳод менамояд.
  • Роҳҳои асосии низоми пулии қарзии ягонаи давлатӣ ва сиёсати ҷорӣ кардани онро пешниҳод мекунад.
  • Сметаи хароҷотҳои Бонки Миллӣ ва ҳисобот дар бораи иҷроиши онро тасдиқ менамояд.
  • Масъалаҳои дар сармоягузории ташкилотҳои қарзӣ ва бонкҳои хориҷӣ иштирок намудани Бонки миллиро ҳамчун сармоягузор ҳаллу фасл менамояд.
  • Таҳлили натиҷаҳои тараққиёти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мўҳлатҳои муайян(1 сол, 3 сол, 5 сол) тайёр менамояд.

Бонки миллии Тоҷикистон вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:

  • Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо якҷоягии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати ягонаи пулию қарзиро ҷорӣ менамояд.
  • Ба таври монополӣ барориши пулҳои нақдро таъмин намуда, гардиши онро ташкил мекунад.
  • Зинаи охирин ва баландтарини қарздиҳанда барои ҳамаи ташкилотҳои қарзӣ мебошад. Меъёр ва фоизи низоми қарздиҳиро ба танзим медарорад ва назорат мебарад.
  • Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиботи ҳисоббаробаркуниро байни бонкҳо ва дигар воҳидҳои соҳибкорӣ муқаррар мекунад.
  • Барои низомҳои бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ, қоидаю қонуниятҳои гузаронидани амалиётҳои бонкӣ, тартиб додани ҳисоботҳои бухгалтерӣ ва молиявиро муқаррар менамояд
  • Ба таври самаранок захираҳои тиллоию асъории мамлакатро идора мекунад.
  • Қурби расмии асъори миллиро нисбати асъори хориҷӣ муайян ва нашр мекунад.
  • Барои бурдани фаъолият ва гузаронидани амалиётҳои бонкӣ ба бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои ғайрибонкӣ иҷозатномаҳо медиҳад ва дар ҳолати иҷро накардани меъёрҳои муқаррар намудааш иҷозатномаҳоро бозхонд мекунад.
  • Тартиботи фаъолият бурдани биржаҳои асъорӣ ва тартиботи хариду фурўши асъори хориҷиро муайян мекунад.
  • Қоғазҳои қимматноки ташкилотҳои қарзиро ба қайд мегирад.
  • Амалиётҳои арзиро ба танзим медарорад ва тартиботи ҳисобу китоб бо асъори хориҷиро муайян мекунад.
  • Назорати асъориро ҷорӣ мекунад.
  • Ҳисобу китоби байнибонкиро ташкил ва назорат мекунад.
  • Нақшаи баланси пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тартиб медиҳад, барои ҳар як квартал ва солона баланси пардохтро тартиб дода нашр мекунад ва барои ба танзим даровардани он чораҳои зарурӣ меандешад.

Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, ки амалиётҳои зеринро иҷро намояд:

  • Ба мўҳлати на зиёда аз 1 сол ба бонкҳои тиҷоратӣ, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ қарз диҳад, дар ҳолати таъминотӣ будани қарзҳо бо воситаи қоғазҳои қиматнок ва дигар активҳо.
  • Ҳамаи намуди қоғазҳои қиматнокро хариду фурўш кунад.

Вомҳо ва сертификатҳои депозитивии худро хариду фурўш кунад.

  • Ҳамаи намуди металлҳои қимматбаҳоро(тилло, нуқра,…) ва дигар маводҳои қимматноки арзиро хариду фурўш кунад.
  • Ҳамаи намуди асъори хориҷаро ва ҳуҷҷатҳои пули бо арзи хориҷӣ ифодаёфтаро хариду фурўш кунад.
  • Амалиётҳои ҳисоббаробаркунӣ, депозитивӣ ва хазинавиро гузаронад. Барои нигоҳ доштан ва идора кардани ҳамаи намуди қоғазҳои қиматнок ва дигар арзишҳои қимматнокро барои нигоҳ доштан қабул кунад.
  • Дар ҳолати зарурӣ ба дигар бонкҳо ва ё шахсони ҳуқуқию инфиродӣ барои гирифтани маблағҳои пулӣ кафолат диҳад.
  • Дар марзи Ҷумҳурии Тоҷикистонва дигар бонкҳои хориҷӣ ҳамаи намуди суратҳисобҳоро кушояд

Бонки миллӣ амалиётҳои активӣ ва пассивии бонкиро мегузаронад.

Ба амалиётҳои активии Бонки миллӣ инҳо дохил мешаванд:

А) амалиётҳо оид ба ҷо ба ҷо кардани захираҳои моли қарзии бонк.

Б) додани қарзҳо ба бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ.

В) харидани қоғазҳои қиматнок аз он ҷумла векселҳо аз бонкҳои тиҷоратӣ ва давлат.

Г) харидани қоғазҳои қиматноки давлатӣ.

Ба амалиётҳои пассивии Бонки миллӣ ё, ки ҷалб намудани маблағҳои молиявии беруна инҳо дохил мешаванд:

А) сармояи худии Бонки миллӣ.

Б) барориши пулҳои қоғазин.

В) ҳиссагузории бонкҳои тиҷоратӣ ва маблағҳои захираи ҳатмии онҳо, ки дар Бонки миллӣ нигоҳ дошта мешавад.

Г) фоидаи софи Бонки миллӣ.

Д) маблағҳои аз буҷет воридшуда ва дигар маблағҳои аз бонкҳои хориҷӣ ва давлатҳои хориҷӣ ворид шуда.

  • Намудҳои бонкҳо ва вазифаҳои онҳо.

Дар зинаи дуюми низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи асосиро бонки тиҷоратӣ ишғол мекунад.

Калимаи бонк аз забони итолиёвӣ гирифта шуда, маънояш стол мебошад. Соли 1707 дар майдонҳои калон, ки савдоҳои молу хўрокворӣ савдо карда мешуд, столҳои калон гузошта мешуд. Дар рўи он маблағҳои пулӣ гузошта мешуд. Дар шароити ҳозира мувофиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон«Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» фаҳмиши бонк дар Ҷумҳурии Тоҷикистончунин таъриф дода шудааст:
Бонк – ин ташкилоти қарзие мебошад, ки барои ҷалб намудани маблағҳои пули депозитҳо ва дигар маблағҳои пулӣ ва аз ин ҳисоб додани қарз аз рўи шартҳои бозгаштпазирӣ, музднокӣ ва мўҳлатнокӣ инчунин барои ҳисобу китоб намудан бо мизоҷ ташкил карда мешавад.

Мувофиқи моддаи 1-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ»: Бонкдар Ҷумҳурии Тоҷикистонташкилоти тиҷоратиест, ки барои ҷалби амонатҳою дигар воситаҳои пулӣ ба мақсади истифодаи онҳо барои қарздиҳӣ бо шартҳои бозгардонӣ, музднокӣ, мўҳлатнокӣ, инчунин барои ҳисоббаробаркунӣ бо супориши мизоҷон ташкил карда мешавад.

Бонк ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шуда, мувофиқи иҷозатномаи Бонки миллӣ фаъолият намуда дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонқонунҳо «Дар бораи бонк ва фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва «Дар бораи танзими асъорӣ ва назорати асъорӣ» ва инчунин нишондоду ҳуҷҷатҳои нормативии Бонки миллӣ ва дар асоси оинномаи худ фаъолият мебарад. Бонкҳои тиҷоратӣ-чунин шакли бонкҳо мебошад, ки дар баробари хизматрасонидан ба мизоҷ, мақсади асосии онҳо ҳар чӣ бештар гирифтани фоидаи соф мебошад.

Мувофиқи қонуниятҳои мавҷудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолият бурдан ҳангоми аз қайди давлатӣ гузаштан ба таври ҳатмӣ аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи махсус дода мешавад. Яке аз нишондиҳандаҳои асосӣ дар вақти додани иҷозатнома ин мавҷуд будани сармояи уставӣ барои бонкҳои навтаъсис 10 млн. $ ва барои бонкҳои фаъолиятбаранда 5 млн. $, ки мутаносибан ба пули миллӣ ҳисоб карда шудааст, кам бошад. Соли аввал бонкҳо ба шакли ҷамъияти саҳҳомии пўшида ташкил карда мешавад.

Агар бонки тиҷоратии ташкилшуда дар давоми 1 сол безарар фаъолият кунад ва меъёрҳои аз тарафи Бонки миллӣ муқарар шударо риоя намояд, он гоҳ ба ин бонки тиҷоратӣ иҷозат дода мешавад, ба ҷамъияти саҳҳомии шакли кушода табдил ёфта, хизматрасонии худро васеъ намояд.

Мақсади асосии ташкилкунандагон ва иштирокчиёни бонкҳои тиҷоратӣ аз инҳо иборат аст:

  • соҳиби бонк – тараққӣ додани бонк.
  • роҳбари садорати бонк – самаранок бурдани кори бонк.
  • саҳмдорон – зиёд кардани даромади бонк
  • коркунони бонк – зиёд кардани даромади музди меҳнат, мукофотпулӣ ва имтиёзҳо.
  • саҳмгузорон – устувор ва мўътадил кор кардани бонкҳо
  • қарзгирандагон – кам шудани фоизҳои қарзӣ ва зиёд гирифтани қарзҳо.
  • мизоҷон – беҳтар шудани сифати хизмат ва кам шудани қарзҳо.
  • давлат – аз бонк риоя намудани қонуниятҳо ва фаъолияти устувори бонкҳо.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зиннаи дуюм бонкҳои шакли зерин мавҷуд мебошанд:

  • Бонкҳои тиҷоратӣ.
  • Бонкҳои омехта (давлатӣ бо шахсӣ, бонкҳои тиҷоратӣ бо давлатӣ, бонкҳои тиҷоратӣ бо бонкҳои хориҷӣ).
  • Намояндагии бонкҳои хориҷӣ.

Бонкҳои омехта – аз ҳисоби маблағгузории давлат ва бо якҷоягии саҳмчиёни шахсони алоҳида ё корхонаҳо ташкил карда мешавад. Масалан: Агроинвестбонк, Ориёнбонк, Тоҷиксаноатбонк, Тоҷиксодиротбонк аввалан 100% бонки давлатӣ буданд, дар натиҷаи як қисми саҳмияи онҳоро мизоҷони доимӣ ва дигар саҳмчиён харидаанд ва бонки тиҷоратии омехта табдил ёфтааст.

Ба иҷозати БМТ бонкҳои хориҷӣ метавонанд, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонбахши бонкҳои худро ташкил кунанд. Мувофиқи маълумотҳои мавҷуда, ҳоло дар шаҳри Душанбе бахши бонки тиҷоратии давлати Исломии Эрон мавҷуд мебошад. Сармояи уставии ин бонк ба санаи 1 сентябри соли 2008 18 млн 758 ҳазор 668 сомонӣ мебошад.

Ба ғайр аз бонкҳои тиҷоратӣ инчунин ҳафто ҷамъияти қарзӣ ва шашто ҷамъияти молиявии ғайрибонкӣ ва қариб 30 адад фондҳои қарзии хурд диҳанда мавҷуд мебошад.

Ташкилотҳои қарзӣ ва молиявии ғайрибонкӣ инчунин фондҳои хурди қарздиҳанда асосан ба аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзҳои хурд медиҳад.

Бонки рушду тараққиёти Европа, Бонки Рушди Осиё, Бонки Исломӣ, Бонки Ҷумҳурии халқии Хитой, ин ташкилотҳоро бо маблағҳои зарурӣ барои қарз додан аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонтаъмин менамоянд.

3. Амалиётҳои бонки тиҷоратӣ

Мувофиқи қонунҳои дар боло зикр шуда, бонкҳои тиҷоратӣ амалиётҳои зеринро иҷро мекунанд:

  • Қабули депозитҳои шахсони ҳуқуқӣ.
  • Қабули депозитҳои шахсони воқеӣ.
  • Барои мизоҷон кушодани суратҳисобҳо ва бурдани амалиётҳо. Барои дигар бонкҳо ва ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ кушодани суратҳисобҳои кореспандентӣ.
  • Амалиётҳои хазинавӣ. Қабул, шуморидан, ивазнамудан, нигоҳ доштан ва ҷой ба ҷой намудани пулҳои қоғазин ва тангаҳо.
  • Амалиётҳои маблағгузаронӣ, яъне бо супоридани шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ гузаронидани маблағҳои пулӣ.
  • Амалиётҳои ҳисобу китоб, аз он ҷумла ҳисобу китоб кардани арзишҳои векселҳо ва дигар ўҳдадориҳои қарзии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ.
  • Амалиётҳои қарзӣ, яъне ба шакли пулӣ додани қарзҳо.
  • Маблағгузории молиявии объектҳои сохтмон.
  • Амалиётҳои трастӣ, яъне бо супориши шахси боварикунанда маблағҳои пулӣ ва қоғазҳои қимматноки ўро ба манфиати шахси боварикунанда идора кардан.
  • Амалиётҳои клирингӣ, яъне ҷамъ намудан, ба тартиб андохтан, санҷидан ва тасдиқ намудани воридшавии маблағҳои байни ҳамдигар ҳисоб шаванда.
  • Амалиётҳои сейфӣ, яъне хизматрасонӣ барои нигоҳ доштани қоғазҳои қимматнок ҳуҷҷатҳои пулӣ ва ба иҷора додани сейфҳо ба мизоҷон.
  • Амалиётҳои ломбардӣ, яъне додани қарзҳои кўтоҳмуддат ба гарав мондани қоғазҳои қиммтанок ва металҳои қимматбаҳо.
  • Барои актсепт ва ба тариқи инкасавӣ қабул намудани ҳуҷҷатҳои пулӣ аз он ҷумла аккредитивҳо.
  • Барориши карточкаи маблағпардохткунанда.
  • Инкасатсия ва ба дигар бонкҳо ва мизоҷ фиристодани маблағҳои пули қоғазин тангаҳои нақд ва дигар ашёҳои қимматбаҳо.
  • Ташкил ва иваз намудани асъор.

Амалиётҳои активии бонкҳои тиҷоратӣ – ин чунин амалиётҳое мебошанд, ки бонкҳои тиҷорати маблағҳои пули худро барои гирифтани фоидаи соф ба дигар бонкҳо ва мизоҷон медоданд.

Амалиётҳои активӣ ба чунин гурўҳ ҷудо мешавад:

  • амалиётҳои қарзӣ – ин муносибатҳои байни қарздиҳанда ва қарзгиранда мебошад, ки аз рўи шартҳои мўҳлатнокӣ, бозгаштпазирӣ, таъминотӣ ва музднокӣ дода мешавад.
  • амалиётҳои ҳисобу китобӣ – ин амалиётҳо оид ба суратҳисоб қабул намудани пули мизоҷ ва аз ҳисоби пули ў ва бо супориши ў гузаронидани маблағҳои ў мебошад.
  • амалиётҳои хазинавӣ – ин амалиётҳо оиди қабул ва додани пули нақд ба мизоҷ мебошад.
  • амалиётҳои маблағгузорӣ – ин чунин амалиётҳое мебошад, ки бонкҳои тиҷоратӣ бо маблағҳои худ қоғазҳои қимматноки дигар ташкилотҳои ғайрибонкӣ ва ё коорпоратсия ширкатҳоро мехаронад.
  • амалиётҳои гаравӣ, кафолатдиҳӣ – ин чунин амалиётҳое мебошанд, ки бонкҳои тиҷоратӣ дар назди шахсони сеюм барои қарзи гирифтаи онҳо кафолат медиҳанд.

Ба амалиётҳои пассивии бонки тиҷоратӣ он амалиётҳое дохил мешаванд, ки бо воситаи онҳо бонкҳо захираҳои моли худро ташкил мекунад. Захираҳои моли бонкҳои тиҷоратӣ аз 2 манбаъ иборат мебошанд:

  • манбаҳои моли худӣ;
  • манбаҳои моли ҷалбшуда;

Ба манбаҳои молии худӣ инҳо дохил мешаванд:

  • сармояи уставии бонк;
  • сармояи захиравии бонк;
  • фоидаи софи бонк;

Сармояи уставии бонк ҳангоми ташкилкарда ва аз қайди давлатӣ гузаронидани бонкҳои тиҷоратӣ аз тарафи саҳмчиёни он ба тариқи пулӣ ва натуралӣ саҳмгузорӣ карда мешавад.

Сармояи захиравии бонки тиҷоратӣ ҳангоми фаъолияти якчанд солаи бонкҳои тиҷоратӣ аз ҳисоби фоидаи соф ба фоидаи тақсимнашудаи бонк барои ҳолатҳои фавқулода сармояи захиравӣ ташкил карда мешавад.

Ҳар як бонки тиҷоратӣ мақсади асосӣ дорад, ки он ҳам бошад фоидаи софи зиёд гирифтан баъди он, ки аз фоидаи соф ба буҷети давлатӣ андоз супорида шуда, дар асоси қарори маҷлиси саҳмчиён дивидентҳо (ҳақулсаҳм) ба аъзоёни бонк, яъне саҳмичиён тақсим карда мешавад, фоидаи боқимондаи тақсимношуда, ҳамчун манбаи молиявии худи бонк баромад мекунад.

Ба манбаҳои молии ҷалбшаванда инҳо дохил мешавад:

  • маблағҳои пули дар суратҳисобҳои депозитивии дархостшавандаи мизоҷон мавҷуд буд.
  • маблағҳои пули қарзӣ, ки аз Бонки миллӣ, дигар бонкҳои тиҷоратӣ, ташкилотҳои молиявии байналхалқӣ ва бонкҳои байналхалқӣ гирифта шуда.
  • аз тарафи бонкҳои тиҷоратӣ баровардани қоғазҳои қимматнок ба монанди саҳмияҳо, сертификатҳои депозитивӣ, векселҳо ва дигар қоғазҳои қимматнок.

Асосан бонки тиҷоратӣ зиёда аз 90% бо маблағҳои ҷамъшуда фаъолият мебарад. Масалан, мувофиқи маълумотҳои Бонки миллии Тоҷикистон ба санаи 1 октябри соли 2006 аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва инфиродӣ дар суратҳисобҳо ба маблағи 863 млн. сомонӣ маблағ гузошта шудааст, аз он ба асъори миллӣ 253 млн. сомонӣ бо асъори хориҷӣ 603 млн сомон, аз ин маблағҳо аз тарафи шахсони ҳуқуқии корхонаҳо 602 млн сомонӣ аз он бо асъори хориҷӣ 311 млн. Аз тарафи шахсони инфиродӣ 253 млн аз он бо асъори миллӣ 41 млн. ва асъори хориҷӣ 212 млн.

Бонкҳои тиҷоратӣ барои ба мизоҷон қарз додан аз Бонки миллӣ, бонкҳои байналхалқӣ ва ташкилотҳои байналхалқии молиявӣ бо фоизҳои кам қарз гирифта ҳаққи хизмати худро алоҳида гирифта ин чунин бо назардошти фоидаи софи худ ба мизоҷ қарз медиҳад, ҳисоби миёнаи фоизи қарзи бонкҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 2,5-3% — и моҳона 30-36% — солона мебошад.

Агроинвестбонк, Ориёнбонк, Содиротбонк ва Бонки Эсхата аз тарафи ташкилотҳои молиявии байналхалқӣ эътироф карда шуда, ба онҳо барои ба мизоҷон додан ба маблағи зиёда аз 15 млн $ бо фоизҳои паст захираҳои қарзӣ ҷудо карда шудааст.

Ба амалиётҳои комиссионии бонки тиҷоратӣ инҳо дохил мешаванд:

  • амалиётҳо оид ба хизматрасонии суратҳисобӣ ва хазинавӣ.
  • амалиётҳои арзӣ ва суратҳисобҳои арзӣ.
  • амалиётҳо бо қоғазҳои қиматнок, бонкҳо ва дигар корхонаҳо.
  • амалиётҳои трастӣ ё, ки боварикунанда.
  • амалиётҳои хизматрасонии сейфӣ ва ломбардӣ.
  • амалиётҳои барориши чекҳо, кортҳои пластикӣ ва дигар намудҳои хизматҳо
  • амалиётҳои лизингӣ ва факторингӣ.

Related posts

Сахви мушохидаи омори. Усулхои назорати маълумотхои мушохида.

14umnet

Воситахои асоси чист?

14umnet

Гурўхбанди ва системаи нишондихандахои омори

14umnet

Leave a Comment

Login

X

Register