Мақолаҳои Тоҷикӣ Маркетинг

​Зинахои гузаронидани тадкикотбарии маркетинг ва самтхои асосии он.

Чараёни гузаронидани тадқиқотбарии маркетинги аз якчанд зинаҳои пайдарҳам иборат аст:

Зинаи якум. Ҳалли натичаи тадқиқотбарии маркетинг вобаста аз муайян намудани масъалаи гузошта шуда. (Мисол: дигаргуншавии рафтори харидорон нисбати моли рақибон).

Зинаи дуюм. Тартибдиҳии нақшаи тадқиқотбарии маркетинг, гузоштани мақсад, муайянкунии макон ва усулҳои тадкикотбари. Дар ин чо инчунин ҳудуди тадқиқотбари, технологияи интихоби респондентон, яъне чавобдиҳандагони пурсишномаҳо ва миқдори онхо дар ҳолати гузаронидани пурсишнома ё мушоҳидабари нишон дода мешавад.

Баъд нақша ва технологияи таҳлили ахборотҳои чамъовардашуда коркард карда шуда графики корҳои тадқиқотбари тартиб дода мешавад. Ва дар охир чамъи харочотҳо барои гузаронидани тадқиқотбарии маркетинг ва барои масъалаҳои алоҳидаи харочотҳо бо чудогиаш нишон дода мешавад.

Зинаи сеюм. Аввал чамъоварии ахбортҳои дуюм ва баъд чамъоварии ахборотҳои якум гузаронида мешавад.

Зинаи чорум. Интихоби бевоситаи ахбороти дуруст, сифатнок ва тозакунии ахборотҳои нодаркор.

Зинаи панчум. Пуррашавии бонки рақамҳо ва ғуншавии онҳо.

Зинаи шашум. Вақте, ки тавсифу ҳачми ахборотҳо барои ҳалли масъалаҳои дар пеш гузоштаи тадқиқотбарони маркетинг кифоя бошад, он гоҳ онҳоро ба чадвалҳою нақшаҳо (графикҳо) чойгир менамоянд, то ин ки ҳолати истифодабари ва таҳлили он мушаххас ва қулай бошад.

Зинаи хафтум. Коршиносон (экспертон), муттахасисони маркетинг ва менечерон ахборотҳоеро, ки дар натичаи тадқиқотбарии маркетинг дастрас шудаанд, бодиққат аз назар гузаронида, омўхта баъд хулосабардори менамоянд.

Зинаи хаштум. Дар натичаи хулосабардори, пешгўикунии тараққиёти вазъи бозор, эҳтиёчоти истеъмолгарон, самтҳои рақобатнокии фирмаҳо муайян карда шуда, коркарди тавсияҳо барои таъмини оптималии ҳалли масъалаҳои тадқиқотбарии маркетинги бештар ба намуди ҳисобот ва нақша ё дастури маркетинги бозори бароварда мешавад.

Самтҳои асосии тадқиқотбарии маркетингро, бозор, мол, истеъмолгарон, рақибон, нархҳои молҳо, ҳаракати молҳо, алоқаҳои робитави, гуногунсохтории бозори молҳо, муҳити дохили, ташкили савдо ё тичорат, миёнравҳо, нақшаи фаъолияти маркетинги ва худи чараёни банақшагири дар фирмаю ташкилотҳо, хизматрасони, хадамот ва ғайра ташкил медиҳад.

Равияхои асосие, ки самти муосири тадкикотбарии маркетингро нишон медиханд, асосаназ тадкикотбарии амали ва бунеди иборат аст.

1. Тадкикотбарии амали гуфта, тадкикотбарии аники масъалахои амалиро барои чустучуи карори фаъолияти маркетингию корхонаю ташкилотхо меноманд. Мисол: муайянкунии вазъи бозор, фахмидани сабабхои ичро нашудани накшахои тактикию стратеги, пасткунии номуайяни дар чараени кабули карори рохбари оиди фаъолияти маркетинги.

2. Тадкикотбарии бунеди ин чунин тадкикотбарии маркетинги мебошад, ки на барои ичрои вазифахои аники амали, балки барои васеъ намудани донишхои умуми равона карда шудааст. Мисол: болоравии сатхи зиндагии мардум шарти васеъшавии доираи фуруши молхои аз чихати техники мураккаб ба монанди чанггиракхо, хавотозаккунакхо, мошинхои чомашуи, тавдонхои барки, телевизорхои замонави, мошинхои сабукрав ва гайра мебошад. Гайр аз ин даромади миёнамохаи ахоли хар чи кадар афзоиш ёбад, дар баробари конеъ гардонидани талаботхои чисмонии онхо доираи талаботхои фикронию аклонии онхо низ васеъ мешаванд. Ин дар навбати худ боиси васеъшавии донишхои ичтимои мешавад.

Ҳама гуна тадқиқотбариҳои маркетинги бояд объективи, дақиқ ва пайдарҳам бошанд. Самти муҳим барои маркетологҳо риояи присипҳои зерини тадқиқотбарии маркетинг мебошад:

____ доими – тадқиқотбари бояд доими бошад;

____ даври – тадқиқотбари бояд ҳамаи чабҳаҳои бозор ва тамоми сохтори онро дар зинаҳои чараёни бозор, ба тамоми омилҳо ва алоқамандиашон дар бар мегирад.

____ комплекси – тадқиқотбари ба худ мачмуи корҳо оиди чамъовари, коркард, таҳлили рақамҳоро дар баробари омузиши мавқеъ ва алоқамандии он бо амалиётҳои дигар меомузад, ки рафтори комплексиро мефахмонад.

____ алоқаманди ва ҳаракати мақсаднок – равия, мавқеъ ва қисматҳои гузаронидани тадқиқотбари бояд бо мақсад ва вазифаи фаъолияти иштирокчии бозор алоқамандии зич дошта, талаботи реалии онро дар таҳлили ахбороти мушахас нишон медиҳад;

____ сарчашмаҳҳои зиёди ахборот – истифодаи ахборотҳои зиёд аз сарчашмаҳои гуногун ки тадқиқотбарии маркетингро ҳаматарафа пурра намуда, дар ҳар лаҳза онро аниқ менамояд ва назорат мебарад. Инчунин тадқиқотбариро аз ахборотҳои нодаркор тоза менамояд.

____универсали – тадқиқотбари барои қонеъ гардонидани тамоми талаботҳои ахборотии иштирокчиёни бозор барои қабули қарори оптималии он равона мешавад.

____ илми – тадқиқотбари бояд аниқ, ҳақикқи ва аз чиҳати илми асоснок шуда бошад.

Дар рафти гузаронидани тадќиќотњои маркетинги асосан бозор, раќибон, истеъмолкунандагон, нарххо ва иктидори дохилии корхона тадкик карда мешаванд.

Тадќиќоти бозор – ин самти аз њама пахнгардидаи тадќиќотњои маркетинги мебошад. Вай бо маќсади гирифтани маълумотхо оиди шароитхои бозори ва муайянсозии фаъолияти ширкат гузаронида мешавад. Аксарият муттахасисон чунин мешуморанд, ки бе тадкикохои бозори чамъ овардан, тањлил намудан ва мукоиса намудани маълумотхое, ки барои кабули карор, интихоби бозор, муайянсозии њаљми фуруш, пешгуи ва банакшагириии фаъолити бозори зарур хастанд, номумкин мебошад.

Дар ин холат бозор, сохтори он, чугрофия ва гунчоиш, динамикаи фуруш, вазъияти ракобат, имкониятхо ва хатархо таккик карда мешаванд. Натичахои асосии тадќиќотњои бозор ин пешгуии тарракиёти он, бањодињии конъюнктура ва муайянсозии омилхои асосии муваффакияти ширкат дар бозор мебошанд. Роххои самараноки ракобат ва имкониятхои баромадан ба бозорхои нав муайян ва мушаххас гардонида мешавад.

Тадќиќоти истеъмолкунандагон имконият медихад, ки мачмуи омилхои водоркунанда (даромад, вазъияти оилави, чинс ва синну сол, маълумот), ки истеъмолкунандагон дар вакти интихоби молу хизматрасонихо мувофики онњо амал мекунанд, омухта шавад. Ба сифати объект омузиш истеъмолкунандагони инфироди, оилахо, хочагихои хонаги ва инчунин ташкилотхо баромад мекунанд. Предмети тадкикот хавасмандкунии рафтори истеъмолкунандагон дар бозор ва омилхои муайянкунандаи он мебошад. Маќсади ин гуна тадкуикот — ба сегментњо чудокунии истеъмолкунандагон ва интихоби сегментњои маќсадноки бозор мебошад.

Тадќиќоти раќибон бо маќсади гирифтани маълумоти зарури барои таъмини бартарият дар бозор ва имкониятхои хамкори бо раќибони имконпазир гузаронида мешавад. Бо ин маќсад љонибњои мусби ва манфии фаъолияти онњо тањлил карда мешавад, њиссаи онњо дар бозор ва назари истеъмолкунандагон ба воситахои маркетингии онњо омухта мешавад. Гайр аз ин иктидори модди, молияви, мехнати, ташкили ва идоракунии фаъолияти раќибон омухта мешавад. Натичаи ин гуна тадкикотхо интихоби роххо ва имкониятхои ба даст овардани мавкеъи бо манфиат дар бозор мебошад.

Тадќиќоти молхо бо хадафи муайянсозии мувофикати техники – иктисоди ва сифати онњо бо бо дархост ва талаботи харидорон ва инчунин тањлили ракибатпазирии молхо амали карда мешавад. Дар ин чо объекти тадкикот хусусиятхои истеъмолии молхо, таасуроти харидорон ба моли нав, талаботи онњо, гуногунрангии молхо, сатњи хизматрасони ва г. мебошанд. Натичаи тадкикотхо ба ширкат имконият медихад, ки мувофики талаботи истеъмолкунандагон сифат ва сатњи ракобат пазирии молро баланд бардорад, Самтњои фаъолияти худро вобаста ба зинахои гуногуни «даврањои хаёти»-и мол муайян созад ва молхои навро кор карда барояд.

Тадќиќоти нарххо ба муайянкунии сатх ва мутаносибии нарххо равона карда шудааст.Ин чо ба сифати объекти тадкикот харочотхо барои коркард, истехсол ва фуруши молхо, таъсири ракобат аз чониби дигар ширкатхо, рафтор ва назари харидорон ба нарх ва ѓайрањо баромад мекунанд. Дар натича мутаносибии самараноки харочот ва нарх (шароитхои дохили, харочотхои истехсоли), инчунин нарх ва фоида (шароитхои беруна) интихоб карда мешаванд.

Тадќиќоти низоми хавасмандкунии фуруш ва реклама яке аз Самтњои мухими тадќиќотњои маркетинги мебошад. Маќсади асосии он муайян сохтани он ки чи гуна, кай ва бо ёрии кадом воситахо фурушро бехтар хавасманд намуд ва инчунин чорабинихои рекламавиро бомуваффакият амали кард. Ба хайси объекти тадкикот ин чо рафтори таъминотчихо, миёнаравхо, харидорон, самаранокии реклама, робита бо истеъмолкунандагон баромад мекунанд. Натичаи тадкикотхо имконият медиханд, ки сиёсати «public relations» (муносибат бо мардум) амали карда шавад, муносибати хуб нисбат ба ширкат ва моли у фарохам оварда шавад ва гайр аз ин усулњои бавучудории таќозо ахоли муайян карда шавад.

Related posts

Эффекти ҷойивазкунии сурх ва афканишоти реликтӣ

14umnet

Мушохидаи омори.

14umnet

Тавозуни пардохт чист? (платёжный баланс) ва Нуллификатсия чист?

14umnet

Leave a Comment

Login

X

Register