​Заҳирии Самарќанди

Аз дўст ба њар захме афгор набояд шуд

В –аз ёр ба њар љавре безор шуд.

Муњаммад ибни Алї ибни Њасан Зањирии Самарќандї аз дабирон ва адибони асри 12 форс-тољик буда, доир ба њаёт ва фаъолияти илмию адибии ў маълумоти хеле кам аст. Мувофиќи гуфтаи Муњаммад Авфии Бухорої дар тазкираи «Лубоб-ул-албоб», Зањирии Самарќандї муддате дар дарбори Ќарохонињои Самарќанд китобї карда, «Соњиби девон»-и иншон Рукнуддин Масъуд будааст. Муаллифони тазкирањо таъкид кардаанд, ки Зањирии Самарќандї дар насри мусаљљаъ се китоби бузург таълиф карда будааст. Китоби якуми ў «Саиъ-уз-Зањир фї љамъ-из-зањир» («Гуфтори Зањир барои маљлиси хос») ном дошта, зоњиран дар боби усули давлатдорї будааст. Ин асар то замони мо боќї намондааст. Китоби дуюми ў-«Аѓроз-ус-сиёст фї аъроз-ирриёсат» («Маќсадњои сиёсат дар идора кардани давлат») китоби таърихшиносї дар боби сиёсат ва усули давлатдорї буда, аз гуфтори шоњони асотирї- Љамшед то шоњони асри ХII – Санљар ибни Маликшоњ, пахлавонон, донишмандони эронию араб, юнонї ва ѓайра фароњам омадааст. Зањирии Самарќандї, ки ўро дар таърихи адабиёти форс тољик хамчун насрнавис машњур кард, «Синбоднома» мебошад. «Синбоднома» бо услуби њикоят андар њикоят таълиф шуда, таърихи хеле ќадима дорад. Ќадимтарин нусхаи ин асар ба замони Ашкониён (250 м то 224 м.) таалуќ дорад.Аммо сарчашмаи имрўзаи «синбоднома» ривояти пањлавии асар буда, дар асри VIII аз пањлавї ба араби тарљума шуда, ба таркиби китоби «Њазору як шаб» даромадааст. Дар асри VIII инчунин, матни араби он ба суриёни ва дар асри XI матни суриёнї ба забони юнонї ва баътар ба забонињои испанї, ибронї, арманї, гуркї, лотинї, варонсавї, италиявї, англисї, немисї, русї, руминї, шведї, ва ѓайра тарљума шудааст. Дар адабиёти форс-тољик чанд тањрири мустаќили манзуму мансури «синбоднома» вуљуд дорад. Аввалин тањрири «синбоднома» ба калами устод Рўдакї таалуќ дорад, ки то замони мо аз он байтњои пароканда боќи мондааст. Тањрири дуюми ба адиб ва тарљумони асри X Абулфавориси Самарќандї. Нўњ ибни Мансури Сомонї ба Абуфавориси Фанорўзї супориш додаст, ки ў китоби «синбоднома» -ро аз забони пањлавї ба тољики тарљума кунед.

Абулфавориси Фанорўзї 950-951 «синбоднома» -ро аз пањлавї ба тољики тарљума кардааст. Матни тарљумаи Фанорўзї то замони мо нарасидааст. Дар асри ХI Азраќии Њиравии шоир матни тарљумаи Фанорўзиро ба назм даровардааст. Зањирии Самарќандї нимањои асри XII матни тарљумаи Фанорўзиро аз нав тањрир кардааст, ки матни он соли 1948 дар Истамбул (Туркия), соли 1953дар Тењрон ва соли 1971Дущанбе бо номи «Китоби Њаким Синбод» ба табъ расидаат. Мазмуни мухтасари «синбоднома» чуни аст:

-Дар сарзамини Њинд Ќурдисном подшоњи одилу донное буд. Ин подшоњ аз бефарзандї доимо ѓам мехўрд. Аз ќазо дар пиронсолї писаре ёфт. Таълимуи тарбияи ин фарзандро ба гардани Синбоди Хаким гузоштааст. Шоњзода дар илму дониш рўз то рўз комил мегащт ва аз рўи одат, дар назди дарбониён имтињон месупорид, барои њамин устодаш Синбод пеши офтоб устурлоб гузошта, муайян кард, ки то њафт. Шоњзода ишќи канизакро рад карда, рўз љони шоњзода дар хатар аст, ки ў то њафт рўз бо кассе гап назанад ва худаш ба сафар баромад. Яке аз канизакњои щоњ, ки кайњо боз ошиќу мафтуни ў гашта буд, ба назди шоњзода рафта арзи дил карда, Шоњзода ишќи канизакро рад карда, таъкид намуд, ки баъди њафт рўзи хомуши ба назди шоњ рафта бевафони канизакро хоњад гуфт. Канизак аз тарси љон роњи хабаркаширо пеш гирифт. Ў ба назди подшоњ рафта, шоњзодаро ба хиёнат муттањм кард. Подшоњ аз хабар ба хашм омада ва ба ќатли щоњзода фармон дод. Дар ин миён њафт вазири донову хирадманди подшоњ ба њимояти шоњзода бархоста, дар бевафои занон ва зарари беандешагї њикоятњои тамсилї меоварданд ва бо њамин иљрои ќатли шоњзодаро бегуноњии худро исбот кунад.

Зањирии Самарќандї мувофиќи завќи бадеъии замони худ матни аз пањлавї ба дарї гардонидаи Абулфавориси Фанорўзи бо сабки маснўъи пуртакаллуф тањрир када, гоњ-гоње дар мавридњои муовиќ шеърњои тољикию арабиро љой додаст.

Зањирии Самарќандї дар замин асар аќидањои иљтимоии хешро дар боби усули мамлакатдорї, шоњи маърифатпеша ва давлати обод ифода кадааст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *