​Зарурияти омузиши муњити маркетингии ширкат

Яке аз масъалањои муњим дар назди дилхоњ ширкат аз нуктаи назари маркетинг ин омўзиши муњити маркетингии ширкат ба шумор меравад. Муњити маркетингии ширкат гуфта маљмуи омилњо ва њолатњоеро мефањманд, ки ба фаъолияти ширкат новобаста аз мавќеи љойгиршавиашон таъсир мерасонанд. Омилњои муњити маркетингї ба фаъолияти ширкат метавонанд таъсири мусбї ва манфї расонанд. Омилњои муњити маркетингї имкон медињанд, ки шароити таъсиррасонии ин омилњо муайян карда шаванд ва дар натиља сади роњи омилњое, ки таъсири манфї мерасонанд гирифта шуда, ба омилњои таъсири мусбї дошта шароитњои мусоид фароњам оварда шавад. Дар њолате, ки ширкат ба омилњои муњити маркетингї таъсир расонида метавонад, кушиш менамояд фаъолияти ширкатро ба таъсиррасонии ин омилњо муайян намояд.

Чї тавре, ки шукуфтани дарахт ѓайр аз решаю шохањояш боз ба таркиби хок, таъминот бо об, боду њавои мусоид вобастагї дорад, њамин тавр инкишофи бизнес њам ѓайр аз унсурњои дохилии танзимшавандаи маркетингї(мол, нарх, фурўш, робита) боз аз силсилаи омилњои берунаи он, ки бо якљоягї муњити маркетингиро ташкил медињанд, вобастагї дорад.

Муњити маркетингї ин омилњои танзимшавандаи бозориест, ки барои тањаввули моли корхонаи соњибкорї дар даврањои такрор истењсолкунї (тавлидот, таќсимот, мубодилот ва истеъмолот) шароити мусоит фароњам оварда, кўмаки бевосита ё бавосита мерасонанд.

Агар мо дар шакли умумї маркетингро њамчун ќисми људонашавандаи иќтисодиёт дар корхонаву ташкилотњо тасаввур намоем, он гоњ дар ташкилот ду намуди муњити асосии онро аз њам дигар људо кардан ба маќсад мувофиќ аст:

1. Муњити дохилаи ташкилот мебошад, ки он: миссия, маќсад, вазифа, њайат, сохтори техникї ва идоракунї, истењсолот, системаи ахборї ва монади инњоро дар бар мегирад.

2. Муњити берунаи ташкилот мебошад, ки он: иќтисодиёти мамлакат, маљмўи талабот ва сохтори бозор, ќонунњо, органњои њукуматї, идоракунии давлатї ва мањалї, ташкилотњои љамъиятї, раќибон, воситањоињои ахбори умум, дараљаи техникї ва технологї урфу одат ва маданияти мардум, муњити географї, табии ва амсоли онњоро фаро мегирад. Њамин тавр икишофи фаъолияти маркетингї дар корхонаву ташкилотњои соњибкорї дар асоси њамоњангии байни омилњои дохилї ва берунаи он имконпазир аст.

Вобаста ба тарзи таъсиррасонии омилњои ба фаъолияти интизомнокии маркетингї таъсиррасонанда, ду намуди муњити он яъне, микро ва макро муњити маркетингиро аз њамдигар људо мекунанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *