​Вазифа ва омилхои муайянкунандаи фаъолияти фирма

Новобаста аз сирати мансубият ба ин ё он шакли моликият, њаљму меъёр, миќдори тавлиди неъматњову адои хизмат, њар як корхона барои иљрои вазифа ва маќсади муайян нигаронида мешавад.

Фаъолияти корхона дар асоси чорчўбаи манфиат ва ангезаи хусусї (инфиродї) ќарор мегирад. Љавњари манфиатњои иќтисо-дї ва муарриќи ба њаракатдароварандаи ангезаи фаъолияти корхонањои истењсолиро, афзунгардонии њаљми мањсулоти ба фурўш баровардашаванда ва њаљми фоида — асоси таъмини рушди корхона ва баланд бардоштани сатњу дараљаи рифоњи коргарон ташкил медињад.

Шавќу њаваси кормандон (директор, роњбарият, коргарон, хизматчиён ва ѓайра) оиди натиљаи фаъолияти корхона ва муносибати онњо нисбат ба моликияти корхона (давлатї, хусусї, кол-лективї…) њархела сурат мегирад. Мояи онро таќозо ташкил медињад. Ќонеъ гардондани дархосту ниёзмандии кормандон, мустаќиман дар асоси ангезаи мењнати њамаи аъзоёни коллектив ба роњ монда мешавад.

Аз ин нигоњ, вазифањои дар назди корхона гузошташударо чунин тасниф кардан мумкин мебошад.

А. Вазифањои корхонањои амалкунанда:

— бо таври истиќрору муозин ташкил кардан ва нигоњ дошта тавонистани иќтидор ва нерўи истењсолию техникии корхона;

— бо музди кор таъмин кардани коргарону хизматчиён;

— таъмин кардани шароити мўътадили кор ва имконияти рушди касбию ихтисосї;

— ќонеъ гардондани истеъмолгарон бо молу мањсулот ва хизматрасонї;

— бавуљудовардани љои кор барои ањолї (банд сохтани одамон бо кор);

— њифзи муњити зист (замин, боду њаво…);

-барои ќатъ гардидани фаъолияти корхона замина нагузоштан ва пешгирї кардани муфлисшавии он;

-роњ ва имконият надоштан ба ќатъшавии таъминот ба ашё, материал, тавлиди молњои нуќсондор, якбора кам шудани њаљми тавлидот, паст рафтани даромаднокии кори корхона ва ѓайра.

Вазифаи корхона тибќи манфиат ва ангезаи шахсии тањсисдињанда, њаљми сармоя, вазъи дохилии корхона, муњити бурунмарзию зист ва ѓайра муайян карда мешавад.

Вазифаи корхона аз љониби соњиби корхона (фардњои алоњида, коллектив, давлат, ширкатњои сањњомї…) вобаста ба маќсад, манфиати шахсї муайян гардида, иљрои он ба зиммаи коллектив гузошта мешавад.

Алоќамандии омилњои мављударо чунин тасвир кардан мумкин аст.

Б. Вазифаи корхонањои истењсолї:

— истењсол кардани мањсулот дар шакли воситањои истењсолот ва предметњои истеъмолї, яъне молњои истењ-солї ва истеъмоли шахсї;

— фурўш ва ба истеъмолкунанда бурда расондани мањсулот;

— хизматрасонии пас аз фурўш;

— бо воситањои моддию техникї таъмин кардани истењсолот;

— идора ва ташкили раванди истењсолот ва мењнат дар корхона;

— таъмин кардани рушду нумўи истењсолот ва њаљми мањсулот;

— анљом додани фаъолияти соњибкорї;

— пардохти андоз, иљро намудани ўњдадорињои њатмї, њиссаљудокунињо ба ташкилотњои болої (буља ва низоми молия);

— иљро кардани стандартњо, нормативњо, ќонунњои давлат ва ѓайра.

Бояд дар назар дошт, ки вазифањои иљрокардаистодаи њар як корхона тибќи њаљми он, таалуќ доштан ба ин ё он шакли соња, дараљаи тахсис ва тамаркази истењсолот теъдоди таркиботи зерсохтор (инфраструктура)-и иљтимої, шакли моликият, муносибат бо ташкилотњои мањаллию њукумат ва ѓайра аниќ карда мешавад.

Мењвари асосии фаъолияти корхонаро муњити дохилї (эндогенї) ташкил медињад. Дар он љараёни бо њам пайваст гардидани омилњои истењсолот — сармоя, мењнат, замин, соњибкорї, воситањои сармоягузорї (инвеститсионї) ва иттилоот ба роњ монда мешавад. Натиљаи ин амалиёт тавлиди мањсулот ва адои хизмат мебошад

Аз ин љо хулоса бармеояд, ки маќсади асосии корхона ин ба њам пайваст кардани омилњои истењсолот ва истењсоли мањсулот мебошад. Ин љараён вобаста ба сирати истифодаи захирањои иќтисодї ва ќонеъ гардондани таќозои беинтињои ањолї њархела ба амал бароварда мешавад.

Самаранокии фаъолияти интињоии корхона тибќи омилњои гуногун муайян карда мешавад.

Дар адабиёти муосири иќтисодї, вобаста ба самт ва равиши амалиёт омилњоро ба ду гурўњ — позитивї (positivus) — мусбат, эљобї) ва негативї (negativus) — манфї, аксият) људо мекунанд.

Омилњои позитивї, омилњое мебошанд, ки ба раванди истењсолот ва фаъолияти хољагидорї мусбат таъсир мерасонанд. Таъсири баръакс њамчун омилњои негативї сурат мегиранд.

Вобаста ба наќш ва маќоми бунёд ва густариш ёфтан, онњоро ба омилњои дохилї (эндогенї) ва берунї (экзогенї) таќсимбандї менамоянд.

Омилњои дохилї вобаста ба:

— шахсияти роњбарикунандаи корхона, ќобилияти роњбарї доштани онњо дар шароити бозор;

— тезонидани пешрафти илму техника, навоварї ва сиёсати сармоягузории корхона;

— такмили ташкили истењсолот ва мењнат, идораи корхона;

— шакли ташкилию њуќуќии хољагидорї;

— бавуљуд овардани муњити солими иљтимоию психологї дар коллектив;

— шакли хосаи истењсолот дар соња;

— сифат ва раќобатпазирии мањсулот, идораи харољот ва сиёсати нарх;

— сиёсати истењлок (амортизатсионї) ва сармоягузорї сурат мегиранд.

Омилњои дохилї дар навбати худ ба омилњои объективї ва субъективї људо карда мешаванд.

Омилњои объективї, омилњое мебошанд, ки новобаста ба субъекти идора ба вуљуд меоянд.

Омилњои субъективї, омилњое ба њисоб мераванд, ки пурра ба шахсиятњои идоракунанда вобаста мебошанд. Он ба санъат ва мањорати менељер ва њайати роњбарикунанда (менељмент) вобаста мебошад.

Фаъолияти хољагидории корхона дар шароити бозор тањти таъсири омилњои берунї низ ќарор мегиранд. Одатан, онњоро чунин тафриќабандї мекунанд. Омилњое, ки тањти:

— дигаргунсозињои вазъи сиёсї, чї дар дохили мамлакат ва чї дар миќёси байналхалќї;

— таѓйироти вазъи конъюнктурии бозори дохилї ва бурунмарзї алоќаманданд, ки њамчун таѓйироти дараљаи таќозо, арза, нарх арзи вуљуд доранд;

— таѓйиротњои раванди инфлятсионї (беќурбшавї);

— таѓйиротњое, ки ба фаъолияти давлат — сиёсати иќтисодии давлат, сиёсати сармоягузорї ва бурунмарзї алоќаманд мебошанд зуњур меёбанд.

Бояд махсус ќайд намуд, ки ба раванди кори самаранокии корхона таъсири давлат хеле њам муњим мебошад. Ин пеш аз њама ба бунёд кардани бозори тамаддун ва барќарор кардани «ќоидањои бозї» дар ин бозор (яъне бавуљуд овардани асосњои њуќуќї), таъмини тартиботи њуќуќї дар мамлакат, бехатарии миллї, истиќрори иќтисодиёт, таъмини њифзи иљтимої ва кафолати иљтимоии шањрвандон ва коргарон, њифзи раќобат, коркардњои илмию техникї, ќабул ва иљрои ќонунгузорињои хољагї ва ѓайра назаррас мебошад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *